Главная / Илм / Ичобати дуъо дар мохи Рамазон

Ичобати дуъо дар мохи Рамазон

Пас аз баёни порае аз ахкоми руза Худованд ба сурати пурчозиба
ва такондихандае мавзуи дуъоро ба миён меоварад. Рамазон аслан
мохи кабули дуъохост ва зикри он дар ин чо бисёр муносиб мебошад
ва аз гушае аз эъчози хидоят ва услуби бесобикаи Куръон дар эчоди 
тахаввули решаи дар шахсияти инсон парда бармедорад. Дар авчи ба-
ёни ахкоми ибодии фаризаи руза Куръон ба муоличаи пахлуи дигаре
аз ниёзхои фитрии инсон мепардозад.
Инсон дар аъмоки фитрати башарии худ ба неруи бартари Худо-
ванд ниёз дорад ва хамон ниёзи фитри уро ба гуфтани хостахои инсо-
ни ва арзи заъфхои башари дар пешгохи Худованд вомедорад. Куръон
дар ин оят ба хамин ниёзи фитри ва падидаи равонии инсон посух ме-
дихад, он чо ки мефармояд: «Ва вакте бандагонам туро аз Ман бипур-
санд, (бидонанд, ки) Ман (ба онхо) наздик хастам. Дуъо ва хостаи ду-
ъокунандаро, вакте Маро бихонад, ичобат менамоям. Пас (онхо низ
даъвати) Маро бипазиранд ва ба Ман имон оваранд, то (хамин тавр)
рохи ростро дарёбанд».
Худованд бо як услуби зебо ва пур аз навозиш наздикии худро ба
бандагонаш ва ичобати дуъои онхоро баён намудааст ва назари онхо-
ро ба таври ошкор ба яке аз бадехиёти акли чалб намудааст. Аз онхо
хостааст, ки дини Худоро бипазиранд ва ба у имон оваранд, то рохи
рост ёбанд ва кабули дуъои онхо низ ба хамин чиз вобаста аст, яъне
онхо аввал ба ахкоми дини Худо пойбанди нишон диханд ва ба у бо
эътикодоти дуруст имон оваранд, то у низ дуъояшонро ичобат намояд.
Дуъо ва руй овардани банда ба Худо бо арзи ниёзхояш олитарин
дарачаи бедории замири худошинос, баландтарин камоли бандаги ва
куллаи розу муночот бо Парвардигор мебошад. Банда бо дуъои хеш
бо сидк ва аз самими калб ачзу бандагии худро эълон менамояд ва ду-
ъое, ки аз чунин диле бархоста бошад, хатман ба ичобат наздик аст.
Барои сафои рух, хузури дил ва дуъои холисона мохи Рамазон, ба ху-
сус дахаи ахири он ва шаби пурфайзи Кадр вакти муносибе мебошад.
Барои хамин Паёмбари акрам (с) мефармояд: «Дар назди Худои та-
ъоло хец чизе боарзиштар аз дуъо нест» ва дар чои дигар мегуяд: «Ду-
ъо ибодат аст».

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222