Главная / Илм / Ислом дар шароити имруза – Исломи муосир

Ислом дар шароити имруза – Исломи муосир

Ислом имруз яке аз се дини бонуфуз мебошад. Пайравони ислом дар чахон мувофики гузориши созмонхои исломи имруз зиёда аз як миллиард нафарро ташкил медиханд ва дар 126 кишвар сукунат доранд. Аз чумла дар зиёда аз 40 кишвар мусалмонон аксарияти ахоли ва дар 18 кишвари дигар акалияти бонуфузро ташкил медиханд. Мусалмонон имруз минтакаи васеъеро дар китъахои: Осиёву Африко ( Ховари Миёна ва Наздик, Осиёи Чанубу Гарби, Африкои Шимолию Тропики ва г-ра) ишгол кардаанд. Акалиятхои исломи дар Китъахои Амрико ва Аврупо, дар баъзе чойхо таърихан мукими ( чун Албания, Булгористон ва Югослови) ва дар баъзеи дигар чун тозамукими- эмигронт зиндаги мекунанд. Як катор мамлакатхо номи чумхурии исломиро доранд. Масалан: Чумхурии Исломии Покистон, Чумхурии исломии Эрон, Чумхурии исломии Афгонистон ва г-ра) ва дар худуди 28 давлат исломро хамчун дини расми дар Конунхои асосии худ эътироф кардаанд. Ислом имруз баъд аз пароканда шудани системаи сутсиолисти  ва камэътибор гардидани идеолужии коммунисти яке аз ду мафкураи бонуфузи чахони дар мукобили мафкураи насрони ва идеулужии истеъмории Амрико мебошад.

Накши ичтимоию сиёсии ислом дар сад соли охир дар кишвархои Осиёву Африко як ранг набудааст. Дар мархалаи аввал пас аз шикасти паё-паи мамлакатхои исломи дар мукобили фишору зарбахои харбию сиёси ва иктисодии кишвархои гарби мусалмонон ба тадрич аз хоби гафлати Куруни вустох бедор шуда, ба вазъияти акибмондагии иктисодиву сиёси ва илмию техникии худ огох гардиданд. Хамзамон бо дарки ин вазъият гурухе аз тахсилкардахо, хавонон ва равшанфикрони тараккихохи ин кишвархо дар паи чустуууи сабабу иллати ин акибмондаги ва чахолат афтоданд. Дар натича гурухе ба хулосае омаданд, ки иллат дар хусусияти шахшудаги ва тачйирнопазирии дини ислом аст, гурухи дигаре сабаби акибмондагиро дар дур ва бегонагардидани мусалмонон аз исломи асил- аз усулхои дини Мухаммад, ба таклиду хурофот, бидъатхо, ва ба чахолат олуда гардидани он диданд. Вобаста ба хамин хануз дар нимаи асри Х1Х ду навъ муносибат ба ислом ва ду навъ нусхаи дармон ва ду тамоюли рахоичуи аз ин холати акибмондаги ва чахолат ба миён омад.

Тамоюли аввал рохи халосиро дар дуняви (секуляриза) кардани муносибатхои чамъияти, яъне аз зери таъсир ва хокимияти дин берун кашидани муносибатхои ичтимои, иктисоди, сиёси ва маданию фарханги ва аксаран таклиди куркурона ба Гасб ва чалб кардани шаркиён медиданд. Ин гурух дар тадкикотхои охири чомиъашиносони ин кишвархо” гарбзада” номида шудаанд. Баракс тамоюли дуюм, бо вучуди дар назари аввал кухнапараст ва суннатгаро будан, иллатро на дар ислом балки дар мусалмонон, шакли диндори ва шуури динии онхо медид, ба кавли шоир: ” Ислом ба зоти худ надорад айбе, Хар айб, ки хаст дар мусалмонии мост” мегуфтанд. Ва аз ин ру рохи халосиро дар ислохи шуури динии мусалмонон ва шинохти дурусти ислом ва сарчашмахои он ва инчунин зинда кардани анъанаи пешкадами гузаштаи олами ислом медиданд. Онхо накши исломро дар мубориза бо мустамликадори ва истеъмори чайби хуб дарк намуда, барои сафарбари ва таидиди маиду ифтихор ва шухрати фаромушшудаи мусалмонон аз гузаштаи илму фарханг ва Кудрати сиёсии халКхои мусалмон ёд мекарданд. Ин гурух бо номи муслихин – ислохотчиёни (реформаторон)-и ислом дар адабиёти илми машхуранд. Ислохгарон шахсиятхои маъруф, мутафаккирони номии олами исломанд, ки то имруз дар атрофи осори онхо тахКиКот ва бахсу баррасихои илмх идома дорад ва онхо дар таърихи навини кишвархои исломх, дар рохи ба даст овардани истиКлолияти миллх, озодх аз зери ючу султаи мустамликадорх ва пешрафти иитимоию фархангии ва илмии ин кишвархо наКши бенихоят бузург доранд.

