Главная / Гуногун / Лоихаи инноватсиони хамчун шакли нави ташкили навовари

Лоихаи инноватсиони хамчун шакли нави ташкили навовари

Мафхуми «лоихаи инноватсиони»-ро аз якчанд нуктаи назар маънидод кардан мумкин аст:

  • хамчун мачмуи чорабинихо барои ноилшави ба максадхои инноватсиони;
  • хамчун чараёни амалисозии фаъолияти инноватсиони;
  • хамчун бастаи хуччатхое, ки чорабинихои кайдшударо асоснок ва тавсиф мекунад.

Чанбахои зикршуда ахамияти лоихаи инноватсиониро хамчун шакли ташкил ва идораи максадноки фаъолияти инноватсиони зохир менамоянд. Лоихаи инноватсиони дар худ низоми мураккаби чараёнхоро тачассум менамояд, ки аз руи захирахо, мухлат ва мархилахо ба хам алокаманданд.

Хонахи нав дар Душанбе повороти Аэропорт

Фишангхои бозории хамохангсозии фаъолияти ширкатхо ва хар гуна ниходхо дар сохаи коркард, татбик ва фуруши навовари хеле номукаммал мебошанд. Чунин хусусияти манфb доштани чараёни навоварихо дар иктисодиёти кишвари мо бо мухити номусоиди сармоягузори, беташаббуссии ширкатхои саноати ва нокифоягии захирахо барои бизнеси хурд тавсиф дода мешавад.

Яке аз имкониятхои бештар мувофик барои ташкил ва татбики навоварихо низоми махсуси идоракуни ва маблаггузории лоихахои инноватсиони мебошад.

Ташаккулёбии лоихахои инноватсиониро барои халли масъалахои мухими илми-техники, усулхои комплекси ва низоми таъмин карда метавонанд. Дар вобастаги аз намуди лоиха дар чараёни бамалбарории он якчанд муассисахои (ташкилотхои) лоихави ва саноати, хар гуна ниходхои молияви, муассисахои илми, чамъияти ва давлати, инчунин сохторхои тичорати метавонанд иштирок кунанд.

Хамин тавр маълум мегардад, ки бамалбарории лоихаи инноватсиони аз ташкилкунандагон ва ичрокунандагони лоиха вобастагии зиёд дорад. Гуногунии максаду вазифахои рушди инноватсиони асоси гуногуншаклии лоихахои инноватсиони ва илми- техникиро ташкил менамояд.

Аз руи сохтори таркиби ва вобаста ба хусусияти фаъолияти инноватсиони, лоихахо ба намудхои зерин таксим мешаванд:

  1. Лоихаи тадкикоти;
  2. Лоихаи илми-техники;
  3. Лоихаи навсозии дастгохи истехсоли;
  4. Лоихаи навсозии системавии корхона.

Гайр аз ин лоихаи инноватсиони вобаста ба кабули карор дар дарачаи идоракуни (давлати, минтакави, корхонави), вобаста ба хусусияти максадхо, намуди навоварихо ва мухлати бамалбароии навоварихо гурухбанди мешаванд.

Коркарди лоихаи инноватсиони чараёни дарозмуддат ва гаронарзиш мебошад. Аз акидахо (идея) сар карда то бамалбарории онхоро дар як бахши алохида тасаввур кардан мумкин аст, ки дар онхо се мархилахои асоси:-пеш аз сармоягузори, сармоягузори ва бамалбарорию натичабардори мавчуд аст.

Лоихаи инноватсиони дар хамаи мархилахои даври инноватсиони бо номуайянихо дучор мешаванд. Илова бар ин, навоварихои зинаи санчиш ва дар истехсолот чорикуниро бомуваффакият тайкарда, метавонад дар бозор кабул нагарданд ва истехсоли махсулоти иноватсионии онхо манъ карда шавад.

Хатто лоихахои бомуваффакият хам кафолати бурдборихоро надоранд: яъне дар хар лахзаи давраи хаёташон онхо аз навоварихои бехтарини ракибон эмин нестанд. Дар хамин даврахои хаётии навовари мавчудияти варианти тагйиротхо имконпазир аст, чунки чунин тагйиротхо асосан хоси лоихахои сармоягузори мебошанд. Агар баъди интихоби лоихаи инноватсиони танхо карори ягона барои амалкарди он бароварда шавад, пас лоихаи инноватсиони дар нуктахои сершумори назорати (санчиши) ба аз нав дидабарои ва азнавбаходихиро дар даврахои оянда талаб мекунад.

