Главная / Илм / Мактаби машшоия

Мактаби машшоия

Сардафтари фалосифаи машшоия Абуюсуф Яъкуб ибни Исхок ал- Кинди ва барчастатарин симои он Шайхурраис Абуали Ибн Сино(980- 1037) мебошанд. Мактаби машшоияи Шайхурраис Ибни Сино пайрави Арасту /384-322 к. а.м./ ба шумор меравад ва номи ин мактаб низ аз он чихат аст, ки Арасту одат доштааст, бо шогирдонаш хангоми дар бог ё гулгашти Академияи Афлотун кадам задан /ки ба араби «машо» ва юнони. репра1ейко§ аст/ дарс ва акидахои худро баён кунад.

ibn-sinoРавиши фалсафии истидлолии машшоъ пайравони зиёде дорад ва яке аз аввалин файласуфи исломии ин мактаб Абу Юсуф Яъкуб ибни Исхок ал-Кинди аз нажоди араб аст. Замоне, ки у ба фалсафа машгул шуд, хануз касе аз миёни муслимин ба фалсафа напардохта буд. Кинди аввалин файласуфи исломист, ки дар мубохисоти фалсафии худ таолими исломро низ пеши назар доштааст. Яъне у аввалин файласуфест, ки андешахои фалсафии Юнонро бо андешахои исломи созгор сохт. Баъди Кинди намояндагони мактаби машшоъия ба тартиб:Абунасри Фороби, Шайхурраис Абуали ибни Сино, Хоча Насируддини Туси, Мир Домод, Ибни Рушди Андалуси, Ибн Бочаи Андалуси ва гайра ба шумор мераванд. Мактаби машшоъия дар шахси Шайхурраис ибни Сино мазхар ва камоли пурраи худро касб кардааст, аз ин ру вайро бисёрихо сардафтари ин мактаб мешуморанд.

Абунасри Форобй (870-950)

Хаким Абунасри Фороби яке аз маъруфтарин шахсияти мактаби машшоия буда, бо номи муаллими сони, баъди Арасту, ном бароварда аст. Абунасри Фороби дар махали Фароби сохили Сирдарё, холо каламрави кишвари Казокистон ба дунё омада аст. Таълимоти аввалияро дар ватанаш ва баъдан дар Димишку Багдод мантику илохиёт ва улуми замонашро фаро мегирад. Фороби мисли Сукрот марди хоксору камбизоате буда, хилватнишин ва порсо будааст ва дар хаштодсолаги дар Халаб-шимоли Сурия вафот кардааст. Гуфтаанд забонхои зиёде то 70 забон медониста, хадди акал ба форсию турки ва арабию юнони ворид будааст.

Осори вай хеле зиёд (афзун аз 40) ва гуногунсоха мебошад. Маъруфтарин осори у иборатанд аз: «Ал-чамъ байна раъйил-хакимайн», «Эхсоъ-ул-улум», «Фусус-ил-хикам», «Орои ахли мадинаи фозила», «Ас- сиёсатул-мадания» ва г-ра.

Вай шарху эзохоти зиёде ба осори Арасту ва Афлотун навишта, кушиши аз байн бурдани ихтилофоту зиддиятхо ва ошти додани ин ду файласуфи бузургро аз чумла дар китоби: «Ал-чамъ байна раъйил- хакимайн» кардааст. Дар ин кушишхои худ хадди акал у ду масъаларо хуб дарк кардааст, ки бо вучуди интикод аз мусули Афлотун худи Арасту дар баёни сурат ба чунин натичае меояд, ки «сувари рухони»е моварои ин олам вучуд дорад ва аммо дар масъалаи офаридани олам аз тарафи Худо Арасту бар вучуди нахустмухаррик, яъне ба вучуди хамон Худо коил аст.

Фороби аввалин мутафаккирест, ки дар олами ислом даст ба навиштани китоби доиратулмаорифи (энсиклопедия) бо номи «Ихсоулулум» задааст, ки пас аз у даххо чунин китоб навишта шуданд.

