Главная / Илм / Муборизахои фикри дар психология

Муборизахои фикри дар психология

Предмет, метод ва вазифахои психо-
логия дар давраи аввали му-
стакилшавии он ба дигаргунихои зи-
ёде дучор омад. Анъанахои
В.Вундтро психологи америкои
Э.Титченер давом дод. У дар университети Корнели ИМА
кор мекард. У чун В.Вундт предмети психологияро дар
тачрибаи бевосита медид. Номи равияи илмии Э.Титченер
психологияи структури буд, ки бархилофи психологияи
функсионали амал мекард. Мувофики андешаи у, психо-
логия бояд структураро, яъне материяи шуурро хамчун
мачмуи унсурхои алохида омузад, ки ба тахлил дода
намешаванд. Шуур олами махсуси ботини буда, ба он
танхо бо методи интроспексияи аналитики ворид шудан
мумкин аст. Э.Титченер ба сифати унсурхои аввалини
шуур чунин ходисахоро чудо менамояд: эхсос, образхо ва
хиссиёт. Эхсос дорои сифат, интенсиви, аникию равшани
ва дарозмуддати мебошад ва нихоят онхо унсурхои идро-
кро низ ташкил медиханд. Образхо – ин соя, осори
эхсосхои пешинаанд. Онхо унсурхои мухими тасаввуроти
хотир ва хаёл мебошанд. Хиссиёт – ин мухаббат ва наф-
рат, шоди ва гам аст, ки дорои сифат, интенсиви ва да-
розмуддати аст. Онхо унсурхои харакатхои рухи ба хисоб
мераванд. Вазифаи психолог аз он иборат аст, ки ин
унсурхоро бо воситаи экспримент тадкик кунад, зеро он
маълумотхои методи худмушохидакуниро равшан мена-
мояд.

Файласуф ва психологи австрияги Ф.Брентано (1838-
1917) барномаеро пешниход намуд, ки ба психологияи ас-
сотсиативи мукобил буд. Дар китоби худ «Психология аз
нуктаи назари эмпирики» (1874) меоварад, ки предмети
психология бояд шуур бошад. Ба кавли у, сохаи психоло-
гияро на мазмуну мундарачаи шуур (эхсос, идрок, фикр,
хиссиёт), балки амалхои психикии он ташкил медиханд, аз
кабили дидан, шунидан, мухокима намудан ва г. Ин
амалхо бевосита мазмуни шуурро ошкор месозанд.

Амалхо он вакт бемаъноанд, ки агар ба объект равона
нашаванд. Аз ин хотир, тавсифдихандаи асосии ин амалхо
равияи предмети доштани онхо махсуб меёбад. Брентано
Ф. се масъалаи асосиро дар психологияи шуур мухим до-
нистааст: предмети будан, фаъоли ва ягонаги. Махсусияти
ходисахои психикиро хамин чихатхо тавсиф медиханд.

Муборизахои фикрие, ки дар доираи масъалаи шуур
ба амал омада буданд, нишон доданд, ки хамаи онхо му-
носибати яктарафа зохир намудаанд ва аз ин хотир мохи-
яти онро ба таври комил ошкор карда натавонистаанд.
Ин аст. ки дар ибтидои асри ХХ психология ба бухрони
кушод гирифтор шуд.

Психология дар Русияи тоинкилоби табиати идеали-
стиро дошт ва он дар донишгоххо таълим дода мешуд.
Афкори психологи дар сахифахои мачаллаи махсуси
«Масъалахои фалсафи ва психологи» инъикоси худро
пайдо менамуданд.

Яке аз психологхои варзида А.М.Введенский (1856-
1925) буд. Ба андешаи у, психология бояд ходисахои
рухиро, на масъалахои фалсафи – метафизикиро омузад.
Вазифаи он тадкики таркиби хар як ходисаи психики ва ба
хам таъсиррасонии онхо мебошад, ба монанди таъсири
хотир ба тафаккур, тафаккур ба ирода ва гайра. У дар чу-
нин акида аст, ки психика хеч гуна ифодаи моддии худро
надорад, ходисахои психики набояд дар алокаманди бо
мухити беруни омухта шаванд. Ин дар мавкеи идеалисти
будани уро ифода менамуд. У интроспексияро методи асо-
сии тадкики ходисахои психики шуморида аст.

