Фаъолияти олии асаб аз
фаъолияти вохиди сохтори
ва функсионалии он, яъне
нейрон ибтидо мегирад. Функсияи нейрон аз интиколи
импулсхои асаби иборат аст. Импулсхои асаби ё хаячони
асаби шакли махсуси чараёни сусти биоэлектрики мебо-
шад, ки дар худуди организм ба сифати нокили ахбор
хидмат мекунад. Нейрон доимо захираи муайяни барки
дорад, ки он дар холати оромии организм ба 50 милли-
волт (мВ) баробар буда, потенсиали мембрани номида
мешавад. Дар холати хаячон кувваи баркии ядрои нейрон
ба канори он майл карда, дар натича таносуби потенсиали
баркии ядро ва мембрана тагйир меёбад. Дар ин замина
кувваи электрикие хосил мешавад, ки ба 110 мВ баробар
буда, кобил аст хар гуна амали узвхои организмро фаъол
гардонад.
Хамагуна таъсироти мухит (механики, кимёви, фи-
зики ва г.) дар ретсепторхо шакл дигар карда, ба импул-
схои асаби мубаддал мегарданд ва махз дар хамин шакл аз
узвхои канори ба системаи марказии асаб ва аз ончо ба
эфекторхо расонида мешаванд. Импулсхои асаби гуё «за-
бони» умумии робитаи тамоми сохторхои системаи асаб
мебошанд. Суръати харакати импулсхои асаби аз типи
наххои асаби ва шакли ахбор вобастаги дорад. Масалан,
наххои асабии интиколдихандаи дард онро бо суръати 1 –
30 м дар як сония мегузаронанд. Дар наххои асабии хара-
катдиханда бошанд суръати импулсхои асаби ба 60 то 120
м дар як сония баробар аст.
Импулсхои асабие, ки дар нейронхо хосил мешаванд,
асоси энергетикии фаъолияти олии асабро таъмин мена-
моянд. Системаи асаб дар холати хаячони доими карор
дошта наметавонад ва аз ин ру хаячон дар фаъолияти
олии асаб раванди ягона набуда, раванди баръакси он –
боздори низ мавчуд аст. Хамин тавр ду раванди асаби:
хаячон ва боздориро фарк мекунанд. Бо навбат хамдигарро
иваз намудани ин равандхо муътадили ва таносуби
функсияхои олии асабро нигох медорад. Агар раванди
хаячон вучуд намедошт, фаъолияти системаи асаб умуман
имконнопазир мебуд, ва агар раванди боздори намебуд он
гох хучайрахои асаби дар зери таъсири хаячони пуркувват
нобуд мешуданд.
Чоришавии равандхои асаби ба чунин конунхои асо-
сии фаъолияти олии асаб тобеъ аст:
Конуни иррадиатсия (пахншави) ва консентратсия
(чамъшави), ки мувофики он хаячони дар натичаи таъсири
ягон ангезанда ба вучудомада дар як китъа наистода, дар
минтакахои гуногуни кишри магзи сар пахн мешавад (ир-
радиатсия). Масалан, одам аз мусики ба вачд омада, сар
ва андомашро мечунбонад ва пой мекубад, яъне хаячон
аввал дар маркази дарки мусики ба вучуд омада, сипас ба
минтакахои харакати пахн шуд. Хамзамон дар худуди
маркази хаячон раванди боздори ба амал омада, хаячонро
махдуд менамояд ва мутамарказ мекунад (консентратсия).
Худи раванди боздори низ аввал пахн ва баъд чамъ меша-
вад.
Конуни индуксияи байнихами. Мувофики ин конун,
агар дар ягон минтакаи кишри магзи сар хаячон ба вучуд
ояд, он гох дар минтакаи хамсоя раванди боздори фаъол
мегардад (индуксияи манфи) ва ё баракс, агар дар як
китъаи кишр боздори ба амал ояд, онгох дар минтакаи
хамсоя хаячон авч мегирад (индуксияи мусби). Масалан,
кудак пеш аз хоб инчикИ мекунад ва мегиряд. Ин ходиса-
ро чунин шарх додан мумкин аст, ки боздории дар марка-
зи хоб ба вучудомада дар
хаячонро фаъол менамояд.