Барчастатарин чихати фалсафаи Фороби мантик аст. Вай аз мантикшиносони машхури замонаш буда, шархи зиёде низ ба осори мантикии Арасту навиштааст. Вале Фороби дар баробари таблиги фалсафаи юнони дар инкишоф ва такмили он низ кушидааст. То чи андоза ворид будани Форобиро ба фалсафаи юнони, умуман ва алахусус дар фахмиши фалсафаи Арастуро аз як накли Ибни Сино метавон дарёфт. Ибни Сино худ накл мекунад, ки у китоби «Мобаъдуттабиа»-и Арастуро чихил бор хонда нафахмидааст ва аз фахми он маъюс шуда, то замоне, ки дар бозор китобчаеро ба нархи се дирам ба у пешкаш мекунанд, ки он хамон «Агрози китоби Мобаъдутабиа», навиштаи Абунасри Фороби буда ва пас аз мутолиаи он барои Ибни Сино фахми китоби «Мобаъдуттабиа»-и Арасту муяссар гардида. Ин худ шаходат аз он медихад, ки Фороби чи макоми бузург ва дониши амики фалсафаи Юнонро доштааст. Зимнан худи эътирофи макоми Фороби аз тарафи Ибни Сино низ як далели котеъ аст, чунки дар сарчашмахо Шайхурраисро хамчун шахси хурдагир ва бадмуомила бо уламои хамасраш таъриф кардаанд ва бо шаходати ин сарчашмахо у чуз Абунасри Фороби касеро аз файласуфони замонаш эътироф накардааст.

Фороби дар хастишиноси ё фалсафаи вучуд акида дорад, ки хар он чи хаст ё вочиб-ал-вучуд аст ё мумкин-ал-вучуд, чуз ин ду навъи вучуд вучуде нест. Вочиб-ул-вучуд он аст, ки вучуди уро иллате нест, аммо мумкин-ал-вучудро иллату сабабе хаст. Чун хар як мавчуде иллате дорад ва аммо силсилаи иллат ва маълулро наметавон беохир идома дод, бояд нахуст иллате бошад, ки вучуди у аз дигар мавчуде вобаста набошад ва он вочиб-ул-вучуд аст.

Пайдоиши хасти дар фалсафаи Фороби аз тарики судур ва фаязон аст, ки дар он таъсири фалсафаи навафлотуни хувайдост ва мегуянд дар доираи фалсафаи исломи Фороби аввалин шуда масъалаи судурро баён кардааст. Худоро инсон аз тарики офаридахои Вай мешиносад. Сурат ва мусули хастии ашё аз азал назди Худост ва худо бо тааккул ба зоти хеш Акли аввалро судур мекунад ва хамин Акли аввал мухаррики Фалаки Акбар аст. Аз акли аввал ба тадрич дах акли дигар фаязон мекунанд, ки ба тартиби афлоки кайхонист ва акли дахум бо судури фалаки камар силсилаи афлоки осмони такмил ва сайри олами замини огоз ва бо зухури инсон ки хулосаи олами коинот аст ин чараёни такомул ба камоли худ мерасад.

Бахси аклхо дар фалсафаи Фороби аз чолибтарин ва густардатарин бухус дар доираи фалсафаи исломи мебошад. Вай мисли Арасту аз акли билкувва, акли билфеъл, акли мустафод ва акли фаъол бахс мекунад. Фороби аклро тарики мутлаки расидан ба саодат медонад, ки иборат аз орзуи расидан ба мартабаи акли фаъол ва бахраманд шудан аз он аст, ки лозимаи он се навъ амал аст: ироди, аклони ва чисмони, ки мутобики се навъ фазилат: ахлоки, акли ва синоъи мебошад.

Афкори фалсафии Фороби куллан дорои як пайвасти ногусастанист. Байни мобаъдуттабиа (метафизика)и у ва орои ичтимоию сиёсии у дар «мадинаи фозила»и ормониаш алокамандии мантики мавчуд аст. Хизмати Фороби дар сиёсати мадани ва коркарди назарияи кишвар- шахри ормони ё «мадини фозила» бенихоят калон аст.

