РАФТОРИ НОЧО
Сагчаи зарду малларанги дурага, ки фуки рубохмонанд дошт, дар рохи пиёдагарде ин тарафу он тараф метохт ва бекаророна ба атроф назар меафганд. Баъзан меистоду нолишкунон аввал як пойи хунукхурдааш ва баъд пойи дигарашро бардошта, ба хотир оварданй мешуд, ки чй гуна у метавонист рохгум бизанад?
Хуб дар хотир дорад, ки ин рузро чй гуна пушти сар кард ва билохира, ба ин пиёдарохи ношинос чй хел афтод. Руз чунин ооз ёфт: Сохибаш – наччор Лука Александрич кулошро пушида, кадом як асбоби чубини ба матои сурх печонидаро таги каш карду нидо дардод:
- Каштанка, рафтем!
Сагчаи дурагаи малларанг номашро шунида, дархол аз таги дастгохи наччорй, ки он чо, дар болои парахахо мехобид, баромаду хамёзае кашида аз кафои сохибаш рахсипор шуд. Фармоишгарони Лука Александрич бехад дур зиндагй мекарданд ва наччор то оне ки ба хонаи хар кадоми онхо бирасад, мачбур мешуд аз чанд гузаргох гузашта, чандин маротиба ба майхона бидарояду чисмашро бо шароб неру бубахшад. Каштанка ба хотир овард, ки дар рох вай бехад ношоиста рафтор кард.
Аз хурсандй, ки уро барои сайру гашт ба куча баровардаанд, гел мезаду аккосзанон ба наклиёти аспии дар рохи охан харакаткунанда хучум мекард. Ба хавлихо медаромад ва аз кафои сагхо медавид. Наччор маълум, ки уро надида ноилоч бозмеистоду бо газаб ба сараш дод мезад. Хатто боре сахт хашмгин шуда, гуши рубохмонандашро ба кафаш дошта сахт тоб доду канда-канда гуфт:
- Кошки хар-ром ме-мур-ди, офатзада!
Лука Александрич бо фармоишгархо корашро анчом дода, барои як дакика ба хонаи хохараш даромад. Дар он чо нушиду газак намуд; аз хавлии хохараш ба хонаи рафики муковасозаш даромад, аз он чо ба майхона, аз майхона ба хонаи чурааш ва… Хулоса, вакте ки Каштанка ба пиёдагарди бегона афтид, руз ру ба торикй оварда, наччор хам мурданивор маст шуда буд. у хар замон дастхояшро афшонда, чукур нафас мекашиду гур-гуркунон менолид:
- Маро модарам пургунох таваллуд кард! Ох, гуноххо, гуноххо! Холо, ана, дар куча меравем ва ба чарогакхо менигарем, хамин ки мурдем, дар оташи дузах хохем сухт…
Ё бо оханги зориомез Каштанкаро ба наздаш мехонду тавалло мекард:
- Ту, Каштанка, ту аз хашароте беш нестй. Дар мукобили одам ту устои чубтарошеро мемонй, ки дар назди наччор арзише надорад…
Хангоме ки вай бо Каштанка ана хамин хел харф мезад, баногох мусики танинандоз гардид. Каштанка ба кафо нигох карда дид, ки аз миёни куча, ру ба руйи у, катори сарбозон кадам мезанад. Ба садои мусики, ки асабхои вайро бечо мекард, тоб наоварда, сагчаи бечора безобита шуду аз тарс аккос зад, вале амали сохибашро дида хайрон шуд: наччор, ба чойи он ки битарсад, уллос бикашад ва ё аккос бизанад, бо хандаи самимона коматашро рост намуда, ба мисли сарбозон дасташро ба чакааш бурд. Каштанка дид, ки сохибаш ба мусикй диккат намедихад, боз хам сахттар уллос кашид ва бехудона давида ба пиёдарохи тарафи дигари куча гузашт.
Даме ки Каштанка ба худ омад, мусики дигар садо намедод ва полк хам аз назар оиб шуда буд. у аз куча гузашта, дартоз ба чое омад, ки сохибашро бори охир дида буд, вале… хайхот! Наччор акнун дар он чо набуд. Сагча ба пеш давиду баъд ба кафо, як бори дигар кучаро убур кард, лекин наччор якбора айб зад: гуё ба каъри замин фуру рафта буд… Каштанка пиёдарохро бу кашидан гирифт: умед дошт, ки сохибашро аз буйи изаш меёбад, вале пештар ким-кадом ношуде бо калушхои нави резини аз ча гузашта буду акнун хама накхати нозук бо буйи тези резин махлут гардида. Метавон гуфт, ки имкони чизеро муайян кардан барояш вучуд надошт.
Каштанка, харчанд ба пеш давиду ба кафо, сохибашро пайдо карда натавонист. Дар ин миён хама чо торик шуд ва дар хар ду чониби кучахо фонусхо даргирифтанд. Аз тирезаи хонахо низ нури чарогхо ба чашм расид. Барфи лаклакй меборид ва рохи хамвору пушти аспхо ва кулохи фойтунчихо охиста-охиста сафед мешуданд. Чй кадаре хаво торик мешуд, хамон андоза атроф равшантару сафедтар мегардид. Аз назди Каштанка, пеши чашмашро гирифта, хатто бо пояшон уро тела дода, беист фармоишгарони ношинос ба хар тараф гузашта мерафтанд. (Каштанка инсониятро ба ду гурухи тамоман нобаробар – хучаинхо ва фармоишгарон йудо карда буд; дар миёни хам ин ва хам онхо тафрикаи чидди буд: аввалихо хукук доштанд, ки Каштанкаро латукуб кунанд, дувумихоро худи у хак дошт аз банди пояшон бигазад). Фармоишгарон ба ким-кучое шитоб мекарданд ва ба вай заррае эътибор намедоданд.
Вакте ки атроф тамоман торик шуд, Каштанкаро вахму харос зер кард: у тамоман навмед гардид. Дар даромадгохи ким-кадом биное панах шуда, талх бигрист. Сафари якруза бо Лука Александрич уро бемадор карда буд, гушу пойхояш аз хунуки карахт шудаю ба болои ин хама гуруснаги холашро бад кардааст. Рузи дароз хайвони бечора хамаги ду маротиба каме шикамашро сер карда буд: дар хавлии муковасоз камакак шираи ордро ба дахон бурда буд ва дар яке аз майхонахо, дар назди пештахта, пусти хасибро ёфта хурд ва тамом вассалом. Агар вай инсон мебуд, эхтимол чунин андеша мекард:
«Не, ин хел зистан номумкин аст! Хубаш, худкушй бояд кард!».
НОШИНОСИ ПУРАСРОР
Вале вай дар бораи чизе фикр намекард, факат нула мекашид. Вакт ки барфи испеди мулоим сару руяшро ба мисли курпа пушониду худаш аз бемадорй чашмашро кушода наметавонист, баногах даре шараккосзанон кушода шуд ва нолишкунон ба шикамаш бархурд. Якбора аз чояш часта рост истод. Аз дари кушода кадом як нафаре, ки мутааллик ба фармоишгарон буд, бурун омад. Азбаски Каштанка вингос зад ва ба зери пояш монд, у наметавонист ба саг диккат надихад. Мард хам шуда аз вай пурсид:
– Ай саг, ту аз кучо пайдо шудй! Маъюбат кардам? Ох, махлуки бечора… Хайр, аз ман маранч, аз ман маранч… Гунахорам.
