Главная / Маданият ва санъат / Мо одам намешавем – Макола аз Азиз Несин

Мо одам намешавем – Макола аз Азиз Несин

 

Садои як пирамарди логари мурдани аз миёни анбухи чамъият  хамхамаи дохили толорро дархам шикаст: “Мо одам намешавем!”  Бифосила дигарон низ ба холати тасдик: «албатта, комилан сахех аст,  дуруст аст, намешавем” сарашонро такон доданд. Аммо дар ин миён  яке даромад ва гуфт:

«Ин чи тавр харф задан аст, око.шумо хамаро бо худатон киёс ме-  кунед! Чи хуб гуфтаанд: “Кофар хамаро ба кеши худ пиндорад”, хохиш  мекунам, харфатонро пас бигиред”.

Ман, ки ун вактхо чавоне биступанчсола будам, бо ин яке хамсадо  шудам ва дар холе, ки хунам ба чуш омада буд, бо эътироз гуфтам:

– Охир хаё хам барои одамизод хуб чизест!

Пирамарди мусофир, ки хамон тарз аз зури асабоният дик-дик ме-
ларзид, дубора дод зад:

– Мо одам намешавем!

aziz-necinМусофирони дохили катор низ тасдик карда, сарашонро такон до-  данд.

Хун ба сарам давид. Аз асабоният руи поям набудам, дод задам:

– …Марди нохисоби! Аслан каллаат маразе гирифта, охир мехохам  бидонам, аслан чаро одам намешавем. Хеле хуб хам одам мешавем…  мусофирон дар катор ба холати эътироз ба ман хамлавар шуданд, ки:

– Нахайр, мо одам намешавем.инсоният ва маърифат хеле бо мо  фосила дорад.

Хам садои чамоат дохили катор ва доду бедоди онхо оташи пира-  мардро хомуш кард, ба ман гуфт:

– Бубин, писарчон, мо хамаамон “одам намешавем!” Дубора садо-  яшро кулуфт кард: “мешавад ба чуръат гуфт, ки хатто то охири умрамон  хам одам нахохем шуд”.

Гуфтам:

– Зур, ки нест, мо одам мешавем.

Пирамард табассуме карду гуфт:

– Мо одам мешавем, вале холо одам нестем, ин тавр нест?

Садоямро даровардам, аммо аз он руз ба ин руз солхо аст, ки аз  худам мепурсам: охир чаро одам намешавем?…

Зиндон рафтани ман дар ин солхо бароям шонси бузурге буд, ки  маъно ва мушкили чандинсолаамро хал кард ва аз руи ин роз парда  бардошт. Дохили толори бузурги зиндон бо панчох нафар зиндонии  сиёсии кишвари худам, бо ашхоси барчаста, сохибони вазифахои  мухим, шахсиятхои маъруф ва машхур, аз кабили: хукком, руасои да-  воири давлати, вакилон, мардони сиёсии кобинаи собик, маъмуро-  ни олирутбаи мухандиси ва дуктурхои машхур ошно шудам. Аглаб  онхо аз тахсилкардахои мамлакати Аврупо ва Амрико буданд, аглаб  кишвархои мутамаддин ва мамолики тавсеаёфта ва хатто акибмон-  даро низ аз наздик дида буданд. Хар як чандин забони хоричи балад  буданд. Мачолиби бахс ва интикод пеш меомад ва бо ин ки бо онхо  таносуби фикри надоштам, хеле чизхоро аз эшон ёд гирифтам, аз хама  мухимтар муваффак ба кашфи роз ва маънои кадимии худ шудам.  Рузхои мулокоти зиндонихо, ки хонаводаам ба дидорам меомаданд,
хуб медонистам, ки хабари хуше бароям надоранд, кирояи манзилро  пардохт накардаем, талаби бакколи сари куча руз ба руз зиёдтар мешуд  ва аз ин кабил харфхо, хабархои нохуш ва касалкунанда.намедони-  стам чи кор кунам, сардаргум будам, умедам аз хама чо катъ шуда буд.  Бо худ гуфтам достоне менависам. Шояд яке аз мачаллот харидораш  бошад, бо ин тасмим калам ба даст гирифтам, руи тахтихоби зиндон  нишастам. Аслан моил набудам бо пурхарфи вактгузарони кунам, бо  ёвагуи вактамро талаф кунам. Хануз чанд сатре нанавишта будам, ки  яке аз руфакои зиндон чилуям сабз шуд, канори тахт нишаст. Аввалин  харфе, ки зад:

– Мо одам намешавем…

Ман бо собикае, ки доштам чун мехостам достон нависам аз у на-  пурсидам чаро? Аммо у мисли касе, ки муваззаф аст барои ман тавзехе  бидихад, гуфт:

– Хуб диккат кунед, медонед чаро одам намешавем?

