Главная / Илм / КАЛИСОИ ИТТИХОДИ САН МЯН МУН

КАЛИСОИ ИТТИХОДИ САН МЯН МУН

Чамъияти рухи мукаддас оид ба иттиходи насрониёни чахон соли 1954 дар Куриё (Корея) аз тарафи Сан Мян Мун (тав. 6.01.1920) ташкил Мувофики иддаои С. Мун у дар 16-солаги вахй дарёфта, ки хабар медихад, Эсои Масех рисолати начотбахши худро натавонистааст ичро кунад ва ин рисолат ба дигар кас, яъне ба у – С. Мун мухаввал гардида. С. Мун даъвии нубувват дорад, худ ва дини худро арзандатарин инсон ва адёни муосир медонад. Сухани уст:“ Ман пешопеши хамаи оламам. Ман, фикр мекунам, ки ман аз хама муваффактарин мубаллигон ва мукаддасони фиристодаи Худоям.” С. Мун муддаи аст, ки бо Яхёи Таъмидгар ва Эсои Масех мулокот карда ва таъкид низ мекунад, ки у аз онхо хеч ками надорад.

sunmyungmoon-070226Мухтавои таълимоти Калисои Иттиходро омехтае аз таълимоти ба ном насрони ( яъне таълимоте, ки у ба Масех нисбат медихад, вале дар асл он масехи- насрони нест), унсурхое аз зухд (мистика), фалсафа ва унсурхои харизмави (таълимот оид ба кобилияти фавкулода дар рахбариву пешвои) ташкил мекунад. Пайравони Мун акида доранд, ки Библия “ асли хакикат нест, балки китоби дарси аст, ки дар асоси он хакикатро меомузанд. Эътибори хакики барои пайравони ин мазхаб таълифоти Мун ва пеш аз хама китоби “Усули Илохи” ва “ Корбурди Усули Илохи” доранд. Мувофики таълимоти Мун, Худои Ягона падари хамаи инсоният (миллатхо) аст, ки аз вучуди Худ дар динхои яхудия, насрония, буддоия , ислом ва г- ра хабар дода. Акнун вакти бунёди худои зинда берун аз марзи динхои суннати расидааст.

Як катор мухакиккон бар он акидаанд, ки таълимоти С. Мун унсурхои суннатии динхои шаркиро дорад, чунки муътакид аст кудрати илохи асосан аз тарики ду неру: мардона ва занона, мусби ва манфи зухур мекунад. Тафсири Мун аз чигунагии нахустгунох назар ба назарияи динхои соми фарк мекунад. Мувофики акидаи у Одам ва Хаво мебоистанд аз тарики насли худ Салтанат ё Хукумати Илохиро дар руи Замин баркарор кунанд. Вале Хаво ба фиреби Шайтон дода шуда, бо вай даромехт, яъне зино кард, аз он Кобил ба дунё омад. Пас аз он бо Одам хуфт ва Хобилро таваллуд кард. Дар натича Одаму Хаво чисману рухан гунахгор шуданд ва накшаву барномаи Худо вайрон шуд. Онро бояд “Одами сони”- Эсои Масех баркарор мекард. Мун Худо будани Эсои Масехро инкор мекунад, вайро Инсоне мешуморад, ки омодааст, то зан гирад ва фарзанд орад вале пеш аз анчоми ин кор кушта шуд. Мун зарурати зухури “Одами сеюм”-ро барои ичрои барномаи Илохи начоти чисмонии инсон, аз тарики издивоч ва эчоди нажоди инсонхои бегунох таргиб мекунад. Зимнан Мун амалан худро он “Инсони Сеюм” мешуморад.

Ин аст, ки тибки акидаи Мун таърихи инсоният аз се мархала ташаккул ёфтааст. Мархалаи “асри Ахди Кадим”, “асри Ахди Чадид” ва “асри Ахди Хотима”. Дар хар карн худованд мувофики сатхи маънавии одамон бо истифода аз пайгамбарон ва масехони гуногун аз Худ хабар медихад. Мархалаи аввал ва сони “хакикат”-и худро дар Библия ёфтаанд. Соли 1960 огози мархалаи нихои- асри “Ахди Хотимави” мебошад. Мун акида дорад, ки Эсо калисоро бунёд кард ва дар он ташкилоте (на салтанати Илохи)-ро созмон дод. Максади “ Калисои Иттиход” бунёди он “Салтанати Илохи” дар руи Замин аст. Дар ин рох чун монеаи асоси, аз нигохи у, нажодпарасти, чангхо, кашшоки ва дигар фочиахои ичтимои мебошад, ва чун дар Калисои Иттиход ахамияти якумдароча на ба такомули ахлоки фарди балки ба амалиёти фаъоли ичтимои дода мешавад, он калисо фаъолияти бузурги сохибкори низ мебарад. Ин аст, ки калисои Мун дорои корпоратсияхои истехсолоти хуроквори, мохидори, истехсоли компютерхо, техникаи тибби мебошад. Хазрати Мун истехсолотро пайдовари асосие медонад, ки дар руи он “Салтанати Илохи” бунёд мегардад.