Каштанка аз миёни барфрезахои ба мижахояш часпида ба марди ношинос дида духта, дар наздаш як одамчаи кадпастаки фарбехаку лундаруйи риштарошидаеро дид, ки дар сар кулох дошту тугмахои пустинаш батамом кушода буданд.
– Чй ин кадар винг-винг мекунй? – идома дод мард, барфро бо ангушташ аз пушти Каштанка афшонда. – Сохибат кучост? Шояд ту гум шудай? Эх, сагчаи бечора! Акнун мо чй кор бояд кунем?
Каштанка дар овози марди ношинос оханги рахму шафкатро эхсос намуда дасташро лесид ва боз хам бадардтар вингос зад.
– Ту хеле саги доною рамузфахме будай! – гуфт марди ношинос. – Ба рубох монанд хастй! Хайр, майлаш, хеч коре надорем, рафтем бо ман. Эхтимол дар ягон боб даркор мешавй… Канй, ба пеш!
Вай бо лабхояш чалпос зада ба Каштанка бо имои даст ишора намуд, ки он як маъно дошт: «Рафтем!» Каштанка аз пасаш рафт. Кариб баъди ним соат Каштанка аллакай дар болои фарши хучраи калону равшан менишаст ва сарашро ба як тараф кач карда, бо марок ва риккат ба руйи марди ношинос, ки дар пушти миз нишаста ио мехурд, нигох мекард. Ношинос ио мехурд ва Каштанкаро хам фаромуш намекард: нахуст ба вай нону панир дод ва сипас, пораи гушт. Нисфи самбуса ва устухонхои мургро хам ба пеши пояш партофт. Каштанка, ки аз гуруснагй сахт азият мекашид, ин хамаро бошитоб хурд ва хатто маза доштан ё надоштанашонро нафахмид. Харчи зиёдтар мехурд, хамон андоза бештар гуруснагиро эхсос мекард.
– Вокеан, сохибонат туро бад нигохубин мекардаанд, – бо харисии том ба ио дарафтодан ва онро нохоида фуру бурдани саг дида духта гуфт марди ношинос. – Боз хеле лоар хасти! Пусту устухон…
Каштанка иои зиёдеро истеъмол намуд, вале пурра сер нашуд, танхо аз пурхурй андак бехуд гардид. Баъд аз тановули таом дар миёнаи хучра дароз кашиду дар вучуди худ бехолии гувороеро хис намуда дум ликонд. Вакте ки сохиби нави Каштанка дар курсии мулоим бафурча нишаста сигор мекашид, Каштанка хамоно дум ликонда, масъалаи манзили зисти ояндаашро хал мекард: кучо хубтар аст? Хонаи марди ношинос ё сохиби аввалааш. Чихози хонаи марди ношинос камбаалонаву безеб аст; ба чуз курсихою диван ва чарогу колинхо дар он дигар чизе нест, хучра хам гуиё холист, аммо манзили наччор саршори чихоз аст; дар хонаи у мизу дастгохи наччори, тудаи параха, рандаю искана, аррахои гуногун, таора, кафаси саъва ва… хаст. Дар хонаи марди ношинос хатто буе ба машом намерасад, хонаи наччор бошад, хамеша гарм асту хамеша буйи хуши рангу елим ва тахтапорахо ба димог мезанад. Вале марди ношинос дар як бобат бартари дорад: ба вай бемалол иои бисёр медихад ва агар аз руйи адолат бигуем, хар гахе Каштанка дар назди мизи у истода, бо рахм ба руяш дида медузад, боре хам вайро намезанад ва лагадкубаш хам намекунад, ягон маротиба «Дафъ шав, лаънатй!» хам нагуфтааст.
Хучаини нав сигорашро кашида аз хона берун шуд ва лахзае баъд курпачае дар даст баргашта, онро дар кунч, дар шафати диван, густурда гуфт:
– Эй ту, махлуки безабон, ин чо биё! Ана, дар ин чо хоб кун, фахмидй?
Сипас у чарогро хомуш карда аз дар берун шуд. Каштанка бемалол дар болои курпача дароз кашида чашмонашро пушид; аз берун аккоси саг шунида шуд ва Каштанка хост ба он чавоб бигардонад, аммо баногах уро эхсоси яъсу навмедй фаро гирифт. Лука Александрич, фарзанди у Федюшка, чойгахи нарму бофароаташро дар таги дастгохи нччорй ба хотир овард… Ба хотир овард, ки дар шабхои дарози зимистон, гохе ки сохибаш чуб метарошид ё бо овози баланд рузнома мутолиа менамуд, Федя, одатан, бо Каштанка бозй мекард: аз пойхои кафояш дошта, аз таги дастгохи наччорй кашида берунаш мекард ва чунон бошавк бо у бозй мекард, ки аз ин муомила чашмони саги бечора сиёхй мезаданд ва тамоми бугумхояш ба дард медаромаданд. Уро мачбур мекард, ки бо ду пойи кафояш рох гардад. Тасаввур мекард, ки у зангула аст: аз думаш дошта сахт мекашид, ба чунин муомила сагча токат наоварда, аз дард
вингос мезаду мечакид, мачбураш мекард, ки тамокуро буй бикашад. Махсусан, ана ин нагмаи Федя барояш азиятовар буд: ба ресмон бурдаи гуштро баста, ба Каштанка медод. Вакте ки Каштанка лундаи гуштро фуру мебурд, у баланд- баланд хандида онро аз дахонаш берун мебаровард. Хар кадар хотирахо возехтар чилвагар мешуданд, хамон андоза баландтару бадардтар вингос мезад Каштанка. Аммо ноаён бемадорй ва гармй бар амусса алаба карданд… Вайро хоб бурд ва галаи сагхо ба хобаш даромаданд; вокеан, пирсаги чингиламуй, ки чашмонаш дои сафед доштанду пашм биниашро пушида буд ва Каштанка имруз уро дар куча дида буд, бо онхо медавид. Федя искана дар даст, аз пушти пирсаги чингиламуй давид ва нохост бадани вайро хам пашми афс пушонид. Вай бо суруру шодй аккосзанон ба назди Каштанка омад. Онхо халимона бинии якдигарро бу кашиданд ва пахлуи хам ба тарафи ча давиданд…
ОШНОИИ НАВ ВА БИСЕР ФАРАХБАХШ
Вакте ки Каштанка аз хоб бедор шуд, руз хам фаро расида буду аз куча хаёхую гулгула, ки факат рузона ба вукуъ пайваста метавонанд, ба гуш мерасид. Дар хучра касе набуд. Каштанка хамёзакашон, бо кахр ва кавоки гирифта дар даруни хучра мегашт. Хар кунчи хучра ва ашёи дар он чойдоштаро бу кашида ба дахлез назар афганд ва чизи даркориашро пайдо накард. Ба чуз даре, ки ба чониби дахлез кушода мешуд, боз дари дигаре низ буд. Каштанка чанде фикр карду бо панчахояш онро харошида кушод ва ба хонаи дигар даромад. Он чо, дар болои кат, нафаре худро дар курпаи мулоим печонида мехобид. Каштанка уро шинохт: ин хамон ношиноси дируза буд.
– Рррр… – гуррос зад Каштанка, лекин иои дирузаро ба хотир оварда, ба думликонй даромаду буй кашидан гирифт.
