Главная / Илм / Маъод чист ва маънои он дар Дин

Маъод чист ва маънои он дар Дин

(Растохез-хаёти пас аз марг)

М А Ъ О Д ( аз кал.- араби -ъода- бозгашт, баргашт) эътикод ба намирандагии рух, хаёти дубораи баъдимарги, охират ва растохез яке аз усули эътикодии динхои кабл аз исломи, алалхусус динхои соми ва зардуштия мебошад. Дар ислом низ ин таълимот макоми хосе дорад ва он яке аз таълимотхои аслии он аст. Дар Куръон рузи охират, растохез бо чандин муродиф: «явмулмаод», «явмулхисоб», «явмулкиёма», явмуддин», «явмулхасрата», «ал-охират» «ал-гошия», «а-кориа» «ал- хока», «ас-соъа» зикр ва чигунагии вукуъи он баён шудааст. Огохи ва ихтор аз рузи хисобу доваи, сахнахои азоби дузах ва наъимоти чаннат, ки инсонхоро баъд аз гузаштан аз додгох ва пули Сирот вобаста ба подоши амал интизор аст, хело рангин тасвир шудаанд. Алалхусус сурахои аввали макки моломол аз чунин оятхо (оятхои эсхаталоги)-и тасвиркунандаи сахнахои рохату азоби чаннату дузах мебошанд. Дар онхо такрор ба такрор мушрикон ва кофиронро аз азобхои чаханнам ва оташи дузах огох намуда, ба солехон ва муъминон аз неъматхои чаннат мужда медиханд.[1]

Мувофики тасаввури умум дар ислом аломати наздик шудани киёмат асосан иборат аз ривочи фасоди ахлоки, фаромуш шудани фароизи дини ва гайра мебошад. Дар ибтидо тибки таълимоти исломи, ки ба таълимоти дини насрони шабохат дорад, Даччол- махлуки номаълуме зухур мекунад ва пас аз он Махди меояд ва салтанати даччолро аз байн мебарад ва муддате адолату динро пойдор мегардонад. Яке аз нишонахои охирзамон карной ё «сури Исрофил» аст, баъд аз он хама мурдагон аз нав зинда хоханд шуд ва дар пои махкамаи илохи ичтимоъ хоханд кард, то номаи аъмоли хар якеро хонда, тибки он казоват карда шавад ва гайра.

Хеч китоби мукаддаси дигар, он чунон ки дар Куръон таваччух ба масъалаи маъод шуда, нашудааст. Дар он зиёда аз 1400 оят метавон пайдо кард, ки аз маъод бахс кардаанд. Бахси маъод дар ислом хеле доманадор аст. Он хадди акал шомили масоили зер мебошад: – масъалаи марг ва зиндаги; – чигунагии хаёти дубора; масъалаи чисмони ё рухони будани он; – масъалаи чигунагии довари ва подоши амал дар охират; – масъалаи холати дузаху чаннат, абади будани мусалмони муртакиби гунох шуда, дар он ё муваккати будани мучозот, гузашта аз ин оё муъмини муртакиби гунохи кабира шуда ба дузах меравад ё аслан муъмину мусалмон, сарфи назар аз гунох дузахи нест?. Аз нигохи фалсафи масъалаи марг ва хаёт аз кухантарин, пурихтилофтарин ва муъаммоангезтарин масоили умдаи динист. Натичаи чунин чустучуйхо, хайратзадаги, мубохисот ва шакку шубха дар мавриди маънию максади назарияи динии масъалаи хаёт ва марг аст. Намунаи он рубоиёти оламшумули хаким Умари Хайём шуда метавонад. Аз чумла у мефармояд:

Хар чанд ки рую муи зебост маро,

Чун лола руху чу сарв болост маро,

Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок,

Наккоши азал бахри чи орост маро.

Ё худ

Як катра об буду ба дарё шуд,

Як зарра хок бо замин як чо шуд

Омад шудани ту андар ин олам чист ?

Омад магасе падиду нопайдо шуд.