Равияи материалистиро дар психология пайравони
И.М.Сеченов (В.М.Бехтерев, Н.Н.Ланге, И.П.Павлов) да-
вом доданд. И.П.Павлов (1849-1936) пеш аз хама таргиб-
гари андешахои устодаш буд. У харчанд консепсияи шах-
сии психологиро надошта бошад хам, вале дар ташаккулу
инкишофи донишхои психологи накши бузург бозидааст.
Мурочиати аввалини И.П.Павлов ба психология
алокаманд бо омузиши кори узвхои хозима буд. Маълум
намуд, ки кори узвхои хозима хам аз омилхои физиологи
ва хам психологи вобаста аст. Ин андешаи илми ба
тадкику пайдоиши рефлексхои шарти асос гузошт. У
алокахои шарти-рефлекториро тахкик намуд. Ангезахои
шарти мохияти сигналиро доранд ва онхо сигналхои ан-
гезахои берунаанд.

И.П.Павлов хусусиятхои фаъолияти олии асаби ин-
сонро тадкик намуда, таълимотро дар бораи системаи
сигналии дуюм кор карда баромад. У вокеияти олами
объективиро эътироф мекард. Ин буд як навъ заминаи
мухими илми ба механизмхои фаъолияти олии асаб.

И.П.Павлов хамеша аз дастовардхои илми психоло-
гия рухбаланд мешуд ва махсусан аз кушодашавии Инсти-
тути психология дар Москва (5.04.1914). Психологи
машхури рус Б.М.Теплов таълимоти И.П.Павловро ба та-
ври эчоди дар тахкики масъалаи фаркиятхои фардии ин-
сон васеъ истифода бурдааст.

Гузориши кадамхои аввалини мустакилияти психо-
логия ба инкишофи тадкикотхои экспериментали имкони-
ятхои васеъ фарохам овард. Дар бисёр мамолик лабора-
торияхои илми ва донишкадахои илми-тадкикоти кушода
шуданд, ки фаъолияташон хусусияти амалиро доштанд.
Солхои 80-уми асри XIX бештари тадкикотхо ба омузиши
функсияхои олии психика равона шуда буданд.

Психологи немис Герман Эббингауз (1850-1909) ба
ин кор огоз бахшид. У доир ба хотир тадкикотхои зиёде
гузаронида аст. Тамоми натичахои тадкикотро дар кито-
би худ «Дар бораи хотир» (1885) оварда, бахои илми дода
аст. Г.Эббингауз аз доираи эксперименти физиологии
Вундтови баромада, конунхои хотирро дар асоси экспе-
риментхои психологи ба рох монда буд. У хотирро хамчун
протсесси механикии ташкили осору накшхо медонист. Аз
ин ру, озмудашаванда барои пайдошавии осори нав бояд
масъалахои методии навро хал намояд ва барои ин маво-
деро ёфтан зарур аст, ки озмудашаванда бо он шинос
набуда, хеч гуна алокамандие низ бо гузаштаи у надошта
бошад. Г.Эббунгауз ба сиф_ати чунин мавод хичохои бе-
маъноро интихоб мекард. У ду методи тадкики хотирро
интихоб кард: азёдкуни ва нигохдори. Тартиби азёдкуни:
ба озмудашаванда хичохои бемаъно пешниход мешуданд
ва у онхоро бо рохи такрор то дурусту бехато аз нав хосил
кардан азёд мекард. Нишондихандаи суръати азёдкуни ва
сифати он микдори такроркуни ба шумор меравад. Мето-
ди нигохдори ба чунин савол чавоб медихад: Оё дуруст
аст, ки агар озмудашаванда маводи азёдшударо дуруст аз
нав хосил карда натавонад, пас у пурра онро фаромуш
кардааст? Агар мавод комилан фаромуш мешуд, он боз
барои бахотиргири пешниход мегардад. Маълум меша-
вад, ки азёдкуни аз такрори ба вакт таксимшуда вобаста
аст. Г.Эббингауз зимни тадкикотхояш нишон дод, ки ба-
рои ба хотир гирифтани 12 хичои аз маъно махрумбудаи
сунъи, ба хисоби миёна 16,5 такрор ва барои 36 хичо 54
такрор зарур аст. Масалан, агар мавод 30 такрорро талаб
кунад, ба максад мувофик аст, ки онро дар муддати 3 руз
бо дах маротибаги такрор кунад, нисбат ба он ки 30 бор
дар як руз. У инчунин мукаррар кард, ки хамин ки мавод
пурра азёд карда шуд, барои фаромуш нашуданаш боз ба
он бояд баргашт: яъне, на танхо азёдкуни, балки азнава-
зёдкунии он зарур аст. Хулосахо ва тавсияхои илмии
Г.Эббингауз ахамияти хам назарияви ва хам амалиро
сохибанд.