Вай сарулибос ва музаи марди ношиносро бу кашида дарёфт, ки аз онхо асосан буйи асп меояд. Аз хонаи хоб дари дигаре хам кушода мешуд, ки ба ким-кучое мебурд. Ин дар хам махкам буд. Каштанка онро бо панча харошида, бо синааш тела дода кушод ва хамон лахза буе ариб ва барояш айримакбул ба димош зад. Мулокоти нохушеро эхсос намуда, гургуркунон ба чор тараф дида духта Каштанка ба хучрачаи хурди зардеворахояш чиркин ворид гардид ва аз тарс худро ба кафо кашид. Чизе барояш айриинтизор ва бадхайбате дар пеши чашмонаш хувайдо гардид. Ки хокистарранге сару гарданашро кариб ба замин расондаю болхояшро калон кушода, шипирросзанон ба у хучум мекард. Андаке канортар аз вай, дар болои болишт, гурбаи сафеде мехобид: вай хам, Каштанкаро дида, аз чояш барчаст ва пушташро хам ва думашро боло бардошту муйи баданашро сих карда шиппосзанон ба у тахдид намуд. Саг, бемухобо, сахт тарсид, вале онро ошкор накарда, баланд чакид ва ба гурба хучум намуд… Гурба пушташро хамтар намуда, шиппосзанон бо панчааш ба сари Каштанка зарба зад. Каштанка ноилоч ба кафо часта, дар болои чор пояш нишасту фукашро ба тарафи гурба дароз карда, бокахр чакидан гирифт: ин дам коз аз пас омада, якбора ба тахтапушташ сахт минкор зад. Каштанка чонхавлона барчаст ва ба коз дарафтод…
– Худаш чй гап? – шунида шуд овози баланду бадкахре ва ба хучра марди ношинос, ки дар тан яктах ва дар дахон сигор дошт, ворид шуд. – Ин чй маънй дорад? Канй, ба чойхоятон!
Вай ба назди гурба омада, бо кафи даст ба пушти хамидааш зада гуфт:
– Фёдор Тимофеич, ин чй маънй дорад? Мунокиша мекунед? Эх ту, найрангбози пир! Дароз бикаш!
Ва ба коз ру гардонда дод зад:
– Иван Иванич, ба чоят бирав!
Гурба итоаткорона ба болои курпачаи худ гузашта, чашмонашро пушид. Аз рангу руй ва муйлабхояш аён буд, ки худаш хам асабонй шудан ва ба чанг хамрох шуданашро кабул надорад. Каштанка бо нишони эътироз нула кашид, коз бошад, гарданашро ёзонда, рочеъ ба ким-чизе тез-тез, самимона, равшану сарех, вале бехад номафхум, го-го кард.
– Майлаш, майлаш! – гуфт хучаин хамёзакашон. – Оромона ва дустона бояд зист ва ба Каштанка чашм духта илова кард: – Ту, зардак, матарс… Инхо мардуми хубанд, озор намедиханд. Исто, мо туро бо чй ном чег мезанем? Бе ном намешавад, бародар.
Марди ношинос баъди андешае гуфт:
– Медонй-чй… Номи ту минбаъд Холачон мешавад… Фахмидй? Холачон!
Ва чанд маротиба калимаи <<Холачон»-ро такрор карда, берун баромад. Каштанка дар чояш хобида, назоратро идома дод. Гурба хамоно дар болои курпача менишасту вонамуд мекард, ки хоб аст. Коз бошад, гарданашро ёзонда, дар як чой почак мезаду тез-тез дар бораи чизе самимона го-
0 мекард. Аз афташ у кози хирадманде буд: хар дафъа, баъди хар гуфтори тулониаш, у бохайрат кафо мерафт ва вонамуд мекард, ки аз гуфтахояш ифтихорманд аст… Каштанка уро шунида, «рррр…»-рос зада чавобаш гардонд ва «тафтиш»- и гшхои хучрачаро идома дод. Дар яке аз кунчхо таорачаеро дид, ки дар даруни он нахуди тар ва чанд пора нони хушки чавинро гузошта буданд. у нахудро чашид, дарёфт, ки бемаза будааст. Порахои нонро ба дахон бурд ва хоидан гирифт. Ко аз хурокашро хурдани саги бегона заррае наранчид, баръакс, боз хам зуд-зуд Г0-Г0 кардан гирифт ва барои он ки эътимодашро ба сагча собит намояд, ба назди таГорача омада чанд дона нахудро нуши чон кард.
ДАР ОЛАМИ МУЪЧИЗАХО
Чанде баъд марди ношинос аз нав вориди хучра гардид. Бо худ як чизи алатии харфи П монандро овард. Дар болочуби ин П-и чубини хеле бехунарона сохташуда зангула ва туфангчаеро овехта, ба нуги зангула ва куланги туфангча ресмон баста буданд. Марди ношинос П-ро дар миёнаи хучра гузошта, дуру дароз чизеро кушоду баст ва сипас ба коз нигариста гуфт:
- Иван Иванич, бифармоед!
Коз ба назди у омада, дар холати омодагй карор гирифт ва интизори амр шуд.
- Канй, – гуфт марди ношинос, – аз аввал ооз менамоем. Нахуст салом бидех ва таъзим бикун! Зуд бош!
Иван Иванич гарданашро якбора дароз кард ва ба хар тараф сар чунбонда бо назокати том таъзим кард.
- Хамин хел, офарин… Акнун бимир!
Коз ба пушт дароз кашида, пойхояшро боло бардошт. Марди ношинос ба хамин монанд якчанд найранги на он кадар мушкилро такрор карду баногах сарашро дошта, дар холате ки аз чехрааш дашт меборид, дод зад:
- Вой дод! Оташ! Месузем!!!
Иван Иванич башаст ба назди П омада ресмонро бо минкораш кашид: зангула садо дод. Марди ношинос аз ин амали у бисёр мамнун шуд ва гарданашро навозиш карда гуфт:
- Офарин, Иван Иванич! Акнун тасаввур бикун, ки ту заргар хастию тиллою чавохирот мефурушй. Хамчунин, тасаввур бикун, ки ба маозаат медароию дар он чо дуздхоро мебинй. Дар ин холат чй чора бояд биандешй?
Коз ресмони дигарро бо минкораш дошта кашид ва садои гушкаркунандаи тир баланд шуд. Садои зангула ба Каштанка басо хуш омад, вале садои тир уро бештар ба вачд овард; шодикунон дар гирди П медавиду бошавк аккос мезад.
- Холачон, ба чоят рав! – ба у амр кард марди ношинос. – Хомуш!
Кори Иван Иванич бо хамин тирпаронй анчом наёфт. Марди ношинос боз як соати пурра ресмонеро ба гардани парандаи бечора баст ва тозиёнаро карсос занонда, уро дар гирдаш давонд. Коз хангоми давидан бояд монеахоро пушти сар мекарду парида аз миёнаи халка мегузашт ва рост меистод, яъне, бо хамон шаст дар болои думаш менишаст ва канотхояшро алвонч медод. Каштанка аз Иван Иванич чашм намеканд ва чанд маротиба аз пушти у тохта бовачд баланд-баланд аккос зад.
Марди ношинос, ки басо монда шуда буд, козро ба холи худ гузошту араки пешонаашро пок намуда фарёд кард:
- Маря! Хавроня Ивановнаро ба ин чо даъват бикун!