Шайхурраис Абуали ибни Сино (980-1037) Мактаби машшоия дар шахси Шайхурраис Абуали ибни Сино мазхар ва камоли пурраи худро касб кардааст, аз ин ру вайро бисёрихо сардафтари ин мактаб мешуморанд. Тайхурраис Ибни Сино аз пайравони мактаби Арасту буда, дар такмилу рушди он накши муассире гузоштааст.

Осори фалсафии Тайхурраис хеле зиёданд, Мухаммад Рашшод 104 номгу аз онхоро дар китоби худ «Фалсафа аз огози таърих» ёд кардааст, ки мухимтарини онхо: «Китоб-аш-шифо», «Донишнома», «Ан-начот», «Ишорот ва танбехот», «Мабдаъ ва маъод», «Ал-хикмат-ул-машрикия» ва дар тибб китоби доиратулмаорифии «Ал-конун» мебошанд.

Тайхурраис Абуали Ибни Сино дар тамоми мавзуоти фалсафи: мантик, илохиёт (метафизика), илми нафс, табииёт, фалакиёт, фалсафаи ишрок ва ирфон, тадбири манзил ва г-ра ба чуз илми сиёсат ва давлатдори акида баён кардааст. Ягона камбудии Тайхурраис дар мукоиса бо Афлотуну Арасту ва Фороби он аст, ки дар осори у бахсхои «мадинат-ул-фозила», яъне таълимоти сиёсиву давлатдории ормони чун дар ин се нафар нестанд. Иллати сарфи назар кардани ин мавзу равшан нест ва тахкики он низ аз хавсалаи ин китоб берун аст.

Тайхурраис илохиётро мисли Фороби аз исботи «Вочиб-ал-вучуд» (он мавчуде, ки хастиаш – вучудаш хатми, зарури-вочиб аст) огоз мекунад. Вай мавчудотро ба ду кисмат: «Вочиб-ал- вучуд» ва «мумкин- ал-вучуд» таксим мекунад. Вай мегуяд: «хар вучуде ё вочиб аст ё мумкин, агар вочиб бошад, вучуди Вочиб-ал-вучуд дуруст аст ва он матлуби мост ва агар мумкин бошад, мо ошкор мекунем, ки мумкин саранчоми вучудаш ба Вочиб-ул-вучуд мунтахи мешавад». Мумкин-ал- вучуд дар таърифи у чизе аст, ки мухточи як иллати хоричи аст, ки уро аз кувва ба феъл дарорад ё эчод кунад. Вочиб-ал-вучуд хамон Худо аст, ки ба зоти Худ мавчуд аст ва ниёз ба мусаббибе ва ё муваччиде хорич аз худ надорад. Ин назария марбут ба масъалаи дарёфти сари занчири иллату маълул дар хасти мебошад.

Вочиб-ал-вучуд – Худои фалсафии Шайхурраис мисли Худои адён дорои сифот мебошад, ки онро у ба тафсил барраси карда ва он аз доираи илохиёти ислом (агар он эроди Мухаммад Газзолиро ба у дар мавриди огохии Худо аз куллиёт ва чузъиёт сарфи назар кунем) берун нест. Аммо дар мавриди пайдоиши олам байни тасаввуроти дини ва таълимоти фалсафии Тайхурраис тафовут аст. Тайхурраис дар ин маврид мисли Фороби оид ба судур (ё халк, ибдоъ ва инбичос-таркиш) бахс мекунад ва хамчунон, ки дар назарияи Фороби дидем, аввалин судур Акли аввал ва сипас ба тартиб дах акли дигар ва «Нафси фалак» судур мешавад. Хулоса, Тайхурраис хастиро ба ду кисми таззод: олами афлоки комил ва олами моддаи нокис таксим кардааст ва нафси инсони комилро воситаи пайвасти ин ду олам мешуморад.

Дар мавриди модда ва сурат ва интикоди Афлотун Ибни Сино аз Арасту пайрави карда, вале бар хилофи Арасту суратро мукаддам ба хаюло медонад ва барои чамъи миёни сурат ва модда барои «Вохибуссувар» – бахшандаи сурат чой холи мекунад.