Тадкики хотирро психологи дигари немис
Г.Э.Мюллер давом дод ва китоби сечилдаро доир ба он бо
номи «Доир ба тахкики хотир ва тасаввурот» (1911, 1913,
1917) нашр кард. У ба хулоса омад, ки хотир кобилияти
механики нест, балки он зимни максадгузорихо ба амал
меояд. Фаъолияти пурмазмуну бомаъно бо матнхо бахо-
тиргириро таъмин менамояд. Мюллер Г.Э. ва М.Калкинс
дар лабораторияи илмиашон методи «ассотсиатсияи
чуфти»-ро кор карда баромаданд ва туфайли он ба
натичахои судманд ноил гаштанд.

Психологияи эксперименталиро дар Амрико В.Чемс,
Г.Ст.Холл ва Ч.Кеттел васеъ ба рох монданд. Э.Торндайк,
Д.Дюи доир ба сохаи зоопсихология тадкикотхои мухим
намудаанд. Онхо равияи нави илмии «ёддихи»-ро кор
карда баромаданд, ки тавассуташ шархи сабабии рафтори
инсону хайвон карда мешуд. Методи асосии тадкикотии
он «Куттии проблемави» буд. Э.Торндайк туфайли
конунхои ёддихи ва машк дар хайвонот рафторхои нав ба
навро ташаккул медод. Дар асоси ин тачрибахо китоби
«Акли хайвонот» ва «Тадкики протсессхои ассотсиативи
дар хайвонот» (1898)-ро навишт.

Г.Ст-Холл соли 1892 Ассотсиатсияи психологхои
америкоиро таъсис дод ва худи у Президенти он интихоб
гардид. Бо даъвати у Зигмунд Фрейд дар университети

Кларк 5 лексия доир ба психоанализ хонд ва ба хамин ва-
сила ин равия дар Амрико низ пахн гардид. Ч.Кеттел пси-
хологе ба шумор мерафт, ки зимни тадкики кобилиятхои
аклии донишчуён супоришхоеро кор карда баровард ва
онхо номи «тест»-ро гирифтанд. Ин тестхо барои санчиши
кувваи мушакхо, суръати харакат, хассоси, тезии бинниш

ва шунавои, тафрикаи вазн, реаксияи
шахс ва хотир мухим буданд.
Ф.Парсонс соли 1908 дар Бостон бю-
рои психологиро ташкил дод ва дар он
бо наврасон дар масъалаи касбинти-
хобкуни машваратхо гузаронида
мешуданд. Интихоби коргарон ва хиз-
матчиён       дар корхонахо зимни

омузишхои психологи ба рох монда
мешуд. Хамин тарик, психологияи
амали ру ба инкишоф ниход.

Дар ташаккул ва инкишофи до-
нишхои психологи ва мустакимиятро

ба даст овардани психология накши психологияи давраи
шурави низ баланд буд. Азнавсозии психология зимни
асосхои назарияи марксисти – ленини ба рох монда шуда

буд. Яъне, тасаввуротхои илмии фалсафи ва муносибати
илмии диалектикию материалисти зохир намудан ба пси-
хика хамчун хосияти магзи сар – асоси илмии психологияи
навбунёд хисобида мешуд. Солхои 20-уми асри ХХ осори
психологии варзидаи чахони З.Фрейд, А.Адлер, К.Юнг,
В.Кёлер, К.Кофман, Э.Торндайк, Ж.Пиаже, Э.Кречмер ва
диарон) тарчума шуданд. Барномахои илмии
П.П.Блонский,             К.Н.Корнилов,              Л.С.Виготский,

М.Я.Басов, С.Л.Рубинштейн, С.Г.Геллерштейн ва дигарон
дар азнавсозии психология назаррас буданд.
П.П.Блонский ва М.Я.Басов предмети психологияро дар
категорияи рафтор медиданд. Онхо зидди биологишавии
психикаи инсон баромад менамуданд. М.Я.Басов пеш-
ниход намуд, ки фаъолият бояд яке аз масъалахои
тадкикотии илми психология ба хисоб равад.
Л.С.Виготский, С.Л.Рубинштейн ва А.Н. Леонтев пеш аз
хама ин андешаро дастгири намуданд. Л.С.Виготский
(1896-1934) конунияти инкишофи функсияхои олии психи-
каро муайян кард. Ба андешаи у, муоширати кудак б_о ка-
лонсолон шарти аосии инкишофи психика мебошад. У дар
китоби худ «Функсияхои олии психика» ду дарачаи инки-
шофи психикаро муайян намудааст: а) дарачаи актуалии
инкишофи психика ва б) минтакаи наздиктарини инки-
шофи психика. Хардуи ин дарача мантикан пай дар пай
зохир мешаванд. Ин дарачахо имконият медиханд, ки му-
рабби ва муаллим методу усули корбариро ба хонандагон
муайян кунаду рафти инкишофи психикии онхоро
пешбини намоянд.

