Майсара бо орзухои зиёд оила бунёд карда бошад хам, ноумед гашт. Баъди ду соли хонадори шавхараш ба садамаи наклиёти дучор шуда, ин дунёро падруд гуфт. Дар хонаи хусуру хушдоман як сол иззати арвохи шавхар поида, маросимхои се, хафт, чил, сол ва чумъагихоро гузаронд. Хама кори хона – гов душидану ширро пухта чургот хобондан, рубучин, хамир кардану нон пухтан, чомашуи ва дар мавсими пилла кирмак парваридан, пахта чидану бегохи як дарза алафро болои сар монда, барои говхо овардан ва тарбияти кудаки яксолаи ширмакаш вазифаи Майсара буд.
Баъди кори рузона монда мешуду дар сари гахвораи тифлакаш – Мурод дам мегирифт. Уро мемаконду гахвораро чунбонда алла мегуфт ва бо оби дида дилашро холи мекард.
Хохарони шавхараш:
– Янга, туву писарат пайи кадами хуш надоштаед, ака- амон чавонмарг шуд, – гуфта пичинг мезаданд. Руи хушаш намедоданд. Дар холати сухбату хандида нишастанашон хам агар Майсара ба онхо наздик мешуд, аз ханда монда кавок меандохтанд. Гамгин гашта, аз онхо дур мешуд ва ба назди гахвораи писараш – ягона чои гамбарораш мерафт. Вазъият дар хонаи хусуру хушдоман барояш сангин буд. Дандон ба дандон монда, домони токатро аз даст намедод. Мехост рухи шавхар аз у шод бошад, охир онхо бо нияти нек ва орзухои зиёд хона обод карда буданд. Шавхараш – Нодир баъди хидмати харби, либоси низоми дар тан, Май- сараро дар лаби чашма дида, бо чехраи шукуфон гуфт:
– Духтари зебо, чи мешавад, агар аз дасти шумо об менушидам? – ва борхалтаашро аз китфаш гирифта ба замин монду ба Майсара дида духта хитоб кард:
– О, шумо хамсояи мо, духтари амаки Шариф нестед? Пеш аз аскари рафтанам духтарчаи мактабхон будед. Дар байни се сол ин кадар тагйир ёфтаед. Аруси нозанин шудаед!
Майсара аз гуфтахои Нодир каме сурх шуд, ба хуснаш хусни дигар зам гардид. Сатили аз оби чашма нимапурро ба дасташ дод. Банди дастони сап – сафеди духтар, ки аз зе- ри остинхои болошуда намоён шуда буд, дили Нодирро ба вачд овард. Чавон оби мусаффои чашмаро нуши чон ме- намуду аз духтар чашм намеканд. Майсара низ бо хавас ба каду баст ва либоси низомии у, ки ба коматаш шинам афто- да буданд, назар карда, аз суханони ширинаш халоват ме- бурд.
– Духтари амаки Шариф, агар ичозат дихи, сатилхо- ятро то пеши хонаатон барам.
– Не, акаи Нодир. Худам мебарам, агар хамсояхо би- нанд, хар гап гуфтанашон мумкин, – гуфт Майсара са- тилро аз дасти Нодир гирифта. Шир – шири гушнавози оби чашма гуё талкни шавки навруи ду чавон мекард..
– Барои чи ту номи маро медонию ман номи туро не? – хандида пурсид Нодир.
– Номам Майсара, – чашм аз замин наканда охиста по- сух гардонд духтар.
Дар сурхии рухсорахояш афзуд. Гушворахои арзонаки бо дасти кадом заргари чирадаст сохтааш мечунбиданду ба хуснаш хусн зам мекарданд. Баъди як хафтаи ин мулокот хостгорхо ба хонаи амаки Шариф омаданд. Мохе нагу- зашта зери навои дафу чанг туйи арусии Майсара баргузор шуд…
Зиндагии ширине огоз карданд. Тавлиди нахустфарзан- дашон – Мурод ба хурсандиашон хурсанди зам кард. Биби ва бобо низ аз чунин келини ухдабаро ва набераи ширбу шод буданд. Интихоби писарашон ба муроди дили онхо буд. Бо орзухои зиёд дар як гушаи хавлии падар хона бунёд карданд, вале… Аз бемасъулиятии ронандаи мошини хо- ричидор, ки писари кадом калоншавандае будаасту маст пушти чамбараки мошин нишастааст, Нодир курбон гашт. Он шахси калоншаванда бо дасти кадом шогирдаш маб лаги ночизеро фиристода:
– Даъво накунанд, ба сарашон балои дигар наояд боз, – гуфта таъкидашон хам кардааст.