Аввалин байраКбардорони н а х з а т и и с л о х ( ё т а и д и д и ф и к р ию д и н х ) аллома Сайид Йамолуддин Афчонх (1839-1897), устод Мухаммад Абдох мисрх (1834-1905), Абдуррахмон КавоКибии мисрх (1849-1902), Рашид Ризо ва Ахмад Амини мисрх ва аллома Мухаммад ИКболи Лохурии покистонх (1877-1938) буданд, ки иихати бедории мусалмонон, эхёи маиду ифтихори фаромушшудаи онхо, софкори ва поксозии шуури динии онхо аз хурофотхои афюни ва шиносонидани исломи асили мухаммади икдомхои фаровоне карданд.

Аз боби мисол Сайид Чамолуддин бо таваччух ба вазъи онрузаи мусалмонон, ки гузаштаи пурифтихори сиёси ва илмию фархангии худро аз даст дода, ба чахолату хурофотхо фуру рафта буданд, чунин фармуда: ” Агар мо хохем исломро ба гарбиён муъаррафи кунем, пеш аз хама бояд икрор шавем, ки мо мусалмон нестем..” Манзури Сайид Чамолиддин Афгони он буд, ки ончиро ки мо ба унвони ислом парастиш мекунем, исломи асил нест ва он мусалмоние, ки мо дорем мусалмони нест. Дар бораи хар мафкураву дин инсон аз руи вазъу холати ичтимоию сиёси ва макоми пайравони вай дар чомиъаи чаххони бахо медихад, дар сурате, ки кишвархои исломи хама дар асорати мустамликави ва чахлу акибмондаги буданд, барои гарби таърифи ислом метавонист бо писханди ” Ранг бину хол пурс” тамом шавад.

Нахзати ислох, дар охири асри XIX на танхо дар Мисру Эрону Хиндустон, балки дар Осиёи Маркази низ мушохида мешавад. Чун дар хама кишвархои исломи равшанфикри ва маорифпарварии асил бо ислохи мазхаби тавъам ва бохам будаанд. Омили пайдоиши нахзати исломи мазхаби ва маорифпарвари дар Осиёи Маркази низ мисли дигар кишвархои исломи бархурд бо Гарб, шикаст дар мукобили мустамликадори ва эхсоси акибмондаги ва асорат буд. Зери таъсири нахзатхои исломии кишвархои хамсоя ва бархурди бевосита бо маданият ва дастовардхои иктисодиву техникии Руссияи подшохи, мутафаккирон ва равшанфикрони Осиёи Маркази, алалхусус маркази илмию фархангии онрузаи ин минтака Бухоро, дар осори худ зарурати тачдиди фикру андешаи дини, масълаи ру овардан ба илму маърифат ва ислохи сохтори сиёсиро ба миён гузоштанд.

Аз маъруфтарин реформаторон- муслихони ин давра Абумансур Хусрави ва Мулло Шахобуддин ибн Бахоуддин (Марчони) ки харду аз тоторхои клон буда, дар Бухоро тахсилу фаъолият кардаанд ва хамчунин Мулло Фозили Гиждувони, Мулло Гойибои Хучанди, Мулло Худойбердии Бойсуниро метавон ном бурд. Инхо аз аввалин шахсиятхои ислохталаб ва бедору огахе буданд, ки барои афкори пешкадами равшанфикри ва ислохталабии худ мавриди таъкиби амирони мангития карор гирифта баъзе фирор ва баъзе мухокима шуданд. Вале куллаи баланди афкори равшанфикри ва тачдидхохиро чи дар умури таълиму тарбия , чи дар умури сиёси ва чи дар шуури динии мо дар осори гаронмояи Ахмади Дониш, алалхусус дар рисолаи “Наводирулвакоеъ”и у пайдо мекунем. Ба дунболи Ахмади Дониш шогирдони у чун Садриддин Айни, Абдураъуф Фитрат ва и адибон андешахои зиёде дар мавриди тачдиди шуури дини, танкиди шакли диндори ва чахлу хурофоти аморати Бухоро баён карда, даст ба икдомоти амалию инкилобх низ заданд.