Шайхурраис Абуали Ибни Сино дар аввал, дер гохе сахт зери таъсири фалсафаи машшоияи юнони буда, дар ривочи он хизмати зиёде кардааст, аммо дар мархалахои охири умраш ба коркарди намунае аз фалсафаи шарки-«хикмати ишрок» кушидааст, баъдан ин тархи уро файласуфи дигари эрони Сухраварди идома дод.

Мо бакияи нукоти асосии фалсафаи Шайхурраисро аз мавкеи фалсафаи арастуи (аз чумла назари у дар мавриди таъриф ва табакабандии хикмат, чавхар ва араз, хаюло ва сурат, аксоми харакат) дар чойхои лозима, ёдовари хохем кард.[1] Инчо як нигохи зудгузаре ба хамин чихати охири таълимоти Шайхурраис хохем кард, ки камтар мавриди таваччухи мухаккикин карор гирифтааст.[2]

Афкори тозаи Шайхурраис дар «Китоби хикмат-ул-машрикия» ва якинан дар рисолаи «Фи мохият-ил-ишк» ифода ёфтааст. Мутаассифона, аз китоби аввал чуз чанд бахше боки намондааст, аммо рисола «Дар мохияти ишк» то ба мо расида ва метавон аз он то андозае диди тозаи Шайхурраисро наздик ба фалсафаи ишрокия дарёфт.[3]

Дар ин рисола Шайхулраис Ибни Сино ишкро чустучуи зебои меномад. Ормончуии инсон хамон харакати ишк аст ба суи зебои ва зебои хамон камол аст. Дар робита ба хамин мавзуъ у хастиро ба се дарача ё мартаба кисмат намуда, ки иборатанд аз:

  • он чи дар нихояти камол аст;
  • он чи дар нихояти нукс аст;
  • он чи мо байни ин дуст.

Аммо мартабаи сеюми хасти вокеият надорад, зеро ки он чи хаст ё ба зарурат ба камол расида аст ё аз нукс ба камол меравад. Мувофики ин назарияи Ибни Сино хама хасти: чи хаюло (вай модда хаюлоро ба зани зишт монанд кардааст, ки то зиштии худро бипушад хамеша мекушад аз сурат чудо нашавад ва майл ба сурат дорад), чи наботу чи хайвону чи инсон, хама гурез аз нуксон ва майли доимии табии ба камол доранд. Вай баъд аз тавзехи ин матлаб дар набот хайвон ва инсон, майл ба камолро дар асари ин ишки гаризии иллати хама хасти мешуморад. Ин чо як кушиши ба хам пайвастани фалсафаи машшоия (Арасту) бо ирфону завк шудааст ва он аз фалсафаи давраи нави аврупои мавзуи макоми ирода дар орои Артур Шопенхауэрро ба ёд меорад.

Имом Газзоли Абухомид Мухаммад (1059-1111) аз барчастатарин мутакаллимонфайласуфони мазхабии ислом мебошад, ки чи дар Шарк ва чи дар Гарб шухрат ёфта. Накши Газзоли дар таъриху дину фалсафаи ислом нихоят бузург аст. У дар замоне зухур кард, ки олами масехи аз як тараф бо чангхои салиби ва аз тарафи дигар ноаён бо рохи мафкурави аввалин хучуми доманадори худро, чихати бахам пошидани олами ислом шуруъ карда буд. Дар назди Газзоли мухимтарин вазифа меистод, ки он баробар бо кори як сипохи азиме дар майдони мухорибаи чанги буд ва он иборат аз зарба задан ба истилои фархангии олами масехи аз тарики ворид кардани фалсафаи юнонимаоб буд. У ин вазифаро сарбаландона ичро кард ва зарбаи мухлике ба пайкараи фалсафаи юнонимашраб ворид намуд, ки дер муддате он натавонист аз ин зарба ба худ ояд.

Газзоли осори зиёде таълиф намуда, ки микдори онхо болиг ба 500 асар аст. Маъруфтарин китобхои у: «Эхё-ал-улум ад-дин» ва мухтасари форсии он «Кимёи саодат», «Ал-мункиз мин-аз-залол», «Макосид ал- фалосифа» ва «Тахофут-ал-фалосифа» мебошанд.

