Сиёсати мустамликавии хукумати подшохи ва аморати Бухоро зиддияти ичтимоиро тезу тунд гардонда чун зухуроти олии норозигии халки мехнаткаш ахолии мустамликаро ба шуриши ошкоро бархезонд.
Ошубхои халки баъзан мавчи калони ахолиро ба худ кашида характери оммави гирифтанд. Куввахои харакатдихандаи ин шуришхо, дехконони чоряккорон, мардкорон, хунармандон ва камбаалони шахрхо буданд. Дар баробари мехнаткашони узбек, киргиз, туркман дар ошубхои халки точин низ иштироки фаъолона доштанд.
Соли 1870 ду хазор нафар дехконон аз худсари ва микдори зиёди хироч, ва закот бу шур омада калъаи Балчувонро мухосира карданд. Беки Балчон
Абдукаримбек, ки сабабгори шуриш шуда буд, аз газаби халк тарсида ба Хисор гурехт. Ошуб характери номутташакилона дошт. Дехконон калъаро гирифта молу мулки онро байни худ таксим карда, хамоно хона ба хона пароканда шуданд. Аз ин истифода бурда, ошубро дастаи аскарони хокими Хисор Яъкуб-Кушбеги пахш карданд. Чанд тан аз иштирокчиёни шуриш ба дор кашида шуданд. Кисме аз онхо ба Дарвоз гурехтанд. Абдукарим ба Балчувон баргашта ба тарики пештара мардумро горат мекард.
Мох декабри соли 1874 аз сабаби худсарии андозчамъкунандагон дар Балчон ошуби дигари сар зад. Мардумро фиреб доданд, ки ба амир арзу шикоят карда ба чавоби он мунтазир шаванд. Дар ин лахза сардори дастаи кушуни Бухоро 7-нафар сардорони шуришро дастгир карда ба зиндон партофт ва шуришро пахш намуд.
Соли 1872 дар Хучанд бар зидди сиёсати андозгирии хукумати подшохи ва зулми хокимони махалли шуриши халки ба амал омад, ки дар он зиёда аз 10 хазор кас иштирок дошт. Халк талаб кард, ки андозхо кам карда, шароити мехнат бехтар карда шавад. Шриш дастаи харби пахш карда, бисёр иштирокчиёни он ба Сибир бадарга карда шуданд.
Соли 1873 дар Паши ном дехаи Уротеппа ва соли 1875 аз нав дар Уротеппа ошубхо ба амал омада буданд.
Дар солхои 1885-1886 мавкеъи азими шуришхои халки кариб кариб тамоми махалхои точинишинро фаро гирифт. Дехконони Муминобод, Шуробод, Кулоб, Балчувон ва Хисор ба шуриш бархестанд. Дар Хисор муборизаи дехконон барои замин ва об, мубориза ба мукобили мачбуриятхои феодали ба муборизаи косибон барои бехтар кардани шароити мехнат пайваста буд. Дар натичаи муборизаи дуру дароз сохибони дуконхо мачбур шуданд, ки гузашта карда талаботхои ошубгаронро ичро кунанд.
Калонтарин баромади халки дар Бухорои Шарки ба мукобили зулми амири шуриши соли 1888 буд. Дар бораи санади шуриш дар байни таърихчиён солхои тулони акидаи ягона набуд. Аксарияти маррихон саршавии шуришро соли 1885 (аз чумла ин санадро шаршносони машхур академик Б.Гафуров ва Б.Искандаров) хисоб мекарданд. Лекин такикотхои минбаъда нишон дод, ки шуришсоли 1888 рух дода буд.
Дар бекигарии Кулобу Балчувон чандин сол хушксоли ба амал омад. Соли 1888 (то ин давра соли 1885-нишон дода мешуд) соли серхосил омад. Амалдорон аз дехконон андозхои барзиёд гирифта мехостанд, ба ин восита чои солхои камхосилро пур кунанд. Ин ба шуриш бахона шуд.
Шуриш дар амлокдории Ховалинг сар шуда, Балчувон,
Сари Хисор, Кулоб ва дигар нохияхоро фаро гирифт.
