Вобаста ба воситахои пешба-
рандаи муошират, муоширати шифохи (калимаги) ва гай-
ришифохи (гайрикалимаги) ва вобаста ба хусусият ва ха-
рактери муошират, муоширати расми (кори) ва гайрирас-
ми (дуняви, маиши)-ро аз хам фарк мекунанд.
Муоширате, ки бо ёрии калимахо амали мегардад,
муоширати шифохи – калимаги номида мешавад.
Муоширате, ки бо ёрии воситахои гайринутки:
харакатхои даст, тарзи рафтор, оханги овоз, тагйирёбии
киёфа (мимика), чашм (микромимика), харакати якчояи
тамоми бадан (пантомимика), фосилаи байнихамдигари,
тарзи ист ва гайра амали мешавад, муоширати гайрика-
лимаги ё гайришифохи номида мешавад.
Муоширати расми – намунаи он робитаву хам-
корихоест, ки дар рафти он мубодилаи амал, маълумот ва
тачриба оид ба даст овардани натича, халли масъалаи
мушаххас ва ё татбики максади мушаххас сурат мегирад.
Дар мачмуъ, муоширати расми аз гайрирасми бо он
фарк мекунад, ки дар чараёни муоширати расми максад ва
вазифахои мушаххаси халталаб, ба накша гирифта меша-
ванд.
Муоширатро хамчунин ба таври шарти ба муошира-
ти мустаким (бевосита) ва муоширати гайримустаким
(бавосита) чудо мекунанд. Муоширати бевосита бо сабаби
робитаи хисси ва фазои таъсиррасони (талкин) доштанаш,
назар ба муоширати бавосита дорои натичагирихои зиёд-
тар мебошад.
Забон воситаи асосии муоширати одамон мебошад.
Забон ва инкишофи психикию шуурии одам алокаи ногу-
састании дутарафа доранд.
Забон системаи аломатхоест, ки дар ин ё он чомеа
кабул шудааст. Аломат – объекти дилхохи моддиест
(предмет, вокеа, ходиса), ки ба сифати дастуру ишорат ба-
ромад намуда, барои ба даст овардан, нигох доштан ва
тахлилу баён намудани маълумот истифода бурда меша-
вад.
Одамон мохияти аломатхо ва усулхои ташаккул-
дихии онхоро барои накл намудани маълумот аз худ кар-
да истода, бо ин ё он забон гап заданро ёд мегиранд. Дар
ин замина забон воситаи робитаи байни одамон ва воси-
таи баркарокунии хамдигарфахмии онхо мебошад.
Фард аз овони кудаки забонро дар чараёни муоши-
рат бо атрофиён аз худ намуда, истифодаи онро ба воси-
таи нутк ёд мегирад. Нутк – ин истифодаи забон дар чара-
ёни муошират мебошад. Нутки одам танхо дар натичаи
азхудкунии забон шакл мегирад ва бояд хамеша ба
меъёрхои хамин забон итоат кунад. Забон бошад, дар ча-
раёни муоширати одамон дигар мешавад ва таракки ме-
кунад. Нутк бо хамаи протсессхои психики алокаманд
аст. Фаъолияти фикрии одам, ба хотир гирифтани маводи
таълими, бомуваффакият чоришавии протсессхои ирода,
бо ёрии калимахо ифода намудани хиссиёт бо нутки инсон
алокаи ногусастани доранд. Илова бар ин, дар муоширати
нутки мавзуи ахборот (яъне, дар бораи чи бояд гуфт) ва
модалнокии он (яъне, чи тавр бояд гуфт) фарк карда ме-
шаванд. Модалнокии муоширати нуткиро оханги нутк
ташкил медихад: тагйирот дар оханг, лахни садодихи, ку-
вва ва баландии садохо.
Оханги нутк дорои вазифахои зерин мебошад:
- ифодаи мазмуну маънои чумла;
- ифодаи муносибати гуянда ба мавзуи муошират;
- ифодаи сайъю кушиши расонидани таъсири муа-
йяни нотик ба
шунаванда (талкин, боваркунони, водоркуни ба
амал, мачбурран бор намудани акида ва г.);
- ифодаи муносибати дутарафаи муошираткунанда-
гон (нармгуфтори, самимият, боэхтироми, беэътинои, бе-
гонаги ва г.).
Нутк тавсифдихандаи шахсияти гуянда мебошад.
Мазмуни нутк рочеъ ба хусусиятхои аклии шахс ва равияи
психикии у маълумот медихад. Суръатноки, оханг, ра-
вони, баланди, хассосият, чозибанокии нутк то андозае
тавсифдихандахои мизочи одам мебошанд.