Назарияи илмии Л.С.Виготский доир ба конуни-
ятхои инкишофи психики дар хамагуна давру замон
татбикшавандаанд. С.Л.Рубинштейн (1889-1960) да-
вомдихандаи таълимоти илмии М.Я.Басов (1892-1931)
буд. Уро асари безаволаш «Асосхои психологияи умуми»
(1940) машхур гардонд. Асоси асари уро принсипи «яго-
нагии шуур ва фаъолият» ташкил дода буд.

С.Л.Рубинштейн дар баробари тахкик намудани сох-
ти фаъолият, инчунин дар бобати предмети психология
андешарони карда, кушиш намуд, ки шуурро бо протсесси
фаъолият пайваст намояд. Шуур, аз назари
С.Л.Рубинштейн, дорои табиати ичтимои буда, бо муно-
сибатхои чамъияти муайян карда мешавад. Модом ки ин
муносибатхо аз як давру замон то замони дигар тагйир
меёбанд, пас шуур ифодакунандаи махсул ва натичахои
таърихан тагйирёбанда аст.

А.Н.Леонтев (1903-1979) психо-
логи варзидаи даврони шурави буда,
кайд мекунад, ки хамаи ходисахои
руйдиханда дар сохаи психикаи ин-
сон туфайли фаъолият ба амал мео-
янд. У муайян намуд, ки фаъолият
дорои сохти муайян аст ва аз чунин
кисматхо таркиб ёфтааст: маром,
максад ва амал. Ин кисматхои тар-
киби имконият медиханд, ки шахс ба
максади фаъолияташ танхо зимни
маром ва амали мувофики интихоб-
шуда расида метавонаду халос.

Сазовор ба зикр аст, ки дар инкишофи донишхои
психологи психологхо К.Н.Корнилов, Б.Г.Ананев,
А.В.Запорожетс, А.Р.Лурия, А.Н.Смирнов, Б.М.Теплов,
Д.Н.Узнадзе ва дар нимаи дуюми асри ХХ Д.Б.Элконин,
В.В.Давидов, Г.С.Костюк, Б.Ф.Ломов. В.П.Зинченко,
М.Г.Ярошевский, А.Пуни, П.А.Рудик, В.Н.Мясищев ва
дигарон сахми арзанда гузоштаанд.

РаВИЯх асосии       Психология солхои 10-уми асри

илмии психологи ХХ ба бухрони кушод гирифтор
гардид. Ба кавли Л.С.Виготский,
ин бухрони методологи буд, ки назарияхои нав ба навро
чи дар хорича ва чи дар Русия ба вучуд оварданд. Бухрон
дар психология инчунин бо тараккиёти иктисодиёти
чахони алокаманд буд. Дар хамин давраи бухрони ра-
вияхои бонуфузи илми пайдо шуданд, ки онхоро дида ме-
бароем.

Бихевиоризм. Ин равия дар Амрико зухур карда,
амали чавоби ба структурализми В.Вундт, Э.Титченер ва
функсионализми америкои буд. Асосгузори он Ч.Уотсон
(1878-1958) ба хисоб мерафт. У соли 1913 маколаеро
навишт бо номи «Психология аз нуктаи назари бихеовио-
рист» ва ин ба муаррифи намудани мохияти ин равия асос
гузошт. Ч.Уотсон психологияро барои субъективизмаш
зери танкид гирифт. Ба кавли у, шуур бо вохиду унсурхо-
яш ва ифодахои номуайяннаш амалан бефоида аст. Пред-
мети психология бояд рафтор бошад. Ба андешаи у, «би-
хевиоризм бояд лабораторияи чамъият шавад».

Рафтори инсон хамчун предмети бихевиоризм – ин
хамагуна кирдорхо, суханхо, чи модарзоди ва чи
хосилшуда мебошанд, ки аз даврони тавлид то ба марг
ичро мешаванд. Рафтор – ин хар гуна реаксия (К) ба ан-
гезахои беруни (8) мебошад, ки шахс туфайли он ба мухит
мутобик мешавад. Шахс зери ин формула метавонад муа-
йян кунад, ки реаксия ба ангеза ва баръакс чи гуна ба
амал меояд. Уотсон Ч. реаксияхоро ба модарзоди ва бада-
стовардашуда чудо мекунад. Асосан рафтор натичаи
омузиш аст ва мегуяд: « Ба ман дюжинаи кудакони солиму
бардамро дихед ва ман аз руи интихоби худам аз онхо
духтур, бозаргон, хукукшинос ва хатто камбагалу дуздро
тайёр мекунам ва ин новобаста аз истеъдод, майлхо,
касбхо, нажодхои пешинаи онхо сурат мегирад». Аз ин ру,
малака ва ёддихи масъалаи асосии бихевиорист ба шумор
мераванд. Рафти хосилшавии малака дар ин равияи илми
ба таври механики фахмида мешавад. Малакахо бо рохи
кур-куронаи санчишу хато хосил мешаванд ва протсесси
идоранашавандаро мемонанд.

