Главная / Илм / Максадхои инноватсионии ташкилот

Максадхои инноватсионии ташкилот

Барои ба даст овардани инкишофи максадноки ташкилот стратегияи инноватсиони кор карда баромада мешавад, ки вай амали сохтани идоракунии максадноки инноватсияро, яъне ташаккули максади инноватсиониро талаб менамояд.

Ба хайси максадхои инноватсиони метавонад дорои чунин талаботхо бошанд:

  • ба вучуд овардани махсулоти нави ракобатпазир;
  • омодасозии хизматрасонии навин;
  • гузаштан ба технологияи нав, шаклхои нави захирахо, низоми нави идоракуни, шаклхои нави ташкилию сохтори;
  • гайра.

4b1619cb3627ee61410e2479679e18f0

Хангоми тавсияхои хадафхои инноватсиони ва стратегияи он фаркиятхои кулли бояд ба эътибор гирифта шаванд. Якум, хадафхо хамчун самти рушд муайян карда мешаванд. Дуюм, онхо хамчун самти харакат (самтхои истифодаи захирахо) аз руи тарзи омодагию истифодабарии захирахо. Аммо максад ва стратегияи хадафхои инноватсиони бо занчираи ягонаи мантики алокаманд мебошанд. Аз ин руй стратегия ин воситаи ба даст овардани максадхо дар сатхи баланди идоракуни мебошад. Амали гардонидани стратегияхо ифодаи аникро хамчун максад такозо менамояд.

Дар бисёре аз мавридхо тавсияти хубу аники максадхо чавобгуи талаботхои зерин мебошад:

  • аз шакли номуайяни феъл, ки ичроиши амалро ифода менамояд шуруъ мешавад (коркард) «бехтар намудан», «кам кардан», «баланд бардоштан», «расонидан» ва гайра;
  • талаботи натичахои нихои аз нигохи сифат ва шумораи ифода ва имконияти санчиши микдори нишондихандахои тасдиккунанда комёбихои максаднокро мушаххас менамояд. («кам намудани харочот» барои нигохдории дастгохи идоракуни то 20% назар ба пешниходи пештарабуда). Ибораи сифати («харочоти нигахдории дастгохи ичроия») ва ибораи микдориро (20% кам кардан то мухлати…) истифода карда метавонад;
  • мухлати барои расидан ба хадафхои муайян «дар охири соли равон», «дар таърихи муайянкардаи барнома», «то 28 феврали соли равон»;
  • микдори зиёдтарини харочоти имконпазир, махдудият захирахои чудошаванда («барои амалисозии барнома на камтар «вохиди пули», «бо кувваи худи», «дар чахорчубаи бучаи мавчуда»);
  • шарт мондан, танхо «вакте, ки» ва «чи бояд кард» муфассал баён накарда «чаро» ва «чи тавр» ин бояд анчом дода шавад;
  • ба сифати карори идораи тасдикгардида ва дар шакли хатти дар ягон хуччат кайд гардида то ба шахси ичрокунанда расонида шуд.

Масалан, максади инноватсиони тасвияти аники зеринро дорад: истехсоли молхои истеъмоли дар муддати 4-мох аз руи лоихаи тасдикгардида ва мутобики сметаи харочотро ба технологияи нави пайвандкуни гузаронидан.

Коидахои тартиботи «дарахти максад»:

  1. Дар хар сатх «дарахти максад» мачмуи зермаксадхо барои расидан ба хадафхои оли зарур мебошад.
  2. Аз хам чудо намудани максадхо ба зермаксадхо дар хар яке аз сатхои «дарахти максад» бо як нишонаи чудокуни (коидаи таснифгари) бурда мешавад.
  3. Хар як зермаксади чудошаванда (хамчун натичаи мобайни) бояд ба фаъолияти субъектхои чудогонаи ташкилию мустакил муносибат дошта бошад.
  1. Вобаста аз таъмини «дарахти максад» талаб карда мешавад, ки дар кадом сатхи сохтори чудо намудани максадхоро ба охир расонад: ташкилкуни, таксимкуни, ичрокуни. «Дарахти максад» то сатхе созмон дода мешавад, ки дар онхо шахси масъули ичрокунанда ба ташкил намудани чорабинихо, барномахо чихати ба дастовардани хадафхо шуруъ менамояд, аник карда шудааст.

Сатхи чудокунии таркибии максадхои инноватсиони барои ба вучуд овардани махсули нав аз инхо иборат аст:

  • ташаккули хадафхои максаднок (асоси);
  • зермаксадхо аз руи давраи хаёти силсилавии махсулот: (маркетинги стратеги, корхои илми-тадкикоти ва тачрибави- лоихакаши, истехсол, фуруш, хизматрасонии истеъмолкунандагон);
  • дар хар як давра мутобикшавии корхона ба раванди инноватсиони аз нуктаи назари ташкилу тайёр намудани захирахо, идоракуни, технологияхо, сохтори ташкили;
  • аз руи ташкили сохтории мушкилхо зермаксадхои чудогона бо унсурхои (масалан, аз руи захирахо, зермаксадхо оиди захирахои мехнати, модди-тезники, иттилооти, молияви) мукаррар карда мешаванд.

Сатхи аз хам чудо намудани максадхои инноватсионии гузариш ба технологияи нав аз чунин хадафхо иборат мебошад:

  • ташкилёбии максадхои асоси;
  • мукаррар намудани зермаксадхо аз руи силсилаи хаётии давраи технологияи инноватсиони (бадастори, омодасози (мутобикшави) амалисози).

Бахисобгирии хадафу манфиатхои «дарахти максад» бо ёрии назарияи чадвалхо гузаронида мешавад. Дар раванди оли кардани максадхои инноватсиони пеш аз хама ду нишондиханда ба хисоб гирифта мешавад:

  • зариби (коэффисиенти) нисбии мухим будани зермаксад (то кадом андоза зермаксади мазкур барои максадхои боло мухим мебошад)-В
  • зариби (коэффисиенти) манфиатнокии дутарафаи (коэффисиенти мутлаки ахамиятнок, яъне то чи андоза зермаксад барои максадхои асоси мухим мебошад)-Р

Зариби (коэффисиенти) нисбии ахамиятноки хар яке аз зермаксадхо аз тарафи тартибдихандагони «дарахти максад» бо назардошти сахми он танхо барои ноилшави ба максадхои дар боло гузошташуда мукаррар мегардад. Шарти ноилшави ба максади асоси ин амалишавии хамаи зермаксадхо, яъне чамъи андозаи зарибхои (коэффисиентхои) нисбии мухим будани онхо мебошад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222