Главная / Илм / КУРЪОН ВА ИЛМХОИ КУРЪОНИ

КУРЪОН ВА ИЛМХОИ КУРЪОНИ

Куръон – аз кал. ар.- караъа- хондан \ номи китоби мукаддаси мусалмонон аст. Куръонро инчунин “Каломи Шариф”, “Калом-ул-Лох”,”Мусхаф”,”Уммул-китоб” \ модари китобхо\ ва гайра меноманд, ки дар худи Куръон бо чунин номхо ёд шудааст. Куръон, мувофики эътикоди мусалмонон, вахй \суханон\-и илохи мебошад, ки Худо ба Паёмбари ислом Мухаммад (с) ба воситаи ” Рухул-Куддус” \Чабраил\ кисм-кисм нозил карда аст, яъне фуру овардааст. Мувофики акидаи аксари уламои ислом муъчизаи асосии Паёмбари ислом Мухаммад(с) хамин Куръон аст. Куръон, дар баробари китоби мукаддаси мазхаби будан, як сарчашмаи нодири таърихи, адабию бадеи, забони ва умуман яке аз шохасархои нодири тамаддуни башар мебошад.

quronСохтори Куръон чунин аст. Вай аз 114 сура \боб\ иборат буда, хар сура ба чандин оят \ чумла ё порчахи хурд\ таксим мешавад. Сурах дар Куръон аз руи дарозии онхо чой дода шудаанд. Сурахои дароз дар аввал ва сурахои кутох дар охир\ ба чуз сураи аввал сураи Фотиха\. Харчанд аксари сурахои кутох он сурахое мебошанд, ки пештар, дар огози даъват нозил шудаанд. Хамаги дар Куръон 6204­6660 оят \сабаби ихтилоф гуногунии таксимоти оятхо дар нашрхои гуногуни он аст\. Фонди лугавии Куръонро 77934 калима ва 323621 харф ташкил кардааст. Сурахое, ки дар шахри Макка нозил шудаанд макки ва сурахое, ки дар шахри Мадина нозил шудаанд, мадинаи номида шудаанд.

Ба Мухаммад вахйи нахустин дар мохи Рамазон \К. 2: 181 \ нозил шуд, аз ин ру Рамазон мох мукаддас ба шумор меравад ва мусалмонон дар ин мох руза мегиранд. Куръон, мувофики гуфтаи худи Куръон аз хамон асле нозил шудааст, ки Таврот ва Инчил сарчашма гирифтаанд. \К. 26: 197 \.

Услуби насри Куръон шабохату каробат ба насри мусаччаъ- насри кофиядорро дорад. Харчанд лахне монанд ба сачъро пеш аз ислом хамчун воситаи таблиг ва дуъову афсун кохинони араб ба кор мебурдаанд, то Куръон дар адабиёту дини аъроб асаре ба ин фасохат ва гановати фикри пайдо нашудааст. Насри Куръони на шеър асту на насри мусаччаъи комил. Услуби Куръони як услуби хосест. Зимнан мебояд кайд кард, ки бадеъияти Куръон охангнокии оятхои он ва навъхои кироати он омили мухими таъсирбахш, эхсосангези дар маросимхои исломи мебошад ва он аз як чихат накшу вазифаи мусики ва нокусро дар динхои дигар ичро мекунад.