Хусуру хушдомани нодор маблаги ночизро улча дониста:
– Насибамон хамин будааст, – гуфта ба чое шикоят намекунанд. Аз марги Нодир як сол мегузарад: як соли пур аз гаму тахкир, асабхои харошёфта, тифлаки гирён, хонадо- ни хайрон. Чахон барояш дигар кадреву маъние надошт. Факат гиряи Мурод уро ба худ меовард ва ба зиндаги ди- лашро гарм мекард. Мешитофт ба назди писараш. Охир, хамин тифл ягона вучудест, ки ба у, ба навозиши модарона- аш ниёз дорад. «У мухточи модар аст. Ман бояд фарзан- дамро ба по монам. Охир, Муродам ягона нишонаест аз мухаббати пурсузу гудози ман, нишонаест аз он марде, ки омода буд, дунёро дар пеши поям пойандоз гардонад. Хайф, сад хайф, ки кисмат пастиву баландихои зиёде до- штааст,» – гуфта, Майсара оби дида мерехт. Баъзан мехост дод гуяд аз чунин кисмат, аммо сузашро фуру мебурду «Ху- до аз ин бад накунад,»- гуфта тавба мекард.
Рузи дастархони шавхарашро гундоштан, баъди мех- монхоро гусел кардан, хусураш падари Майсараро нигох дошта:
Кудо, каме маътал шавед, маслихатамон хаст, – гуфт.
Падари Майсара низ ин маслихатро интизор буд. Хар гохе азоби духтарашонро хамсараш ба у мегуфт, дилаш хун мегашт, мехост духтараш ба хона баргардад, аммо Майса- ра:
То соли шавхарамро надихем, хонаашро тарк намеку- нам. Бечора шавхарам дар ин дунё чизе надид. Бигузор дар гур ором бихобад. Донад, ки мухаббаташ баъди марг низ дар дилам хаст, – гуфта пешниходи падарро рад мекард.
Хонавода дар чунбучул: яке табак мешусту дигаре да- стархон мегундошт, севуми курпачахои зери пои мехмонон ро такида, тахт мечинд. Майсара низ деги калони маърака- гиро мешуст. Падараш амонатак дар лаби суфа нишаста, ба чунбучули ахли хонавода назора мекард.
Хусур дар назди кудояш нишаста ба Майсара гуфт:
Келин, мон шустани дегро, сохибони хона худашон мешуянд. Ба назди мо биё.
Ибораи «сохибони хона» махсус талаффуз шуд. Хуш- доман низ даъватро интизор нашуда, докаи калони сафе- ди сарашро рост намуду остинхои кушоди куртаашро фу- роварда, омада назди шавхараш рост истод. Майсара хам чун шахси гунахгор ба суфа, аз тарафе ки падар мени- шаст, наздик шуда хомуш буд.
Кудо, – сухан огоз кард хусур, – рахмат барои тарбияи кардаатон. Духтаратон як сол хурмати шавхарро поида, ба мо хидмат кард. Мо хам инсонем, инсоф дорем, келинамон холо чавон аст, нафс дорад, бояд шавхар кунад. Агар рози бошед, набераамонро худамон ба воя мерасонем. Шумо духтаратонро бо худ баред…
Майсара баробари шунидани ин суханхо беихтиёр дар чояш ларзид ва:
– Падарчон, ман аз ин хона бе фарзандам ба хеч кучо намеравам! Мурданро ба гардан мегираму аз фарзандам чудо намешавам. Танхо ба хотири хамин чигарбандам зиндаам, набошад хаёт бароям дигар маъно надорад! – гуфта, домони гиряро сар дод.
Падари Майсара охи чукуре кашида:
– Кудочон, дар халк мегуянд, ки «гусоларо дахонаша банду аз кафои модараш сар дех.» Тифли ширхораи мо- дар ба худаш зеб дорад. Дархои хонаи мо хамеша барои бибиву бобо кушодааст. Духтарам, парпеч кун писарат ро, ба хона меравем, – гуфту омин карда аз чояш хест.
Майсара ба хучраи дарун даромаду саросема тифли хобидаашро аз гахвора кушода, гуиё касе уро аз дасташ мегирифта бошад, ба синааш зер карда, аз хона баромад. Кудаки хоболуд аз сахт ба сина зер кардани модар, ё аз хоби ширин нофор шудан, ё аз хонаи падар рафтанашро хис карда буд, ки бо овози баланд ба гиря даромад. Хусу- ру хушдоман ва хохарони шавхар хама гиря мекарданд.
– Худоё, кош чони маро мегирифтиву ин лахзаро наме- дидам. Кош хамон рузи тобути писарамро баровардан келинамро мебаровардаму ин рузи махшарро надида, дувумбора намесухтам! – нола мекард модари чигар- рехтаи Нодир.
Падар пеш – пеш, Майсара, тифл дар даст, аз кафо ба хавлии падар ворид гаштанд. Модар ва келини хонадон дар миёни хавли онхоро пешвоз гирифтанд.
– Духтари нимколаи хонавайронам, духтари берузии сагирабадастам, духтари шурбахту шурдоманам! – гуфта модар нолакунон Майсараро бусиду набераашро аз да- сташ гирифт.
– Наход Майсараро аз хонааш холи берун карданд, акал- лан, гахвораашро надоданд? Бачаашро дар кучо мехобо- над? Охир, аз хонаи падар дар як мошини боркаш курпаю курпача бурда буд – ку? Тавба, тавба, шармандаги… – гуф- та буд Мохбону – келини хонадон, ки падар:
– Келин, ба хар ош катик нашав, равед, аз пайи кори худ бошед! Худо аз шармандаги нигох дорад. Духтарам ягон кори паст накардааст, ки шармандаги, гуед – гуфта келинро шарм доронд ва ба хамсараш хитоб намуд: – Ба ту чи бало зад, ин хама нола аз барои чист!? Хамаатон шунавед! То ман зиндаам, намегузорам, ки духтару набе- раам хор шаванд. Фахмидед!?
Субхи рузи дигар хусури Майсара дар як мошин чихози келинашро оварда, дар хавли фуроварду набераашро руи даст бардошта дустдори кард ва ба келин дуои нек дода рафт. Мохбону ин холатро дида, чи гуфтанашро намедо- нист…
Рузхо пайи хам сипари мешуданд. Ба Майсара тарбияи як писар сангин набошад хам, барои гирифтани пеши дахони мардум ба шавхар баромад. «Курбока шу дорад, ба худ обру дорад,» – мегуянд. Дар деха чанд марди зандору хонадор хостанд уро зани дувум кунанд, кабул накард. Намехост боиси рехтани оби дидаи зане шавад. Дар фермаи колхоз кор мекард, говчуши пешкадам буд. Ризки худ ва пи- сарашро бо мехнати халол меёфт. Факат серчогии Мохбону, хамсари бародараш, маъюсаш мекард. Аз киёфаи янгааш гуиё доим барфу борон мерехт, аз зери лабони борики хуш- каш чор дандони калони пешаш, ки аз филизи зард, кадом як духтури ноухдабарои дандон сохта буд, табассумашро нозеб ва дахшатнок нишон медод. Аз забони нешдораш хамеша гуиё захр пош мехурд. Сухани пандомези халк, ки «захми сухан аз захми тир сузонтартар аст» дуруст будааст. Бечора Майсара ба хотири писараш токат мекард, ба хама таънаву маломати янга пушти даст мегазиду тоб меовард.
– Зани бешавхар аспи белачомро мемонад, – дар хар сари кадам захр мезад Мохбону. – Як хуранда кам набуд, ки дутояш дарди сари ман шудааст. Иштихои писарат карнай, хакки чор пахлавонро мехурад. Бечора шавхарам дар гариби мардикори карда, пул мефиристаду туву писа- рат калон – калон мехуред. Кош ягон муйсафеди занмур- да мебаромаду шавхар мекарди. Чонам аз туву сагираат халос мешуд. Метарсам, хамон занмурда хам туро бо ин писарат ба зани намегирад. Охир, чанд духтари нозанин дар деха бешавхару зор мондаанд, ку ягон мард суи онхо нигохе кунад, – гургуркунон боз ким – чихои дигаре гуф- та, безебу хунук ва дуру дароз чор дандони калони заб – зарди оханиашро намоиш дода механдид.
