Главная / Илм / Ислом – Пайдоиш ва таърих

Ислом – Пайдоиш ва таърих

 

Исломсеюмин дини соми (иброхими) ва охирин дини чахони аст. Вай дар нимаи аввали асри VII дар нимчазираи Арибистон, ки арабхо онро “Чазиратулараб” гуянд ба арсаи вучуд омад. Ин дин дар хамсоягии минтакае зухур кард, ки чоррохи бархурди тамаддунихои бузурги таърихи буда, накши арзандае дар тамаддуни чахони гузошта аст.

таърихи пайдоиши дини ислом
Таърихи пайдоиши дини Ислом

Ин чоррохро олимони тамаддуншинос чоррохи Сурия (Шом) номидаанд, ки на танхо кишвари имрузаи Сурия, балки такрибан тамоми Осиёи Наздик, сохилхои Бахри Миёназамин ва Осиёи Хурдро дар бар мегирад. Харчанд гахвораи ислом шахрхои Макка ва Мадина дар гушаи дурдасти ин минтака карор доштанд, тамоми мухтавои ислом, мазмуну мундаричаи он, аносири фархангиву мазхабии он аз вахдату умумият бо дигар фархангхои аз ин чоррох сарчашмагирифта гувохи медихад.

Ин минтака чоррохе буд, ки дар он тамаддунхои бобули, шумериву акоди, эрони, юнониву руми, финики, мисри (кибти) ва нихоят соми (арабию яхуди ва гайра) ба хам бархурда, аз якдигар мутаассир гардидаанд ва дар заминаи он дар шахрхои марказии ин минтака тадричан, метавон гуфт, як хамирмояи тамаддуни наве ташаккул меёфт, ки баъдан бо пайдоишу шукуфоии ду тамаддуни фаръи: тамаддуни насрони ва тамаддуни исломи неру тозае пайдо карда, шолудаи асосии тамаддуни имрузаи башарро поягузори кард. Пайдоиши се дини тавхидии соми: яхудия ва насрония ва ислом, ки зодаи хамин хавзаи тамаддун буда, хар се мутаассир аз дини тавхидии зардушти мебошанд, барои шукуфоии тамаддуни баъдии инсоният аз ахамияте хосае бархурдоранд ва аз бисёр чихат ифодакунандаи вахдати мабнои фархангии инсоният мебошанд.

Аз ин ру пайдоиш ва раванди ба дини чахони ташаккул ёфтани дини исломро бидуни ба назар гирифтани иртиботи он бо хавзаи тамаддуни Сурия фахмидан мушкил аст.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222