Главная / Чамъият / Инноватсия дар низоми рушди иктисоди ва таснифоти он

Инноватсия дар низоми рушди иктисоди ва таснифоти он

Натичаи фаъолияти инноватсиони махсулоти зехни мебошад. Махсулоти (моликияти) зехни натичаи фаъолияти сохаи истехсолоти маънави буда, барои конеъгардонии талаботхои (дар шакли моли ва ё гайримоли) истеъмолкунандагон таъин шудааст.

Дар адабиётхои ватани ва хоричи мафхумхои гуногун ба монанди «навовари», «навигари», «инноватсия» ва «навчорисози» вомехуранд. Дар баъзе холатхо ин мафхумхо хамчун синонимхо истифода бурда мешаванд, аммо байни онхо фаркиятхои муайян вучуд доранд. «Навовари» чизи нави муайянро тавсиф медихад ва ба хамин маъно ба мафхуми «ихтироот» наздик аст. «Навигари» -чун натичаи мушаххаси азхудкунии техника ва технологияхои нав, усулхои бехтаркунии ташкил ва идоракуни мебошад. «Инноватсия» бошад натичаи азхудкунии (истифодабари) амали ё илми-техникии навигариро мефахмонад.

innivation_idea

Мафхуми «инноватсия» бо мазмуни худ ба истилохи «навовари», ки хамчун раванди мукаммали тараккикунандаи тавлид, чори, пахн ва  истифода кардани навигари, ки ба рушд ва болоравии самаранокии фаъолияти инноватсиони мусоидат мекунад, фахмида мешавад. Инчунин, инноватсияро хамчун объекти дар натичаи тадкикоти илми ё ихтироъ ба даст овардашуда арзёби мекунанд. Инноватсия-натича, дастоварде, мебошад, ки аз хаммонандони пешина сифатан фарк дошта, дар истехсолот бомувафаккият чори шуда фоида оварда истодааст.

Истилохи «инноватсия» дар иктисодиёти давраи гузариш барои ифодаи хусусияти инноватсиони ва барои ифодаи як катор мафхумхои ба хам монанд, аз кабили «фаъолияти инноватсиони», «менечменти инноватсиони» ва гайра истифода мегардад.

Мутобики сарчашмахои илми чунин омадааст, ки мафхуми «чорисози» нусхаи  точикии калимаи  англисии “inovation new dewelopment”«ба шумор меравад. Тарчумаи тахтуллафзии он аз англиси маънои «чори намудани чизи нав»-ро дорад. Тахти мафхуми навовари тартиб ё низоми нав, анъанаи нав, усули нав, ихтироот, падидаи нав фахмида мешавад. Ибораи точикии «чорисози» айнан «даровардани навигари», яъне чараёни истифодабари аз навигарихоро ифода мекунад.

Дар фаъолияти иктисодии корхона, тибки чоришавиашон ифодахои навигари, навовари, инноватсия истифода мешаванд, ки онхо ба хама маълуманд. Хамчунин навигари метавонад тартиби нав, усули нав, ихтироотро ифода намояд. Навовари ба маънои навигари аз лахзаи кабули он арзи вучуд менамояд, хангоми пахн гардидани навигари он сифати навро ба худ гирифта, ба инноватсия мубаддал мегардад. Хар гуна ихтироот, падидахои нав, намудхои хизматрасони ё усули ташкили мехнат, вакте, ки барои тичорат-пахнкунони (комерсиализатсия) ба сифати нав арзи вучуд менамоянд, мафхуми «инноватсия»-ро ифода менамоянд.

Мафхуми «навовари» аз мафхуми «техникаи нав» васеътар аст, чунки мафхуми техникаи нав танхо олоти мехнат, маводхои нав ва гайраро, ки дар истехсолот умуман истифода мешаванд, дар бар 16

мегирад. Навовари бошад бо махсулот ё хизмати нав, тарзи истехсоли он, навигари ва хамагуна такомул, ки сарфаи харочотро таъмин менамояд, арзёби карда мешавад.

Ба хамин тарик, баходихии рушди инноватсиони нишон медихад, ки танхо муносибати мачмуи ба тагйирдихии сохтории низоми миллии инноватсиони ва тахияи стратегияи рушди инноватсиони бо назардошти талаботи вокеияти давраи гузариш имконият медихад, ки душворихо дар рохи рушди инноватсионии иктисодии мамлакат бартараф карда шаванд.

Мафхумхои «пешрави» ва «рушд» аз нуктаи назари таърих он кадар барвакт не, танхо дар асри XVII пайдо шудаанд. Тагйироти кулли дар фахмиши рушд дар натичаи корхои Ч.Дарвин ба вукуъ пайвастаанд.

Рушд – ин чараёни хама гуна тагйиротхоест, ки дар заминаи вокеият ба амал меояд ва арзи вучуд менамояд. Хар кадоме аз се чараёни рушд-пешраванда, кафораванда ва таназзулёбанда – хамчун тамоюлоти гуногун зохир меёбанд. Бинобар ин тадкикоти чараёнхои мушаххаси рушд муайян намудани тамоюли бартаридоштаро дар давраи муайяни вакту фазо такозо мекунад.