Дакикае нагузашта хур-хури чизе ба гуш расид… Каштанка гур-гуркунон худро шердил вонамуд кард ва ба хар хол ба марди ношинос наздиктар омад. Дар кушода шуду кампираке ба хучра назар афганда чизе гуфт ва хуки сиёхи бисёр безебро ба дарун даровард. Хук ба тахдиди Каштанка эътибор надода, фукашро боло бардошт ва хурсандона хур-хур кардан гирифт. Аз афташ ба дидори хучаин, гурба ва Иван Иванич шарафманд гардидан барои вай басо хуш буд. Вай аввал назди гурба омада, бо фукаш гурбаро сила карду баъд бо коз дар бораи кадом чизхое ба таври худ чизе гуфт. Аз хар як харакат, овоз ва чунбидани думчааш халими ва мехрубонии самимй эхсос мегардид. Каштанка пай бурд, ки ба ин чонварон ситеза намудан бефоида аст.
Хучаин П-ро ба як тараф гузошта амр кард:
- Бифармоед, Фёдор Тимофеич!
Гурба аз чояш хеста бехушона хамёза кашид ва бо дили нохохам, гуё ба онхо лутф мекарда бошад, ба назди хук омад.
- Хуш, аз «ахроми мисрй» ооз менамоем, – гуфт хучаин.
Вай ботафсир чизеро ба онхо фахмонду якбора амр кард: «Як…ду…се!». Баъди шунидани калимаи «се» коз парида, дар пушти хук нишаст… Баъди он ки коз бо кумаки канотхо ва гарданаш мувозинатро баркарор карда, дар тахтапушти серпашми хук устувор истод, Фёдор Тимофеич кохилона, бо беэътиноии амик ва назарногирона, гуё у хунарашро чашми дидан надошта бошад ва он барояш як тин хам арзиш надорад, аввал ба пушти хук ва баъд, гуиё мачбуран, бо дили нохохам ба болои коз баромад ва бо ду пойи кафояш рост истод. Чизро, ки марди ношинос «ахроми мисрй» меномид, хосил шуд. Каштанка аз хурсандй вингосзанон шодй мекард, аммо хамин дам гурбаи пир хамёза кашиду мувозинаташро гум карда, аз болои коз сарозер шуд. Иван Иванич хам калавида аз пушти Хавроня Ивановна ба замин афтид. Марди ношинос додзанону дастафшон аз нав чизеро фахмондан гирифт. Баъди як соати машк ва омухтани бунёди «ахром» хучаини пуртокат ба коз дар пушти гурба савор шудан ва сипас, ба гурба сигор кашидану амсоли инхоро омухт.
Машк хам анчом ёфту марди ношинос араки пешонаашро пок карда, хучраро тарк намуд. Фёдор Тимофеич бо карохат мяв-мявкунон дар болои курпачааш дароз кашид ва чашмонашро пушид. Иван Иванич ба назди таорача рафт, хукро бошад, кампир бурд. Ба туфайли таассуроти зиёди аз ин амалхо хосилнамуда Каштанка чи хел гузаштани рузро нафахмид, вале шабона вайро ба хамон курпачааш ба хамон хучрачаи бо зардевораи чиркин ороёфта бурданд ва он чо шабро бо Фёдор Тимофеич ва коз гузаронид.
ИСТЕЪДОД! ИСТЕЪДОД!
Аз миён як мох гузашт.
Каштанка акнун ба он ки хар шом вайро бо иои болаззат сер мекунанд ва Холачон номаш мебаранд, хамчунин, ба марди ношинос ва хамхонахои нави худ одат карда буд. Хаёташ хубу гуворо мегузашт.
Хамаи рузхо як хел ооз мешуданд. Тибки одат, пеш аз хама Иван Иванич бедор мешуд ва хамон лахза ба болои сари Холачон ё ба назди гурба омада, гарданашро кач мекард ва дар бораи чизе гарму чушон ва боисрор, вале чун харвакта номафхум, ваъз мегуфт. Баъзан сарашро боло карда монологхои тулониро барояшон пешкаш менамуд. Рузхои аввали ошноиашон Каштанка фикр мекард, ки коз бисёр хирадманд аст ва барои хамин пургапй мекунад. Аммо чанде нагузашта, дигар нисбат ба у хеч гуна эхтиромро раво намедид; баръакс, вакте ки вай ба наздаш омада, «нутк»-и тулониашро ооз карданй мешуд, Каштанка ба эхтиромаш дигар дум намечунбонд, балки ба сифати як лаккии шилкин, ки дигаронро хоб рафтан намемонад, писандаш намекард ва хар гуфторашро бе ягон такаллуф бо «рррр» истикбол менамуд.
Фёдор Тимофеич бошад, меваи бои дигар буд. у аз хоб бедор шуда, ягон гуна овоз баланд намекард, намечунбид ва хатто чашмашро намекушод. Вай хатто ба бедор шудан хам майл надошт, барои он ки ин ба хама аён буд, хаётро чашми дидан надошт. Ба ягон чиз таваччух надошт, ба хама ашё кохилона чашм медухт, хамаро бад медид ва хатто изои болаззаташро хурда бо карохат фирк-фирк мекард.
Хар субхро Каштанка, баробари аз хоб бедор шудан, бо гардиш дар хучра ва бу кашидани хар кунчи он ооз мекард. Танхо вай ва гурба ичозати дар хамаи хучрахо озодона чарх задан доштанд; коз хак надошт, ки аз хоначаи зардеворахояш чиркин кадаме ба берун бигузорад, Хавроня Ивановна бошад, дар ким-кучои хавли, дар саройчае, мезист ва танхо дар соати машк пайдо мешуд. Хучаин дер аз хоб мехест ва чояшро нушида, хамоно ба корхои худ машгул мегардид. Хар руз ба хона П, тозиёна ва халкахоро меоварданд ва хар руз хамон бозихоро се-чор соат такрор ба такрор машк мекарданд. Баъзан Фёдор Тимофеич аз мондашавии зиёд мисли мастхо мекалавид, Иван Иванич минкорашро кушода вазнин нафас мекашид, хучаин бошад, суп-сурх мешуд ва хеч наметавонист араки пешонаашро пок намояд.
Рузхо, ки бо машкхои пайваста ва хурдани иохои болаззат пушти сар мешуданд, барояшон хушу гуворо, шавковар мегузаштанду шабхо бошанд, басо дилгиркунанда. Хучаин одатан шабхо ба ким-кучое мерафт ва козу гурбаро бо худ мебурд. Холачон дар танхои дар бистараш мехобид ва аз дилтангй ба гирдоби андеша гарк мешуд… Гаму андух ким-чи хел ноаён ба вай наздик мешуд ва чунон ки зулмот хонаро фаро мегирад, охиста-охиста уро ба коми худ мекашид. Ин хама барои саг бетаъсир намонданд: нахуст хама гуна хохиши чакидан, ошомидан, дар хучрахо давидан ва хатто чашм духтанро гум кард, сипас дар пеши назараш ду андоми ба саг ё одам монанд, ки киёфаашон гарму махбуб, вале номахфум буд, хувайдо гардид: бо пайдо шудани онхо Холачон думашро меликонд. Мепиндошт, ки онхоро дар кучое, кадом вакт дида буд ва дусташон медошт… Ва дар хобаш хам хар дафъа хис мекард, ки аз ин андомхо буйи рангу елим, парахаву лак меояд.
Боре хучаин, баъди тамоман ба хаёти нав одат кардан ва аз як сагчаи лоари пусту устухон ба саги фарбеху нозпарвар табдил ёфтанаш, пеш аз машк уро бо мехрубони навозиш карда гуфт:
- Холачон, фурсати ба кор машгул шуданамон расидааст. Бекорхучаги бас аст. Мехохам аз ту хунарманд бисозам. Мехохи хунарманди асил боши?
Ва хучаин ба вай илмхои гуногунро омузондан гирифт. Дар машгулияти аввал рост
истодан ва бо пойхои кафояш рох гаштанро омухт: ин ба у бисёр писанд омад. Дар
машгулияти дуюм вай бояд бо пойхои кафояш парида кандро аз дасти устодаш, ки хеле баланд, дар болои сараш, нигох медошт, мегирифт. Сипас, дар машгулиятхои дигар, вай ракс мекард, зери навои мусикй нула мекашид, занг мезад ва тир мепарронд. Баъди як мох бошад, дар «ахроми мисрй» бо махорати том Фёдор Тимофеичро иваз менамуд. Бо хохиши том хунар меомухт ва аз комёбихояш басо хушхол буд. Хар нагмаи хуб ба чоовардаашро бо аккоси чарангосию саршори сурураш истикбол мекард. Устод бошад, ба хайрат афтода, ба вачд меомад ва дастонашро ба хам соида мегуфт:
- Истеъдод! Истеъдод! Бе ягон шакку шубха истеъдод! Ту хатман комёб мегардй!
Ва Холачон хам ба калимаи «истеъдод» чунон сахт одат кард, ки хар боре сохибаш онро ба забон меовард, гуё тахаллусашро шунида бошад, аз чояш часта ба у чашм медухт.
ШАБИ НООРОМ
Холачон ботарс бедор шуд: хоб дид, ки дарбон чоруб дар даст, уро таъкиб мекунад.
Хона сокиту торик буд ва хавояш вазнин. Кайкхо мегазиданд. Холачон то кунун аз торикй наметарсид, аммо намедонист аз чй бошад, холо вохима уро пахш карда буду хохиши чакидан вучудашро фаро гирифта. Дар хучраи шафат хучаин баланд нафас кашид, баъд, лахзае нагузашта, дар саройчааш хук ба хур-хур даромад ва аз нав хомуши хукмфармо гардид. Вакте ки андешаи ио ба сар меафтад, чонат хам рохат мекунад. Холачон ба хотир овард, ки чи тавр имруз линги мург – насибаи Фёдор Тимофеичро дуздида, дар мехмонхона, дар байни чевону девор, чое, ки пур аз тори анкабут ва гарду чанг буд, пинхон кард. Агар хозир рафта дар чояш будан ё набудани онро медид, рухаш ором мегирифт. Эхтимол хучаин онро ёфта нуши чон карда бошад. Вале пеш аз субх хучрачаро тарк намудан айриимкон мебошад: коида хамин аст. Холачон чашмонашро пушид, то ки харчи зудтар хобаш бибарад: аз тачрибаи андухта медонист, ки чи кадаре зудтар хоб рави, хамон андоза тезтар субх медамад. Аммо ногахон, начандон дуртар аз вай, бонги айриодие баланд гардиду уро мачбур кард, ки аз чояш як кад парида бихезад. Ин овози
Иван Иванич буд, ки ба манахзании мукаррарии у монанд набуд, хамчунин, чун харвакт
боэътимод садо намедод. Баръакс, як садои гушхарошу айриодие буд, ки ба ичирроси
дархои кушодашаванда шабохат дошт. Каштанка баробари дар торикй чизеро надидану нафахмидан боз тарси сахтро эхсос намуда гуррос зад:
- Ррррр….
Баъди чанд дакика, ки барои хоида фуру бурдани як устухони хуб басанда буд, хомуши хукмфармо гардид. Холачон хам андак хотирчамъ шуду пинак рафт. Ду саги бадвохимаю сиёхи калон, ки порчахои пашми порсола дар ронхо ва бари шикамашон кашол буд, ба хобаш даромад: онхо аз таораи калон пасмондаи
иоро, ки аз вай буи сафед ва буйи лазиз меомад, харисона мехурданд ва гох-гох ба Холачон нигох карда, дахон гиз менамуданд: бо ин амалашон гуё мегуфтанд: «Мо ба ту чизе намедихем!». Вале хамин вакт аз хона марди пустинпуше давида баромаду онхоро бо тозиёна зада пеш кард. Холачон ба сари таора омада ба хурдан шуруъ кард, вале хамин ки мард аз дарвоза берун шуд, хар ду саги сиёх аккосзанон ба у дарафтоданд. Ва боз ногахон садои гушхароши коз баланд гардид.
- Ко Ко Ког! – бонг зад Иван Иванич.
Холачон бедор шуда, аз чояш часта хест ва аз болои курпача нафуромада бо дард нула кашид. Акнун у гумон мекард, ки Иван Иванич нею ким- каси дигар, нафари бегонае, дод мезанад. Аз чй сабаб бошад, ки хук хам дар саройчааш аз нав ба хур-хур даромад.
Ин дам садои пой ба гуш расид ва хучаин, яктах дар тан ва шамъ дар даст, ба хучрача даромад. Нури хираи шамъ аввал деворхо ва баъд шифти хучрачаро равшан намуда, торикиро бархам дод. Холачон дид, ки дар хона ягон бегона нест. Иван Иванич дар болои фарш менишаст, хоб хам набуд. Болхояш кушода буданду минкораш боз ва чунин менамуд, ки у бехад монда шудаасту об нушидан мехохад. Фёдор Тимофеичи пир низ намехобид. Эхтимол у хам аз фиони бадарди дусташ бедор шуда буд.
- Иван Иванич, ба ту чй шуд? – пурсид хучаин аз коз. – Чаро дод мезанй? Ту беморй?
Коз овоз намебаровард. Хучаин ба гарданаш даст расонда, пушташро сила карду гуфт:
- Ачаб сода хастй. На худат хоб мекунию на дигаронро мегузорй, ки хоб бираванд.
Вакте ки хучаин аз хучрача берун шуд ва шамъро бо худ бурд, аз нав торикй хама чоро фаро гирифт. Холачон метарсид. Коз дод намезад, вале Каштанка аз нав хаёл мекард, ки дар торикй кадом бегонае истодааст. Аз хама дахшатнокаш ин буд, ки хамон бегонаро газидан мумкин набуд. Чунки вай ба чашм ноаён буд ва шакл хам надошт. Намедонист барои чй, вале эхсос мекард, ки имшаб хатман ягон ходисаи нохуше руй хохад дод. Фёдор Тимофеич хам осуда набуд: Холачон мешунид, ки чи тавр у дар болои курпачааш бекарорй мекунад, хамёза мекашад ва сарашро мечунбонад.