Назарияи бихевиоризмро Бурхус Скиннер (1904-
1990) таквият бахшид. У рефлекси шартиро реаксияи опе-
ранти номид. Агар дар таълимоти И.П.Павлов реаксияи
нав хангоми амали чавоби додан ба сигнали шарти (маса-
лан, пеш аз хурокдихи садои метроном дода мешавад ва
г.) хосил шавад, он гох дар назарияи Скиннер Б. организм
аввал харакатеро содир менамояд ва сипас он мустахкам
карда мешавад. У барои гузаронидани тачрибахо куттии
эксперименталиро сохт. Тадкикотхои Скиннер донишхоро
дар бораи роххои ташаккули малака ва мустахкамкунии
он, инчунин оид ба рафти гузариш аз як шакли рафтор ба
дигараш васеъ намуд. Протсесси хосилшавии малакахо бо
рохи бихевиоризми операнти нишон медихад, ки мутаас-
сифона шуур хамчун танзимгари ботинии рафтор амал
намекунад.

Пайравони Скиннер Б. техникаи ташаккулдихии ре-
аксияхои оперантиро дар рафти таълиму тарбияи кудакон
ва хангоми табобати беморихои асаби истифода мебур-
данд. Умуман, бихевиористон гумон доштанд, ки ба васи-
лаи формулаи «ангеза – реаксия» метавон навъи нави ин-
сонро ташаккул дод ва ин ба чуз хаёли хом чизи дигаре
набуд.

Психологияи гешталти. Гешталт калимаи немиси
буда, маънои образ ва сохторро дорад. Психологияи
гешталти хамчун равияи илмии давраи бухрони кушод,
ибтидои асри ХХ дар Германия ба вучуд омадааст.
Таълифоти М.Вертгеймер (1880-1944), В.Кёллер (1887-
1967) ва К.Коффка (1886-1941) асоси назариявии ин равия
мебошанд. Ин мактаби психологи аз хар чихат ба бихеви-
оризм мукобил буд. Ба акидаи намояндагони ин равия,
сохтори шуур, вазъият, образи идрок чамъи унсурхои
алохида намебошанд, ки куллро ифода намоянд. Баръакс,
кулл хусусиятхои сифатии унсурхои алохидаро муайян
мекунад. Тачрибахое, ки дар сохаи идрок гузаронида шу-
данд, муайян карданд, ки идрок сифатан аз эхсос фарк ме-
кунад ва чамъи эхсосхо намебошад. Дар робита бо ин,
Х.Эренфелс дар маколаи худ «Андар боби шакл» ишора
мекунад, ки гешталти квадрат новобаста аз андоза,
мавкеъ, ранги унсурхои он нигох дошта мешавад.

Келлер В. дар китоби худ «Структурахои физики дар
ороми ва холати статсионари» (1920) меоварад, ки олами
физики чун психологи ба гешталтхо тобеанд. Хама чиз
мувофики принсипи гешталт бояд бахо дода шавад. Ола-
ми психологии кудак низ гешталти кунонида шудааст ва
унсурхои таркибии он новобаста аз якдигар вучуд доран-
ду бо хам алокаманд нестанд. Онхо баробари инки-
шофёби байни худ робита пайдо мекунанд.

Камбудии тадкикотхои эксперименталии психоло-
гияи гешталти дар он аст, ки намояндагони он накши ша-
роитхои вокеиро дар пайдоиши образхо рад намуда,
алокамандии мазмуну мундаричаи идрокро бо олами бе-
руна низ инкор мекарданд. Онхо принсипи ассотсиатсия-
ро дар психология зери шубха гирифтанд. Чанбаи синте-
тики (таркиби) бар аналитики (тахлили) бартари дорад.
Онхо бо чудонамоии амали тахлил ва таркиб, соддаро аз
мураккаб канда монданд. Дар заминаи ин, баъзе олимон
эхсосро хамчун протсесси психики эътироф намекардаги
шуданд.

