25 июл натичахои озмуни таксимоти асосии довталабон дар имтихонхои марказонидаи дохилшави ба муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касбии Чумхурии Точикистон дар соли 2023 эълон карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Чумхурии Точикистон хабар медихад.
Дар бораи натичаи озмуни таксимот аз соати 00:00-и 25 июл ба раками телефони мобилие, ки онро довталабон дар вакти бакайдгири нишон медиханд, паёмак (SMS) фиристода шуд ва довталабон аз он дар бораи комёб гардидан ё нагардидан аз руйи яке аз комбинатсияхои ихтисосхои интихобкардаашон огох шуданд. Ин паёмаки телефони (SMS) ба довталабон ройгон фиристода шуд, инчунин довталабон метавонанд аз кабинети инфироди ё бо мурочиат (аз чумла тавассути телефон) ба Марказ ва бахшхои минтакавии он аз натичаи таксимот ба муассисахои таълими бори дигар огох шаванд.
Маълумоти муфассал дар бораи натичахои озмуни таксимот дар кабинети инфиродии хар довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши «Натичаи таксимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз руи интихоби № n гузаштед!» дарч гардида бошад (ранги пасманзари он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни таксимот ба муассисахои таълими мувофики яке аз комбинатсияхои ихтисосхои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар чадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз руйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.
Агар дар бахши «Натичаи таксимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз руйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! Имкони дар таксимоти такрори иштирок кардан доред. Барои ин бояд аз 12 то 15 августи соли 2023 дар яке аз нуктахои бакайдгири аз нав аз кайд гузаред» дарч гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни таксимоти асоси аз руйи хеч яке аз комбинатсияхои ихтисосхои интихобкардааш комёб нагардидааст.
Инчунин дар бахши «Натичаи таксимот»-и кабинети инфиродии довталабе, ки бинобар сохиб нашуданаш ба холхои гузариш аз як ё якчанд субтести кисми А ё Б ва ё кисми В ё Г ба озмуни таксимот рох наёфтааст, матни «Шумо ба озмуни таксимот рох наёфта будед» нишон дода мешавад, ки ранги пасманзари он сурх аст.
Довталаби дар озмуни таксимоти асоси комёбшуда бояд дар мухлати мукарраргардида- аз 25 июл то 6 август ба муассисаи таълимии дахлдор барои номнависи ва кабул хозир шавад. Дар сурати бо сабаби узрнок хозир шуда натавонистанаш довталаб вазифадор аст, ки то 6 август дар ин бора бо пешниходи хуччати тасдиккунанда ба муассисаи таълими хабар дихад, вагарна ин довталаб чойи худро дар муассисаи таълими аз даст медихад ва чойи кабулшудаи у дар озмуни таксимоти такрори пешниход мешавад. Инчунин довталаби мазкур хукуки иштирок дар озмуни таксимоти такрориро надорад.
Хуччатхои зарурие, ки довталабони дар озмуни таксимот комёбгардида бояд ба муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниход намоянд, инхоянд:
1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълими;
2) хуччат дар бораи тахсил (диплом ё аттестат);
3) маълумотномаи тибби (шакли 038-у);
4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);
5) маълумотнома аз чойи зист;
6) шиноснома (асл ва нусха) ё хуччати тасдиккунандаи шахсият бо сурат, ки макоми ваколатдори давлати додааст (асл ва нусхаи шаходатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои тахсилоти умумии асоси – синфи 9-ум);
7) билети харби (агар дошта бошад) ё шаходатномаи харбии даъватшаванда (барои мардон);
8) нусхаи дафтарчаи мехнати (агар собикаи кори дошта бошад).
Маълумоти бештарро метавон аз сахифаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Чумхурии Точикистон https://ntc.tj/tj/ дастрас намуд.