Истилохи «рушд» ба пешрави шабохат дорад ва категорияи фалсафи дониста мешавад, яъне пешрави ин категорияи сохаи ахлок аст.

Рушди илмию техники мафхумест, ки чараёнхои ба хамдигар алокаманд ва вобастабудаи рушди илм, татбики дастовардхои он, инчунин такмили истехсолот ва сохаи хизматрасони дар заминаи истифодаи дастовардхои илму техникаро дар бар мегирад; он аз чараёни рушди тадричии илм, техника, истехсолот ва сохаи истеъмолот иборат мебошад.

Давраи «илм-техника – истехсолот» дар шакли мавчмонанд амал мекунад, яъне дар сатхи чамъият тавлиди насли нави техникаю технологияро дар заминаи кашфиётхои илми (низоми донишхои нав) ва 17

тагйироти сазовори хамаи сохахои истехсолоти чамъияти татбик менамояд. Хар як андешаи мушаххас, кашфиёти илми дар махсулоти нав, техника, технология, хизматрасони ифодаи моддии худро ёфта, дар мачмуъ мазмуни категорияи «раванди инноватсиони»-ро ташкил мекунад. Дар чараёни пайдоиш ва пахн шудани инноватсия накши асосиро табакаи сохибкорон мебозад. Вазифаи асосии сохибкорон аз он иборат аст, ки онхо ба татбики «муваффакиятхои (комбинатсияхои) нав», шаклхои нави истифодаи замин, мехнат ва сармоя мусоидат мекунанд.

Й.Шумпетер 5 холатхоеро зикр намудааст, ки дар онхо мафхуми «комбинатсияхои нав» пурра шарху тафсир ёфтаанд,

  • омода сохтани неъматхои нави хануз ба истеъмолкунандагон номаълум, ё худ ташкили сифатан нави ин ё он неъмат;
  • чори намудани усули нави хануз номаълуми истехсолот ба сохаи саноат, ки асоси онро ба таври хатми кашфиёти илмии нав ташкил мекунад ва он метавонад, ки тарзи нави истифодаи тичорати моли дахлдорро ифода намояд;
  • азхудкунии бозори нави фуруш, чунин бозоре, ки ба он то хол сохаи мазкури саноат хануз чизе пешниход накардааст;
  • сохиб шудан ба манбаи нави ашёи хом ё махсулоти нимтайёр, новобаста аз он ки ин манбаъ каблан вучуд дошт ё худ дастнорас буд, ё онро хануз ташкил намудан зарур аст;
  • гузаронидану азнавташкилкунии таъмини вазъияти инхисори (монополи) ё шикасти вазъи инхисории корхонахои дигар.

Хамин тарик, аз тадкикоти Й. Шумпетер хусусияти техники, иктисоди ва ташкили доштани инноватсияро чудо намудан зарур аст.

Ф.Валента дар китоби худ «Фаъолии эчоди – инноватсиони – самара»(1969) «инноватсияро»-ро хамчун тагйирот дар      сохтори пештараи организми истехсоли, яъне ба холати нав гузаштани сохтори дохилии онро маънидод месозад. Ба акидаи Б.Санто,  раванди инноватсиони    – ин чунин раванди чамъияти-техники-иктисодие мебошад, ки он таввассути истифодаи амалии гояхо, ихтироот ба ташкили маснуоту технологияхои сифатан бехтар оварда мерасонад.

Л.С.Бляхман нишон медихад, ки «навовари ин такмили истехсолот, бо дар бар гирифтани хамаи унсурхои он мебошад; олоти мехнат, предмети мехнат, кувваи кори, махсули мехнат, инчунин усулхои муттахидсозии ин унсурхо – технологияи истехсолот, ташкили истехсолот ва мехнат, идораи истехсолот дар асоси моддикунонии донишхои илми ва хоказо, яъне навовари натичаи тараккиёти илмию техники ё илмию истехсоли мебошад».

Ф.Никсон кайд мекунад, ки «инноватсия – ин мачмуи тадбирхои техники, истехсоли ва тичорати мебошад, ки ба пайдо шудани махсулоти нави саноатии бехтар дар бозор ва истифодаи тичорати технологияхо ва тачхизоти наву бехтари истехсоли мусоидат мекунад».

Э.Менсфилд инноватсияро хамчун чараёни истифодаи ихтироот барраси карда, дар онхо 5 давраро чудо мекунад:

  • Тадкикотхои амали;
  • Омода намудани махсулоти нав;
  • Ташкили хамшабех (прототип) ё худ истехсолоти тачрибави;
  • Ихтироъ кардани тачхизот, омода намудани тачхизоти истехсоли ва бинохо;
  • Огози истехсолот ва ба бозор «баровардани махсулоти нав».

Бо назардошти равандхои инноватсиони таснифоти инноватсия сурат мегирад. Вобаста ба нишондихандахои технологи инноватсияхоро ба ду гурух:-махсулоти ва чараёни таксим мекунанд.

Аз руйи навъхояшон навоварихои барои бозор пешбинишаванда ба навъхои зерин таксим мешаванд:

  • навоварихои чахони;
  • навоварихои милли;
  • навоварихои минтакави;
  • навоварихои чузъи.

Аз нуктаи назари аслияти тагйирот навъхои зерини инноватсияро чудо мекунанд:

  • инноватсияи асли (тачассумёфта-органики);
  • инноватсияи тачассумнаёфта;
  • инноватсияи стратеги;
  • инноватсияи чори.

Таснифи инноватсияхо, ки аз тарафи К. Пэвитт, У. Уолкер ва А. Улманн пешниход шудааст, чунин аст:

  • хамчун инноватсияхои ба истифодаи донишхои илмии бунёди асосёфта, ки натичаи он дар сохахои гуногуни фаъолияти чамъияти ба таври васеъ истифода мешавад;
  • хамчун инноватсияхои бо истифода аз донишхои техникии аллакай мавчудбудаи барохмондашуда, инчунин инноватсияхои дар сохаи махдуд истифода шаванда;
  • хамчун инноватсияхои ба донишхои илмии бунёди такякунанда, вале сохаи истифодаи нихоят махдуддошта;
  • хамчун инноватсияхои ба мувофикаоварандаи навъхои гуногуни донишхои аллакай мавчудбуда дар як махсулот;
  • хамчун инноватсияхои аз нигохи тахники мураккаб, ки хамчун натичаи манфии барномаи озоди тадкикоти пайдо шудааст.

А.И.Пригожин таснифи нисбатан мукаммалу хаматарафаи инноватсияро пешниход кардааст, ки инхоро дар бар мегирад:

  • Аз руи дахолат ба:
  • ягона;
  • диффузи;
  • Аз руи мавкеъ дар давраи истехсоли ба:
  • ашёи хом;
  • таъминкунанда (вобастакунанда);
  • махсулоти;
  • Аз руи кобили кабул будан ба:
  • ивазкунанда;
  • инкоркунанда;
  • баргардонанда;
  • кушоянда;
  • ретрошиноси;
  • Аз руи фарогирии хиссаи пешбинишудаи бозор ба:
  • махдуди;
  • системави;
  • стратеги;
  • Аз руи иктидори инноватсиони ва дарачаи навгони ба:
  • кулли;
  • комбинатори;
  • такмилдиханда.

Дар асоси чамъбасти тачрибаи чахонии баходихи ба навоварихо аз руи дарачаи омодаги барои истифодабари дар тачрибаи хочагидори хамаи инноватсияхои мавчударо ба панч гурухи зерин таксим намудан мумкин аст:

  1. тадкикоти бунёди ва густариши;
  2. тадкикоти амали;
  3. корхои тачрибавию лоихакаши;
  4. инноватсияхои азхудшаванда;
  5. инноватсияхои азхудшуда.

Дар асоси таснифоти аз руи дарачаи омодаги барои татбик, мархилаи давраи арзи вучуд намудан гузошта шудааст, ки ин ба сармоягузори таъсир мерасонад.

Хар кадаре, ки дарачаи омодагии инноватсия ва татбик пасттар бошад, хамон кадар хавфи маблаггузории онхо бештар аст. Хамин тавр, хавасмандии корхонахо барои маблаггузори ба чунин лоихахо низ камтар мегардад. Сохторхои азими тичорати татбики инноватсияхои дорои дарачаи олии ахамияти ба гурухи 3-5 дахлдоштаро афзалтар мехисобанд. Одатан, гурухи якум аз тарафи давлат ва фондхои махсуси давлати, гурухи дуюм аз тарафи фондхои мубтакири маблаггузори мешаванд.

Тачрибаи чахонии рушди инноватсиони нишон медихад, ки хеч яке аз намудхои дар таснифоти боло овардашудаи инноватсия наметавонад дар алохидаги хусусияти маркази, мухим ва бехтаринро дошта бошад. Хар яке аз онхо аз руи мохияти худ танхо тарафхои муайяни инноватсияро хамчун падидаи чамъияти шарху тавсиф ва маънидод карда, дар баробари ин барои дарки он хамчун чараён мусоидат мекунад. Яъне хамаи онхо мухиманд. Таснифоти мазкур ба хамдигар мухолиф набуда, аз ин ё он чихат якдигарро мукаммал мегардонанд. Дар маркази диккати мухаккикон мушкилихои гуногуни менечменти инноватсиони чой гирифтаанд, ва онхо кушидаанд, ки назарияи ягонаи чараёни инноватсияхо, хусусан аз ибтидо то интихо (чамъоварии гояхо – корхои амали – истехсолот – истифодаро) ба вучуд оваранд.

Дар борамон

222222222222222