Главная / Илм / Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология

Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология

Психологияи хаёти хануз аз афкори психологии одамони кадим сарчашма гирифта,
давра ба давра ташаккул ёфтааст ва самтхои гуногуни инкишофи он дар мархалаи муайян ба тадкикоти илми бархурда, заминахои психологияи илмиро ба вучуд овардааст. Раванди тахаввулоти донишхои психологи таърихи нихоят дурудароз дошта, якчанд мархаларо дар бар мегирад. Мархалаи якуми инкишофи донишхои психологи афкори мутафаккирони дунёи кадим ва асрхои миёна дар бораи «рух» мебошад. Дар замони кадим одамон хамагуна ходисахои психикиро бо фаъолияти рух алокаманд до-
ниста, худи рухро ба монанди як сояи шаффофи чисм, як мавчудоти новобаста аз чисм вучуддошта тасаввур мекарданд. Тасаввурот дар бораи рух талаботи маърифатии одамони он замонро нисбати дарки ходисахои «пурасрор», аз кабили хобу хоббини, иллюзия, галлютсинатсияхо (таваххумот) ва гайра каноатманд менамуд аз ин ру дар хама тамаддунхои замони бостон атрофи ин мафхум фикру акидахо ташаккул меёфтанд. Табиат ва мохияти рух аз чониби мутафаккирони замони кадим ба таври гуногун шарх дода мешуд. Илми муосир нуктахои асосии ин афкорро дар зери мафхумхои гилозоизм ва анимизм гурухбанди менамояд. Мафхуми гилозоизм (аз юн. гилос-модда, ашё ва зоо-хаёт) таълимоти фалсафиеро ифода мекунад, ки асоси онро тасаввурот дар бораи хаёт хамчун хусусияти умумии ашё ташкил
медихад. Мувофики ин таълимот рух чун вазн, шакл ва хачм хосияти хамагуна ашё мебошад ва ин аст, ки тамоми ашё зандааст.Дар зери мафхуми анимизм (аз рим. анима-чон) дар илми муосир тасаввуротеро мефахманд, ки мувофики он хар як ашёи алохида рухи худро дорад, ки новобаста аз он мавчуд аст. Рух дар тасаввуроти анимисти мавчуди махсус буда, хамрохи чисм ё чудо аз он вучуд дошта метавонад.Дар афкори мутафаккирони асрхои миёна таълимот дар бораи рух бо каме тагйироти микдори боки монданд. Акнун рух танхо хоси мавчудоти зинда дониста шуда, кушишхои аввалини басистемадарории донишхо ва омузиши тачрибави ба вучуд омаданд. Махз дар ин давра мафхуми «психология» ба майдони илм омад, ки дар ибтидо маънои «илм дар бораи рухро дошт. Муаллифони он пешниход менамуданд, ки психология бояд рух ва механизмхои фаъолияти онро омузад, вале на дар он замон ва на минбаъд роху воситахои омузиши объективии рух (тавре, ки онро дар замони кадим тасаввур мекарданд) пайдо карда нашуд. Хамин тавр таълимот дар бораи рух хамчун предмети психология то ибтидои асри XVIII арзи вучуд дошт ва хамагон онро эътироф мекарданд. Таълимот дар бораи рух зинаи аввали инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология буд.Зинаи навбати аз тафрикагузории худи ходисахои психики ба вучуд омад. Чои рухро дар афкори фалсафипсихологи ходисахое ишгол намуданд, ки ба мо шиносанд ва мо хангоми ба фаъолияти рухии худ назар кардан, ба онхо «дучор» мешавем. Ин ходисахо фикрхои мо,
хохишхо, хиссиёт, хотирот ва дигар падидахои олами рухии мо мебошанд, ки ба хар кас аз тачрибаи шахси маълуманд. Мафхуме, ки тамоми ин зухуротро ба таври умуми ифода карда метавонад, мафхуми «шуур» аст ва хамин тавр таълимот дар бораи шуур хамчун предмети психология ба вучуд омад. Файласуфи англис Чон Локк (1632-1704) асосгузори ин акида хисобида мешавад, аммо муаллифи мафхум Рене Декарт (1596-1650) мебошад. Харду олим дар зери мафхуми «шуур» тамоми ходисоти психикии аз чониби одам идрокшавандаро мефахмиданд. «Шуур – ин аз чониби одам идрок намудани хамаи он