Аз ча садои куфтани дарвоза баланд шуду дар саройча хук хам ба хур-хур даромад. Холачон нула кашиду пойхои пешашро дароз карда, сарашро дар болои онхо гузошт. Куфтани дарвоза ва хур-хури хук, ки бо чй сабабе бедорй мекашид, торикй ва хомушии вахмангез, хамсони лахзаи фарёди чонкохи Иван Иванич, дар вучудаш як навъ эхсоси андухбору дахшатнокеро чо карда буданд. Хама дар банди изтироб ва нотинчй карор доштанд. Вале аз барои чй? Ин бегонаи ба чашм ноаён кист? Ана, дар назди Холачон лахзаяке ду шарораи кабуди хирае шуъла зад. Ин Фёдор Тимофеич буд, ки дар тамоми давраи ошноиашон бори аввал ба назди у омада буд. у чй мехохад? Холачон пойи уро лесид ва барои чй омаданашро хам напурсида, охистаю бадард нула кашид.
- Ког! – бонг зад коз. – Ко!
Дар аз нав кушода шуд ва ба хучрача, шамъ дар даст, хучаин ворид гардид. Коз дар холати пешина, хамон болхои кушода ва минкори боз, карор дошт. Чашмонаш пушида буданд.
– Иван Иванич! – садо кард хучаин.
Коз начунбид. Хучаин ру ба руяш, дар болои фарш нишаста, дацицае хомушона ба у дида духт ва гуфт:
– Иван Иванич! Худаш чй гап? Ту чй, мемирй? Эх, акнун ба ёд овардам, бале, ба ёд овардам! – ва сарашро дошта дод зад хучаин. – Ман сабаби бемориатро медонам! Охир, имруз туро асп зер карда буд! Худоё, Худовандо!
Холачон чй гуфтани хучаинро намефахмид, вале аз авзояш медид, ки у чизи мудхишеро интизор аст. Саг фукашро ба тарафи тирезаи торик, ки ба гумонаш хамон каси номаълум аз он ба дарун нигох мекард, гардонда нула кашид.
– Холачон, Иван Иванич мемирад! – гуфт хучаин дастонашро ба хам зада. – Оре, оре, мемирад! Ба хучраи шумо ачал омад. Чй кор кунем?
Хучаини музтарибхол ва ранги руяш парида охкашон сарашро чунбонда ба хучраи хобаш баргашт. Холачон хам аз торикй харосида, дунболи у рафт. Хучаин дар руйи кат нишаст ва чанд маротиба такрор кард:
– Эй Худо, чй бояд кард?
Холачон дар назди пойхои хучаинаш мегашту намефахмид, ки чаро у амгин аст ва чй ин кадар боиси ташвишаш гардидааст? Хамаи инро бисёр фахмидан мехост ва ба хар харакати хучаин назорат мекард. Фёдор Тимофеич низ, ки басо кам бистарашро тарк менамуд, ба хонаи хоби хучаин даромада, худро дар пойхои у молидан гирифт. у сарашро чунбонда, шубхаомез ба таги кат дида меафганд: гуё мехост хама аму андухи гаронро аз у дур гардонад.
Хучаин косаи хурдеро гирифта, ба он аз дастшуяк об рехт ва аз нав ба назди коз омад.
- Бинуш, Иван Иванич! – гуфт у бо навозиш ва косачаро ба наздаш гузошт. – Бинуш, мехрубонам.
Иван Иванич харакате накард, хатто чашмонашро накушод. Хучаин сари уро ба болои косача хам карда, минкорашро ба об андохт, вале коз нанушид ва болхояшро боз хам васеътар кушод ва сараш якбора ба болои косача афтид.
- Не, акнун чизе аз дастамон намеояд! – ох кашида гуфт хучаин. – Дигар илоч нест. Иван Иваничро аз даст додем!
Ктрахои ашк дар рухсорахои у дурахшида ба поён шориданд. Холачон ва Фёдор Тимофеич, ки ба чизе сарфахм намерафтанд, худро ба хучаин чафс намуда, бо тарс аз коз чашм намеканданд.
- Бечора Иван Иванич! – гуфт хучаин ва охи бадарде кашид. – Ман бошам, орзу мекардам, ки бахорон туро ба деха мебараму хамрох дар болои майсахои сабз сайру гашт мекунем. Чонвари махбуб, дусти мехрубонам, туро дигар намебинам. Ман акнун бе ту чй кор мекарда бошам?
Холачон ин хамаро дида андеша мекард, ки рузе бо вай хам чунин вокеа хатман руй медихад, яъне у хам, ана хамин тавр, номаълум чашмонашро пушида, пойхояшро дароз мекунад ва дахонашро мекушояд. Ва хама бо тарс ба у нигох хоханд кард. Аз афташ, айнан хамин андешахо дар сари Фёдор Тимофеич хам чарх мезаданд. Гурбаи пир хеч гох чун ин дам туршрую амгин набуд.
Субх хам дамид ва акнун дар хучрача он ноаёни бегона, ки Холачонро сахт тарсонда буд, вучуд надошт. Вакте ки руз пурра равшан шуд, дарбон омад ва козро аз пойхояш гирифта ба ким-кучое бурд. Чанде нагузашта кампир ба хучрача даромада, таораро бардошта берун рафт.
Холачон ба мехмонхона даромада, ба пушти чевон дида духт: хучаин пойи мургро нахурда буд, вай хамоно дар чояш, дар миёни гарду чанг ва торхои анкабут мехобид. Холачон амгин буду ошуфтахол, ашк гулугираш мекард. у хатто пойи мургро бу накашид, ба таги диван даромада хоб кард ва паст-паст нула кашидан гирифт:
- Увв, увв, уувв…
НАМОИШИ НОБАРОР
Дар яке бехтарин шабхо хучаин ба хучрачаи зардеворахояш чиркин даромад ва дастонашро ба хам соида гуфт:
- Ху-у-уш…
Вай мехост боз чизе бигуяд, вале нагуфта баромада рафт. Холачон, ки хангоми машгулият чехра ва оханги гуфтори уро хуб омухта буд, эхсос намуд, ки хучаин сахт дар хаячону изтироб ва хашмгин аст. Чанде нагузашта у ба хучра даромада гуфт:
- Ман имруз Холачон ва Фёдор Тимофеичро бо худ гирифта мебарам. Ту, Холачон, имруз дар «ахроми мисрй» мархум Иван Иваничро иваз мекунй. Бало медонад, ки чй! Хеч чиз тайёр нест, чизеро наомухтаем, кам машк гузаронидаем! Шарманда мешавем, комёб намегардем!
Баъд хучаин аз хучрача берун шуд ва баъди як дакика пустинашро пушид ва силиндр (кулох,) дар даст баргашт. Ба назди гурба омада, уро аз пойхои пешаш гирифта бардошт ва дар баалаш, дар таги пустин, пинхон намуд. Фёдор Тимофеич ин хамаро бо бепарвоии барояш хос кабул кард ва хатто барои чашмонашро кушодан хам захмате накашид. Аз афташ, барои вай хама чиз – хобидан ё ки аз пойхояш гирифта боло бардоштан, дар курпачааш дароз кашидан ё дар баали хучаин, дар таги пустини у, рохат намудан баробар буд…
- Холачон, рафтем, – гуфт хучаин.
Холачон чизеро нафахмида, думликон аз кафои онхо рафт. Баъди як дакика саг акнун дар болои чана, дар пеши пойи хучаин, менишаст ва медиду мешунид, ки чй тавр у аз сардй ва хаячон ба худ печида гур-гур мекард:
- Шарманда мешавем! Комёб намегардем!