Хусусияти ба худ хос доштани нутк, образноки, дар
колаби муайян сухан нагуфтан тавсифдихандахои имко-
ниятхои эчодии шахс мебошанд. Нутки бемухтаво, гай-
риифоданок ва гузашта аз ин, бесаводона шаходати
махдудияти дунёи маънавии шахс буда, нишонаи камхав-
салаги ва карахтии аклонии у мебошад. «Харф бизан, то
ман бифахмам, ки ту кисти»- дар ин хикмати юнониёни
кадим алокаи нутк бо чихатхои мухими шахс инъикос ёф-
тааст.
Ташаккули нутк раванди мураккаб мебошад. Пеш аз
гуфтани чизе аввал ангезае барои ин амал сабаб мешавад.
Баъд у чизи гуфтаро барномарези карда, аз назари лек-
сики ва онро ба тартиб медарорад, онро ботинан тайёр
мекунад ва сипас онро ба берун мебарорад.
Самаранокии нуткро хусусияти ангехтпазири (реак-
тиви) ё фаъоли он муайян мекунад. Нутки фаъол доимо
бесобикаю нодир буда, аз чониби шахси гуянда ба таври
эчоди барномарези мешавад. Дар он боигарии забон, то-
бишхо ва имкониятхои охангии нутк истифода мешаванд.
Нутки фаъол бештар бо намуди монологии нутк (сухбат
бо худ) алокаманд аст. Ангехтпазири бошад хоси нутки
вазъияти буда, бештар бо намуди диалогии нутк
алокаманд аст.
Идроки нутк аз шинохти фонематики ва фахмидани
маънои он иборат аст.
Фахмидани нуткро дар шакли кутох тартиб додани
чумлахо, гузориши сахехи задахои маънои, чудокунии
чумлахо ба кисматхои маънои, риояи чойи ист ва гайра
осон мегардонанд. Фахмидани нутк ва мазмуни он ба до-
ниш, захираи лугави ва махорати гуш карда тавонистани
шунаванда вобаста аст.
Бояд кайд кард, ки таъсири эмотсионалии калима
дар рафти муошират назаррас аст. чунин калимахо таъси-
ри эмотсионалии баландро сохибанд:
- калимахое, ки бо ашёхои давраи ибтидоии ичтимо-
ишавии фард, бо ёдоварии давраи барвакти бачагии у
алокаманданд, яъне хамаи он чизе, ки бо образхои воли-
дон, зодгох ва г. робита доранд; - калимахое, ки бо арзишхои асосии хамин шахс, бо
маромхои бартараридоштаи рафтори у пайванданд.
Дар радифи ин, шахс кушиш менамояд, ки аз исти-
фодаи калимахои беадабона (алфози кабех, фачгуи, ал-
фози дагал, беномуси, бешарми), худдори намояд. Афроди
гайриичтимоишуда бошад ба калимахои хамеша истифо-
дашаванда ва ба лексикаи мазмуни тахдиди чисмони, ни-
зоъ ва фишори психики дошта хассосанд.
Намудхои нутк. Нутки дохили. Дар амалия наму-
дхои гуногуни нуткро аз хамдигар фарк мекунанд. Нутки
шифохию хатти ва нутки дохилию беруни аз чумлаи
намудхои доимоистифодашаванда ба шумор мераванд.
Нутки шифохи (суханронии умуми, муоширати гай-
рирасми, муоширати бевосита ва г.) ва нутки хатти, аз як
чониб, ба хамдигар хело зич пайванд бошанд хам, аз
чониби дигар, мохиятан аз хамдигар фарк мекунанд.
Фаркияти онхо на дар истифодаи воситахои мухталифи
техники (тагйирдихи ва тавлиди оханги овоз, тарзи
навишт ва г.), балки дар кобилияти то ба шунавандагон
расонидани эчодкунандагони онхо мебошад. Яъне, коби-
лияти то ба шунавандаи худ расонидани махсули эчод дар
одамон якранг нест, зеродар баъзе одамон махорати ба-
ланди нутки хатти ва дар дигарон махорати баланди су-
ханвари ва истифодаи воситахои гайришифохи (оханги
гуфтор, тарзи нигох, харакатхои гуногуни узвхои бадан,
тарзи ист ва г., ки бе истифодаи ин воситахо нутки онхо
чазобият ва дилрабойи худро аз даст медихад) иброз до-
штани нуктаи назар, афкор ва мафкура мушохида меша-
вад. Таърих нависандагони зиёди лаёкатмандеро дар ёд
дорад, ки кобилияти сусти суханвари дошта бошанд хам,
асархои бешумори оламгир эчод намуданд, ки таваччухи
мухлисони бешумореро ба худ чалб кардаанд.
