Главная / Илм / Имсок

Имсок

Имсок дар лугат ба маънои бозистодан ва худдори кардан аст ва
дар истилохи шаръ ба маънои бозистодан аз хурдану нушидан дар
идомаи рузе аст, ки рузаи онро ба гунае фосид намудааст. Дар тамоми
мавридхое, ки шахс рузаи мохи Рамазонро ба гунае фосид намуда ва
бар вай казо ва ё казову каффорат вочиб гардидааст, ба хотири эхти-
роми мохи Рамазон ва хамсози бо мусалмонони рузадор бакияи он
руз аз хурдану нушидан имсок менамояд.
173 Омма ва ё маъмума (ба он захм ва чарохате гуфтамешавад, ки ба магзи
сар расида бошад. Дар забони араби магзи сарро уммурраъс мегуянд ва вожаи омма аз
решаи умм ба хамин маъно гирифта шудааст. Чоифа (аз решаи чавф гирифта шу-
да, ба маънои захм ва чарохате аст, ки ба чавф – шикам (меъда ва рудахо) расида бошад. 
Шахсе ба гумони ин ки субх, хануз надамидааст, ба сахархурй идо-
ма дихад ва баъд маълум шавад, ки субх, кайхо дамидааст ва ё ба гумо-
ни ин ки офтоб нишастааст, ифтор намояд, вале маълум гардад, ки
офтоб хануз нанишастааст ё мусофире, ки рузаашро ифтор намудааст,
рузона дар мохи Рамазон муким гардад ё беморе, ки рузаашро ифтор
намуда, шифо ёбад ва ё зани дар холи хайз ва ё нифос пок гардад, дар
тамоми ин суратхо бакияи руз аз хурдану нушидан имсок менамояд ва
казои он руз низ бар вай вочиб мебошад.
Кудаке рузона дар мохи Рамазон ба балогат расад ва ё кофире му-
салмон шавад, онхо низ бакияи он рузро имсок менамоянд, вале казои
он бар онхо вочиб нест.
Дар бораи вочиб ва ё мустахаб будани имсок дар мавридхои ном-
бурда дар миёни факехон назароти гуногун вучуд дорад. Баъзехо онро
вочиб ва баъзехо мустахаб медонанд, вале назари умумии мазхаб ба
вучуби он наздиктар аст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222