Главная / Илм / Намозу руза дар минтацахои цутбй

Намозу руза дар минтацахои цутбй

Шабу руз дар хатти истиво (экватор) хамеша баробар мебошанд
ва харчи фосилаи чайгиршавии минтакахо дар параллели чугрофиёй
аз хатти истиво дуртар мегардад, дарозу кутохшавии шабу руз дар
натичаи тамоюли нимкурахои шимолй ва чанубии замин дар бароба-
ри офтоб, ки дар аснои гардиши солонаи он ба вучуд меояд, бештар
мешавад ва дар дарачахои баланди арзи чугрофиёй, ки аз 66 дарача
болотарро дар бар мегиранд, шабу рузи кутбй ба вучуд меояд. Ба ин
маъно, ки дар бахору тобистон ба муддати чанд мох дар кутби шимол
ва атрофи он рузи кутбй хукмфармо мегардад ва офтоб гуруб намеку-
над ва дар хамин вакт дар кутби чануб ва атрофи он ба муддати чанд
мох шаби кутбй аст. Дар фаслхои тирамох ва зимистон бошад, бар-
ъакс, ба муддати чанд мох дар кутби чануб руз аст, дар холе ки дар
кутби шимол ва атрофи он шаби кутбй хукмфармост. 
Дар минтакахои кутбй ва атрофи он шабу рузи мукаррарй ва си-
стемаи вакт дар кураи замин, ки худуди бисту чахор соатро ташкил
медихад, ба сурати дигаре тагйир ёфта, сол аз сесаду шасту шаш ша-
бонаруз такрибан ба чанд шабонаруз табдил мешавад. Дар минтака-
хои поёнтар аз параллели 45, ки чахор иклими чугрофй: истивой (эк-
ваторй), наздиистивой (субэкваторй), мадорй (тропикй) ва наздимадо-
рй (субтропикй)-ро дар бар мегирад, низоми мукаррарии шабу руз
хукмфармост, харчанд дигаргуншавии шабу руз дар хатти параллели
45 ва атрофи он нисбат ба хатти истиво хеле фарк дорад.
Дарачахои арзие, ки болотар аз параллели 45 чойгир шудаанд ва
дигаргуншавии шабу руз дар онхо аз хад зиёд аст, ба се минтакаи за-
монй таксимбандй шудаанд:
а) Минтакае, ки дар хар ду нимкураи шимолй ва чанубй дар миё-
наи хатти арзи 45 ва 48 вокеъ шудааст. Ин минтака иклими нисбатан
муътадилтареро, ки дар байни аколими субтропикй ва иклимхои наз-
диартикй (субартикй) ва наздиантартикй (субантартикй) дар шимол
ва чануб чойгир шудааст, фаро гирифта, нишонахои зохирии астроно-
мй (фалакй) барои шинохтани вакт дар он дар тули бисту чаахор соат
ба хубй дида мешаванд, харчанд хачми дигаргуншавии шабу руз дар
он ба хадди баланде расида бошад.
б) Минтакае, ки дар миёнаи хатти арзи 48 ва 66 вокеъ шудааст. Ин
минтака минтакаи болоии иклими муътадил ва иклимхои субартикй
ва субантартикиро дар бар гирифта, дар он баъзе нишонахои астроно-
мй (фалакй) барои шинохти вакт ба муддатхои муайяне аз байн мера-
ванд, ба монанди шафаки шом, ки то дамидани субх бокй мемонад ва
бо фалак (сапеда)-и субх пайваст мешавад.
в) Минтакае, ки дар миёнаи хатти арзи 66 ва 90 вокеъ шуда, то
манотики кутбиро фаро мегирад ва нишонахои астрономй барои ши-
нохти вакт дар он ба муддати дарозе аз байн мераванд, яъне ба мудда-
ти чандин мох дар он ё шаб хукмфармост ё руз. Аз охирхои мохи март
рузхо дар кутби шимол бенихоят дароз гардида, аз охирхои мохи ап-
рел то аввалхои мохи август дигар офтоб гуруб намекунад. Пас аз он
офтоб кам-кам фуру рафта, шабхо мушохида мешаванд ва хамин тавр
шабхо андак-андак дароз ва рузхо кутох мешаванд, то он ки дар мохи
октябр офтоб комилан оиб мешавад ва ба муддати чанд мохи дигар
шаби пайваста дар он чо хукмфармо мегардад. Аз ибтидои мохи фев-
рал боз офтоб кам-кам тулуъ менамояд ва рузхо андак-андак дароз ва
шабхо кутох мешаванд. Дар кутби чануб низ айнан хамин чараёни ди-
гаргуншавии шабу руз сурат мегирад. Вакте дар кутби шимол шаб
бошад, дар он чо руз аст.
Дар чунин холат хатман барои сокинони мусалмони ин минтака-
хо дар баргузории намозхои панчвакта, доштани рузаи мохи Рамазон
ва дигар муносибатхои динй, ки бар пояи солшумории камарй бино
ёфтаанд, мушкили вакт пеш меояд.
Ин масъала имруз пас аз фарохам омадани шароит ва имконоти
шиносой бо тамоми гушаву канори замин ба таври чиддитаре матрах
гардида бошад хам, дар мачмуаи фикхи исломй муддатхо кабл ба он
ишора шудааст. Донишмандон ва поягузорони мачмуаи фикхи исло-
мй ба дарозии шабу руз дар минтакахои дорои дарачахои баланди ар-
зи чугрофиёй, яъне минтакахои кутбй ва атрофи он ва чигунагии
намозу рузаи сокинони он чойхо хеле барвакт пардохтаанд.