Психологияи гешталтиро тадкики протсессхои идрок
ва тафаккури эчодии самарабахш ба худ чалб карда буд.
Аз ин ру, тадкики тафаккури эчоди яке аз масъалахои
асоси шуда мемонад.

Психологияи амик. Ин равияи нави психология но-
вобастагии психикиро аз шуур исбот кардани мешавад ва
барои ин тадкикотхои зиёдеро гузарониданд. Чараёни
марказии психологияи амик-психоанализи психиатри ав-
стрияги Зигмунд Фрейд (1856 – 1939) буд. Ба он психоло-
гияи индивидуалии А.Адлер ва психологияи аналитикии
К.Г.Юнг низ дохил мешаванд. Ба
акидаи онхо, психика берун аз шуур
вучуд дорад ва психикаи бешуури
предмети психологияи амик бояд
бошад.

Психоанализи З.Фрейд дар зери
таъсири шароитхои сиёси ва ичти-
моии Австрия ба вучуд омадааст. Инсон, мувофики ин ра-
вия, зери инстинктхои шахвони ва туфайли бешуурии
протсессхои психики дар чунин холат карор меёбад, ки
Ман дар у «хучаин дар хонаи худ нест». Психоанализ хам-
чун шакли нави табобати беморон ва усули тадкикот до-
ниста шудааст. Магзи психоанализро омузиши бешуури
ташкил медихад. Номгуи асархои таълифкардаи З.Фрейд
фаъолияти илми-тадкикотии уро тавсиф медиханд ва
онхо: «Шархдихии хобхо»(1900), «Психопаталогияи хаёти
мукаррари» (1904), «Зудакли ва муносибати он ба
бешуури» (1905), «Се очерк доир ба шахвоният» (1905),
«Порае аз тахлили истерия» (1905) ва г. Ахамияти хосро
асари «Шархдихии хобхо» сохииб аст, ки дар он хаёти
рухи хамчун доробуда бо сохти амик тавсиф дода меша-
вад. Дар он се дарача таъкид мегардад: шуурона, тошуури
ва бешуури. Шуурона хосияти хаячониро дорад. Тошуури
– ин бешуурии пушида (латенти) аст ва ин бешуури коби-
лияти ба шуур ворид шуданро дорад. Бешуури – ин пси-
хикаи танг карда баровардаи бешуури аст, ки кобилияти
ба шуур ворид шуданро надорад. Вай ходисахоеро дида
мебарояд, ки ба назорати шуур дода намешаванд, ба мо-
нанди фаромушкуни, хоббини, хатохо ва г. Инхо зухуроти
бешуури буда, сабабхои сар заданашонро бояд омухт.
Хамин тавр, З.Фрейд се унсурро барои равшан кардани
сарчашмаи фаъолии шахс истифода бурдааст: ВАЙ –
майлхои чинси, МАН – шуур ва аз МАН боло – вичдон.
Таносуби ин унсурхо холатхои гуногунро дар инсон ба
вучуд меоварад. З.Фрейд аз байни ин унсурхо майлхои
чинси – шахвониро хамчун кувваи асосии харакатдиханда
дониста аст, ки тамоми фаъолияти психикии инсонро
идора мекунад.

Хамин тарик, ба таври пурра чудо намудани шахс аз
шароитхои ичтимоии ташаккули у, афзалият ва бартари
додан ба унсури бешуури ва биологи – ин аст мохияти
назарияи психоанализ.

А. Адлер (1870-1937) духтури чашм буд ва дар сохаи
психиатрия кору фаъолият намудааст. У «Шархдихии
хобхо»-и З.Фрейдро дастгири менамояд, вале дар
масъалаи этиологияи шахвонии беморихои асаб байна-
шон ихтилоф ба амал омада буд. Мувофики акидаи
А.Адлер, на майлхои шахвони, балки хисси норасоию но-
мукаммали ва зарурати пурра кардани ин норасои сабаби
фаъолии шахс мебошад. Хисси норасои хисси манфи ва
пассив набуда, балки водоркунанда ба инкишофи психики
аст. Ин хиссиётхо аз тарбия вобаста аст. Агар шахсияти
инсон комилу пурра бошад, пас тарбия онро ба ин дарача
оварда аст. Аз ин хотир, тарбия муносибати индивидуа-
лиро (фардиро) талаб мекунад.