Хаячон ва боздо-
риро дар кишри ним-
куррхои магзи сар фор-
матсияи ретикуляри ба
танзим медарорад. Он
дар кисми тана ё кундаи
магзи сар чойгир буда,
бо ангушти хурди панча
баробар аст. Дар ин
китъа микдори калони
хучайрахои асабии до-
рои шохахои дароз чамъ
омадаанд, ки мачмуи
онхо шабакаи зичи
хучайравиро ба вучуд
овардааст. Худи номи
ин сохтори асаби низ аз
инчост, ки маънояш ташкилаи шабакави мебошад. Фор-
матсияи ретикуляри як навъ манбаи энергия барои
сохторхои кишрии магз аст. Он импулсхои асабии аз
узвхои канори ояндаро коркард намуда, ба кишр мефири-
стад. Функсияи форматсияи ретикуляриро дар мисоли зе-
рин дидан мумкин аст. Тасаввур мекунем, ки шахсе занги
мухими телефониро интизор аст, вале худаш аз телефон
дур, масалан дар ошхона карор дорад. Дар атроф садои
сухбати хамсояхо, аз тиреза садои куча ва мошинхо ба
гуш мерасад. Бо вучуди он ки хамаи ин садохо бо роххои
асабии хос то ба марказхои шунавоии магз рафта мера-
санд, одам ба онхо эътибор намедихад, зеро ин таъсирот
пеш аз ба марказхои мувофик расидан тавассути формат-
сияи ретикуляри мегузаранд. Аз ин сохтор ба воситаи
роххои гайрихос ба марказхои шунавои импулсхои асабие
фиристода мешаванд, ки таъсири боздоранда доранд. Ин
таъсирот хассосии магзро нисбати садохои гайриасоси
паст мегардонад. Ва ана садои занги телефон. Бо вучуди
он ки садо нихоят паст буда, аник нест, ки аз телефон аст ё
аз чои дигар, магз зуд ба он аксуламал зохир мекунад.
Одам ба тарафи садо нигох мекунад, ба суи он кадам
мегузорад ва гайра. Чаро на садои баланди куча, балки
садои нихоят паст ва базур шунидашавандаи телефон
хаячонро ба вучуд меоварад? Зеро дар ин холат формат-
сияи ретикуляри тавассути роххои гайрихос импулсхои
мувофик фиристода хассосии магзрро афзоиш медихад.
Аз хулосаи дар боло овардашуда пай бурдан мумкин
аст, ки ахбороти аз узвхои хис ба магз дохилшаванда дар
кишр тахлил карда мешаванд. Фаъолияти тахлилии магз
имконият медихад, ки масалан, мо калимахои «шир» ва
«риш»- ро аз хамдигар фарк кунем, харчанд, ки таркиби
овозии онхо якхела аст. Протсеси тахлили ахбор хануз аз
ретсептор огоз шуда, зина ба зина то марказхои кишри
идома меёбад. Паихам шакл, зуди, кувва, мазмун ва дигар
хусусиятхои таъсирот тахлил карда мешавад. Махз тавас-
сути чунин тахлили хамачониба мо метавонем «пахлухои»
сухан ва нозукихои баёнро дарк намоем. Тахлил таъсири
ангезанда бо амали таркиб алокаманд аст, ахборот дар
сохторхои асаби на танхо тахлил, балки таркибро низ аз
сар мегузаронанд. Махз тавассути ама-
ли таркиб аз таъсироти пароканда об-
разхои томи ашё ва ходисахо ба вучуд
меоянд, ки дарки пурраи вазъияти
олами атрофро таъмин мекунанд.
Фаъолияти тахлили – таркибии магзи
сар бо кори анализаторхо алокаманд аст. Муаллифи ин
истилох олими И. П. Павлов (1849-1936) мебошад. Анали-
затор гуфта, олим системаи нисбатан мустакили органи-
киро мефахмид, ки коркарди махсуси ахбороти аз чониби
узви алохидаи хис кабулшударо дар тамоми дарачахои он
таъмин менамояд. Хамин тавр, анализатор чунин даст-
гохи асабиест, ки тахлили амики бо таркиб алокаманди
таъсироти мухитро ба амал мебарорад. Анализатор аз се
кисм иборат аст: 1) кисми кабулкунанда – ретсептор; 2)
кисми гузаронанда – наххои асабии марказшитоб ва 3)
кисми маркази – сохаи мувофики кишр.
Тахлил ва таркиби таъсирот, ки дар анализатор
анчом дода мешавад, дар кишри магзи сар доги
лагжандаи хаячонро ба вучуд меоварад.
Сахми бузургро дар фахмиши он, ки кори магзи сар
ва фаъолияти олии асаб бо зухуроти психики ва рафтор чи
гуна алокаманд аст, физиологи рус И. М. Сеченов (1829-
1905) гузоштааст. У соли 1863 рисолаи «Рефлексхои магзи
сар» – ро ба чоп расонид, ки минбаъд заминаи
тадкикотхои зиёд дар самти омузиши механизмхои
фаъолияти олии асаб гардид. Дертар И. П. Павлов
акидахои И. М. Сеченовро инкишоф дода, механизми
шакл гирифтони рафтори навро дар хайвонот кашф кард,
ки бо номи «рефлексхои шарти» машхур аст.
