Главная / Илм / Муошират, фаъолияти нутки ва гайринуткии шахс

Муошират, фаъолияти нутки ва гайринуткии шахс

Яке аз сохахои асосии ташаккул ва зухуроти хусуси-

ятхои                                     психикии  шахс

муошират ба шумор мера-
вад. Муошират шарти мухими ичтимоишавии одам, тала-
боти хамешагию зарурии уст. Дар муносибатхои гуно-
гунранги одам бо олам муносибати у бо атрофиён ва
чомеа нисбатан мухимтар дониста мешавад. Ин муноси-
батхо дар раванди муошират амали мегардад, ки дар
рафти он мубодилаи ахбор, танзими ичтимоии фаъолияти
одамон сурат гирифта, муносибатхои мувофики байни-
шахси ташаккул меёбад.

Муошират – раванди мураккабу гуногунчабхаи
баркароркуни ва вусъатдихии робитаи байнихамдигарии
одамон буда, дар асоси хохиши фаъолияти якчоя намуда-
ни онхо ба вучуд омадаасту мубодилаи афкор, хамкори ва
дарки хамдигарро дар бар мегирад.

Чуноне ки Экзюпери менависад: «Одам гирехи роби-
тахост». Муошират фаъолияти ичтимоии одамро пару бол
мебахшад. Дар муоширати ичтимои инкишофи психики
ва худифоданамоии фард сурат мегирад. Муоширати са-
марабахшу муфид бо малакаю махорат ва маданияти
муоширатнамоии хамсухбатон алокаи ногусастани дорад.

Муошират бо одамон ин илм ва санъат аст, ин чо хам
истеъдоди табии ва хам маълумот накши мухим мебозад.
Аз ин нуктаи назар, хар нафаре, ки дар хаёт ва фаъолият
муваффакияту музаффарият ба даст овардан мехохад, бо-
яд нозукихои ин санъат ва ин илмро омузад.

Барои дарк кардани муошират сохти онро донистан
зарур аст. Сохти муоширатро ба воситаи се функсияи ба
хам алокаманди он шарх медиханд: коммуникативи, ин-
терактиви ва персептиви.

Мохияти функсияи коммуникативиро мубодилаи ах-
бор, ба хамдигар радду бадал намудани маълумот
(мачмуи тасаввурот, акида, шавку хавас, холати рухи, хис-
сиёт ва максадгузорихои муошираткунандагон) ташкил
медихад. Функсияи интерактивии муоширатро ташкили
хамкории байнихамдигарии муошираткунандагон дар
бар мегирад. Яъне, дар чараёни муошират на танхо доду
гирифти донишхо, акидахо, балки доду гирифти амалхо
низ ба вучуд меояд. Тарафи персептиви маънои идроки
байнихамдигарии

муошираткунандагон ва ё худ хамдигарфахмиро до-
рад.

Идрок ё худ дарк кардани хамсухбат дар асоси
мукоиса намудани худ бо хамсухбат ба амал омада, бо се
чихат тавсиф дода мешавад: идентификатсия – дар асоси
хусусиятхои худ дарк кардани хамсухбат; эмпатия – коби-
лияти дарки эмотсионалии хамсухбат дар шакли хам-
дарди; рефлексия – дар оинаи дарки хамсухбат чи тавр
инъикос шудани худро ифода мекунад.

Механизми дигари идроки байнихамдигариро ат-
траксия меноманд. Як шакли маърифаткунии хамсухбат
буда, дар заминаи хиссиётхои мусбати пештар ташакку-
лёфта ба вучуд меояд. Дар ин замина хар кадаре, ки ниса-
бати мавкеи хамсухбат назари мусбат дошта бошем,
хамон кадар имконияти дуруст дарк кардани у пайдо ме-
шавад.

Механизми навбатии хамдигарфахми атрибутсияи
каузали мебошад, ки дар асоси он рафтор ва хиссиёти
шахси дигар шарху эзох ва бахо дода мешавад.

Дар радифи функсияхои муошират мазмун, вазифа ва
воситахои онро низ фарк мекунанд. Мазмуни муоширатро
додугирифти афкор, ахбор, дониш, махорат, малака,
тачриба, ва гайра ташкил медихад. Чунин усулхои
таъсиррасони ба хамсухбат мавчуданд: сирояткуни, мута-
асирнамои, боваркунони, талкин.

Сирояткуни – ин ба таври беихтиёр ба холати муа-
йяни психики гирифтор намудани одам мебошад. Мисол,
кафкубихои бардавоми мухлисон боиси масрури ва фа-
рахмандии рухии сароянда мегардад.

Мутаасирнамои – ин таъсиррасонии максадноки як
шахс ба шахси дигар мебошад. Дар чараёни он нотик та-
вассути таъсиррасонихои хиссиёти ва иродави дар шу-
навандаи худ хисси хамдардиро ба вучуд оварда, масъа-
ларо ба фоидаи худ хал менамояд. Тадкикотхо нишон до-
даанд, ки кудакон ва пиронсолон, шахсони организман
заифу хасташуда бештар ба ин холат гирифтор мешаванд.
Хар кадаре, ки дарачаи шуурнокии шахс баланд бошад, у
хамон кадар камтар ба ин холат гирифтор мегардад. Му-
таасиршавии одамон аз баландмартабагии шахсияти
таъсиррасон низ вобаста аст. Нотик хар кадаре, ки бузур-
гу варзида бошад, таъсирнокии сухани у хамон кадар зиёд
аст.

Боваркунони – бо ёрии асосноккунихои мантики ба
даст овардани ризоияти шунаванда доир ба ин ё он
масъала мебошад.

Талкин – ба воситаи далелхои аз чониби аксарият
кабулшуда барои ичрои амале ё коре равона кардани шу-
наванда мебошад. Вазифахои муошират инхоянд:

  • иттилооти – робитави (кабул ва интиколи иттило-
    от);
  • танзими – робитави (ташкили таъсири дутарафаи
    одамон дар фаъолияти муштараки онхо);
  • таъсир бахшидан ба сохаи эмотсияхои хамсухбат;

худифодакунии холати эмотсионалии одам.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222