Главная / Илм / Мавкеи Намоз хамчун ибодат дар Ислом

Мавкеи Намоз хамчун ибодат дар Ислом

Ибодат дар ислом асосан рукнхои дуввум, сеюм ва панчуми аркони онро ташкил мекунад.Он иборат аз панч вакт намоз гузоштан дар тули як шабонаруз, дар мохи рамазон 30 руз руза доштан ва анчом додани хаччи “Хонаи Худо” яъне зиёрати Каъба мебошад. Охирин вобаста аз имконияти моли ва шароит аст. Фалсафаи ибодат дар ислом хануз ба тарзи бояду шояд тахкику барраси нашудааст. Танхо аз илохиёти исломи чунин бармеояд, ки парвардигор аз он, яъне ибодати муъмин бениёз аст, чун аз он хеч суду зиёне надорад, суду зиён аз анчом додан ё надодани он ба инсон мерасад. Ибодат пеш аз хама изхори бандаги ва фурутани ва зикру ситоиши Пкарвардигор аст.

namozДар ташаккули низоми ибодати ислом, ба акидаи исломшиносон, таъсири динхи то исломи зиёданд. Дар аввал Мухаммад (с) баъзе ибодати динхои насрони ва яхудиро риоя кардааст. Масалан, дар солхои якум ва дуюми хичрат Мухаммад (с) ва уммати у рузаи яхудиён ва насрониёнро мегирифтанд ва инчунин хангоми намоз руй ба суи Байтулмукаддас (Иерусалим) мекарданд.

Чунон, ки баъзе шаркшиносон иддао доранд дар аввал Мухаммад(с) чандон равшан худро асосгузори дини нав намешуморад, вай дар аввал гумон мекардааст, ки як муслих- навоваре дар дини насронх ё яхуди мебошад. Далели ин, ба кавли онхо, баъзе гуфтахои худи у мебошанд. Масалан, ишора ба он хадисе кардаанд, ки дар он омада: “Инни чиъту лаакмалту дийникум” -Ман омадам, то ки дини шуморо такмил кунам”. Хамчунин дар ташаккули ибодатхои исломи, масалан, дар намози панчвакта вучуди таъсири бевоситаи дини зардуштияро низ таъкид кардаанд.

Харчанд ислом дар илохиёт ба сатхи фалсафаи ноб-гояи соф тачридии Худо, ки наздик ба “идеяи мутлак”,”рухи абсолюти”-и Хегел, расида бошад хам,дар сохаи ибодат тамоми хусусиёти динхои (пешина)-ро хифз кардааст. Мухаммад(с) чунон ки дар Куръон омадааст дар аввалхои ба Мадина омаданаш мегуяд: “Ва лиллохи ал машрику вал-магрибу фа-айна мо туваллу фасаму вачхул-лоха инн- Аллаха восиъун алимун” “Машрик ва Магриб (харду) мулки Худост, пас ба хар тарафе, ки руй кунед, ба суи Худо руй овардед, Худо ба хама мухит (ва ба хар чиз) доност”. Ин маънои онро дорад, ки муъмин ба хар суй, ки нигарад ру ба Худо дорад, ба ибораи дигар, киблаи муъмин хамон аст.

Вале баъдан мебинем, ки заруриятхои сиёси ва суннатхои кавмии араби бар Мухаммад (с) боло мегиранд ва у хангоми намоз ру ба тарафи Каъба (шахри Макка) карданро талаб мекунад. Каъбаро, ки кабл аз ислом бутхонаи мушрикон буда “бейтил” хонаи худо ном дошт «Байбуоллох» номидан ва таърихи бунёди онро ба рисолати хазрати Иброхим пайвастанд. Хатто асоситарин васанро, ки бутпарастон “хачар-ул-асвад”- санги сиёх меномиданд, дар он хамчун шаъойир- мазхри парастиш нигох медорад. Ин гузашт ба бутпарасти буд ё онро зарурият ва хусусияти парастиши дини ва фишори анъана такозо мекард? Ба чавоби ин савол метавон хаминро гуфт, ки ин гузашт аз такозои хусусияти худи дин аст. Чунки барои парастиш ва ибодати дини пеш аз хама объекти аник, мазхари мушаххаси айни зарур аст ва яке аз тафовутхои асосии дин аз идеализми фалсафи низ дар хамин аст. Оё ин зиддияти чддие байни таълимот оид ба Худои ягонаи дар хама чо хозиру нозир, ки макому нишеманаш аршу курси мебошад ва вучуди тасаввуроти омиёнаи бутпарасти хонаи Худо “байтил” нест?

