Главная / Илм / НАХЗАТХОИ МАЗХБИЮ СИЁСИ  ДАР ДАВРАИ  НАВ

НАХЗАТХОИ МАЗХБИЮ СИЁСИ  ДАР ДАВРАИ  НАВ

Давраи нави тахаввули ислом аз нимаи аввали асри XVIII очоз гардида то имрузро фаро мегирад. Ин давра, аз назари хаводиси сиёси, тахаввулоти мафкуравию мазхаби, яке аз даврахои пурихтилоф ва серсамари таърихи Чарбу Шарк мебошад. Пайдоиши нахзати Ислох (Реформация)-и насрони ва ба дунболи он харакати Эхё (Ренессанс) ва Маорифпарвари, инкилобхои буржуози ва рушди сармоядори дар Гарб ва дар натича он тараккиёти бесобикаи илму саноат, технулужии харбии кишвархои гарбиро, ки чанд аср пеш дар хоби гарони Куруни вустох фуру рафта буданд, ба як бор хушёр карда, бар он водошт, ки по аз вартахои худ берун нихода, даст ба футухоти мустамликави ва истеъмори кишвархои дигар зананд ва яке пас аз дигар кишвархои Осиёву Африко ва Амрикои Лотинро ба асорати худ дароварданд.

Баракс дар ин давра кишвархои Осиёву Африко, минчумла олами ислом, баъди ба дасти туркон гузаштани умури сиёсии хилофати ислом ба тадрич ру ба таназзул нихода, дар асрхои XVIII- XIX дар мукобили Кудрати сиёсиву низомии Аврупо ва пешрафти илмию технулужии он очизу нотавон гардида буданд. Бархурди нобаробарии Шарку Гарб ва ба асорати мустамликави дучор шудани шаркиён, равшанфикрони ин кишвархоро дар фикри чустучуи иллату сабабхои акибмондаги ва асорат водошт. Дар натича ин чустучу, чун дар Аврупои асри XVI, нахзат ё худ харакати Ислохи ислом, аниктараш харакати ислохи шуури мазхабии мусалмонон ба вучуд омад.

Нахустин нахзати ислохи мазхабию динхи тарафи яке аз фукахои машхури ханбали Ибн Таймийя (1262-1328), дар асри Х111 тахия шуда буд. Асли таълимоти ваххобияро поксозии ислом аз тарики ручуъ ба исломи ибтидоии даврони пайчамбари ислом Мухаммад ташкил мекард. Аз ин ру мубориза бо бокимондахои бутпарастиву бисёрхудои, ки баъдан ба ислом дар шакли парастиши чойхои мукаддас, шайху эшону авлиёхо ва гайра рох ёфта буданд яке аз икдомот ва таблиготи аввалии ваххобиён буд. Ваххобиён талаб мекарданд, ки танхо ба Куръон эътимод бояд кард, нисбат ба сунна факат ба он хадисхое эътимод коил буданд, ки дар давраи чор халифи аввал хулафои рошидин маълум ва эътироф шуда буданд. Баргашт ба тавхиди беолоиш,ба кавли онхо, асоси худошиносии ваххобиёнро ташкил мекунад. Аз ин нуктаи назар онхо хеле чиддию котеъона ба тасаввуф мухолифат ва мубориза карданд.

Нафрати эшон нисбат ба акоиди суфия ба хадде расида буд, ки баъзе дуохо ва муночоти онхоро, ки дар руи макбарахои авлиё хонда мешуд, бидъат шумориданд ва манъ карданд. Мегуянд, ки парастиши авлиё ва кубури эшон худ навъи дигаре аз ширк аст. Ба чамин сабаб нахустин бор, ки дар соли 1806 ба шахри Макка даст ёфтанд макбарахои бузургон ва сахобахоро, ки зиёратгохи хоччиён буд, вайрон сохтанд. Чун дуввумин бор дар соли 1924-1925 султони Хичозро маглуб карда, давлати саудии араби бо сардории Абдулазиз ибни Сауд баркарор шуд, хатто хонае, ки Мухаммад таваллуд шуда буд, хароб карда, осору нишонахои хонадони сахобахои Мухаммадро дар кабристони шахри Мадина хароб намуданд. Хулоса, назарашон бар он буд, ки хар акида ва мабдае, ки дар ислом мутобики матни возехи куръон ва хадисхои сахех набошад, куфри  махз аст. Гароиши онхо консервативи мукаллидона буд.