Имом Газзоли, ки ба мантик ва илми калом ошнои ва махорат дошт дар зарфи камтар аз 3 сол бе устод фалсафаро хангоми дар Багдод тахсил карданаш фаро гирифт ва дар се китоби охирин ёдшудаи боло назариёти онхоро баррасии интикоди намуд. Маълум аст, ки интикоди фалсафа бидуни донистани фалсафа намешавад. Вале, масъала дар сари чигунагии интикодотанд, оё онхо бо усули маърифати фалсафианд ё мабни ба усули раддияхои дини? Абухомид Газзоли назари файласуфонро дар «Тахофут-ал-фалосифа» дар бист масъала бидъат ва дар се масъала ба куфр махкум мекунад.

Аввалан, у файласуфонро ба се даста-гурух: дахриён, табииён, илохиён таксим намуда, дахриёнро бо ахли зиндика (худоношиносон- атеистхо) баробар карда, ки Худоро инкор мекунанд ва оламро мавчуд ба нафси хеш медонанд; табииёнро, ки вучуди офаридгори хакимро кабуд доранд, вале охиратро инкор мекунанд, Газзоли онхоро бо вучуди имонашон ба Худо, ба катори ахли занодик баршуморида; илохиён аз назари у, онхое хастанд, ки дар катори онхо Сукрот, Афлотун ва Арасту ва аз миёни пайрави онхо Абунасри Фороби ва Ибни Сино низ хастанд, худ бар зидди дахриён ва табииён раддияхо навиштаанд ва аз онхо безори чустаанд. Бо вучуди ин, онхоро низ дар се масъала гумрох ва такфир карда. Он се масъала: яке кадимии олам, дигаре рухони будани мукофоти амал дар охират, на чисмони ва олим будани Худо ба куллиёт, на ба чузъиёт аст.

Ибни Рушд (1126-1198) аз маъруфтарин файласуфони исломии Андалузияи Испания мебошад, ки таъсири амике дар афкори фалсафии Шарку Гарб гузоштааст. Аз асри ХШ-Х^1 дар Аврупо тахти таъсири бевоситаи таълимоти Ибни Рушд (Аверроэс) равияи маъруфе дар фалсафа бо номи «аверроизм» ба вучуд омада, аксарияти мутафаккирони кабл аз Эхё ва давраи Эхё (асри 13 Сигер Брабандский ва Боэтсий Дакийский, а. 14 Жан Жанден, а. 1416 намояндагони мактаби Падуани, Донишгохи Болонский, П. Помпанатси, Чордано Бруно, Пико делла Мирандола)ро тахти таъсир дошта аст.

Ибни Рушд дар баробари дифоъ аз фалсафаи машшоия, аввалин шуда кушиши таъйини худуд ва доираи мавзуоти дин ва фалсафаро кардааст, ки он бо номи «хакикати дугона» маъруф аст.[4] Мувофики ин назария нохакикати илохиёти-дини метавонад дар фалсафа хакикат бошад ва баръакс, нохакикати фалсафи метавонад дар илохиёту дин хакикат бошад. То Ибни Рушд дин ва фалсафа ду чабхаи ба хам мухолиф ва таззод буд. Файласуфон асосан акоиди худро танхо бо истидлолоти акливу мантики собит мекарданд, таваччухи камтаре ба маъхазу сарчашмахои дини доштанд ва мехостанд барои бахс мазхабиёнро ба марзи мантику акл кашанд, ки имконнопазир буд. Ибни Рушд ин суннатро вайрон карда, худ ба марзи чабхаи мухолиф (дин) даромад ва дар асоси иктибос аз оёти Куръон ва хадисхо, бо истифода аз таъвил собит кард, ки байни дину фалсафа зиддияти оштинопазире нест.

5.7. Мактабхои фалсафии баъди Ибни Сино

Мактаби ишрок. Чунон ки каблан гуфтем хануз Шайхурраис Ибни Сино фикри бунёди фалсафаи шаркиро карда буд. Ду насл баъд аз у Шайх Шахобиддин Сухраварди (мактул 1191) ин фикри уро чомаи амал пушонид.

