Главная / Илм / Куффори Курайш назди Абутолиб мераванд

Куффори Курайш назди Абутолиб мераванд

Куффори Курайш вакте мушохида намуданд, ки даъвати Паёмбар (с) руз ба руз густариш пайдо менамояд ва Абутолиб низ яке аз афроде аст, ки бо тамоми чону мол аз Паёмбар (с) дифоъ менамояд ва худ дорои аслу насаби бузург буда, дар миёни Курайш дорои эхтиром ва манзалати хос аст, пас барои онон бисёр мушкил буд, ки хурмат ва химояти уро бишкананд. Бинобар ин, ин амр онхоро бисёр нигарон карда буд ва ба фикр афтоданд, ки ба бехтарин вачх аз ин тангно берун биёянд. Онон пас аз бахсу музокироти тулони бехтарин ва муносибтарин равишро дар ин диданд, ки бо бузурги Курайш Абутолиб вориди гуфтугу шаванд, то битавонанд Паёмбар (с)-ро водор намоянд, то аз даъвати хеш даст бардорад.
Иддае назди Абутолиб рафтанд ва гуфтанд: “Эй Абутолиб, писари бародари шумо худоёни моро дашном медихад, аз дини мо айбчуи мекунад ва падарону некони моро гумрох мехонад, аз химояти у даст бардор, то мо худ чазои уро бидихем ва ё ин ки чилави уро бигир, то ба худоёни мо носазо нагуяд”.
Абутолиб ононро конеъ намуд ва онхо бозгаштанд. Даъвати Паёмбар (с) хамчунон руз ба руз густариш меёфт ва онон вакте ки вазъиятро чунин диданд, дубора назди Абутолиб омаданду гуфтанд: “Аз шумо дархост кардем, ки дасти бародарзодаатонро аз сари мо бардоред, аммо шумо хеч эътиное ба дархости мо нанамудед. Акнун мо дигар тобу тахаммул надорем, ки ба худоёнамон ихонат кунад. Ё бояд дасташро аз сари мо кутох кунед ё мо бар зидди ту ва бародарзодаат ба чанг хохем пардохт”. Ин амр бар Абутолиб гарон омад ва назди Паёмбар (с) рафту пешниходи Курайшро ба у матрах кард.
Паёмбар (с) фармуд: “Ба Худо савганд, агар хуршедро ба дасти ростам ва мохро ба дасти чапам бигузоранд, то аз даъватам даст бикашам, нахохам пазирифт, то он ки Худои мутаъол даъватамро пируз гардонад ва ё ин ки дар рохи даъватам бимирам”.
Вакте ки Курайш диданд, ки Паёмбар (с) пайваста ва ба холати хастагинопазир ба кораш идома медихад ва Абутолиб низ даст аз химояти у барнамедорад, тасмим гирифтанд, ки Аммора ибни Валид ибни Мугираро, ки зеботарин чавони Курайш буд, назди у бибаранд, то дар иваз Абутолиб низ Паёмбар (с)-ро дар ихтиёри онон карор дихад, то уро бикушанд. Абутолиб гуфт: “Мехохед писаратонро ба ман дихед, то ба чойи шумо уро бузург кунам ва дар иваз фарзандамро ба шумо бидихам, то уро бикушед? На, харгиз чунин коре намекунам”.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222