  1. Вакте ки Паёмбари ислом (с) вафот кард Куръон хануз ба шакли китоб тадвин нашуда буд. Вале кисмати зиёди оятхои Куръонро котибони Паёмбар(с) дар руи пусти дарахт, барги хурмо, сангхо сабт ва ровиён дар хотир хифз карда буданд. Номи ровиён ва котибони Мухаммад (с) то ба мо омада расидааст ва онхо: Алх ибни Абутолиб, Убайа ибни Каъаб, Абдуллох ибни Масъуд, Зайд ибни Собит, Абудардоъ, Абумусо Ашъарх мебошанд. Дар соли 11 -ум -12-уми хичри дар давраи хилофати Абубакр бисёре аз сахобахо ва донандагони Куръон, дар чангхо барои мустахкам кардани ислом бо мудаъиёни паёмбари ва аз ислом гаштагон \радда\ кушта шуданд. Ин ходиса Умар ибни Хаттобро водор кард, ки ба Абубакр маслихат дихад, то чихати аз байн на рафтани оёти Куръон, ба чамъоварии он икдом намоянд. Ин вазифаро ба ухдаи Зайд ибни Собит месупоранд. Мачмуъаи аввалини тартибдодаи Куръон номи“Сухуф”-ро гирифта буд ва он ба расмият ва катъият шинохта нашуд. Хамзамон ё каме баъдтар аз тахрири аввалини Зайд ибни Собит гирдовари ва тахрирхои дигари Куръон тавасути чахор сахобаи дигар: Убайа ибни Каъб \ дар Димишк\, Абдулло ибни Масъуд \ дар Куффа\, Абумусо Абдуллох Ашъари \ дар Басра\ ва Микдод ибни Асвад \дар Химс\ ба амал бароварда мешаванд. Ин чахор мачмуъаи Куръон бо мачмуъаи Зайд ибни Собит ва байни худ дорои баъзе ихтилофот буданд, ки сабаби сар задани бахсхо ва зиддиятх дар амалия ва акоиди дини гардиданд. Аз ин ру дар давраи хилофати Усмон- халифаи сеюм маслихат бар он шуд, ки тахрири наву ягонаи Куръон ба амал бароварда шавад. Усмон ин корро боз ба ухдаи Зайд ибн Собит- мухррири тадвини нусхаи аввал мегузорад. Баъд аз анчоми гирдовари ва тахрири охирин аз он чанд нусха таксир гардид, ки ба шахрхои дигари хилофат фиристода шуданд. Мувофики ривоятхо ин тахрири охирини Куръон ду сура аз тахрири Убайа кам ва ду сура назар ба тахрири Ибни Масъуд зиёд будааст. Ба гайр аз ин дар байни ин тахрирхо як катор тафовутхои орфографию лухчави вучуд доштаанд. Акидае низ мавчудаст, ки Усмон Куръонро аз нав чамъовари накарда балки танхо тамоми мусалмононро ба кироъати ягона- хониши як кории муъайян чамъ ва мутахид намуд ва тамоми Куръонхои дигарро, ки бо он киръат мувофик набуданд сузонд ва аз байн бурд.\ Мухаммад Хусейн Захаби. ат-Тафсир вал-муфассирин. Кохира. «Доул-кутуб ал-мисрия».1396 х.к. с. 224-249\

Табиист, ки дар атрофи мундаричаи тахрири усмонии Куръон баъзе ихтилофхо ба вучуд омадаанд. Аз чумла хоричиён-яке аз фиркахои шиъа киссаи ишкварзии хазрати Юсуф бо зани мисриро ба шаъни китоби мукаддас нораво шуморидаанд, хамчунин баъзе шиъахои ифроти низ муддаъиянд оятхое, ки дар мавриди Али ва мартабаи у буданд, бо дасти Усмон хазф шудаанд. Барои исботи фикри худ онхо ба вучуди гусастагии афкор ва адами вучуди алокаи маъни дар байни баъзе оятхои куръони ишорат мекунанд.