Чана дар назди бинои ачиби бузурге, ки ба деги чапашуда шабохат дошт, карор гирифт. Даромадгохи бино, ки се дари шишагй дошт, бо дувоздах фонус равшан карда мешуд. Дархо ичирросзанон кушода мешуданд ва одамонро, ки дар назди даромадгох гирд омада буданд, ба коми худ фуру мебурданд. Мардум бисёр буд, тез- тез дар назди даромадгох аспхо хам карор мегирифтанд, вале сагхо ба чашм намерасиданд.
Хучаин Холачонро бо дасташ гирифта, дар баалаш, дар пахлуи Фёдор Тимофеич, чой кард. Ин чо торик буду нафас тангй мекард, вале гарм буд. Лахзаяке ду шарораи кабуди хира шуъла зад: ин гурба буд, ки аз ба танаш расидани пойхои хунуку дурушти хамсоя бесаранчом шуда, чашмонашро кушода буд. Холачон гуши уро лесид ва ба хотири рохаттар чой гирифтан, гурбаро бо пойхои сардаш пахш намуда, гайриихтиёр сарашро аз таги пустин берун кард ва хамоно бо кахр гуррида, онро ба таги пустин кашид. Ба назараш намуд, ки вай як хонаи бузургу начандон равшани пур аз аъчубахоро мебинад: аз пушти тавора ва панчарахо, ки дар хар ду тарафи даруни хона тул мекашиданд, чехрахои дахшатноку хунуки аспмонанд, шохдор ва гушдароз ба атроф назар мекарданд. Хамчунин, ким-чи хел як махлуки гафсу азимеро дид, ки думаш дар чойи биниаш карор дошт ва ду устухони дарози хоидашуда аз дахонаш берун баромада буд.
Гурба дар зери пойхои Холачон бо овози хаста мяв-мяв кард, вале дар хамин вакт пустин кушода шуду хучаин «хоп» гуфт ва Фёдор Тимофеич хамрохи Холачон ба болои фарш парида фаромаданд. Онхо акнун дар хучраи хурде, ки деворхои хокистарии тахтагй дошт, меистоданд. Дар ин чо ба чуз мизи начандон калони оинадор, чорпоя ва кухнаколахое, ки дар хар кунч овехта буданд, ягон ашёи дигаре набуд. Ба чойи чарог ва ё шамъ оташаки бодбезакмонанде медурахшид, ки онро дар найчаи ба девор часпондашуда гузошта буданд. Фёдор Тимофеич «пустин»-и худро, ки Холачон «гичим» карда буд, лесид ва ба таги чорпоя рафта дароз кашид. Хучаин, ки то хануз аз хаячону изтироб дастонашро бо хам соиш медод, либосхояшро кашидан гирифт… у ин корро бад- он сон анчом дод, ки аз руйи одат дар хонаи худ, пеш аз ба таги курпаи мулоим даромадан, ба чо меовард, яъне, ба чуз тахпушхо, хамаи либосашро кашиду сипас дар чорпоя нишаста, ба оина нигохкунон худро «оро» додан гирифт. Пеш аз хама муйи сунъиашро ба сар гузошт ва баъд ба руяш чизи сафедеро молида, аз болои ранги сафед боз абрувон, муйлаб ва сурхй кашид. Кори у бо хамин анчом наёфт: баъди руй ва гарданашро ранг молидан хучаин кадом як костюми айриодиеро ба бар кард, ки хамсони онро Холачон на дар хонахо дида буду на дар ча. Тасаввур кунед як шалвори кушоди аз чити пургул духташударо, ки дар хонаи савдогарону косибон барои парда ва руйпуши мебел истифода мебаранд, шалвореро, ки тугмааш дар таги каш махкам мешавад ва як почааш чити кахеарангу почаи дигараш аз чити зарди равшан духта шудааст. Хучаин аз болои либосхои ачоибаш камзулчаи читиро ба бар кард, ки гиребони калони дандонадор ва дар пушташ ситораи тиллой дошт, хамчунин, чуробхои дарози рангоранг ва пойафзори кабудеро пушид.
Чашму рухи Холачон вичиррос зад. Аз шахси сафедруйи халтамонанд буйи хучаин меомад, овозаш хам шинос, овози хучаин буд, вале буданд дакикахое, ки Холачон аз шубха ба изтироб меомад. Дар чунин мавридхо у омода буд, ки аз назди ин шакли ало-було бигрезад ва изтиробашро бо аккос задан зохир бинмояд. Макони нав, оташаки бодбезакмонанд, буй ва таирот дар чехраи хучаин – хамаи инхо дар вучуди у тарсу вахм ва эхсоси номаълумеро бедор месохтанд: гумон мекард, ки хатман бо кадом як дашт, ба мисли хамон махлуки гафсе, ки дар чойи бинй дум дорад, ру ба ру мегардад. Дар ноомади кор боз дар ким-кучое аз пушти девор мусики, ки Холачон кабулаш надошт, садо медод ва гох-гох наъраи номафхуме шунида мешуд. Факат як чиз – тамкини Фёдор Тимофеич ба у оромй мебахшид. Вай дар таги чорпоя бепарво мехобид ва хатто хангоми ба дигар чой гузоштани чорпоя низ пинакашро вайрон намекард.
Кадом як нафаре, ки дар тан фрак ва камзулчаи сафед дошт, ба хучрача чашм духта гуфт:
- Хозир хонум Арабелла хунарнамой меку- над. Баъди он кас навбати шумост.
Хучаин чавоб нагардонид. у аз таги миз чомадони начандон калонро берун карда нишаст ва интизор шуд. Аз вачохат ва дастонаш аён буд, ки хаячон вучудашро фаро гирифтааст ва Холачон хатто нафаскашии номураттаби уро эхсос мекард.
- Чаноби Жорж, бифармоед! – фарёд кард касе аз пушти дар.
Хучаин аз чояш хеста, се маротиба салиб кашид ва сипас аз таги чорпоя гурбаро гирифта ба даруни чомадон андохт ва:
- Биё, Холачон! – гуфт бо овози паст.
Холачон чизеро нафахмида, ба назди хучаин омад. Хучаин сари уро буса карду дар пахлуи Фёдор Тимофеич чойгираш намуд. Баъд боз торикй хукмфармо гардид… Холачон гурбаро таги пой карда, деворхои чомадонро мехарошид ва аз вахм овоз бароварда наметавонист. Чомадон, мисли он ки дар болои мавчхо бошад, меларзиду халос.
- Ана, ман хам омадам! – нидо кард хучаин бо овози баланд. – Ана, ман хам омадам!
Холачон хис кард, ки баъди ин нидо чомадон ба чизе сахт бархурда аз чунбидан монд. Наъраи бадвохимае ба гуш расид: ба ифтихори касе карсак заданд ва ин кас, эхтимол хамон махлуки гафсе, ки дар чойи бинй дум дошт, наъра мекашид ва чунон баланд механдид, ки аз таъсири он кулфхои чомадон меларзиданд. Чавобан ба ин наъра хандаи чирросию гушхароши хучаин, ки дар хонааш хеч гох ин тавр намехандид, садо дод.
