Аз маъруфтарин маросимхои ибодатии насрони хафт «фарз» ё «асрор» (таинство) номида метавонд. Он хафт мукаддасот ё асрор (фарзхо), ки хам православхо ва хам катуликхо кабул доранд, аз гусли таъмид (крешение), тадхин( ашои раббони, (рус.-причащение, лот. -евхаристия), такдис (священство), тавбаву икрор (покаяние, исповед), тадхини майит(миропомазание), никох ва санавбарсузи (елосвящение) иборатанд. Аз ин хафт асрори насрони:
!- гусли таъмид поксози аз нахустгунохи инсон бо рохи гусл додани кудак дар об (православхо) ё ба воситаи пошидани об (дар катуликхо);
- тадхин (ба пешони, чашм ва гуш ва дигир аъзои бадани молидани ругани хушбуи зайтун хамчун рамзи дарёфти рахмати илохи ва пайвастан ба олам хангоми гусли таъмид:
- ашо( ё гизо)-и раббони, яъне тановули нон ва май хамчун рамзи тан ва хуни Масех:
- тавбаву икрор аз тарики икрор шудан ба гунохон дар хузури падари рухони;
- такдис, маросими кабули мартабаи рухоният;
- никох -издивоч яке аз хафт асрори насрони буда, дар православия ва катуликхо мукаддас дониста мешавад. Пайвастани зану шавхар ба воситаи никох амали солехи ахлокию мазхаби буда, хомии он худи Худо мебошад. Аз ин ру, дар дини насрони гусастани никох (талок) амали нихоят мушкил аст;
- санавбарсузи ё тадхини майит- бо равгани зайтуни мукаддас майит ва ё бемори дами маргро чихати рахои бахшидан аз беморихои чисмони ва рухони ва хамчунин поксози аз гуноххои тавбанакарда муаттар кардан ва хондани дуъо.
Тибки эътикоди насрониён дар маросимхо зохири, яъне амалхои муайяни зохири хайру рахмати сиррию пинхони илохи нихон аст.