Навоварихо хамеша вобаста ба даврахои хаёти ва талаботхои онхо бо вариантхои гуногуни карорхо асос меёбанд. Аз ин сабаб ояндабинии чараёни навовари мураккаб ва мушкил аст.

Ин пеш аз хама ба баходихии мутобикати махсулоти ба шароити бозори ва ракобаттобоварии оянда алокаманди дорад.

Навоварихо метавонанд бамуваффакият гарданд, агар лоихаи онхо бо амалхои марказонидашуда ва хамоханги тарафхои манфиатдор- давлат ва сохтори хусуси мустахкам гардонида шуда бошанд. Барои коркард ва бамалбарории чунин фаъолияти аз чихати иктисоди асоснок ва хамоханги статегияи инноватсиони, ташкили низоми давлатии иттилооти-«Сиёсати инноватсионии сохаи вокеии иктисодиёт» ба максад мувофик аст. истифодаи ин ба ташкилоту корхонахонахо дар самти ташкили стратегия ва усулу кодахои фаъолияти инноватсионии сохибкор ёри мерасонад.

Шарти мухими амалигардонии лоихаи инноватсиони интихоби асоси эътимодноки ояндабини ва тахлили навовари мебошад. Инчунин зарур аст, ки барои иштирок дар лоиха гурухи муттахасисони касбии 209

дарачаи оли, ичрокунандагони баландихтисос, муассис ва карздихандагони бомасъулияте чалб карда шаванд, ки нисбати анчоми бомувафакияти лоихаи инноватсиони хавасманд бошанд. Аксар вакт хангоми баамалбарории лоихаи инноватсиони дарёфти модели асоснок мушкили эчод менамояд.

Хусусияти дигари лоихаи инноватсиони дар масъалаи чудосозии навоварии алохида хамчун вохиди назорат ва тахлил зохир мегардад. Агар дар лоихаи инвеститсиони ин чараёни анъанави бошад, он гох чудосозии як навовари аз усулхоие зиёди ба хам алокаманди фаъолияти инноватсиони чараёни мустакили мураккаб мебошад.

Вобаста ба чорахои андухти тачриба микдори модификатсия бо гузашти вакт кам шуда модели асоснок пайдо мегардад. Маълум мешавад, ки дар вакти рушди давраи хаётии худ наоварихои алохида манфиати молияви оварда, кухнашавии маънавии он дар вакти тагйири модели асоси имконпазир мегардад.

Пастшавии номуайянии техники лоихаи инноватсиони гувохи он аст, ки таваккали тичоратию молияви низ майл ба пастшави мекунад. Бартарафсозии таваккали техники хангоми коркарди як катор лоихахои мухими навовари ба он оварда мерасонад, ки камбудихои дастгоху технологияи интихобгардида зохир карда шаванд. Ин кор дар навбати худ масъалаи манъсозии маблаггузориро ба миён меорад.

Таваккали техники ва тичоратии лоихаи инноватсиони дар ягон вобастагии коррелятсиони карор надоранд, аз ин сабаб бартарафсози ва огохсозии хавфи таваккал бояд аз роххои эмпирики истифода кард.

Дар интихоби усули ояндабини ва тахлили бошад мутади давраи хаётии навовари ахамияти зиёд дорад. Кутохии давраи хаётии навоварихо бештар аз хисоби дарозмуддат гардидати Корхои илми- тадкикоти ва тачрибавию конструктори ва пайдоиши навоварихои ракобаткунанда таъмин мегардад.

Ба назар гирифтан зарур аст, ки муваффакияти молияи хам аз саривакт ба бозор ворид намудани навовари ва хам аз дарозмуддат будани даврахои он вобастаги дорад. Хангоми мукоисаи самаранокии молиявии лоихаи навовари муваффакият на бар чониби махсулоти азхудкардашуда, балки бештар ба чониби навоварихои илмталаб аст.

Хар як лоихаи навовари аз максадгузори, нишондихандахои амалигардони ва муайянкунии мархилахои ичроиши он шуруъ мегардад. Номуаянии пешбининашавандагии таткикотхои бунёди ва номутобикатии лоиха ба максадхои ташкилот хамчун омилхои махдудкунандаи ичроиши лоиха баромад мекунад. Дар мархилахои ибтидои коркард набояд аз чузъиётхои амалигардонии лоиха, балки махз ба нишондихандахои самаранокии он диккат додан зарур аст.

Доираи муайянкунии чунин нишондихандахо низ омузиши дакик ва тахлили чиддиро талаб мекунад, чунки муваффакияти хар як лоиха аз амики ва амалишавандагии нишондихандахои асосноккунандаи максадхои ташкилот вобастаги дорад.

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222