Главная / Илм / Мукаддима

Мукаддима

Сухан аз имомони чоргона, сухан аз салафи солихин аст, зеро имомони чоргона аз бузургони салафи солех ва аз имомони карнхое хастанд, ки Расулуллох (с) онро мавриди таърифу ситоиш карор додааст ва онхо тавонистанд баъд аз тавфики Худованд бар асари кушишу ичтиход ва таъсир гузоштан бар фикхи исломи, ин динро хифз намоянд ва касоне хам, ки баъд аз инхо омаданд, мухточи кушишу ичтиходи онхо дар фикх буда ва аз дарёи улуми онхо истифода кардаанд. Бидуни шак имомони чоргона (р) куллахои баланд ва устуворе дар илму ибодат, зухду такво ва ахлоки неку буданд, бо ин хол дар ин чанд сахифа хулосае аз зиндагии шахси, фазлу илм ва суханони гухарбори онхоро, ки ба унвони панду насихат барчой мондааст, баён мекунем. Агар бихохем ба таври комил дар бораи онхо сухан бигуем,images ба сабаби фазоили зиёдашон сухан тулони мешавад, аммо баъзе аз нависандагон зиндагии хар имомеро чудогона ба риштаи тахрир даровардаанд ва касоне, ки муштоки маълумоти бештар мебошанд, метавонанд ба он китобхо мурочиат кунанд.
Хадафи мо аз баёни зиндагии имомони чоргона танхо ин аст, ки мусулмонон онхоро шинохта ва дар пайрави аз Куръон ва суннати Расулуллох (с) ба ин имомони бузургвор иктидо кунанд, зеро танхо бо пайрави аз Куръон ва суннат ва суханони ин бузургон аст, ки уммат рохи ростро шинохта, иззат ва бузургиро хоханд дид.
Молик ва Хоким хадисеро аз Паёмбар (с) ривоят мекунанд, ки мефармоянд: «Дар миёни шумо ду чизро ба чой мегузорам, ки дар сурати пайрави аз ин ду хеч вакт гумрох нахохед шуд: Китоби Аллох ва суннати ман. Ин ду ба хеч унвон аз хам чудо намешаванд, то ин ки дар сари хавзи «Кавсар» дар сахрои махшар ба назди ман биёянд».
Аз Худованд хостгорем, ки уммати исломиро муттахид карда, онхоро ба хайр ва салохи дину дунёяшон хидоят фармояд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222