Дар ин ду рубои мухимтарин масъалаи инсоншиноси ё худшиносии инсон, хадафи офариниш ва максади зиндагии инсон мавриди суол аст. Дар ин олами нопайдоканори кайхон накшу макоми инсони кучаку очиз чист? Максад аз офаридан ва боз куштан низ маълум нест, аз ин ру шоир мегуяд:

Чомест, ки акл офарин мезанадаш,

Сад буса зи мехр бар чабин мезанадаш

Ин кузагари дахр чунин чоми латиф,

Месозаду боз бар замин мезанадаш.

Оё дар офариниш, зиндаги ва марги инсон маъни, хадаф ва максаде хаст ё хеч маъние нест, хама барабас аст? Ба ин саволхо инсоният хамеша чавоб мечустааст. Табиист, ки адён аз чумла ислом низ ба ин саволи мехварии таърихи худшиносии инсон чавоб додаанд. Ин динхо будаанд, ки инсониятро аз яъсу навмеди, барабас шуморидани зиндаги боз доштаанд. Дар сарчашмахои ислом масъалаи маъод, масъалаи марг ва зиндаги, маъниву максади хаёт васеъ мавриди бахс карор гирифта аст. Ин масъалахо хамчунин дар доираи фалсафаи исломи, ирфону тасаввуф низ мавриди бахсу мубохисоти густарда будааст. Нигохи фарханги исломи ба марг асосан ори аз яъсу навмеди ва тарсу фочиъа аст. Харчанд дар масоили фаръии маъод ислом бо динхои кабл аз худ баъзе умумиятхо дорад, вале дар масъалаи фалсафаи хаёт ва марг ислом аз хусусияти хосе бархурдор аст,ки дар динхои дигар ё нестанд ё хадди аКал ба ин равшани баён нашудаанд.

Нахуст, он ки Куръон хело возех ва ошкоро таъкид мекунад, ки офариниши инсон ва зиндагии вай барабас, бехуда ва бехадаф нест. Куръон фармудааст: ” Оё пиндоштаед, ки мо шуморо бехуда офаридаем ва бозгашти шумо ба суи мо нест?” ( К. 23:115 ) Худи ба миён гузоштани масъалаи хаёт ва марг ва халли некбинонаи он яке аз дастовардхои мухими ислом дар тамаддуни башарист. Тибки фалсафаи Куръон олам ва инсон барабас офарида нашудааст ва Худо- офаридгори марг ва хаёт аз ин тарик “Шумо бандагонро меозмояд, то кадомнекутаред”. (К.67:2)Ин олам аз назари Куръон арсаи озмоиш ва шинохти хакикат, мархиллае аз марохили дузиннаи хаёт на анчоми он аст. Инсонхоро хаёти човидонии бехтару волотар аз ин хаёт, яъне хамон хаёти човидонаи охират-маъод интизор аст. Макоми волои инсон дар Куръон хамин аст, ки у барои хаёти човидона офарида шудааст ва он хаётест, ки бар ивази талошу кушиши у ба даст меояд ва он подоши амал аст. Мо дар “Исломшиноси” дар ин маврид ва масоили каблан зикршуда муфассалтар бахсу барраси кардаем, холо дар нихояти ин фасл боз ба як масъала, ки ба асли таълимоти ислом тааллук дорад ва дуввумин асл аз усули дини ислом аст таваччухи хонандагонро чалб кардан мехохам ва он адли илохист.

[1] Аксари мухаккиконро акида бар он аст, ки сахнаи растохез,чаннат ва дузах иктибос аз зардуштия мебошад. Ба акидаи банда ин иктибосхо мустаким набуда, аз тарики дини яхудия, ки ин унсурхо ба он дар замони асорати 70-солаи Бобул ворид гардида ва аз он ба китоби насрониён “Ахди чадид” интикол ёфта аст, дохил гардидаанд ё чунон ки уламои дин мешуморанд ин китобхо дорои як сарчашма мебошанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222