Главная / Илм / Мафхум ва мохияти менечменти инноватсиони

Мафхум ва мохияти менечменти инноватсиони

Дар адабиёти сохаи иктисодиёти чахони инноватсия хамчун мубаддалшавии тараккиёти афзалиятноки илми-техники дарвокеъ ба махсулот ва технологияи нав маънидод мегардад. Ба масъалаи тахлили раванди инноватсиони дар кишвари мо дар давоми дах-понздах соли охир ба таври мустакилона дар чорчубаи тадкикотхои иктисоди ахамияти зарури дода намешавад.

Коршиносон ва мухакикон тибки меъёрхои байналхалки инноватсияро хамчун махсулоту натичаи нихоии фаъолияти инноватсиони мехисобанд, ки дар шакли махсулоти нав ё такмилёфтаи ба бозор баровардашуда зохир мегардад, чараёни нав ё такмилёфтаи технология, ки дар кори амали ё дар бархурди тоза нисбат ба ташкили мехнат, истехсолот ва идоракуни истифода мешавад.

ip-1030x472Инноватсияро метавон хам дар чанбаи инкишофу тагйирёби ва хам омори барраси намуд. Дар мавриди дуюм инноватсия, навовари хамчун натичаи нихоии давраи илмию истехсоли, инноватсиони ва конеъсозандаи талаботи муайяни инноватсиони ифода мегардад.

Тахия, чори сохтан ва истехсоли махсулоти нав барои корхона хамчун воситаи баланд бардоштани ракобатноки ва рафъи вобастагии корхона аз номутобики накардани даврахои хаётии махсулоти истехсолшаванда ахамияти мухим дорад. Дар шароити кунуни азнавсози махсулот дар Чумхурии Точикистон бо суръати нисбатан суст чараён мегирад.

Менечменти инноватсиониро бояд хамчун яке аз самтхои идоракунии стратеги барраси намуд. Максаду хадафи он муайян намудани самтхои асосии фаъолияти илми-техники ва истехсолии корхона дар чунин сохахои тахия ва чори намудани махсулоти нав (фаъолияти инноватсиони); азнавтачхизони ва такмили махсулоти истехсолшаванда; рушди минбаъдаи истехсоли навъхои анъанавии махсулот; аз истехсолот хорич намудани махсулоти кухна ба хисоб меравад.

Менечменти инноватсиони барои чомеаи илми ва доирахои сохибкории кишвари мо мафхуми нисбатан нав ба хисоб меравад. Дар айни замон кифоя набудани фаъолияти инноватсиони, ки ба тезонидани дигаргунсозихои иктисоди бояд мусоидат намояд, эхсос ва мушохида мешавад. Ба ивази як шакл ва усули ифодаи иктисоди шакли дигари он пеш меояд. Бинобар хамин, бо фаъолияти инноватсиони мачбуранд кариб хамаи ташкилотхо, хамаи субъектхои бозор, муассисахои давлати, ширкатхо, корхонахои сохаи тичоратии хурду миёна, ташкилотхои тадкикоти, муассисахои молиявию карзи ва гайрахо машгул шаванд.

Истилохи инноватсия ба таври фаъолона дар иктисодиёти давраи гузариш карордошта, барои ифодаи хусусияти стратегияи инноватсиони ва барои ифодаи як катор мафхумхои ба хам монанд аз кабили «фаъолияти инноватсиони», «чараёни инноватсиони», «карори инноватсиони, «менечменти инноватсиони истифода буда мешуд. Дар адабиёти илми шумораи зиёди нишонахои баходихии навъхои инноватсия мавчуд аст. Масалан, аз руи мундарича ё сохтори дохили инноватсияхои техники, иктисоди, ташкили, идорави ва гайраро аз хам чудо менамоянд. Чунин нишонахо ба мисли микёси инноватсиони (чахони, махалли); худудхои даври хаёти (чудо кардан ва тахлили хамаи давраю дарачахо ва зердаврахо), конуни будани раванди чорисози ва гайра аз хамдигар фарк доранд.

Хануз чанде кабл, дар адабиётхои махсус ва хуччатхои расми бештар аз хама мафхумхои «идораи тараккиёти илми-техники», «чори намудани дастовардхои илм ва техника дар истехсолот» ва амсоли онхо истифода мешуданд, ки барои иктисоди марказонидашуда хос буд. Дар шароити хочагидории бозори, ки дар он ташкилоту корхонахои дорои мустакилияти пурраи хукуки ва иктисоди фаъолият менамоянд, дар мавриди чори намудани чизе сухан хам намеравад. Бо чунин як тафовути чидди фарк доштани мазмуну мафхумхои алохида дар сохаи менечменти инноватсиони, чараёни инноватсиони, рушди инноватсиони шарх дода мешавад.