Бояд гуфт, ки пас аз тахрири усмони низ то охири асри Х ба Куръон аз назари имлову хониш баъзе тагиротхои чузъи дохил карда шудаанд. Аз чумла аломатгузори \ гузоштани харакот-садонокхои кутох, сукун, идгомот ва г-ра \ дар асри Х зери назари хафт факехи машхур ва кориёни сохибтачриба анчом гирифта аст. Ин тахрирхо ба мазмуну мундаричаи Куръон хеч таъсиру тагйироти чиддие дохил накардаанд ва метавон гуфт, ки Куръон ягона китоби мукаддасест, ки билофосила баъд аз паёмбари он ё хатто замони дар хаёт будани у, гирдовари ва тадвин шудааст ва камтарин тахриф ва дасткорие дар он рох наёфта аст. Алалхусус баъд аз тахрири усмони дар тули чахордах карн Куръон бе камтарин тагйире то ба мо расидааст.

Мундаричаи Куръон гуногунмазмун ва хело бойю гани аст. Дар он масъалахои мухталифи динию мазхаби: худошиноси, паёмбари, хаёти пас аз маргии ондунёви-маъод, тасвири сахнаи охират- рузи хисоб, чаннату дузах; хамчунин масоили хастишиноси- офариниши олам ва одам, такдири хасти, сурати кайхон ва алалхусус масоили маънавию ахлоки ва хукуки, тарзи зиндаги ва муъомилоти мусалмонон; масоили хукуки ва таърихи пайдоиши ислом ва хаводиси вобаста ба он баён шудаанд. Сурахои давраи мадинаи аксаран хусусияти таргиби ва конунгузори доранд. Онхо асосан ба мукобили хаёти ичтимои ва маънавию мазхабии чохилия ва расму русуми бутпарасти равона шудаанд. Хамчунин хаводиси таърихии марбут ба пайдоиши ислом, газовот ва мухорибахои садри ислом дар он инъикос ёфтаанд.

Дар Куръон беш аз хама асосхои чахонбинии тавхиди ва зимнан тарзи нави муносибатхо, мунисибатхои нисбат ба замони худ одилона ва прогрессивии чамъияти, оилави, милли, синфию табакоти, сиёси ва нормахои нави ахлоки ва умуман асосхои чахонбинии исломи ифодаи худро ёфтаанд. Дар Куръон унсурхои умумият дошта бо динхои яхуди, насрони ва адёни дигар зиёданд. Хамаи иктибосхо ва мазмунхои яхудиву насрони дар Куръон тибки тахкикоти шаркшиносону исломшиносон ( онхое, ки ба вахй будани Куръон бовари надоранд) тахмин мекунанд, ки на бевосита аз сарчашмахо ва китобхои мукаддаси ин динхо, балки аз манбаи сеюм, аз тарики накли дахони ё аз яхудиёни талмуди ва ё аз рохибони насрони гирифта шуда,. Вале аз назари уламои ислом вучуди ин умумиятхо- киссахо ва мазмунхои тавротиву инчили равшан ва бебахс аст, чун хам Таврот ва хам Инчил ва хам Куръон як асл, як сарчашма- Лавхи Махфуз ё Уммул Китобро доранд. Куръон шояд дар байни китобхои мукаддас ягона китобе бошад, ки дар он бевосита сухан аз забони Худо омадааст ва ба ин мазмун дар вокеъ ” Калому-лох” мебошад. Он мисли Библия хусусияти наклию ахбои аз забони шахси сеюм ва ё мисли Ведхо ва Авасто асосан аз ниёишу муночоти паёмбарон ё муъминон иборат нест, балки гуфтори бе воситаи илохи- амру нахиёти уст.

Нихоят шинохти Куръон барои миллали мусалмон, сарфи назар аз диндор будан ва набуданаш, алалхусус барои равшанфикрон ва зиёиён чихати шинохти фарханг ва тамаддуни гузаштаи худ хело зарур аст. Чунки Куръон таърихан ба забон, адабиёти насрию назми, ба фалсафа, хукук, ахлок ва тарзи зиндаги: маросимхо, урфу одот, санъату хунар ва умуман хувияту зехния \менталитет\-и миллали мусалмон таъсири беандоза зиёде гузоштааст ва бидуни шинохти .1уръон шинохти кофии ин сохахо чайри имкон аст.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222