Мактаби ишрокии Шайх Шахобиддин Сухраварди пайрави Афлотун \ 427-347 к.а.м.\ ба шумор мераванд. Тафовути асли ва чавхарии равиши ишроки ва машшои ин аст, ки дар равиши ишроки барои тахкик дар масоили фалсафи ва махсусан “хикмати илохи” танхо истидлол ва тафаккури аклиро кофи намешуморанд балки сулуки калби ва мучохидоти нафс ва тасфия- поксозии онро низ зарури ва лозим медонанд дар сурате, ки равиши машшои танхо такя бар истидлол дорад. Албатта, бахсхое низ дар мавриди он, ки дар вокеъ байни равиши арастуи ва афлотуни тафовуте буда ё набуда хастанд, ки аз хавсалаи ин мукаддима берун аст.

Мактаби ишроки назар ба машшоия доираи махдудтаре дорад. Баъд аз Шахобуддини Сухраварди аз пайравони ин мактаб Кутбуддини Шерози ёд шудааст.

ХИКМАТИ МУТАЪОЛИЯ, яке дигар аз мактаби фалсафии исломи аст, ки аз тарафи марди эроние бо номи Садр-ул-Мутаолихин Шерози (ваф. с.1050 х.к.) поягузори шуд. Садр-ул-Мутаолихин расман фалсафаи худро хикмати мутаолия хонд ва бо хамин ном машхур шуд. Калимаи хикмати мутаолия аз тарафи Шайхурраис Абуали Сино низ дар китоби “Ишорот ва танбехот” ба кор рафтааст вале Садрулмутаоллихин расман фалсафаи худро хкмати мутаъолия хонд ва бо хамин ном машхур шуд. Хикмати мутаолия аз лихози равиш шабехи мактаби ишрокист, яъне ба истидлол ва кашфу шухуд дар якчояги эътикод дорад, вале аз назари усул ва аз назари натичагири тафовут дорад. Дар фалсафаи Садрулмутаоллихин бисёре аз ихтилофоти байни машшоъ ва ишрок ё фалсафа ва ирфон, фалсафа ва калом хал шудааст, вале бо вучуди ин он фалсафаи илтикоти (эклектики) нест, балки як низоми хоси фалсафи аст.

Хулосаи равишхо ва дастовардхои фалсафаи асрхои миёна

Дар асрхои миёна чи дар Шарки исломи ва аксаран дар Гарби масехи, масъалахои асосии фалсафи иборат буданд аз:

  • ба хизматгори илохиёт табдил додани фалсафа ва исботи фалсафи (онтологи, космологи ва телеологи)-и хастии Худо;
  • бахсхои кидам ва ё ходис будани олам;
  • ягонагии табиат ва Худо – назарияи вахдати вучуд;
  • бахс дар атрофи чабр ва ихтиёр, озоди ва масъулияти инсон;
  • кушиши ошти додани дин ва фалсафа ва рох кушодан ба илму фалсафа – назарияи хакикати дугона;
  • таносуби ашё ва мафхуми онхо: номинализм ва реализм;

[1]   Муфассал дар бораи фалсафаи Ибни Сино ниг.: М.Диноршоев, Фалсафаи замони феодализм. // дар китоби «Очеркхои таърихи фалсафа» ва хамчунин китоби у «Натурфилософия Ибн Сины», Душанбе: Дониш. -1985.

[2]   Ман танхо дар китоби «Мабонии фалсафа», таълифи дуктур Осифа Осифи. 1370. С.220221 баёни назари Ибни Синоро дар асоси ин рисола дидам.

[3]  Абуали Ибн Сино. Ос. мунт.Ч.2. -Душанбе: Ирфон. 1983. -С. 29-44.

[4]   Дар мавриди интикоди Ибни Рушд аз М. Газзоли ва дифои фалсафаи машшоия ниг.: М.Диноршоев, Фалсафаи замони феодализм. //дар китоби «Очеркхои таърихи фалсафа». С.60-64.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222