Мутобики сарчашмахо чунин омадааст, ки мафхуми «чорисози» нусхаи точикии калимаи англисии «innovation new development» ба шумор меравад. Тарчумаи тахтуллафзии он аз англиси маънои «чори намудани чизи навтарин»-ро дорад. Тахти мафхуми навовари, тартибу низоми нав, анъанаи нав, усули нав, ихтироот, падидаи нав фахмида мешавад. Ибораи точикии «чорисози» айнан «даровардани навигари», яъне чараёни истифодабари аз навигарихоро ифода месозад.

Дар амал аз лахзахои кабул гардидани калимаи нав ба худ сифати тоза (нав)-ро гирифта – инноватсиони (инноватсия) мешавад. Чараёни инноватсиони дар бозор хамчун раванди тичоратикунони (каммертсиализатсия), давраи замони байни пайдоиши таклифи навоварона ва ба инноватсия мубаддал гардидани он бошад, бо номи нави инноватсиони кабул шудааст.

Дар зиндагии харруза, тибки чоришавиашон ифодахои навигари, новатсия, навовари, инноватсия истифода мешаванд, ки онхо ба хам наздиканд. Хамчун навигари метавонад тартиби нав, усули нав, ихтироотро ифода намояд. Навовари бо маънои навигари аз лахзаи кабули он арзи вучуд менамояд, хангоми пахн гардидани навигари он сифати навро ба худ гирифта, ба инноватсия мубаддал мегардад. Харгуна ихтироот, падидахои нав, намудхои хизматрасонихо ё усули ташкили мехнат, вакте ки барои тичорат пахнкунони, (коммертсиализатсия) ба сифати нав арзи вучуд менамоянд, онхо мафхуми инноватсия-ро ифода менамоянд.

Мафхуми «менечмент» дар рохи идораи самараноки ташкилот маънои махорати касби ё хатто санъатро дорад. Менечмент – ин мачмуи меъёрхо, шаклхо, усулхо, роххо ва воситахои идораи истехсолот ва хайати шахсии истехсоли дар якчояги истифодабарии комёбихои илмиро ифода мекунад.

Омилхои иктисоди, ташкилию идорави, хукуки, ичтимоию равони, ки ба чараёни инноватсиони ва ба шаклхои самараноки ташкили ин чараён таъсир мерасонанд, мохияти менечменти инноватсиониро муайян месозанд.

Дар адабиёти илми ва методи микдори кофии нусхахои шархи менечменти инноватсиони пешниход шудаанд, ки таваччухро ба ин ва ё он чанбаи ин раванди мураккаби идора чалб менамоянд.

Менечменти инноватсиони – ин идораи истифодабарии амалии натичаи илми, илми-техники ва иктидори зехни (интеллектуали) бо максади дарёфти натичаи нихоии фаъолияти инноватсиони ва конеъсозии талаботи бозор ба хисоб меравад.

Менечменти инноватсиони – ин иктисодиёт ва идораи барпосози, азхудкуни ва чобачогузории махсулоти нав дар шароити бозор бо максади дарёфти харчи зудтари фоида аст.

Менечменти инноватсиони ин идораи тичораткунонии донишхои нав, таълимот, махорат, малака, тачрибаи истехсоли ва ташкили (ноу- хау) ба шумор меравад. Ба хамин тарик, менечменти инноватсиони – ин мачмуи меъёрхо, усулхо ва шаклхои идораи фаъолияти инноватсиони, раванди инноватсиони, имкониятхои инноватсионии корхона ва ташкилотхо мебошад.

Пайдоиши менечменти инноватсиони хамчун амри хаёти ба шумор меравад. Раванди инноватсиони, табдилёбии онхо ба махсулоти нав ва техникаи нав, шаклхои нави ташкили истехсолот ва идора, асоси сатхи иктисоди бахисоб меравад.

Равандхои муосири инноватсиони хеле мураккаб аст. Барои иктисодиёти бозори ракобати ширкатхои мустакил, алокаманди ба истехсоли махсулот, мавчудияти бозори навоварихои ракобаткунанда хос аст.

