Главная / Илм / Издивочи Паёмбар (с) бо Хадича

Издивочи Паёмбар (с) бо Хадича

Баъд аз ин ки Паёмбар (с) хамрохи гуломи Хадича – Майсара аз сафари тичорати бозгаштанд, осори баракат ва амонатдори дар молхои Хадича намоён буд, зеро ки кабл аз он чунин фоидае барои Хадича ба даст наомада буд.
Оре, садокату дурусти ва амонатдории Паёмбар (с), таваччухи Хадичаро чалб намуда буд, ба хусус, хангоме ки гуломи у Майсара каромоту бузургворихоеро, ки аз Паёмбар (с) дар тули ин сафар дида буд, барои Хадича таъриф намуд.
Хадича ба хотири ин ки насаби шариф дошт ва зани покдоману начиб буд, хостгорони зиёде дошт. Бахусус, сарони Курайш аз у хостгори менамуданд, аммо Хадича ба хамаи онхо чавоби рад медод, чунки он хусусиятеро, ки Хадича дар вучуди шавхараш дидан мехост, онхо доро набуданд. Хадича пас аз солхо гумшудаи худ (Паёмбар (с))-ро пайдо намуд, пешниходи издивочи хеш бо Паёмбар (с)-ро ба воситаи зане ба номи Нафиса матрах кард. Нафиса пешниходи Хадичаро бо Паёмбар (с) дар миён гузошт.
Паёмбар (с) низ пешниходи Нафисаро пазируфт ва ин амрро бо амаки худ дар миён гузошт. Онон назди амаки Хадича рафтанду Хадичаро барои Паёмбар (с) хостгори намуданд. Ба ин тартиб издивочи Паёмбар (с) бо Хадича сурат гирифт.
Тамоми фарзандони Паёмбар (с) гайри Иброхим аз Хадича мебошанд. Фарзандони Хадича аз инхо иборатанд: Косим, Зайнаб, Рукайя, Умми Кулсум, Абдуллох ва Фотима.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222