Главная / Илм / 1. Маънои чавф ва димог аз назари фацехон

1. Маънои чавф ва димог аз назари фацехон

а) Пеш аз хама, мекушем ба маънои чавф (шикам) аз назари факе-
хон равшани андозем, зеро хар чизе ба шикам фуру равад, аз назари
фикхи муфсид ва шиканандаи руза ба шумор меравад. Куръони карим
хурдан ва нушиданро шиканандаи руза хукм кардааст ва аз назари
анатоми ба таври дакик маълум аст, ки дастгохи хозима ва узвхое, ки
системаи умумии кабул ва коркарди ио ва тагзияи баданро ташкил
медиханд, иборатанд аз: а) дахон, б) халк, в) сурхной, г) меъда, д) ру-
даи дувоздахангушта, ж) рудахои борик, з) рудаи гафс ва л) рудае, ки
ба макъад пайваст мебошад.
Аз ин таксимбандии илми бармеояд, ки хурдану нушидан ва таг-
зияи бадан ба воситаи хамин узвхо хосил мешавад ва танхо хамон
чизе шиканандаи руза ба шумор меравад, ки аз тарики халк ба меъда
бирасад, вале факехони киром маънои тагзияро васеътар аз ин гириф-
та ва хар чизеро, ки ба шикам ворид шавад, онро шиканандаи руза до-
нистаанд, хох ба дастгохи хозима ворид шуда бошад, хох ба дигар ко-
вокихои дохили шикам. Чавф хам дастгохи хозима (меъда, рудаи гафс
ва гайра) ва хам дигар ковокихои шикамро дар бар мегирад.
Ба акидаи онхо аз тарики дастгохи хозима ва дигар узвхое, ки му-
химтарин вазифаи чисмони (физиологи)-и онхо кабул ва коркарди ги-
зо мебошад, тагзияи комил сурат мегирад, вале аз тарики дигар узв-
хои дохили шикам низ тагзияи нисби хосил мешавад ва манзури оят аз
хурдану нушидан низ тагзияи дохили мебошад. 
Илми тибби муосир низ ин мавкеъро таъйид менамояд ва таияи
нисби аз тарики ири системаи хозима, яъне аз тарики дигар узвхои
дохилиро ба исбот расонидааст. Масалан, агар ба зери пардаи руи
шикам глюкоза ва дигар махлулхои иобахш ворид карда шавад,
чисм аз тарики хамон парда неруи худро баркарор менамояд.
Назари чумхури ахли суннат он аст, ки бо расидани чизе ба чавф
(шикам) руза фосид мешавад ва чавфро шомили меъда, узвхои марбут
ба тагзия ва дигар ковокихои шикам медонанд.
б) Гайр аз ин факехон расидани дору ва хар гуна махлулхои гизо-
бахшро ба димог низ шиканандаи руза донистаанд ва манзури онхо аз
димог магзи сар ва тамоми бофтахои асабие мебошанд, ки дар дохили
косаи сар чойгир шудаанд. Ба акидаи чумхури факехони мазхабхои
ахли суннат димог яке аз ковокихои бадан буда, аз он ба шикам рох ва
манфазе вучуд дорад. Бинобар ин, хар чизи моеъ ва дорои арзиши ги-
зоие ба димог бирасад, он низ шиканандаи руза ба шумор меравад.
Ба акидаи баъзе факехон аз димог ба шикам хеч гуна манфаз ва
рохе вучуд надорад, вале димог кобилияти таъсирпазири ва касби ку-
ввату заъфро ба андозае ба таври мустакил дорад. Бинобар ин, ворид
шудани дору ва дигар ашёи иобахш ба димог шиканандаи руза ба
шумор меравад.
в) Маводи дорувори ва дигар махлулхои давои дар назди чумхури
ахли суннат хукми маводи иоиро доранд ва бо расидани онхо ба ши-
кам ва ё димог руза фосид мешавад. Зеро дар ин холат маънои тагзия
ва нашоти бадан амалан тахаккук меёбад
г) Ашёи дигаре, ки арзиши гизои надоранд, ба монанди оханпора,
гилпора ва гайра ва ё маъмулан ба он тарз хурда намешаванд, ба мис-
ли мевахои хом, зироатхои нопухта ва гайра, вакте касдан фуру бурда
шаванд, онхо низ рузаро фосид мекунанд. Зеро маънои хурдан дар ин
холат суратан тахаккук ёфтааст.
д) Дар баробари гуфтахои боло, ки дар онхо назари фикхии маз-
хабхои ахли суннат дар бораи маънои калимаи чавф (шикам) ва димог
(магзи сар) ба таври фишурда баён гардид, дидгохи дигари фикхие низ
вучуд дорад, ки хануз дар мархалахои шаклгирии худ карор дошта, ба
сурати мазхаб ва ё раъйи мустакилле дар ин мавзуъ надаромадааст.
Он иборат аст аз ин ки хар чизе ба дастгохи хозима ва дигар узвхое,
ки бевосита ба коркард ва тагзияи бадан марбут мебошанд, ворид ша-
вад, рузаро фосид месозад ва чизе, ки ба дигар ковокихои шикам ва
хамчунин, ба димог ворид шавад, он рузаро фосид намесозад.
Хамчунин дидгохи дигаре низ вучуд дорад, ки маводи дорувориро
комилан муфсиди руза эътибор намекунад. Зеро онхо маъмулан дар
хукми хурданихо ва ё маводи гизои дохил намебошанд ва дар шариат
низ насс (далел)-и сарехе наомадааст, ки онхоро дар хукми маводи ги-
зой карор дода бошад ва ё хукми муфсиди руза будани онхоро муайян
карда бошад.
Бо вучуди он ки амал кардан ба назароти фикхии донишмандони
муосир шаръан хеч мушкилеро ба вучуд намеоварад, зеро онхо дар ин
масоил, ки аз чумлаи масоили ичтиходй ба шумор мераванд, ба наза-
ри фикхии илман дакиктаре даст ёфтаанд. Вале амал кардан ба наза-
роти фикхии чумхури ахли суннат авлотар аст, зеро дар онхо чанбаи
эхтиёт дар ибодат бештар мавриди назар карор гирифтааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222