К.Г.Юнг (1875-1961) хатмкунандаи университети
шахри Базел буда, асосгузори равияи аналитики ба шумор
меравад. Принсипхои психоанализро васеъ истифода бур-
дааст ва дар баробари ин, методи ассотсиатсияхои назо-
раткунандаро кор кардааст. У дар масъалаи майлхои
шахвони бо З.Фрейд дар ихтилоф буд. Мувофики К.Юнг,
либидо – энергияи психикие мебошад, ки бошиддатии
рафти хаётро ифода намуда, шаклхои гуногуни зухуротро
дорад ва яке аз онхо сохаи шахвоният аст. К.Юнг психо-
логияи аналитикиро пеш бурд. Асоси ин равияро тадкики
бешуури ва рафти инкишофи шахс ташкил медихад. Пси-
хикаро ба бошуури ва бешуури чудо намуд. Дар навбати
худ, бешууриро ба шахси ва коллективи чудо кард.
Бешуурии шахси – ин кабати болоии психика аст, ки он бо
тачрибаи фардии инсон алокаманд аст: ёддоштхои фа-
ромушшуда, майлу импулсхои берункардашуда, таассу-
ротхои осебовари фаромушшуда ва г. Инхо аз таърихи
шахсии фард вобаста аст. Мазмуни онхо дар хобхо ва
фантазияхо зохир мешаванд. Бешуурии коллективона – ин
психикаи болошахси бешуури буда, ба он инстинктхо ва
майлхо дохил шуда, мавчудияти табиии инсонро ифода
мекунанд.

Шуури коллективона – ин психикаи кадими аст ва
мохияти он аз инкишоф ва шуури шахс новобаста аст. Он
эътикодхои милли, нажоди, ривоятхо, хурофотхо ва баъзе
ирсиятхое мебошанд, ки инсон аз хайвонот гирифтааст.
Инстинктхо ва архетипхо – танзимгари хаёти рухи мебо-
шанд. Агар инстинктхо рафтори махсуси шахсро муайян
кунанд, он гох архетипхо ба рафтор мазмуни шуурона
доштанро медиханд. Архетипхо дар шакли образхо ва
рамзхо вучуд доранд ва дар кабатхои амики бешуури чой-
гир шудаанд. Юнг К. рафти ташаккули шахсро индивиду-
атсия номид. Максади у мувозинатро дар шахсияти инсон
ба вучуд овардан буд ва байни бешуурию бошуури
алокаманди мечуяд. Ин, дар нихоят, ба инкишофи шахс
имконият медихад.

Психологияи когнитиви. Дар охири солхои 50-ум ва
ибтидои солхои 60-ум равияхои илмии зиёде дар давраи
бухрони кушод ба вучуд омаданд ва бо сабаби ихти-
лофхои байнихами эътиборашон паст шудан гирифт. Ба
чои онхо равияхои нав пайдо мешуданд ва диккати психо-
логхои чахонро ба худ чалб менамуданд. Яке аз онхо пси-
хологияи когнитиви ба хисоб мерафт.

Психологияи когнитиви солхои 60-уми асри ХХ дар
ИМА пайдо шуд ва ба мукобили бихевиоризм равона
шуда буд. Намояндагони он (Ч.Брунер, Г.Сайман,
П.Линдсей, Д.Норман, А.Эллис, Л.Фестингер, У.Найсер,
Д.Бродбент, А.Пайвио, А.Бек ва г.) таъкид менамуданд,
ки ба сохтори шахс бояд унсурхои когнитиви низ дохил
карда шаванд. Мафхуми когнитиви аз калимаи лотини
«когнито» гирифта шудааст ва маънои донишу маъри-
фатро дорад. Пас, ин равия ба тадкики протсессхои
маърифати эътибори чидди медихад. Протсессхои маъри-
фати вокеианд ва онхоро фахмидану омухтан имконпазир
аст, мегуяд яке аз намояндагони он У.Найсер.

Ба ташаккули психологияи когнитиви равияи психо-
логияи гешталти, корхои илмии психолог Ф.Бартлетта
доир ба хотир ва тафаккур, психологияи генетикии
Ж.Пиаже ва осори Ч.Гипсон дар бораи идрок таъсири
судманд бахшидаанд. Сохахои асосии тадкикот дар пси-
хологияи когнитиви инхоанд: хотир, чанбахои психоло-
гии забон ва нутк, диккат, хаёл ва г. Ин равия рафтори
инсонро дар асоси дониш ва кобилиятхои маърифатии у
шарх медиханд.

Намояндагони он дар тафовут бо бихевиоризм
таъкид мекунанд, ки инсон – ин машина нест, ки ба ан-
гезахои беруни кур-курона ва бо таври механики эътибор
дихад. Баръакс, инсон ба фазли аклу хирадаш метавонад
маълумотхои воридшударо тахлил кунад, мукоиса намояд
ва ба кароре ояд. Хамин тарик, психологияи когнитиви
таъсири протсессхои интеллектуали ва фикриро ба рафто-
ри одам ба таври махсус таъкид менамояд.

Психологияи гуманисти. Ин равия солхои 60-уми
асри ХХ зухур кард ва намояндагони машхури он пеш аз
хама психологхои америкои К.Роджерс ва А.Маслоу бу-
данд. Онхо камбудихои равияхои бихевиоризм ва психо-
анализро ошкору ислох намуданд. Ба акидаи психологхои
ин равия, бояд ба инсон, ба хукуку озодихои у хамчун ар-
зишхои оли муносибати гуманисти (инсондусти, ба-
шардустона) зохир намуд. Аз ин хотир, психологияи ман-
фиатбахшро барои хаёти инсон бояд ташаккул дод. Пси-
хологияи когнитиви чунин арзишхоро талкин менамоянд:
мухаббат, сабзиш, конеъгардии талаботхои шахс, худму-
айянкуни, арзишхои оли, ташаккулёби, бози, хачв, маъно,
хакнигори, солимии психики ва г.

Сахми асосиро дар ташаккули психологияи гума-
нисти К.Рджерс (1902-1987) гузоштааст. Ба кавли у, пси-
хология бояд дар хизмати инсон бошад ва муаммохои уро
хал намояд. Методхои асосии психологияи гуманисти
муоинаи клиники (А.Маслоу), мушохида, санъати
шархдихии олами ботинии одами дигар ва методи
тарчумаихоли (Ш.Бюллер) мебошанд, ки бо методхои
экспериментали мукобил гузошта мешаванд.

Логотерапия. Асосгузори ин равия психологи ав-
стрияги В.Франкл ба хисоб меравад. Ин равия бо
шархдихии илмии маромхои асосии рафторхои инсон
машгул буд. У бо тахлили маромхои гуфтаи З.Фрейд
(майл ба халоватбари) ва А.Адлер (майл ба хокимият,
хукмбари) рози набуда, принсипи дигарро интихоб мена-
мояд ва онро «чахду кушиш намудан ба суи маъно» но-
мид.

В.Франкл таълимро дар назди З.Фрейд ва А.Адлер
гирифта аст. Зиндаги дар даврони хукмронии фашизм ва
се соли азобу шиканча дар лагерхо уро кавиирода намуд
ва махз дар хамон чо ба чунин хулосаи психологи омад: на
аз шароитхо, балки пеш аз хама аз худи шахс вобаста аст,
ки у чи тавр дар ин шароитхо амал мекунад. Аз ин хотир
мефармояд, ки барои одам дарки маъно (логос) ва хадафи
зиндаги зарур аст, зеро чустучуи он мохияти хастии инсо-
нро дар бар мегирад. Пайдо накардани маънои зиндаги ва
ё худ гум кардани он «халои экзистенсиали»-ро ба вучуд
меоварад: инсон маъно, мохият ва хадафи мавчудияти
худро гум мекунад, гаму гусса мехурад, хиссиётхои ногу-
ворро аз сар мегузаронад ва ин нихоят ба бухронхои син-
нусоли мебарад. Бинобар ин, коре, ки маъно пайдо меку-
над, инсонро масъули хаёти худ мегардонад. Мувофики
гуфтаи В.Франкл, инсон маъноро на дар ботини худ, бал-
ки дар атрофиён бояд чустучу кунад. Яъне, инсон маъноро
дар гамхории дигарон бояд бинад ва дар дуст доштани
дигарон чуяд.

В.Франкл вобаста ба хамин андешахо равияи лого-
терапияро кор карда баромад, ки аз дигар шаклхои пси-
хотерапия фарк мекунад. Бинобар ин кайд мекунад, ки ло-
готерапия – ин вазифаи психолог аст, ки ба мизоч дар
пайдо кардани маънои хаёташ ёри мерасонад. Ин протсес-
си аналитики буда, бо он чихаташ ба психоанализ каробат
дорад. Логотерапия на танхо барои беморон, балки барои
одамони солим низ татбикшаванда аст. Он ба хар гуна
шахс равона мешавад, то ки у дар хар гуна вазъият худро
гум накунад ва дарк намояд, ки хар лахзаи хаёт маънои ба
худ хосро дорад. Логотерпия дар сафарбар намудани
нерухои ботинии шахс мусоидат кунад, то ки у ба хар гуна
монеаву мушкилот – худкуши, майхораги, нашъаманди ва
г. мукобилият нишон дода тавонад.

Хамин тарик, равияхои илмии давраи бухрони кушод
имконият доданд, ки афкори психологи боз хам ташакку-
лу инкишоф ёбанд ва мохияти илмии бисёр масъалахои
норавшани психологи ошкору аник гарданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222