Менечменти инноватсиони – яке аз самтхои идоракунии стратеги ба шумор меравад, ки дар сатхи баланди рохбарии корхона амали мегардад. Хадафи он муайян намудани самтхои асосии фаъолияти илми-технологи ва истехсолии корхонахо дар сохахои зерин ба хисоб меравад, истехсол ва чори намудани махсулоти нав; усулхои истехсолот; истифодаи ноу-хау (фаъолияти инноватсиони); азнавсози ва такмили махсулоти истехсолшаванда; рушди минбаъдаи истехсоли намудхои нави анъанавии махсулот; аз истехсолот берун сохтани махсулоти кухна.

Татбики усули инноватсиони дар корхона ба таври умуми инхоро такозо мекунад:

  1. тартиб додани накша ва барномахои фаъолияти инноватсиони;
  2. мушохидаи (ва ё назорати) чараёни баровардани махсулоти нав ва чори намудани он;
  3. баррасии лоихахои истехсоли махсулоти нав;
  4. пешбурди сиёсати ягонаи инноватсиони;
  5. хамохангсозии фаъолият дар вохидхои истехсоли;
  6. таъминоти барномахои фаъолияти инноватсиони бо захирахои молияви ва модди;
  7. таъмини фаъолияти инноватсиони бо хайати шахсии баландихтисос;
  8. ташкили гуруххои максаднок бахри халли мачмуи масъалахои инноватсиони аз андеша то истехсоли махсулоти гурухи;
  9. таъмини иттилоотии фаъолияти инноватсиони.

Тахлили мафхумхои гуногуни менечменти инноватсиони ба чунин хулоса меорад, ки мазмуни хоси инноватсияро тагйиротхо ташкил медиханд, вазифаи асосии фаъолияти инноватсиони бошад, мукаррар намудани тагйиротхо ва истифодаи натичахои инноватсиони ба хисоб меравад.

Мутобики меъёрхои байналхалки, инноватсия хамчун натичаи нихоии фаъолиятхои инноватсиони буда, дар махсулоти нав ва ё такмилёфта зохир мегардад, яъне дар бозор чори намудани раванди нав ё такмилёфтаи технологи, ки дар фаъолияти амали, ё ин ки дар бархурди нав нисбат ба ташкили мехнат, раванди истехсолот ва идора татбик мегардад.

Истилохоти «инноватсиони» ва «равандхои инноватсиони» ба хамдигар наздиканд, вале маънои ягона надоранд. Равандхои инноватсиони бо замина, азхудсози ва таркиби инноватсиони алокаманд аст. Бунёдгузорони инноватсия чунин меъёрхоро, ба мисли даври хаётии маснуот ва самаранокии иктисодиро рохнамо карор медиханд. Дар айни замон, стратегияи инноватсиони ба он равона шудааст, ки аз ракибон бояд пештар гузашт, навигарие эчод кард, ки дар як сохаи муайян нодир эътироф карда шавад.

Ба хамин тарик, бояд кайд кард, ки натичаи инноватсия бояд дар якчояги бо раванди инноватсиони барраси намуд. Ба инноватсия се хусусият хос аст:1) навигарии илми-техники; 2) дар истехсолот мавриди истифода карор гирифтан; 3) имконияти хариду фуруш, тичоратикунонии он.

Чамбаи тичораткунонии инноватсия онро хамчун зарурияти иктисоди, ба воситаи талаботи бозор даркшуда, яъне ба воситаи конеъсозии талаботи инноватсиони муайян месозад.

Бинобар хамин инноватсияи илми-техники бояд:

  1. дорои навовари бошад;
  2. талаботи бозорро конеъ гардонад;
  3. ба истехсолкунанда фоида биоварад.

Моли дорои хусусияти навро, ки ба истехсол ва фуруши он кушиш ба харч дода мешавад, одатан моли нав меноманд. Яъне моли нав бояд дорои сифати нав бошад. Такмили оддии маснуоти мавчуда ба ин дохил намешавад.

Фаъолияти инноватсиони, кисми таркибии фаъолияти маркетингии корхонаро ташкил медихад, хусусан он ба корхонахое тааллук дорад, ки ба истехсоли махсулоти ба илм алокамандбуда машгуланд.

Дар сиёсати инноватсиони аз хама мухим – расидан ба хадафи асосии корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию накшакаши, муайян намудани мухлати баргузории онхо, баходихи ба натичахо бо хадафхои мушаххаси амали, кам кардани мухлати раванди инноватсиони, бахисобгирии харочоти истехсолоти самаранок ва чорисозии махсулоти нав ба шумор мераванд.

Сиёсати дакик дар сохаи эчоду ихтироъи махсулоти нав самти чамъоварии иттилоот ва тахияи таклифхоро муайян месозад, ки он ба чустучуи котеъонаи имкониятхои нав барои фаъолияти гуруххои тадкикоти сабаб мегардад.