Охири асри Х1Х ва нимаи аввали асри ХХ нахзати тачдиди фикридини ба ду шоха чудо мешавад: яке модернизм, ки кушиши ба шароит ва мафхумхои нав мувофику мост кардани ислом ва чустучу мафхумхои илмию техники ва ичтимоию иктисодии навро дар куръону хадисхо дошт, дигаре шохаи эхёи (бунёдгарои) исломи асил, ки мавкеъи воКеъии равшанфикрон буд. Метавон гуфт то солхои 70уми асри ХХ мавкеъ ва дасти гурухи аввал боло буд, харчанд таъсири бевоситаи осору таълимоти реформаторони номбурда, хамеша вучуд дошт. Модернизм хамчун идеолужии буржуазияи махаллии кишвархои Шарки исломи дар ин мархила хадди аксари кушишро мекард, то исломро ба ахдофи сиёсиву иктисодии худ мувофик созад. Вале аз солхои 70ум ба баъд буржуазия мавкеъ ва накши собики худро дар кишвархои исломи аз даст дод ва бар ивази он дар сахнаи таърих табакоти поёнии чомиъа, мустазъафин ва майдабуржуа баромаданд ва аз нав шиъорхои эхёи исломи мухаммади, озоди ва истиклоли вокеи, худшиноси ва тачдиди шуури мазхаби ба миён омаданд. Яке аз мухимтарин хусусияти давраи нав афзудани накши сиёсии ислом дар нахзатхои миллию озодихохи буд. Агар дар давраи инкилобхои буржуази ислом хамчун яке аз воситахо ва яке аз унсурхои идеоложияи буржуази ба кор рафта бошад, дар ин давра идеоложияи исломи ба кувваи асосии пешбаранда табдил меёбад. Куллаи олии ин нахзати нав Инкилоби Исломии Эрон буд, ки бо сарварии Оятуллох Узмо Хумайни ба галаба ноил гардида, ба пойгохи империализми чахони дар минтака зарбаи корие зад. Пас аз Инкилоби Исломии Эрон як катор ходисахои сиёсие рух доданд, ки далолат ба фаъол гардидани омилхо ва Куввахои сиёсии исломи дар минтака мекарданд аз чумла: ишголи МасчидулХаром дар Макка аз тарафи Куввахои мухолифи режими Сауди, кушта шудани президенти Чумчурии Арабии Миср Анвар Содот дар октябри соли 1981 аз тарафи гурухи хамлаи созмони ” Ихвонул муслимин”: ” ал-Ииход” ё “ат-Такфир вал-хичра”, ру ба афзоиш ниходани амалиёти гуруххои мухолиф дар Тунис ва Алчазоир, накши мубориз ва фаъоли созмони “Амал” ва”Хизбуллох” ба мукобили Исроил дар Лубнон ва нихоят чалабаи Куввахои мучохидини исломи дар чанги Афгонистон бар артиши номдори Иттиходи Чамохири Шурави.

Хулоса, хусусияти асосии исломи муъосир афзудани накши сиёси ва идеолужии он дар сатхи чахони мебошад. Охири асри ХХ, асри аз нав ба сахнаи сиёси баромадани ислом, ру ба афзоиш ниходани омузишу тахкикот дар атрофи мавзухои “Ислом ва сиёсат”, ” Ислом ва иктисодиёт”, “Иомиъаи тавхидии исломх”, “Давлати исломх” ва чайра буд.

Афзудани наКши иахонии исломро инчунин аз ру афзудани созмонхои иахонх ва байналмилалии исломх дарёфтан мумкин аст. Имруз созмонхои зерини байналмилалии исломх амал мекунанд: 1– СОЗМОНИ КОНФрОНСИ ИСЛОМИ ( ба арабх.-Муназзамат-ул муътамарал-исломи)- ин созмони байни давлатии кишвархои Осиёву Африко соли 1969 ташкил шуда, 44 давлат ва Созмони озодибахши Фаластинро дар бар мегирад. Органи олии ин созмон конфронси сарони давлатхо ва хукуматхо мебошад;

2– Анчумани Олами Исломи (Муътамарал-Оламал- Исломия)- ин созмон соли 1926 дар Макка ташкил шуда, дар 67 кишвар намояндаги дорад. Ин созмон макоми созмони гайри хукаматии машварати дар назди Созмони Милали Муттахид ва макоми нозирро дар Созмони Конфронси Исломи дорад;

3- Лигаи Олами Исломи (Робитатул-Олам ал-Исломх)- соли1962             дар Макка

ташкил ёфта, созмони гайри хукуматии байналхалкии исломи мебошад.

Дар шароити хозира чайр аз ин се созмони муътабаре, ки ёд шуд боз чандин созмону ташкилотхои байнидавлати, минтакавии ичтимоию сиёси, иктисодиву илми, маданию фарханги ва гайра амал мекунанд. Масалан: Банки имронии исломи, Мухобироти байналхалкии исломи, Созмони исломи оид ба таълим ва маданият, Махкама(Суд)-и адолати исломи ва чайра мавчуданд. Дар як худи кишвархои араби зиёда аз 130 ташкилоту созмонхои махалли, ахзоби сиёсии исломи ва гайра амал мекунанд.

Хулоса, дар шароити хозира, бо вучуди хануз хам ба сатхи имрузаи пешрафти илмию техники нарасидани аксари кишвархои исломи, ислом яке аз динхо ва идеолужихои бонуфузи чахони ва кишвархои исломи дорои имконоти азими иктисоди ва захирахои табии мебошанд. Иахиши иктисодию ичтимоии як катор кишвархои исломи чун: Амороти Арабии Муттахида, Давлати Арабистон Саъуди, Кувайт, Эрон далолат бар он мекунанд, ки аз лихози илмию фарханги ва хатто технулужи, кишвархои исломи имкони расидан ба сатхи имрузаи чахониро низ доранд.

Инак фасли дини исломро низ ин чо хотима мебахшем ва умедворем, ки шинсои бо маъорифи исломи як олами тозаеро барои чавонони мо боз карда, дар шинохти таърих, фарханг, адабиёту забон, фалсафаю хукуки гузашта онхоро мадад ва омили ташаккули хиссу чурури созандаи милли, итминон ба нафс, истикомат дар бахсу мучодилахо гардад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222