Назари рочех ва кавли муътамад дар мазхаб бар асоси тахкикоте,
ки Камол ибни Хумом дар «Фатху-л-кадир» дар ин маврид анчом до-
да ва Ибни Обидин дар «Радду-л-мухтор», Зайлаъй дар «Табйину-л-
хакоик», сохиби «Дурру-л-мухтор» ва дигарон онро таъйид намуда-
анд, он аст, ки сокинони ин минтакахо барои анчоми намозу руза ва
дигар муносибатхои динии худ бояд вактро ба андозаи шабонарузи
мукаррарй баршуморанд, ба ин тарик, ки хар бисту чахор соатро як
шабонаруз дониста, намоз, вактхои ибодатхо ва дигар муносибатхои
динии худро бар асоси соат муайян намоянд.
Мачлиси Мачмаи фикхи исломй низ дар нишасти нухуми худ дар
шахри Маккаи мукаррама, ки дар таърихи 12-19 мохи рачаби соли
1406 х. баргузор гардид, масъалаи вакти намозу руза барои сокинони
минтакахои вокеъ дар хатти баланди арзи чугрофиёиро мавриди бар-
расй карор дода, карори зеринро ба тасвиб расонд:
1. Сокинони минтакаи якум, ки дар миёнаи арзи чугрофиёии 45 ва
48 вокеъ шудааст, бо амал ба нусуси шаръй дар бораи вакти намозу
руза ин ду фаризаро дар вактхои мукаррариашон ба чой оваранд ва
рузаро аз дамидани субхи содик то фуру рафтани офтоб бидоранд.
Касе ба сабаби дарозии рузхо аз гирифтан ва ё ба итмом расонидани
руза очиз монад, онро бихурад ва дар вакти муносибе казои онро ба
чой оварад.
2. Сокинони минтакаи дуюм, ки дар миёнаи хатти арзи 48 ва 66
вокеъ шудааст, барои баргузории намози хуфтан ва бомдод бо киёси
нисбй ба вакти онхо дар шаби наздиктарин минтакае, ки дар он нишо-
нахои вакти ин ду намоз шинохта мешаванд, вактеро муайян намоянд. 
Мачлиси Мачмаъ хатти арзи 45-ро ба эътибори наздиктарин минтака
барои ин амр пешниход мекунад. Масалан, агар вакти намози хуфтан
дар хатти арзи 45 пас аз гузашти сеяки шаб сар шавад, пас сокинони
минтакаи дуюм низ вакти намози хуфтанашонро ба он киёс намоянд.
3. Дар минтакаи сеюм, ки болотар аз хатти арзи 66 то кутбхо во-
кеъ гардидааст, тамоми вактхо бо киёс ба вактхои замоние, ки дар
хатти арзи 45 вучуд доранд, мукоиса ва муайян карда шаванд, ба ин
тарик, ки дар минтакаи миёнаи хатти 66 то кутбхо хар бисту чахор со-
ат як шабонаруз эътибор карда шавад ва намозхо дар он дар хамон
вактхое, ки (дар он фасли сол) дар минтакаи хатти 45 вучуд дорад, ба
чой оварда шаванд.
Агар дарозии шаб (дар он фасл) дар минтакаи хатти арзи 45 шт
соатро ташкил дихад ва офтоб дар соати шт гуруб намояд ва соати
ёздах вакти намози хуфтан шавад, дар минтакахои болотар аз хатти
арзи 66 низ ба хамин сурат ба чой оварда шавад. Агар субх, дар хатти
арзи 45 дар соати ду бидамад, дар минтакаи болотар аз хатти арзи 66
низ рузаи худро аз хамон соати ду сар кунанд ва онро то вакти гуруб
ба итмом расонанд.
Дар ин бора дар байни факехон назари дигаре низ вучуд дорад, ки
мукоиса ва муайян кардани вакти ибодатхо ва дигар муносибатхои
диниро дар хатти арзи баланди чугрофи бо вактхои онхо дар сарзами-
ни Макка ва Мадина чоиз медонад.
Ин амр бо киёси масъала ба андозагирии замоние, ки дар хадиси
Расули Худо (с) маъруф ба хадиси Даччол омадааст, сурат гирифтааст.
Ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) дар бораи Даццол сухан гуфт.
Пурсидем: Эй Расули Худо (с), дар руи замин чи кадар боки мемонад?
Гуфтг: Чихил руз: рузе ба мгитслги соле, рузе ба мгитслги мюх؛е١؛ рузе ба мгитслги
хафтае ва дигар рузхояш ба монанди рузхои шумо хастанд. Пурсидем:
Эй Расули Худо (с), оё он рузе, ки ба мгигслги сол 01СТ1, дар он Н1амю؛٦х؛ои як
шабонаруз мюр>о кифоя мекунад? Фармуб: Не, (балки) барои он андозаги-
ри ва вакт муайян намоед…». (Сахехи Муслим, 7299 (2937)-110).
Лозим ба ёдоварист, ки дар даврахои гардиши шаб ба руз ва руз
ба шаб, ки дар минтакаи хатти арзи болотар аз 66 худуди се мох ва ё
бештар аз он ва дар минтакахои боз хам дуртар, ки ба кутбхо мунтахи
мешаванд, худуди ду мох ва ё бештар аз он аст ва дар бахор аз охир-
хои мохи феврал то мохи апрел ва дар тирамох аз мохи август то октя-
бр идома меёбанд, пас аз устувор гардидани низоми шабу рузи мукар-
рари намозхо дар вактхои муайяни худ гузорида мешаванд ва рузаи
мохи Рамазон низ ба таври маъмули ба чой оварда мешавад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222