Даврахои асосии раванди инноватсиони аз инхо иборатанд:

Давраи 1. Ба низом даровардани андешахои воридшаванда.

Давраи 2. Интихоби андешахои муайяншуда ва амалисозии андешаи махсулоти нав.

Давраи 3. Тахлили самаранокии иктисодии махсулоти нав, тартиб додани барномаи маркетинги.

Давраи 4. Эчоди (ихтироъи) махсулоти нав.

Давраи 5. Гузаронидани озмоиш дар бозор.

Давраи 6. Кабули карор дар бораи чори намудани маснуоти нав дар истехсолот (ба таври фаровон, ба таври гурухи) дар асоси барномаи маркетинги аз руи махсулот.

Ба сифати меъёри мухим дар барномаи маркетинги барои махсулоти нав бахри амали намудани максадхои корхона инхо истифода мешавад:

  • хачми фуруши маснуоти нав;
  • тагйирот дар савдои молхои дигар;
  • баходихи замони ба даст овардани фоида дар истехсоли моли нав.

Агар маснуоту махсулоти нав аз нигохи технологи ба моли истехсолшаванда наздик бошад, он имкон медихад, ки аз иктидорхои мавчудаи ширкат истифода барад ва ба хамин тарик, самаранокии онхо баланд бардошта шаванд.

Ихтироъ ва дар истехсолот чори намудани махсулоти нав барои корхона хамчун воситаи баланд бардоштани сатхи ракобатноки ва бартараф намудани вобастагии он аз мутобиксозии даврахои ба вучудории махсулоти истехсолшаванда ахамияти муайяне дорад. Дар шароити имруза азнавсохтан ё тачдиди махсулот ва давраи ба вучудомадани махсулот босуръат идома дорад.

Барои баходихии инноватсиони он чиз мухим аст, ки талаботи чамъияти ба махсулоти истехсоли ва истифодашаванда тадричан тагйир меёбад. Навъхои нави махсулот ба кухнашавии маснуоте, ки то хол аз нуктаи назари техникию иктисоди пешкадам хисобида мешуданд, оварда мерасонанд. Тагйирёбии талаботи инноватсиони ва тадбирхои дахлдори амалисозии онро метавон ба истилох даври хаётии махсулот номид. Даври ба вучудомадани махсулот тагйироти микдории талаботро ба махсулоти азхудкардашуда ва истехсолшаванда ифода менамояд.Азруи коида давраи нохамвори ба вучудоии махсулот тасаввуроти зеринро ба вучуд меорад:

  1. чори намудани махсулот дар сохаи истеъмолот;
  2. рушди истехсолот дар мувофикат бо талаботи афзоянда;
  3. расидагии махсулот;
  4. конеъсозии талабот;
  5. кам кардани истеъмолот дар зери таъсири баланд бардоштани талабот нисбат ба махсулот ва имконияти конеъ сохтани талабот бо махсулоти дигар (дар натичаи инноватсиони).

Интихоби стратегияи муваффакиятноки фаъолияти инноватсиони, чузъи таркибии мухими давраи менечменти инноватсиони ба хисоб меравад.

Дар айни замон, стратегияро метавон хамчун раванди кабули карор муайян намуд. Он мачмуи амалхои ба хам алокамандро ифода мекунад, ки он ба таъмини идораи арзи хасти кардан, ракобатноки ва иктидори корхона нигаронида шудааст. Бештари корхонахо зарурияти банакшагирии стратегиро эътироф намуда, шароитро барои ба таври самаранок чори намудани он фарохам меоранд. Банакшагирии стратеги ду хадафи асосиро дар бар мегирад:

  1. Таксим ва истифодаи самараноки захирахо;
  2. Мувофикшави ба мухити беруни.

Ин хадафхо дар якчояги бо вазифахои умумии ташкилот:

  • самтхои асосии фаъолияти корхона;
  • талабот ба кор дар мухити беруна (талаботи савдо, муносибат нисбат ба истеъмолкунанда, чори намудани алокахои кори);
  • маданияти ташкил, анъанахои он, фазои кориро ба вучуд меоранд.

Хангоми интихоби хадаф бояд ду чамбаро ба назар гирифт- муштарии корхона кист ва кадом эхтиёчхоро он конеъ карда метавонад. Пас аз муайян намудани максади умуми давраи дуюми банакшагирии стратеги амали мегардад, ки барои мушаххас сохтани максад нигаронида шудааст.