Дар робита ба тарзи зиндагии мусулмонон акида доштанд, ки хонаву осори байт ва либосу пушок боясти зохидона бошад. Мусики, ороиш бо зарру зеварро харом ва хар гуна кимор, шатрани, ки монеи зикри худо ва намози панчвакта мешавад мамнуъ аст. Намозро на ба хайси худ, балки танхо барои Худо бояд гузошт. Ба хамин тарик ваххобиён харгуна миёнаравишафоъат байни Худо ва муъминро рад карданд.

Ваххобия аз назари ичтимоию сиёси идеологияе буд, ки рихати баркарор кардани хукумати хонадони Саудиён равона шуда буд. Мухаммад ибн Абдулвххоб аз дастгирии пешвои начдиён Мухаммад ибн Сауд бархурдор буд. Гохои ислохотии Абдулваххоб неруи мухаррики ахдофи сиёсии хонадони Саудиён гардид.

ahmadiyaДуввумин чараёни ислохотии динии ислом ахмадия (ё кодиёния) мебошад. Ин чараён дар байни мусалмонони Хиндустон (вил. Панчоб) ба вучуд омада, хусусияту рухияи мазхабии ин сарзаминро дар худ инъикос кардааст. Асосгузори ин чараён Мирзо Чулом Ахмади Кодиёни (1835-1908) чун асосгузорони чараёнхои дигари ахёни хинди, масалан Нанак ва Рам Кришна кушиши ба хам наздик кардани ислом, масехият, буддоия ва хиндуияро дошта аст. У соли 1889 худро Махди эълон намуд ва баъдтар чамъияти динии “Анчумани ахмадия”ро таъсис кард. Асоси таълимоти Мирзо Ахмадро, ( ки дар худуди 80 асар ба забонхои урду ва араби навиштааст ) таъвилу тафсири акли ( ратсионали)-и куръон ва суннаи ахли тасаннун ташкил мекунад.

Назарияи фалсафии инсоншиносии исломро, чун дар осори суннатии гузаштагон, алалхусус тасаввуф, дар се зиннаи такомули фарди баён кардааст. Зинаи аввал шариъат, дуввум тахзибу такомули нафс ахлок ва зиннаи сеюм такомули рухони. Харчанд дар сохтору истилохот таълимоти Мирзо Ахмад дар Колибхои суннати баён шудаанд, вале дар тафсиру таъвил, он фарки зиёде дорад. Ахмадия Каноти рости мусолихагарои нахзати ислохро ташкил мекард. Он бар хилофи чапгароёни исломи, ки аз инкилоби сутсиалистии Руссия илхом гирифта буданд ( масалан, Мухаммад Икболи Лохури), муборизаи синфи ва чиходро дар ислом инкор мекард ва бо ин амали худ дар вокеъ ба манфиати сохти мустамликадори хизмат кардааст. Хамчунин у тарафдори сиёсати ингилиз дар Хиндустон буд.

Пайравони Мирзо Гулом Ахмад уро пайгамбар эълон карданд. Ба акидаи худи у дар вай Махдии ислом, Масехи насрони ва Кришнаи хиндуия тачассум ёфтааст. Пайравонаш аз руи эътироф кардан ё накардани пайгамбарии у ба ду гурух: кодиёни (онхое, ки уро пайгамбар мегуянд) ва лохури ( онхое ки уро танхо муслих мешиносанд) таксим шудаанд. Баъди марги Гулом Ахмад рохбарии ахмадияро писараш Хофиз Мирзо Носири Ахмад ба ухда гирифт. Дар холи хозир рохбарияти ин чамъият дар Бритониёи Кабир мебошад. Ин чамъиятро созмони байналхалкии исломи “Робитатул-оламил исломия” зидди исломи эълон кардааст. Пайравони ин чараён дар Покистону Хиндустон дар Афгонистону Эрон ва дигар мамолики Осиёву Африко пахн шудаанд.

Сеюмин иараёни динию сиёсие , ки дар давраи нав дар заминаи ислом ба вучуд омад, Бобия мебошад. Асосгузори ин чунбиши мазхабию сиёси марди эроние бо номи Сайид ( ё Мирзо) Алх Мухаммад Шерози маъруф ба” Боб “(1820-1850) буд. Пайравонаш уро “Хазрати Аъло” ва ” Нуктаи Увло” лакаб додаанд. Аз падар дар кудаки ятим монда, дар тарбияи амакаш бузург ва касби падарашро, ки баззози буд идома медихад. Дар синни нуздахсолаги ба Бушер меравад ва муддати панч сол дар он чо ба касбаш машгул мешавад, вале чун чавони обид ва риёзаткаш, бо сиёсат ва хулки хушу симои чаззоб буда, чаъме маизуб ва муриди у шуданд. Шояд дар хамин чо фикри пешвои ба сараш мезанад.

Сипас ба Шероз баргашта, касбу тичоратро рахо мекунад ва барои талаби илм ва сайру саёхат рахсипори Ироку Хичоз гардид. Дар Карбало ба муридии Сайид Мухаммад хозими Рашти яке аз шайхони шиъа дохил мешавад. Дар он замон аз тарафи фиркаи шайхия зухури Имоми Замонро пешгуи мекарданд. Аз чумла Шайх Ахмад Эхсох ва шогирдаш саййид Мухаммад Хозими Рашти ва хамчунин пешвои “шайхия” Чои Мухаммад Каримхон буданд, ки даъвии бобиятро ба сурати мубхам ва нимапинхон изхор кардаанд.

Сайид Али Мухаммад пас аз ду- се соли тахсил дар хавзаи Сайид Мухаммад хозим худро Боб- Имоми Замон номид. Чунин аст огози чунбиши бобия. Вале аз нигохи ангезахои ичтимои, бобияро нахзати диние мешуморанд, ки дар асари ниёзхо ва манфиатхои табакаи тозабунёди буржуозии Эрон ба майдон омада, як катор ислохотро дар умури дини ва суннатхои мазхаби ба миён гузошт.

Пас аз даъвии бобият Сайид Али Мухаммад аввал ба Бушер пас дар Широз ва Исфахон даъвати худро интишор медихад. Аз ду шахри аввал уро ронданд, дар Исфахон мавриди химояти хокими он Манучехрхони Гурри мулаккаб ба Муътамид- уд-Давла карор мегирад. Вай уро аз зиндони Шероз берун карда ба Исфахон меорад. Аммо баъд аз вафоти Муътамид-уд-Давла душмании рухоният ва мухолифонаш ру ба афзоиш менихад. Омилони давлат бо ишораи уламо уро дастгир карда ба Озарбойчон мебаранд ва дар Калъаи Чехрик наздики шахри Моку зиндони карданд (1846). Баъд Бобро ба Табрез оварда дар хузури валиахд Носириддин Мирзо дар мачлиси уламо мухокима карданд. Сурати саволу чавоб бо у ба тафсил дар ” Носихут-таворих” баён шудааст. Баъд аз ин ходиса уро ба чуб бастанд, тавбаномае навишта, талаби афъ кард, ки айнан дар “Лучатномаи Деххудо” оварда шудааст. Пас аз ин уро боз ба зиндони Чехрик фиристоданд, вале чун пайравони у аз дастгирх ва зиндони кардани у ба хашм омада, сар ба шуриш бардоштанд ва ин шуриш Мозандарону Зиниону Табрезро фаро гирифт, уро хукмрони Озорбойион ба амри Такихон Амири Кабир- садри аъзами маъруфи Эрон ба Табрез оварда, ба фатвои уламо ба дор кашид ва тирборон кард. Пас аз ин шуриши бобиён берахмона пахш карда шуд.

Сайид Алх Мухаммад ал-Боб бо вуиуди кутохии умраш аз худ осори зиёде гузоштааст. Нахустин таснифи у “Тафсири сураи Юсуф” аст, ки пайравонаш онро “Куюмул- асмо” гуянд, дигар китоби машхури у маимуъаи Алвохх вай хитоб ба уламо ва салотин аст. Дигаре аз китобхои машхури у ” Сахифаи байнал- харамайн”, “Рух ва фазоилус-сабъа” ва аз хама машхуртарини онхо “Китоби баён” аст, ки гуё муддаъх буд ки он носих- ивазкунандаи ,1уръон аст.

Боб акида доштааст, ки худо дар хар даврае мувофиК ба шароити замон пайчамбар ва ахком- китоб мефиристад, аз ин ру хеи як вахйи Кабли наметавонад абадх ва тачйирнопазир бошад. Бо ин рох у мехостааст иазмият- догмавх будани ахкоми исломро аз байн барад ва дар .1уръон ва шариъат тачирот ворид кунад. Дар хамин асос у худро пайчамбар эълом намуда, шариъатро инкор кард ва баробарии одамонро эълом намуд. Боб даъват намуд,ки моликияти моликони бузург бекор карда шавад, аз камбизоъатон молиёт ситонда нашавад,таКсими баробари хамаи боигарх ва сармояи давлат, озодии фард ва чайраро талаб мекард. Бо вуиуди ифодаи ормонхои онрузаи табаКаи захматкаш ва камбизоъат ва баъзе шиъорхо ва талаботхои тараККихохона таълимоти бобия аз аКоиди омехтаю дархам бархаме аз таъли-мотхои суфиён, ботиниёни исмоъили ва чулоти шиъа иборат аст , ки дар заминаи таъвили нодурусти оёт ва ахком ва тачиру табдили шариат ва суннати ислом бунёд шудааст.

Баъд аз Катли Боб чанде аз пайравони у худро халифаи у эълон карданд. Аз иумла Мирзо Яхё Субхи Азал ва бародараш Мирзо Хусайн Алии Нурх (1817-1892), ки баъдан худро Бахоуллох эълом намуд, У имруз асосгузори дини Б а х о- и я ба шумор меравад. Онхо баъд аз суйКасдти бобиён ба иони шох ба ИроК табъид шуданд. Мазхаби бобия имруз дар Эрон ба хукми илход даромада ва мавКуф шуда аст.

Бахоуллох таълимоти худро дар китобе бо номи “Китобу-АКдас”, “Икон” ва рисолахо ( лавхахои алохида) баён кардааст. Бахуллох аввал аз Эрон ба Бачдод бадарча ва баъдан дар Истамбул ва дигар шахрхои Осиёи Хурд зиндагх кардааст.

Мохиятан бахоия низ дар ибтидо аз кушиши ба манфиати иттиходияхои буржуозияи байналмилали тобеъ кардани ахкоми дини ислом ба вуиуд омада, баъдан таълимоти худро дини алохида эълом намуд. Дар он рухи инКилобх ва муборизи бобия аз байн бурда шудааст. Умуман тиаълимоти бахоия, ки манфиати буржуаи монополистиро ифода мекунад, хусусияти оламватани-космополитик дорад. Онхо ба муКобили иангхо ва ихтилофоти мазхабх баромад намуда, ба зери байраКи бахоия, ки гуё ифодаи ормонхои олии хамаи динхо ва анбиё мебошад, даъват мекунанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222