чизест, ки дар олами рухии у ба амал меоянд», гуфта мешавад дар таълимоти Чон Локк. Минбаъд таълимот дар бораи шуур дар доираи назарияи фалсафии маърифат – гносеология, психологияи эм-
пирики ва психологияи ассотсиативи ташаккул ёфтанд. Пайравони ин таълимот шуурро хамчун предмети омузиши психологи шинохта, ба сифати усули тадкики он методи интроспексия (аз лот. тюгозрюеге – ба ботин нигаристан)- ро пешниход намуданд, ки маъноаш худмушохида аст. Ба акидаи онхо, «ходисахои рухи субъективи буда, ба омузиши объективи дастнорасанд ва аз ин ру худмушохида ягона рохи чамъ овардани далелу бурхон доир ба хакикату мохияти олами рухи ва шуур мебошад». Мафхуми шуур тадричан дар илм мавкеи уставор касб кард. Он хамчун кобилияти танхо ба одам хосбудаи мушохида намудан аз болои зухуроти оламии рухии худ дар таълимоти мухталифи дини низ истифода бурда мешуд. Аммо ноустувори ва нокисии таълимот дар бораи шуур низ ба зуди ошкор шудан гирифтанд. Хануз хамзамони муалифони ин таълимот Лейбнитс (1646-1716) ба танкиди он бархоста гуфта буд: «бовари ба он, ки оламирухи танхо аз далелхои идроки аз чониби шуур фахмидашаванда иборат аст, бузургтарин манбаи гумрохист». У пешниход кард, ки олами рухи, яъне психика танхо аз ходисахои шуур иборат нест, балки дар он падидахое низ вучуд доранд, ки берун аз шуури мо чараён мегиранд ва олим барои ифодаи онхо мафхуми бешууриро истифода намуд. Дертар таносуби шуур ва бешуури низ ошкор гардида, мачозан ба айсберг – кухи яхин ташбех дода мешуд,ки кисми зиёдаш дар зери бахр пинхон буда танхо хиссаи каме дидашавандааст. Албатта, илме, ки танхо ба омузи-
ши чунин хиссаи ками зухуроти олами рухии мо машгул аст, наметавонист конеъкунанда бошад.
Акидахои интроспективи низ ба танкиди шадид рубару гардиданд. Кайд карда шуд, ки истифодаи интроспексия хамчун методи чаъоварии маълумоти илми номумкин аст, зеро натичахои аз он бадастомада маълумоти субъективи мебошанд. Гохо хатто чунин маълумотро ба даст овардан низ номумкин аст. Масалан, чараёни фикрхо худ ходисаи психикист ва психология бояд механизхои амали фикриро омузад, вале ичрои ин кор тавассути худмушохида гайриимкон аст, зеро одам наметавонад, ки дар як вакт фикр карда истода, боз мушохида намояд, ки чи тавр ва бо кадом роххо фикр карда истодааст.Бо вучуди хамаи ин, шуур хамчун предмети психология мавкеи худро то охири асри XIX устувор нигох дошт.Танхо дар ин давра дастовардхои илм ва хусусан илмхои биологи нуктаи назарро ба ин масъала тамоман дигар намуданд. Дар нимаи дуюми асри XIX тадкикоти зиёди физиологи анчом дода шуданд, ки ба омузиши механизмхои рафтори хайвонот равона гардида буданд. Дар зери таъсири таълимоти тахаввулотии Дарвин, ки махсусан дар ин давра эътирофи умумиилми касб карда буд, физиологхо натичахои аз тачриба бо хайвонот бадастовардаи худро хоси одам низ хисобиданд. Хамин тавр мафхуми нав «рафтор» ба миён омад, ки тасаввуротро дар бораи предмети психология ба таври радикали тагйир дод. Таълимот дар бораи рафтор зинаи сеюми инкишофи тасаввурот дар бораи предмети психология буд. Чонибдорони ин таълимот худро бихевиорист меномиданд, ки аз калимаи англисии бармеояд. Акидахои пайравони бихевиоризмро дар шакли схематикии содда чунин баён намудан мумкин аст: «ходисоти дар олами