Ва баъд бидуни онхо ки боз ман саволе карда бошам, бо асабоният  шуруъ кард:

– Ман тахсилкардаи кишвари Суисам, шаш сол дар Белгия чон  кандам.

Хамзанчири ман шуруъ кард ба гуфтан ва мочарохо ва чараёноти  даврони тахсил ва кори худро дар Суис ва Белгия бо шарху басти тамом  таъриф кардан. Ман хеле дилвопас будам, вале чорае набуд, наметаво-  нистам харфе бизанам. Дар байни сухбатхояш худро бо когаз саргарм  кардам. Каламро руи когаз гузоштам, мехостам ба у бифахмонам, ки  кори фаври дорам, шояд достонашро бар чанд чумла хулоса кунад ва  ман аз шарраш халос шавам. Аммо ба хеч вачх на мутаваччех мешуд,  на дастбардор буд. Агар хам фахмида буд, худашро ба нодони зада буд!

– Он чохо касеро намебини, ки дар дасташ китоб набошад. Агар  ду дакика хам бекор бошанд, китобашонро во мекунанд ва шуруъ ба  хондан мекунанд. Дохили автобус, катора, хама чо китоб мехонанд.  Холо фикр кунед дар хонаашон чи мекунанд! Агар бубинед аз тааччуб  шох дармеоред; хар кас баста ба маълумоти худаш китобе дар дасташ  гирифта мехонад, аслан он одамхо аз пурхарфи ва ёвагуи гурезон  хастанд.!

Гуфтам:

– Бах-бах, чи кадр хуб, чи кадр оли…

– Гуфт: бале, табиаташон ин аст. Ба миллати мо назар кунед. Оё  нафаре маълум мешавад, ки китоб бихонад? Окочон, мо одам наме-  шавем, намешавем.

Гуфтам:

– Комилан сахех аст.

То гуфтам “сахех аст”, дубора асабони шуд, боз хам аз тарзи китоб  хондани белгиягихо ва суисихо сухбат кард. Чун мавкеи гизо хурдан  наздик буд, хар ду баланд шудем, гуфт:

– Холо фахмиди, ки чаро мо одам намешавем.

Гуфтам: бале!

Ин мард нисфи рузи маро бо таъриф кардан аз тарзи китоб хондани  белгиягихо ва суисихо талаф кард.

Гизоямро тунд-тунд хурдаму баргаштам. Боз хамон достонро шуруъ  кардам. Когазу калам ба даст омодаи шуруъи достон будам, ки яке аз  дигар руфакои зиндони омад ва руи тахт нишаст.

– Ба чи кор машгули?

– Мехохам достон нависам.

– Эй бобо! Ин чо намешавад достон навишт. Бо ин сару садо наме-  шавад чизе навишт. Магар ин сару садоро намешунави.шумо Аврупо  рафтед?

– Поямро аз Туркия берун нагузоштаам.

– Ох, ох, ох, бечора. Хеле майл дорам, ки шумо саре ба Аврупо би-  занед. Диданаш вочиб аст. Зиндагии онхо гайри зиндагии мост. Ахлоки  махсус доранд. Ман тамоми Аврупоро зери по гузоштам. Чои нарафта  боки намонда аст. Пеш аз хама чо Донморк, Холанд ва Суис будам.  Бубинед, он чохо чи тавр аст, мардум нисбат ба хам ба дидаи эхтиром  нигох мекунанд. Касеро бехуд, хатто бо кучактарин садое норохат на-  мекунанд. Нигохе хам ба авзои мо бикунед, ин сару садохо чист.ин  тавр нест.шояд ман майл дошта бошам бихобам, ё чизе бинависам,  ё чизе бихонам, ё ин ки аслан кори дигаре дошта бошам.шумо бо ин  сару садо магар метавонед достон бинависед. Одамро озод намегу-  зоранд… Гуфтам:

– Ман дар ин сару садо хам метавонам чизе нависам, вале вучуди  як нафар кофист, ки хавосамро парешон кунад. Гуфт:

– Чони ман, дар ин сару садо намешавад чиз навишт. Бехтар нест  сару садо хам набошад? Чи хак доранд шуморо норохат кунанд? Ме-  тавонанд охиста хам сухбат кунанд.

-Ба чони худат дар Донморк, Суис ва Холанд чунин чизе мухол аст.  Мардуми ин мамлакат дар камоли озоди ва хуши зиндаги мекунанд,  касе музохимашон нест. Чун ки он чохо мардум ба хамдигар эхтиром  мегузоранд.

Дар иваз дар ин харобшуда мо хамдигарро одам хисоб намекунем.  Тасдик мекунед, ки хеле бетарбиятем, аммо чорае нест. У харф мезад  ва ман сарамро пойин андохта чашмамро ба когаз духта будам, наме-  навиштам. Вале мисли одамхое, ки машгули навиштан бошад, худамро  саргарм карда будам. Гуфт:

– Бехуд худатонро хаста накунед, наметавонед, наметавонед чизе  бинависед, харчи навиштед пок кунед. Аврупо чои дигаре аст.авру-  пои-инсон ба тамоми маъни аст. Мардум хамдигарро дуст доранд, ба  хам эхтиром мегузоранд. Аммо дар иваз мо чи тавр.ба ин далел, ки  око, мо одам намешавем.

Хануз мехост рудадарози бикунад, шонс овардам, садояш карданд,  аз шарраш халос шудам. То рафта буд, бо худ гуфтам:

Худо кунад дигар касе ин чо наояд. Сарамро пойин андохтам. Тоза ду  хат навишта будам, ки зиндонии дигаре болои сарам нозил шуд ва гуфт:

– Чи тавр?

– Гуфтам зинда боши, бад нестам.

Руи тахт нишаст ва гуфт:

– Чони ман, аз инсоният хеле дурем.

– Эй бечора.агар чанд мохе Амрико мебуди иллати акибмондаи  нафринкардаро мефахмиди. Дар Амрико мардум мисли мо бехуда  вакташонро талаф намекунанд, чарту парт намегуянд, пурхарфи на-  мекунанд, вактро тилло медоданд.

Дар Амрико вакте бо одам харф мезананд, ки вокеан коре дошта  бошанд, тоза он хам ду чумлаи мухтасари кутох, хар кас машгули кори  худаш аст.Оё мо хам хамин гунаем? Масалан вазъи хамин чоро бу-  бинед моххост мо гайр аз пурхарфи ва ёвагуи кори дигаре надорем.  Харфхое, ки дар куттии хеч аттори пайдо намешавад. Ин аст, ки Амрико  инкадар пешрафт кардааст. Иллати тараккии рузафрузашон хам хамин
аст.

Хеч чи нагуфтам. Бо худ фикр кардам холо ин око, ки ин кадар аз  сифоти хуби амрикои харф мезанад, ки музахраф намегуянд, музохими  касе намешаванд, фахмидааст, ки ман кор дорам, пояшро кашидаву  рафта аст. Аммо у бошад маро ба осони рахо намекард.

Уфу пуф кардам, аслан тахвил нагирифт.

Мавкеи шом шуд, вакте мехост биравад, гуфт:

Чони ман, мо одам шудани нестем, то ин пурхарфихо ва вактгуза-  ронихои бехуди хасту мо одам намешавем.

Гуфтам:

  • Комилан дуруст аст…

Гизоямро бо шитоб хурдаму шуруъ ба навиштан кардам.

«-Бехуда худатро азоб надех. Харчи захмат бикаши фоидае надо-  рад.”

Ин садо аз болои сарам буд. То сарамро боло кардам, яке дигаре аз  рафикони зиндонро дидам гушаи тахт нишаста ва гуфт:

Хуб рафик чи корхо мекунед?

Гуфтам: хеч чиз.

Аммо чавоби ин чум-  лаи ман ин буд, ки:

  • Ман такрибан та- моми умрам дар Олмон  будам.