Раванди тагйири мухити беруна ба ташкили фаъолияти корхона хамчун таъсири хаётан мухим ба назар мерасад. Иктисодиёт, сиёсат, бозор, технология, ракобат омилхои асосии мухити берунии ташкили идораи лоихаи тадкикоти ба хисоб мераванд, ки дар худ кисми таркибии мухими менечменти инноватсиониро ифода менамоянд. Яке аз шаклхои лоихаи инноватсиони, лоихахои тадкикоти ба хисоб мераванд. Тахти унвони лоихаи инноватсиони накшаи тартибдодашудаи тадкикот ва ихтирооте фахмида мешавад, ки барои халли вазифахои назарияви ва амалии рузмарра равона карда шудааст, ки ахамияти ичтимои-фарханги, ташкили-хочагидори ва сиёси доранд. Дар лоихахои инноватсиоии тадкикоти карорхои аз нигохи илми  асосноки техники, иктисоди, ташкили ё технологи ифода мегарданд. Дар ин чо интихоби самтхои афзалиятноки тадкикот ва ихтироъот дар сиёсати илми-техникии давлати накши мухимеро бозида метавонанд.

Идораи лоиха хусусиятхои хос ва мураккабихои худро дорад. Гурухи кори, ки барои татбики лоиха ташкил карда мешавад, вазифахои наверо хал мекунад, ки онхо аз вазифахои дар назди вохидхои мавчудаи фаъолияткунанда истода фарк мекунанд.

Одатан, рохбарон гуруххои хамохангсозандаеро ташкил мекунанд, ки ба вазифахои онхо халли масъалахои зерин дохил мешаванд;

  1. муайян намудани хадаф;
  2. таъини рохбарони гуруххои кори;
  3. ташкили гуруххои кори;
  4. вазифагузори;
  5. назорати ичрои лоиха;
  6. кабули карор дар бораи идома додани кор аз руйи лоиха;
  7. парокандасозии гурухи кори.

Бояд дар назар дошт, ки лоиха дар ташкили кор накши халкунандаро мебозад. Бинобар ин, аз руи хусусиятхои шахси, махорат ва ваколатхояш бояд рохбарияти гурухи хамохангсозанда дар назди рохбарони вохидхои фаъолияткунанда обрую эътибор дошта бошад ва хайати шахсиро идора карда тавонад.

Ба воситаи махсуси идораи лоиха инхо дохил мешаванд:

  1. Муайян намудани масъала ва вазифагузори;
  2. Мукаррар намудани мархилахои мобайни.

Дар даврахои ичрои лоиха карорхои мушаххаси зерин бояд кабул карда шаванд:

  1. Карор доир ба идома додан ва ё сахехсози;
  2. Карор дар бораи дакик сохтани мархила ё давраи нихои;
  3. Карор оид ба шакли ба поён расонидани давраи нихои.

Таксими лоихахо ба даврахо ба кори танзиму ба система даровардани ичроиши онхо ва анчоми мониторинги татбики лоиха имкон медихад.

Идораи тадкикотхои илми ва накшахо дар шароити доимо тагйирёбанда сурат мегирад. Он зарурияти такмили хамешагии барномахои татбики ва лоихахои инноватсиониро ба миён меорад. Дар айни замон, дар хар лахза метавонад мушкилихои гайрианъанавии илми-техники ва ё ташкили ба вучуд ояд ва кор боздошта шавад.

Самаранокии татбики лоихаи инноватсиони дар бозор ошкор мегардад. Он аз он вобаста хохад буд, ки хангоми муайян намудани максад то кадом андоза талаботиинноватсионии бозор ба инобат гирифта шудааст.

Хусусиятхои асосии холати бозор метавонад дар се андозаи ба хам алокаманди тагйироти бозор-нархи имконпазир, талабот ба самаранокии техники ва вакт ифода гардад.

Натичахои фаъолияти инновасиони дар бозори дохилию хоричи метавонад бо рохи интиколи донишхои илми-техники, малака, тачриба ва ноу-хау барои расонидани хизматхои илми-техники, технологи, иттилооти ва технологияи нав ифода гарданд.

Интиколи технология, метавонад дар бозор сурат гирад. Истеъмолкунандагон барои конеъ сохтани талаботи инноватсионии хеш, инноватсияи даркории илми-техникиро пайдо мекунанд. Баромад ба бозори технология аз самаранокии фаъолияти инноватсиони ва кобили хаёт будану ракобатпазирии раванди инноватсиони гувохи медихад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222