Калисои Иттиход дар тамоми олам чун як “оила” амал мекунад. Дар он ахкому маросимхои зохири вучуд надорад. Мухимтарин асл дар таълимоти Мун ин инсонхоянд, ки ба дигар инсонхо гамхори мекунанд. Аъзоёни калисо ба чамъияти дини пулу дороии худро хайру садака мекунанд. Максади асосии аъзоёни калисо дарёфти “таваллуди нав” ва иштироки фаъол дар бунёди Хукумати Илохи мебошад. “Калисои Иттиход”- вокеан ташкилоти хеле инкишофёфта мебошад, ки кодир аст, бо динхои суннати ракобат кунад. Вай ба ин мартаба ва сатх аз чамъияти хеле хурд – маросимхои харизматики, пас аз гузаштан аз хама мархилахои ташаккули дастгохи калисо расидааст.

Мун бо максади бунёди одамони бегунох “маросими издивоч”-ро кор кардааст. Баъд аз 2-7 сол зистан дар он чамъият, муъминон метавонанд барои интихоби чуфт мурочиат кунанд. Худи Мун чуфтхоро интихоб мекунад. Одатан чуфтхо аз нигохи нажоду миллат омехта интихоб мешаванд. Пас аз он “Маросими шароб”, ки хар чуфт коктейлеро, ки дар таркибаш хуни Мун ва зани уст менушанд. Маросими шароб рамзи номзадист, ки аз чанд руз то чанд сол тул мекашад. Мархалаи дуюм маросими ризояту фотиха. Он дар ичтимоъ, одатан, дар варзишгох (стадион) мегузарад, чун ки дар як вакт як чанд хазор чуфт фотиха мешаванд. Баъд аз ин чуфтхо 40-руз чудо мешаванд – давраи фирок, танхо баъд аз ин маросимхо хаёти оилавии онхо шуруъ мешавад. Махз чунин усули никоху издивоч , ба акидаи мунистхо, метавонад Салтанати Илохиро дар замин баркарор кунад.

Хамчунин онхо “Конуни чуброн”-ро таргиб мекунанд, ки мувофики он муъминон пеш аз он, ки Худо онхоро бахшад, акаллан кисмате аз карзи гунохи худро бояд бипардозанд. Начотро аз тарики рузадори, чамъоварии маблаг барои калисо, чалби аъзоёни нав ба калисо ва дигар корхо метавонанд, касб кунанд. Хамчунин бо усули истифода аз шароити мушкили иктисодии кишвархои акибмонда ва СНГ аз тарики кумакхои моливу пули, тибби ва ташкили тимхои варзиши ба калисои худ аъзоёни навро чалб мекунанд.

Аъзоёни навро бо усули сахти классики “шуштушуи магзи” медиханд, онхоро ба курбони овардан барои калисои худ, ба канорагири аз оила, дустон ва хамаи олам водор мекунанд.

Таблиги таълимоти Мунро на танхо калисохои у, балки чандин ташкилоту созмонхои мустакил аз он калисо чун: “Тархи вахдат”, “Юриши салиби барои чахони мутахид”, “Инкишофи маорифи нав”, “Фонди байналмилалии фарханг”, “Ассотсиатсияи дастчамъи оид ба тахкики усулхо”, “Фонди байналхалкии маориф”, “Федератсияи оилахо барои сулх дар хама олам” ва гайра мебаранд.

Бояд гуфт, ки дар хама кишвархо аз чумла дар СНГ, ахли чамъият ва намояндагони калисохои суннати алайхи ин калисо ва усулхои гайримазхабии он дар чалби аъзоёни нав ва сабаби эчоди ихтилофхои нави сотсиали гардидани амалиёти он дар чомиахои суннати эътирозхо зиёданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222