Дар Куръон (сураи ал- Хаии, ояти 32,36)ин зиддият: парастиши санги сиёх ва зиёрати Каъбаро бо баёни он, ки ин хама шаъоир (яъне маросими парастиш)и худоянд хал карда мешаванд. Ин буд ки Паёмбар хонаи Каъбаро хамчунин хонаи Худо (ибодатгохе), ки онро Иброхим (Халилуллох дустдошта, мухиби Худо)бино карда тавзех дода, хамчун киблаи мусалмононро асоснок намуд.

Чунон ки зикр шуд, дар шариати ислом макому мавкеи ибодат ва аз чумла макому мавкеъи намоз хело баланд аст. Дар Куръон хар чо ки ибодатхоро зикр намуда, намозро мукаддам овардааст. Чунончи мефармояд: “Акимуссалота ва уътуаз-закота”(,1. сураи 2:43) Дар хадис Паёамбари ислом(с) фармуда:”Ас-салоту ъимоду- д-дин ва мин акомахо фа-кад акома дини фа ман таракахо фа-кад хадама дина”- “Намоз сутуни дин аст ва хар кас онро ба по дорад, динро ба по дорад ва хар кас онро тарк кунад динро тарк кардааст.”

Пас намоз (ба араби.ас салот) нахустин маросими ибодатии ислом аст. Бинои ислом, чунон ки гуфтем бар панч рукн устувор аст. Намоз дар бинои ислом рукни дуввум ва асоси ба шумор меравад. Дар мавриди фалсафаи намоз уламои ислом бисёр навиштаанд. Он пеш аз хама икрор ба бандаги ва хамду сипосгузории инсон нисбат ба холик ба парвардигори худ аст. Намоз аз нигохи фалсафаи дин воситаи асосии баркарории иртиботи диндор ба худост, ки дар он хар шахс арзу ниёзи худро ба Худо баён мекунад. Вале дар намози ислом дар худи дохили он масъалаи хосту такозои ин ё он ниёзу эхтиёи ва дархосте чуз дар охири намоз, нест, балки танхо ситоишу хамди парвардигор ва хониши ин ё он сураи Куръон мебошад.

Аз назари маънавию равони (психологи) намоз рохи хело мухими таскини рухию равони, яъне тазкияву тасфияи нафс ва поксозии маънавию ахлоки, эхсоси хузури Худованд нозири гайби ва масъулият дар назди уст.

Тибки ахкоми шариати ислом тамоми корхое, ки шахси балиг (мард аз 14 солаги, зан аз 9 солаги) бояд адо кунад ё накунад ба хашт кисматанд: фарз, вочиб, суннат, мустахаб, мубох, харом, макрух, муфсид. Фарзу вочиб ва суннати таъкидшуда (муаккида) аз навъи корхое хастанд, ки кардани онх савоб аст ва бе узр тарк кардани онхо гунох буда, дар кёмат маврди пурсиш ва муохизаву мучозот мебошад. Масалан, нахондани намози панчвакта ё бе тахорат хондан, риоя накардани фарзу суннатхои намоз аз хамин кабиланд. Мустахаб ва мубох корхое хастанд, ки кардани онхо савоб аст, накарданаш гунох нест ва кардан ё накардани мубох дар шариат баробар аст. Масалан, аз хисоби моли худ харидан ва пушидани чомаи зебову фохир. Аммо дониста кардани корхои харом ва муфсид ва халол шуморидани онхо куфр аст ва сазовори азоб аст. Накардани макрух савоб аст ва кардани он бими азобро дорад.

Намоз ва мукаддамоти он дастуру мукаррароти зиёде дорад, ки баёни хамаи он дар ин чо ба чуз як маълумоти мухтасар имконнопазир аст. Дар мавриди вакту ракат (микдор)-и намоз ба чадвали зерин нигаред.

