Главная / Илм / Мохият ва мафхумхои асосии таваккал (Тавакал чист?)

Мохият ва мафхумхои асосии таваккал (Тавакал чист?)

Дар «Тавфсияхои методи оиди баходихии самаранокии лоихахои инвеститсионни» таваккал хамчун имконияти тамоили манфи арзёби мегардад ва ба истифодабарии баходихии ноумедонаи (пессимистии) нишондихандахо хангоми ташаккули сенарияи асосии амалисозии лоиха нигаронида мешавад.

Ё ин ки, таваккал – имконияти хар гуна тамоили мусби ё манфии нишондихандахо аз мухимияти дар лоихаи пешбини шуда мебошад. Хуб – таваккал чист? Таваккал- ин имконияти ба вучудомадани талафот, харочот, ворид нашудани фоидаи ба накша гирифта шуда ё даромад мебошад. Талафотхо метавонанд модди, молияви, мехнати, муввакати ва гайра бошанд. Аз нигохи илми мафхумхои овардашуда ба пурраги ба шароити норасогии захирахо, номусоидии мухит ва зарурати тараккиёби чавобгу буда наметавонанд. Барои чи вазъиятеро мадди назар намоем, ки вакте таваккал намуда, ба мувозинаи мусбии омилхои хавф такя намуда, мо фоида ба даст меорем.

Таваккал кардан

Таваккал метавонад хам фоида орад ва хам харочоти иловагиро ба миён орад. Хамин тавр, таваккал – ин имконияти ба даст овардани натичаи лоихавии мусби ё манфи вобаста аз таъсири омилхои беруна ва дохили буда, дарачаи номуайянии объект ва субъекти таваккали ё чараёни амалисозии онро муайян мекунад. Тавакаллро ба русси “Риск” мегуянд.

Идоракунии таваккал – чараёни омузиши нишондихандахои объект ва субъекти таваккал, омилхои беруна ва дохилии ба объект ва рафтори субъекти таваккал таъсиррасон, муносибгардонии он, накшагири, бахисобгири ва назорат, хавасмандгардони ва танзими ичроиши кор оиди идоракунии таваккал мебошад.

Объекти таваккал– хамаи чизе, ки таъсири субъект хангоми кабули карор ба он нигаронида мешавад (сармоя, лоиха, низом ва гайра).

Субъекти таваккал шахси вокеи ё хукуки буда, ба ичроиши вазифаи идоракунии таваккал машгул мебошад.

Омилхои беруна омилхои иктисоди, сиёси, техногени, ахбори, ичтимои- демографи, табии – иклими ва дигари макромухити иктисодии минтакаи мазкур ва шахр мебошад, ки дар он субъект ва объекти таваккал мавчуданд.

Омилхои дохилии таваккал – ракобатпазирии мухити атрофии субъект ва объекти таваккал мебошад, яъне хайат, технологияхо, дарачаи ташкили- техникии истехсолот, низоми менечмент ва гайра.

Эхтимолияти таваккал сатхи таъсири сарчашмаи таваккал (вокеъа), ки дар худуди аз 0 то 1 санчида мешавад.

Сатхи таваккал – мутаносибии хачми зарар (фоида) ба харочоти тайёр ва амалисозии таваккал – карорхо; дар худуди аз 0 то 1 тагйир меёбад.

Дарачаи таваккал – хусусияти сифатноки андозаи таваккал ва эхтимолияти он. Дарачаи баланд, миёна, паст ва сифриро (бе таваккал) фарк менамоянд.

Чоиз будани таваккал – эхтимолияти ба вучуд омадани таваккал дар худуди сатхи меъёрии барои ягон сохаи фаъолият карор дорад, ки аз он гузаштан бе конунвайронкуни мумкин нест.

Тахлили таваккал – таксимоти сохтори объект, унсурхо, чори намудани робитаи байни онхо бо максади ошкор намудани сарчашмахо, омилхо ва сабабхои хар гуна намудхои таваккал, мукоисаи талафот ва фоидаи имконпазир.

Баходихии таваккал – мачмуи амалиётхои тахлили таваккал, ошкорсозии сарчашмахои пайдоиши он, муайян намудани хачми имконпазири окибатхои инъикоси омилхои таваккал ва муайян намудани накши хар як сарчашмаи таваккал.

Муносибгардонии таваккал – чараёни коркарди бисёр омилхои беруна ва дохилии таваккал, ки ба сатх ва интихоби варианти бехтарин мачмуи омилхо таъсир мерасонанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222