Бугз гулуямро гириф-  та буд, кам монда буд, ки  аз шиддати асабоният  дод занам, медонистам  ин мукаддима чи муъ-  чизае ба дунбол дорад,  у бошад идома медод:

-Донишгохи Олмон-  ро тамом кардаам, хатто  тахсилоти мутавассита-  амро хам он чо хондам,  солхои сол он чо кор
кардам. Шумо дар Олмон касеро намебинед, ки кор накунад. Мо хам  хамин гунаем? Масалан вазъи моро бубин, на, на, мо одам намешавем,  аз инсоният хеле дурем…

Фахмидам хар коре бикунам, нахохам тавонист достон бинависам,  бехуд захмат мекашам ва ба худ фишор меоварам, когазу каламро  гузоштам замин, фикр кардам вакте, ки зиндонихо ба хоб мераванд,  шуруъ мекунам.

Окои тахсилкардаи Олмон хануз олмонихоро муаррифи мекард:

– Дар Олмон бекори айб аст. Хар ки мехохад бошад, олмонихо хеч  бекор намемонанд. Агар бекор монанд, барои худашон коре мета-  рошанд, мудом захмат мекашанд. Ту дар ин чанд мох, ки ин чой ба  хайси намуна касеро дидаи, ки коре бикунад? Хамин худи ту то хол  дар зиндон коре анчом додаи? Олмонихо ин тавр нестанд, рочеъ ба  ахволи худашон чиз менависанд, китоб мехонанд. Аммо мо чи тавр?  Хар чи бикунем парту балост, мо одам намешавем.

Вакте аз шарраш халос шудам, ки ними шаб буд. Мутмаин будам,  ки дигар касе намондааст, ки рочеъ ба одам нашудани мо конфронс  бидихад, тоза бо умедвори достонро шуруъ карда будам, яке дигар  нозил шуд. Хазрати эшон хам солхое дар Фаронса будааст, ба махзи  вуруд гуфт:

« – Око, мувозиб бошед! Мардум хобанд, бедор нашаванд, музохи-  машон нашавед”, хеле охиста сухбат мекард. Ин око, ки хеле хам му-  бодии обод буд ва ин нахваи тарбиятро аз фаронсавихо ёд гирифта  буд, мегуфт:

– Фаронсавихо мардумони мубодии одоб ва бошахсият хастанд,  мавкеи кор хеч кас музохими у намешавад.

Бо худ гуфтам, Худо ба хайр кунад, ман бояд имшаб аз нимаи шаб  ба ун тараф кор кунам. Окои Фаронса рафта гуфт:

– Холо бихобед, то фардо субх озод кор кунед, фаронсавихо бештар  субххо кор мекунанд, мо аслан вакти кор карданро хам балад нестем,  мавкеи кор мехобем ва вакти хоб кор мекунем. Ин аст, ки акибмонда-  ем, иллати ин ки одам намешавем, хамин аст. Мо одам шудани нестем.

Окои фаранги мавкее аз пахлуям рафт, ки дигар рамаке дар ман  намонда буд, чашмхоям худ ба худ баста мешуд. Хобидам.

Субх зуд, кабл аз ин ки руфако бедор шаванд, ба достоннависи

машгул шудам. Яке аз руфако дар холе, ки об аз сару сураташ мечакид,  гуфт:

– Медони, англисихо вокеан одамони ачибе хастанд. Шумо вакте  дар Лондон ё ягон шахри Инглистон савори катора хастед, соатхо му-  софирони хамкучаи шумо хатто як калима хам сухбат намекунанд. Агар  мо бошем ин чизхо ёдамон намеояд, на адаб, на назокат, на тарбият,  хулоса аз хама чиз махрумем. Хамин тавр аст ё на? Чаро шуморо ин  чо норохат мекунанд. Худи ва бегона, хамаро норохат мекунанд. Дигар  фикр намекунем, ки ин бандаи худо кор дорад, гирифтор аст, на хайр…  ин аст, ки одам намешавем ва нахохем шуд…

Когазро то кардам, каламро хам зери тушк гузоштам. Аз навиштани  достон чашм пушидам. Хулоса достон навиштан натавонистам, аммо  дар иваз беш аз чанд достон чиз ёд гирифтам ва иллати ин матлабро  фахмидам, ки:

Чаро мо одам намешавем.

Холо хар чо чилуи ман асабони бишавад ва бигуяд:

  • Мо одам намешавем! Фавран дастамро баланд мекунам, дод ме- занам:
  • Око, иллат ва сабаби уро ман медонам!

Танхо самарае, ки аз зиндони охир ба даст овардам, дарки ин мат-  лаб буд.

Тарчумаи Ахмади Шомлу.  Тахияи Курбонзода Насимбек

Дар борамон

Инчунин кобед

pir

Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …

222222222222222