Главная / Гуногун / Маъруфтарин худоёни хинди

Маъруфтарин худоёни хинди

Мачмуи худоёни ведои, ки дар Ригведа ном бурда шудаанд, иборатанд аз Агни (оташ), Партиви (замин), Варуно (ихотакунанда), Индра (осмон), Суриё (офтоб), Сумо (мох), Брахманаспати(худои ниёиш- намоз), Марутхо(ё Рудрхо) – мачмуи худоёне, ки бухрону раъду баркро тачассум мекунанд. Аз хама бештар сурудхои Ригведа мурочиат ва ситоиши худоёни Агни ва Индра мебошанд. Мувофики маълумоти мухаккикон дар Ведхо хадди акал ба 33 худо ва олихо(«33 коти дева» иборат аз 11-худои осмон,11худои хаво, 11худои замин) мурочиат шудааст ва онхо ба се синф васу, адити ва рудра табакабанди шудаанд: васу- худоёни нек ба сарварии Индра, тачассум ва ташаххуси ашё ва куввахои табиатанд: Анна – об, Руваситораи кутб , Сима – мох ва гайра; адити, худоёни гунбади осмон: Пушан, Митра, Варуна, Вишну; рудра худои каххору харобкунанда ва кушанда. Рудра баъдхо ба сифати худои Шиво табдил шудааст.

agniБо вучуди ин дар Ведхо мо майл ба тавхид ва вахдат вучуд (монизм) ва бовари ба худои офаридгорро мебинем ва номи ин худ Борахмо аст. Сифоти у дар се кувва, яъне офариниш, бако ва тахриб мучассам шудааст. Ин се неру бо номои «Брахмо», «Вешну» ва «Шиво» ифода шудааст. «Брахмо» холику офаридагори олам ва хамчунин тамоми худоён аст, Хама аз уянд ва окибат низ ба у бозмегарданд. Чунон ки шир ба чургот ва об ба ях табдил мешавад, хамин тавр «Брахмо» шакли худро дигар мекунанд ва ба шакли суратхои дигаргун дармеояд ё ба хамин киёс Брахма дар хасти тачалли мекунад. Хамин мазмунро бо каме тагийр дар назарияи вахдати вучуди тасаввуф баъдан хохем дид.

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222