Главная / Илм / Мониторинг ва тахлили омилхои берунава дохилии таваккал

Мониторинг ва тахлили омилхои берунава дохилии таваккал

Мониториг – ин мушохидаи беисти нишондихандахои объект бо максади назорати ичроиши он мебошад.

Ба омилхои берунаи таваккал мансуб мебошанд омилхои макромухит, инфрасохтори минтака ва микромухити ташкилот.

Ба омилхои макромухит мансуб мебошанд байналхалки, сиёси, иктисоди, ичтимои – демографи, хукуки, экологи, илми – техники, мадани ва гайра.

Ба омилхои инфрасохтори минтака (мезомухит) инхо мансуб мебошанд:

  • инфрасохтори бозаргони;
  • мониторинги мухити берунаи табии, илму маориф, тандурусти, маданият, савдо, хуроки умуми;
  • алока ва наклиёт, сохтмон, хочагии манзили – коммунали;
  • хизматрасонии маишии ахоли, ва саноат.

Хар як омили номбаршуда бо нишондихандахои ба худ хос тавсиф мегардад, ки ба идоракуни ниёз дорад.

Робитаи байни нишондихандахои мутлак ва нисбии самараноки, ракобатноки ва устувории фаъолияти хар мухит бо сатхи таваккал аён мебошад.

Хар чи кадар нишондихандахои омилхои макромухит, инфрасохтори минтака (шахр) ва микромухити ташкилот (объект) бехтар бошад, хамон кадар сатхи таваккал паст мегардад. Барои баланд бардоштани сифати идоракунии таваккал тавсия дода мешавад, ки вобастагии микдории мувофикати (коррелятсионни) байни нишондихандахои асосии омилхои берунаи объект ва сатхи таваккал чори шавад.

Ба омилхои микромухити ташкилот инхо мансуб мебошанд:

  1. таъминкунандагон ва ракибони онхо;
  2. Истеъмолкунандагон ва ракибони онхо;
  3. Аудиторияи робитави (воситахои ахбори омма, гуруххои мусоидат, ташкилотхои чамъияти, ташкилотхои назорати);
  4. Миёнаравхои маркетинги;
  5. Органхоимахаллиихокимиятвагайра.

Ба омилхои дохилии таваккал инхо мансуб мебошанд:

  • номутобикат;
  • боэътимоднокии паст;
  • номунтазами;
  • заифии кисматхои алохидаи низоми идоракунии ташкилот;
  • Унсурхои функсионалии намудхои менечмент ва маркетинг.

Ба омилхои дохилии таваккал инчунин тамоми заифият ва «беморихои» ташкилот мансуб мебошанд.

Дар байни омилхои берунаи таваккал метавонанд дар шароити хозира омилхои рафънашаванда мавчуд бошанд ва дар дурнамо заифихо ва «беморихое» бошанд, ки тамоми кушишро оиди паст намудани таваккалхои дохили бехуда мегардонад. Мавчудияти омилхои рафънашавандаи берунаи таваккал сармоягузориро ба инкишофи ягон объект бехуда мегардонад. Боиситаасуф аст, ки дар тачриба тахлили вазъияти инвеститсиониро на аз мухити беруна, балки аз мухити дохили огоз менамоянд.

Барои инкишофи худи низоми маблагхои калон сарф карда, дар мархилаи дуюм, яъне тахлили омилхои мухити беруна бо монеахои рафънашаванда дучор мешаванд (воситахои ноустувори механизми бозаргони, инфрасохтори бесифат ва гайра), ки лоихахои инноватсиониро беокибат мегардонад ва харочоти инкишофи сохтори дохили меафзояд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222