рухи баамалоянда ба омузиши объективи дастнорасанд, ва психология бояд натичаи ба тачрибаи илми дастраси ин ходисот, яъне рафторро омузад. Тахлили рафтор имконияти бахои объективи додан ба зухуроти олами рухиро фарохам меоварад, зеро рафтор инъикоси берунии олами ботинист». Албатта, дар назари аввал чунин менамояд, ки хамааш комилан дуруст аст. Махз хамин таассурот буд, ки
афкори бихевиористи бо суръати баланд пахн гашта, чонибдорони зиёд пайдо намуд. Ин вазъиятро мухаккики америкои Е.Боринг дуруст бахо дода, чунин кайд кардааст: «акидахои бихевиористи доирахои илмии он замонро чунон тасхир карда буданд, ки ба зуди тамоми психологхо бихевиорист гаштанд, вале онхо чунон гуногунакида буданд, ки ягон бихевиорист бо дигараш рози шудан намехост».Бо мурури вакт ноустувор будани мафхуми рафтор низ дар маснади предмети илми психология ошкор гардиданд. Аввалин эътироз ба акидахои рафторгароёнаи бихевиористон ин буд, ки бихевиоризмро «психологияи бе психика» номиданд, зеро бихевиоризми ибтидои рафторро аксуламали бевосита ба ангезахои беруна дониста, на танхо накши психика ва шуурро дар танзими он рад мекард, балки онхоро хамчун мафхуми илми инкор менамуд. Минбаъд низ рафтор хамчун предмети психология ба танкиди чидди дучор омад. Масалан, олими рус П.Я.Галперин (1902-1988) беасос будани даъвои бихевиористонро дар ду самт дида мебарояд. Аввалан, харчанд,ки рафтор ходисаи объективист, вале мухтавои психологии он чун унсурхои шуур барои бакайдгирии объективи дастнорасанд. Баъдан ба акидаи олим бихевиористон омузиши рафторро бе зухуроти шуур максади хеш карор дода, ба интихоби чидди рубару омаданд: ё ба омузиши
механизмхои физиологии рафтор шугл варзида тасдик кардан, ки хеч гуна психология вучуд надорад ва танхо физиологияи рафтор мавчуд аст; ё омузиши механизмхои рафторро берун аз физиология ба рох мондан, яъне бо тадкики таносуби ангезандахо ва аксуламалхо каноатманд шудан. Бихевиористон рохи дуюмро интихоб карданд, вале душворихои дигар пеш омад. Иштироки механизмхои физиологиро дар амалишавии рафтор сарфи назар кардан чандон кори сахлу осон набуд. Дертар тадкикотхо дар самти омузиши сохтори психологии шахс, психологияи фаъолият, максадгузори, маромноки, танзими шууронаи рафтор ва гайра натичахоеро ба бор оварданд, ки барои исботи ноустувории таълимот дар бораи рафтор хамчун предмети илми психология далелхои кофи буданд. Хамин тавр, мафхумхои рух, шуур ва рафтор ифодакунандаи тахаввулоти предмети психология мебошанд. Ин таълимот бо вучуди мохиятан хато буданашон барои илми психология ахамияти таърихи доранд, зеро махз дар доираи онхо чустучуи хакикати психика сурат гирифта, пояхои устувори илми муосири психология ба вучуд омадаанд. Инро низ фаромуш кардан лозим нест, ки илми муосир мафхумхои рух, шуур ва рафторро танхо чун предме-
ти психология инкор мекунад, ва худи мафхумхо бошанд дар шаклу мазмуни нав унсурхои мухими системаи донишхои психологи мебошанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222