Фарзхо ё шартхои асосии беруни намоз инхо мебошанд: 1. Поку бо тахорат будан,

  • пок будани сару либоси намозгузор, 3-пок будани чойнамоз, 4-пушида будани бадан (аврат), 5-руй ба кибла овардан, 6-дар вакти худ хондани намоз, 7-ният кардани намози мехондаги, 8-такбири тахрим яъне гуфтани “Аллоху акбар” ё “Аллоху аъзам”.

Накшаи вакт ва теъдоди ракатхо

вакти намоз суннати кабл аз фарз фар

з

суннат и баъди фарз нофи

ла

шум ора и уму м
1 Фачр (бомдод) аз дамидани субхи содик то баромадани Офтоб 2 муаккида 2 4
2 Зухр (пешин)- аз гузашти Офтоб аз мизон то расидани сояи асли хар чизе ба дучанди худаш. 4

муаккида

4 2 муакида 10
3 Аср- аз итмоми вакти намози пешин то фуру рафтани Офтоб 4 чайри муаккида 4 8
4 Магриб (шом)- аз фуру рафтани Офтоб то пинхон шудани сурхии он. 3 2 муаккида 2 7
5 Ишоъ (хуфтан) аз пинхон шу дани сурхии паси Офтоб то дамидани субх 4 гайри муаккида 4 2 муакк ида 3 витри вочиб 4 (2 ракат пеш аз витр

2 баъд

17
Чумъа 4

муаккида

2 4

муаккида

10

Фарзхои дохили намоз панчто мебошанд: 1-киём- рост истодан, 2-кироат- хондани як ояти дароз ё се ояти кутох, 3-дар хар ракат як бор рукуъ (хам шудан), 4- дар хар ракат ду бор сачда, 5-каъадаи охир ва хондани дуои “Аттахиёт”.

Дар дохили намоз муъмин танхо ситоиш ва фурутани, рукуъ ва сучуду ниёиш мекунад. Аз чумла мундаричаи онро хондани сураи “Фотиха”, ки хулосаи Куръон ба шумор меравад ва оятхои кутох, гуфтани такбир-“Аллоху акбар” ташкил медихад. Дуо ва дархост дар охири намоз аст. Намоз бо даъват ба он “азон” огоз мешавад.

Руза ( сиём)-и мохи Рамазон яке аз аркони дигари бинои ислом аст. Дар Куръон сураи 2, ояти 183-185 доштани руза дар мохи Рамазон, ки дар он Куръон (ва тибки ривоятхо хамаи китобхои осмони) нозил шудааст мукаррар карда мешавад. Руза давоми си руз аз субх то шом, байни ин ду вакт, ки риштаи сафедро аз сиёх фарк карда тавонанд чизе нахурдан ва наошомидан мебошад. Ба гайри рузаи фарзи мохи Рамазон метавонад диндор рузахои фарзи гайри муайян ва вочиби дигарро дорад. Руза низ мукаррарот ва мухаррамоти худро дорад. Барои шикастани руза каффора (чарима) муайян карда шудааст. \ Муфассалтар ниг.: Намози комил, мураттиб.Х.Р. Мазохири, Душанбе 1991 ва Заруриёти дин. Тах.М. Бобоназар, Душанбе:.”Исм” 1991.\

Пас аз сипари шудани мохи Рамазон дар охири руза ба рузадорон додани садакаи фитри руза ба шахсони камбагалу мухточ фармуда шудааст. Рузаи мохи Рамазон бо “Иди Фитр” (Рамазон) хотима меёбад.

Куръон дар мавриди чи гуна чашн гирифтани ин ид чизе намегуяд. Дар Точикистон ва бисёре аз нохияхои Осиёи Миёна ин ид аз ёдоварии мурдахо, фотехахони дар хонаи таъзиядор, ки хануз солашон нагузаштааст, худои ба арвохи онхо огоз мешавад. Дар нохияхои чануби ва маркази одати идгардак ба хонаи ёру дустон, хамсояхо ва шиносхо маъмул аст.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222