Мафхуми «рефлекс» аз замони Рене Декарт (1596-
1650) хамчун чавоби организм ба ангезанда маълум аст,
вале асоси илмии он, хамчунин механизми хосилшавии
рефлексхои алокаманд бо тагйироти шароитхои зист ва
мухити хаётии мавчудотро кашф карда, олим бо хамин ба
пайдоиши илми нав – физиологияи фаъолияти олии асаб
замина гузошт. Павлов дар тачрибахои худ бо сагхо
ошкор сохт, ки хангоми ба таври мутавози (паралели) ва
такрори пешниход намудани ангезаи барои сагхо
беахамият ва ангезаи ахамиятнок, он ба ангезаи беахами-
ят низ амали чавобии ба ангезаи ахамиятнок хосбударо
зохир менамояд. Хосилшавии чунин рафтор хам дар хай-
вонот ва хам дар инсон ба мавчудияти шарту шароити
муайян (дар мисоли додашуда пешниходи паралелии ан-
гезахои ахамиятнок ва беахамият) вобаста аст, аз ин ру
олим ин гуна аксуламалро «рефлексхои шарти» номида,
асоси физиологии онро хамчун пайдошавии алокахои
муваккатии асаби шарх дод. Ба сифати мафхуми мухолиф,
олим мафхуми «рефлексхои гайришарти» – ро пешниход
намуд, ки дар зери он аксуламалхои дар сатхи модарзоди
шакл гирифтаи организмро мефахмид. Вакте ки одам ли-
муро чашида дидааст ва хусусиятхои маззаи онро медо-
над, хангоми аз дур дидани он низ дар коми худ турши
эхсос мекунад, шахсе, ки бехабар хуроки вайроншударо
истеъмол карда, дилбехузури эхсос кардааст, дар навбати
дигар танхо дидани он хохиши кай карданро ба вучуд
меоварад. Ин мисолхо намунаи рефлексхои шарти мебо-
шанд. Хангоми равшании баланд нимпуш кардани чаш-
мон, атсазани хангоми ба рохи нафас афтидани чисми бе-
гона, чудо шудани ашк дар холати мудати зиёд кушода
нигох доштани чашмон ва монанди инхо мисолхои ре-
флексхои гайришартанд.
Рохе, ки хангоми амали рефлексхо бо он хаячони
асаби мегузарад, камонаки рефлектори номида шудааст,
зеро тасвири схематикии он шакли камон ё кавсро дорад.
Схемаи камонаки рефлектории нисбатан содда чунин
аст: нахи асабии марказшитоб таъсироти аз чониби рет-
септор кабулшуда ва ба импулси асаби табдилдодашударо
ба марказхои рефлектории СМА мебарад, ки он дар ин чо
тахлил шуда чавоб ба ангезанда хосил мешавад. Чавоби
хосилшударо наххои асабии марказгурез ба эффекторхо –
узвхои харакати мебаранд. Хамин тавр хаячон аз узвхои
канори ба марказ ва аз он чой боз ба периферия барме-
гардад, вале на ба узвхои кабулкунанда, яъне он на давра,
балки камонро хосил мекунад. Камонаки рефлектори
амали хам рефлексхои шарти ва хам гайришартиро шарх
медихад. Аммо агар рохи гузариши хаячон хангоми ре-
флексхои гайришарти дар сатхи модарзоди шаклгирад,
пас хангоми рефлексхои шарти он алокахои асабии дар
асоси таъсири такрории ангезанда бавучудомада аст.
Алокахои асаби дар асоси такрори бисёркарата шакл
гирифта, мустахкам мегарданд. Робитаи байнихамии ин
алокахо, ки системаи онхоро ташкил медихад хамчунин
дар асоси такрор устувор мешавад ва асоси рафтори ода-
тии одамро ташкил медиханд. Чунин системаи алокахои
муваккатии шартиро, ки асоси он таксимоти устувори
марказхои хаячон ва боздори дар кишри магзи сар мебо-
шад, И. П. Павлов стереотипи динамики номидааст.
И. П. Павлов фаъолияти шарти – рефлектории кишр-
ро фаъолияти сигналии магз номид. Зеро фаъолкунандаи
ин фаъолият ангезахое мебошанд, ки ба сифати сигналхо
хизмат мекунанд. Ангезахое, ки аз мухити атроф ба узвхои
хиссии одам таъсир мерасонанд, сигналхои дарачаи якум ё
системаи сигналии якум номида шуданд. Он барои одам ва
аксари хайвонот умуми аст. Дар баробари ин ангезахо,
нутк низ барои одам ба сифати сигнали хабаррасонанда
баромад карда метавонад ва нутк аз чониби олим хамчун
сигнали дарачаи дуюм ё системаи сигналии дуюм бахо до-
да шуд.