- Ха! – нидо кард вай: кушиш мекард, ки ово- заш харчи баландтар садо бидихад. – Хозирини бисёр арчманд! Ман хозир аз вокзал омадам! Чанде пеш модаркалонам фавтида буд ва дороияшро ба ман мерос гузошт. Дар ин чомадон чизе бисёр вазнин хаст, эхтимол тилло бошад. Ха-а! Шояд ин чо миллион бошад! Канй, мекушоем ва мебинем…
Кулфи чомадон шараккосзанон кушода шуду равшанй чашмони Холачонро хира кард: вай дар як дам чахида аз чомадон баромад ва аз наъраи гушкаркунанда гаранг шуда, аз хавли чон ба чакидан даромад ва башаст дар гирди хучаин давидан гирифт.
- Ха! – нидо дардод хучаин. – Фёдор Тимофеич, амакчон! Холачон, азизам! Пайвандо- ни мехрубонам, бало занад шуморо!
Хучаин бо шикам ба болои рег дароз кашида, гурба ва Холачонро сахт ба огуш гирифт. Холачон, вакте ки хучаин уро дар багалаш пахш мекард, лахзае ба олами барояш номаълум, ки бо амри такдир ба он афтода буд, чашм духт ва аз шамати он ба хайрат афтода дакикае дар чояш шах шуд. Баъд аз баали хучаин берун часта, бо завки тамом, чун гиргирак, дар чояш чарх задан гирифт. Олами нав басо бузург ва саршори нур буд: дар хама чо, аз фарш то арш, ба кучое чашмат афтад, факат чехрахо, чехрахо, чехрахо ва боз хам чехрахоро мебинй. Ба чуз чехра чизи дигар ба назар намерасад.
- Холачон, хохиш мекунам, бишинед! – амр кард хучаин.
Холачон чй маънй доштани ин амрро ба хотир оварда, якбора ба болои курсй баромада нишаст ва ба хучаин нигарист. Нигохи хучаин, мисли хамешагй, чиддй ва мехрубон, вале чехрааш, махсусан, дахони калон ва дандонхояш, бисёр хунуку безеб буд. Худи вай шодй мекард, халлос зада китфхояшро мечунбонд, вонамуд мекард, ки дар хузури хазорон чехрахо баоят шод аст. Холачон, ки ба шодию сурури вай бовар мекард, баногох таваччухи хамин хазорхо чашмро бо тамоми вучудаш эхсос намуд ва фуки рубохмонандашро боло бардошта бо хушнудй нула кашид.
- Шумо, Холачон, бишинед, – гуфт ба у хуча- ин.
- Мову амак ракси камаринскро ичро меку- нем.
Фёдор Тимофеич бепарво дар чояш истода ба атроф нигох мекард, интизор буд, ки кай мачбураш мекунанду амалхои беаклонаро ба чо меорад. Вай суст, бепарвоёна ва бо дили нохо хам ракс мекард ва аз хар як харакат, аз думу муйлабхояш аён буд, ки вай ба хозирин, ба толори равшан, ба хучаин ва хам ба худаш сахт нафрат дорад… у раксашро ба итмом расонду хамёзакашон омада дар чояш нишаст.
- Канй, Холачон, – гуфт хучаин. – Нахуст мову шумо суруд мехонем ва баъд ракс мекунем. Майлаш?
Вай аз кисааш найро бароварда навохтан гирифт. Холачон, ки мусикиро чашми дидан надошт, мачбуран дар болои курсй харакат мекарду уллос мекашид. Аз хар чониб садои офарину карсакзанй шунида мешуд. Хучаин таъзим кард ва хангоме ки хомуши аз нав хукмфармо гардид, навозишро идома дод… Хангоми ичрои як нотаи бисёр баланд аз каторхои боло, аз миёни хозирин, касе овоз баланд кард.
- Падарчон! – дод зад писараке. – Охир ин Каштанка аст-ку!
- Бале, Каштанка, худи худаш! – тасдик кард марде бо овози ларзони чарангосии мастона. – Каштанка! Федячон, Худо чазояш дихад, ин Каштанка аст! Фюшт!
Касе аз долон хуштак кашид ва ду овоз, яке бачагонаю дигараш мардона, баланд садо доданд:
- Каштанка! Каштанка!
Холачон як ларзиду ба тарафе, ки уро чег мезаданд, нигох кард. Ду чехра – яке сермуй, маст ва писхандзананда, дигарй фарбехак, рухсо- рахояш сурх ва бахаросафтода, мисли ин ки пештар чашмонашро равшании чарогхо хира мекард, якбора дар пеши назараш хувайдо гардиданд… Рузгори гузаштаашро ба хотир оварда, Каштанка аз болои курсй ба руйи рег афтид ва баъд часта хесту аз шодй виззосзанон ба тарафи он ду нафар давид… Аз миёни ин хама садои гушкаркунанда ва хуштаккашии хозирин овози бачае шунида мешуд. у нидо мекард:
- Каштанка! Каштанка!
Холачон аз монеа ва сипас аз болои китфи нафаре парида гузашту ба нишеман (ложа) даромад: барои ба кабати дигар расидан у аз болои девори баланд бояд чахида мегузашт; Холачон хез зад, вале то чойи даркорй нарасида, ба девор часпиду ба поён лажидан гирифт. Сипас вай даст ба даст гузашта, дасту руйи ким-кихоро лесида, болотару болотар харакат кард ва нихоят, ба катори боло расид…
Пас аз ним соат Каштанка дар ча аз кафои одамоне мерафт, ки аз онхо буйи елим ва лак меомад. Лука Александрич мекалавид ва беихтиёр, аз руйи тачриба, кушиш мекард, ки аз чуй дуртар кадам бизанад.
– Ман дар чаханнами дур азоб мекашам… – гур-гур мекард у. – Ту, Каштанка, чизеро намефахмй. Дар мукобили одам ту устои чубтарошеро мемонй, ки дар назди наччор арзише надорад…
Дар пахлуи онхо, кулохи падар дар сар Федюшка кадам мезад. Каштанка ба пушти хардуи онхо нигох мекард ва итминон дошт, ки вай ким-кайхо боз бо онхо равон аст ва аз он хурсанд буд, ки хаёти вай дакикае хам аз эшон канда нашудааст.
Вай, хамчунин, хучрачаи зардеворахояш чиркин, коз, Фёдор Тимофеич, иохои болаззат, машкхо ва сиркро ба хотир овард, вале хамаи онхоро акнун у хоби дуру дароз, печдарпеч ва сангине мепиндошт.
Мундарича
Рафтори ночо………………………………………………….. 3
Ношиноси пурасрор…………………………………………. 8
Ошноии нав ва бисёр фарахбахш…………………….. 13
Дар олами муъчизахо……………………………………… 17
Истеъдод! Истеъдод!……………………………………… 22
Шаби ноором………………………………………………… 26
Намоиши нобарор………………………………………….. 33
Антон Павлович Чехов
Каштанка
Мухаррир Додохон Чалолов Мусаххех Манижа Сафаралиева
Мухаррири
техники Кобилчон Саъдуллоев
Таррох Косимхуча Назаров
Ба матбаа 21.04.2016 супорида шуд. Ба чоп 16.08.2016
ичозат дода шуд. Андозаи 60х84 1/16 Кази офсет.
Чопи офсет. Чузъи чопи 11. Адади нашр 44400 нусха.
Супориши №67/2016
Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Чумхурии Тикистон
7340243, ш. Душанбе, чаи А. Дониш 50
тел. 222-14-66
E-mail: najmiddin64@mail.ru
Дар матбааи ЧДММ «Чамшед ва К» чоп шудааст.