Пешвои шуриш дехконони Ховалинги Абдулвосеъ буд. Шуриш ба мукобили сиёсати амир ва амалдорони махалли равона карда шуд.
Дехконон талаби амалдоронро дар бораи адои андози чандсола рад карданд. Дар натича дар миёни дехдонона ва андозчамъ кунандагони задухурд ба вучуд омад. Дехконон закотчирро куштанд, хонаи амалдори Ховалингро хароб карда ба калъаи беки Балчувон харакат карданд. Онхо кушиш карданд. Ки масъаларо бо тарзи гуфтугу хал кунанд. Бек ба назди чамъомадагон муллохоро фиристонда максад дошт, ки дехкононро пароканда намояд. Дар ин муддат бек аскаронашро бар зиди дехконон омода кард. Шуришгарон ба аскарони бек шикаст дода калъаи Балчонро ба даст дароварданд. Бек ба Кангург гурехт.
Шуришгарон барои пахш кардани шуриш чорае надида, баъди ба даст даровардани ин калъа ин муваффакияти худро вусъат надоданд. Дар натича баъзе аз шуришгарон лагери шуришро тарк карданд.
Бекхои Кулоб, Хисор ва Каротегин ба ёрии беки Балчувон омада бо куввахои харбии худ калъаи Балчувонро аз дасти Восеъ гирифтанд. Восеъ ба тарафи Кангург акиб нишаста, ба кувваи нав ба суи Балчувон харакат карда, калъаро аз нав ба даст даровард. Вале ёрии навбати бекхои хамсоя такдири шуришро хал намуд.
Восеъ шикаст хурда хост, ки ба тарафи Ховалинг акиб нишаста куввахои худро муттахид намояд. Аммо ин чиз муяссар нашуд. Шуриш аз тарафи куввахои якачини амир шикаст хурд. Восеъ ва ёрдамчиёнаш асир афтоданд. Дар як руз 40-нафар шуришчиён ба дор кашида шуданд. Восеъро чанд руз дар махбасхона нигох дошта, соли 1888 дар Шахрисабз ба катл расонда шуд.
Аз сабаби номутташакил ва бе накшаи муайян амал кардани шуришгарон онхо муваффакит пайдо карда натавонистанд. Ба шикасти шуриш нигох накарда, тахкурсии зулмат ва асосхои феодалии аморат торафт суст гаштанд. Мехнаткашон дар муборзахои бо душман обу тоб ёфта торафт муттахид мегардиданд.
Дар нимаи дуюми асри XIX катори шуришу баромадхои стихиявии дехдонон ва мардикорони плантасияхои хочагии шлок аввалин баромадхои коргарон, ки баробари
сохтмони корхонахои нахустин ташаккул ёфтабуд. Ба амал омада буд. Аввалин баромадхои коргарон хануз дар давраи сохтмони рохи охан мушохида карда шуданд.
Коргарон дар сохтмони рохдои охан, конхо ва корхонахои саноати дар шароити нихоят бад мехнат мекарданд. Ба ивази мехнти 16-18 соата ба коргарон музди ночиз дода мешуд. Аз коргарон чаримахои зиёд ситонда мешуд. Яке аз корбардории калонтарину аввалини коргарон соли 1885 дар кони ангишт заврак Киштут волости Панчакент ба амал омада буд. Корпартофтагон сардор ва назоратчиёнро куфта, ба назди хокими Панчакент рахсипор гардиданд. Дар рох отряди аскарон онхоро пароканда карданд. Се нафар коргарон хабс карда шудандва арзу шикояти онхо бенатича монд.
Корпартои ва баромадхои коргарон ба монанди шуру ошубхои дехдонон хануз стихияви ва пароканда буданд. Бо вучуди ин баромадхо ба мукобили сиёсати мустамликавии хукумати подшохи ва лагандбардорони онхо равона карда шуда буданд, ки дар мутташаккилии ояндаи мехнаткашон ахамияти калон доштанд.
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив
Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …