Маздакия бузургтарин харакати ичтимоии замони Сосониён буд, ки хусусияти ошкори динй дошт.
Харакати Маздак дар соли 494 дар замони хукумронии Кубодшох сар шуд, ки то соли 529 идома ёфт. Дар аввал Маздакия, хамчун фиркаи монавия пайдо шуда, гояхои демократии ин таълимотро инкишоф дод. Маздакия ба монанди Зардуштия ва Монавия робитаи ду мабдаи кадим – хайру шарро асоси гояхои сиёсии худ кабул кард. Мувофики таълимоти Маздак хамаи одамон баробар офарида шудаанд, аз ин сабаб таксимоти нобаробари сарват беадолати мебошад. Маздак дар таълимоти худ дар бораи бархам додани нобаробарии иктисодии чамъият, умумй кардани молу мулк ва бекор кардани имтиёзи табакавии ашрофон талаб гузошт. инчунин у пешниход карда буд, ки занон аз харамхонаи бойхо бароварда шаванд, ба одатхои бисёрзанй хотима дода шавад.
Маздак сабаби мухолифатро дар кину адоват, нобаробарии одамон дар чамъият медонист. Бинобар ин бояд нобаробарй ва кину адоват аз байн бардошта шавад баробарии ичтимой баркарор гардад. Барои баркарор кардани баробарй дар чамъият тамоми сарватхои моддй бояд чамъиятй бошанд, то ки хама аъзоёни чамъият имконияти истифодаи баробари онхоро пайдо кунанд.
Сарватмандон бо рохи зурй сарвати чамъиятро аз зуд карданд. Барои тантанаи адолати ичтимой моликияти сарватмандонро кашида гирифта, аз руи адолати байни омма таксим кардан зарур аст. Моликият мисли обу оташ дастраси умум бошад.
Таълимоти Маздак дар замоне сар шуд, ки давлати Сосониё давраи бухрони шадидро аз сар мегузаронид. Чангхои пай дар пайе, ки Сосониён бо Хайтолиён ва Рум мебурд, иктисодиёти мамлакатро фалач, гардонданд. Хазина холй шуд. Сосониён дар чунин шароит андозхои давлатиро дучанд зиёд карданд. Зулму истибдоди ашрофон хаду канор надошт. Илова аз он хушксолии пай дар пай ахволи оммаро боз хам душвор гардонд. Азбаски Маздак дар таълимоти худ орзую нияти оммаи камбагалонро асос гирифта буд, халки мазлум гурух- гурух ба тарафи Маздак гузашт. у ба манфиати халки захматкаш чорахои зиёд андешид.
Харакати Маздак салтанати ашрофон ва давлатмандони Сосониро ба ларза овард. Бисёре аз бойхо кушта шуда, кисми дигар фирор карданд.
Дар навбати худ барои мустахкам намудани мавкеи хукумат Кубодшох хукдро пайрави Маздак эълон кард. у бо ин максад дошт бо ин васила таъсири заминдорон ва ашрофони форсро суст намояд.
Ашрофону заминдорони Сосонй барои бархам додани харакати Маздак чора андешиданд. Азбаскй шох Кубод худро тарафдори Маздак эълон кард, аъёну ашроф забон як карда соли 496 Кубодшохро аз тахт дурр карда, бародари у Чамаспро ба тахти шохй бароварданд.
Кубод аз хабс гурехта назди подшохи Хайтолиён рафт, ки ба у имдод кунад. Соли 499 Кубод бо ёрии лашкари Хайтолиён аз нав ба тахт сохиб шуд.
Баъди мустахкам намудани мавкеи худ, Кубодшох нисбати Маздак сиёсати дигар пеш гирифт. Ба мукобили Маздак ва тарафдорони у суикасди пинхонй ооз ёфт. Дар зарфи солхои 528-529 Маздак ва хазорон нафар тарафдорони у ба катл расонда шуда, кисми дигари онхо ба пинхонкорй гузоштанд.
Харакати Маздак оммаи бенавоёнро ба муборизаи зидди тартиботи феодалй даъват менамуд. Гояхои (таълимоти) у ба афкори ичтимоию сиёсии мамлакат таъсири калон расонд. Аз ин чихат ин харакат характери прогресивй дошт.
Чихати дигари харакати Маздак дар он аст, ки манфиати оммаро тарафдорй мекард, лек даъвати у ба чамъияти ибтидой як кадам ба кафо буд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …