Яке аз ибодатхои мухим ва боарзиш дар дини мубини Ислом дуо аст, ки ба воситаи он банда битавонад бо Парвардигори худ робитае баркарор намуда, шукронаи неъматхои бешумори Уро ба чо биорад.
Рисолае, ки барои хонандагон пешниход мешавад, масъалахои мухимро доир ба мафхуми дуо, ахаммияти дуо дар Куръон, дуо дар суннати набави, шартхо ва одоби дуо ва дигар мавзуъхои марбут ба дуоро дар бар гирифтааст.
Рисолаи Мухаммадфаррухи Абдуллохзода фарогири мавзуъхои хеле арзишманд буда, аз сарчашмахои муътабар истифода шудааст ва он метавонад ба хонандагон тасаввуроти хеле амику равшан бидихад. Хонандаи ин рисола метавонад ба масъалахои мухимми дуо ошно шавад.
Имруз, ки бисёри хонандагон барои дастрас намудани маълумоти фарогир бо хуруфи сирили, оид ба масалахои гуногуни дини мубини Ислом ба мушкилот ру ба ру мешаванд, ба чоп расидани чунин рисола хеле зарур ва мавриди ситоиш мебошад.
Бинобар ин, чопи рисолаи мазкур ба фоидаи хонандаи азиз шуда метавонад.