Янга мехост, бо ин рох Майсараро аз дари падар берун созад. Бехуда нагуфтаанд: «Неши акраб на аз рахи кин аст, муктазои табиаташ ин аст». Баъди чунин кинояву нах за- данхо Майсара ба худ суол медод: Чи лозим бошад ба ода- мон озори якдигар? Ва чанде нагузашта, «Беваги чомаи бадноми дорад,»- гуфта, барои ба шавхар баромадан ро- зиги дод. Насибаш амаки Рахим будааст. Рахим ду бор хо- надор шуда бошад хам, фарзанд наёфта, бори севум ба Майсара хостгор фиристод. Дар синну сол аз Майсара 15 сол калон буд, вале у ба хотири писараш Мурод ба ин хост- гори рози шуд.
Аз омадани Майсара хавлии Рахим, ки манзили хо- мушонро мемонд, ба бихишти руи замин табдил ёфт. Май- сара, ки зани чаккону мехнатдуст буд, хавлии Рахимро гу- листон, богашро бустон, огилашро пур аз гову мол, хона- ашро сербача ва дастархонашро пур аз нони кулча кард. Хамсояхо низ барои хочат баровардан тез – тез ба Майсара мурочиат мекарданд. Чевари хубе хам буд. Куртаву камзулчахои аруси, чома ва токихои гулдузи, курпаву бо- лиштхои зардузи медухт. Кушиш мекард, ки бо шавхараш аробаи зиндагиро якчоя бикашанд.
Мурод низ сохиби падари мехрубон шуд. Рахим гаштаю баргашта, шукри онро мекард, ки бо паю кадами Мурод сохиби чор шохписар гашт. Бехуда нагуфтаанд: «Хар ки хандонад ятими хастаро, боз ёбад чаннати дарбастаро.» Рахим чун фарзанди азизи хона ба Мурод муомила мекард. Мурод, ки навозиш ва мехру мухаббати падарро надида буд, ба Рахим мехр баста, чун фарзанд иззаташро ба чо меовард. Дар назди хамсинфон бо фахр «падарам гуфтанд, ки…, бо падарам якчоя бозор рафтем…, падарам рузнома- амро дида таърифам карданд» ва гайраву гайрахо гуфта, аз у ифтихор мекард. Вале чи мегуед, ки зиндаги хамеша дар як мачро харакат намекунад ва ин конуни нонавишта ба зиндагии онхо хам асар кард. Мурод рузе аз куча баргашту худро болои тахти хобаш партофту зор – зор гирист.
– Муродчон, ба ту чи шуд, барои чи гиря мекуни? – пурсид Майсара аз писараш.
– Модарчон, Фарходи писари кори Шариф мегуяд, ки амаки Рахим падари ту не, шавхари модарат аст. Падари ту дар таги хоки хунук.
Дунё чапаву роста шуд дар назари Майсара. Писарашро ба огуш кашида, баробари у ба навха даромад. Амаки Рахим аз куча омада, беихтиёр шохиди ин суханони Мурод шуд.
– Муродчон, – сари уро бо навозиш сила кард амаки Рахим. – Падар хамон аст, ки туро тарбия мекунаду ба воя мерасонад, ба рохи рост хидоят мекунад, барои сафедро аз сиёх фарк кардану бадро аз нек чудо намудан ёри мерасо- над. Аз суханони бачаи беодоб ва бетарбия хафа нашав, – гуфту шитобон ба куча баромада, дар масчиди деха бо кори Шариф сухбати дурудароз кард.
Бегох ахли оила болои суфаи таги тут хуроки шом мехурданд, ки кори Шариф аз дасти писараш гирифта, аз паси дарвоза пурсид:
– Муродчон, хой Муродчон! Падарат дар хонаанд?
– Ассалом, амакчон, биёед, падарам дар хона, – гуфта Мурод онхоро ба хавли таклиф кард. – Мархамат, даро- ед, он кас дар болои суфа нишастаанд.
Кори Шариф ба назди суфа нарасида, ахли оила аз чо хестанду онхоро «хуш омадед» гуфтанд.
– Рахимбой, бародари азизам, имруз ба ман дарси ибрат шуд. Росташро гуям, баъди омадани шумо бисёр фикр кар- дам, мехохам барои тарбияи нодурусти фарзандам аз шумо узр пурсам. Фарход низ аз чурааш Мурод бахшиш пурси- дани.
Онхо баргашта диданд, ки аллакай Фарход ва Мурод дасти ба даст ба куча давида рафтаанд.
Кина бегумон шуста шуд.