Нутки хатти ва шифохи хам дар хамбастаги ва хам
дар мустакили дар доирахои гуногуни муошират ва
ниходхои мухталифи чамъияти истифода мешаванд.
Нутки шифохи на танхо хангоми суханронихои оммави,
хондани маърузахо, лексияхо, балки бештар хангоми ро-
битахои маишию муколамави низ мавриди истифода
карор дорад. Кайд кардан чоиз аст, ки нутки дар намуди
хатти эчодшудаю дар шакли шифохи иброз шуда, ба
маънои пуррааш нутки шифохи махсуб ёфта наметавонад.
Нутки хатти хоси муоширати кори, доираи илми – тех-
ники буда, таъсирнокии нисбатан заифтари эмотсионали-
ро доро мебошад ва бештар барои мусохибони му-
стакиман хозирнабудаю муоширати бавосита пешбини
гардидааст.
Нутки шифохи дар вакт ва фазо вучуд дорад ва нутки
хатти бошад идомадор аст. Дар нутки шифохи хусуси-
ятхои фардию психологии гуянда: тарзи худро идора кар-
дан, техникаи кабул ё ирсоли маълумот, тафаккури зинда,
акли расо ва г. накши мухим мебозанд. Нутки шифохи
дар заминаи талаботи бевоситаи муоширати дутарафа
доштани мусохибон ба миён омада, оханги хамхиссиро
доро мебошад. Дар сохти нутки шифохию хатти, махз аз
хамин нукта як катор тавофутхои воситавию гайривоси-
тави, ки хангоми истифодаи хар кадоми онхо мушохида
мешавад, бармеояд.
Дар нутки шифохи – гуфтугуи хамсухбатхоро вазъи-
ятхои умуми ва захирахои умумии ахборотии тонутки бо
хам мепайвандад. Дар ин гуна мавридхо одамон хам-
дигарро аз «нимсухан» дарк менамоянд ва баъзан барои
дарки нуктаи назари хамдигар ишорае кофист. Махз бо
хамин сабаб мавзуи мухокимашавандаро тавассути нутки
шифохи хаматарафа баррраси наменамоянд, зеро
пахлухои зиёди он тавассути воситахои гайришифохи иб-
роз ва дарк карда мешавад. Дар нутки шифохи – гуфтугуи,
хамрадиф бо мухтавои афкору андешаи маъноги мачмуи
томи воситахои ифодакунанда (дигаршавии лахни садо,
оханги сухан, фосилагузори, таъкиднамоии садоги ва г.)
иштирок менамоянд, ки тавассуташон мазмунхои дар
мухтавои сухан гуфтанашуда хабар дода мешавад.
Нутки хатти яке аз шаклхои нутки монологи буда,
ба маданияти нутки шифохи таъсири амик мерасонад.
Нутки хатти нисбат ба нутки шифохи дертар зохир шуда,
дар заминаи он инкишоф меёбад. Таърихи омузиши хат
гувохи он аст, ки миёни аломатхои хат ва фикр се намуди
алокаю муносибат вучуд дорад. Пеш аз хама хати пикто-
графи ба вучуд омад, ки он дар шакли расму тасвирхои
гуногуни схематики ифода мегардид. Намуди дигари онро
хати идеографи меноманд, ки фикр дар он бо ёрии шартан
ишора намудани предметхои мувофик ифода меёбад.
Идеограммахо бо талаффузи калимахо хеч гуна алока
надоранд. Сониян нутки хатти ба миён омад, ки дар он
овозхои нутк бо харфхо ишора карда мешаванд. Дар
нутки пиктографи ва идеографи вазъияти ягонаи муоши-
рат, робитаи акс ва имконияти истифодаи васоити бе-
руни- нуткии муошират вучуд надорад. Аз ин ру, имкони-
ятхои нутки хатти нисбатан густардатар мебошанд.
Дар нутки хатти ба мисли нутки шифохи хусусиятхои
фарди-нуткии шахс зохир мешаванд. Ин хусусиятхо омили
асосии худшабохатдихии муошираткунандагон мегардад.
Ба нишонахои шабохатдихандаи нутки хатти (яъне,
нишонахое, ки тавассути онхо тафсир кардани шахсияти
нависанда имконпазир мегардад), нишонахои услуби
(такроршавандагии чумлахои истифодашуда, сабки ба худ
хоси чумлабанди, истифодаи мукоисанамоихои якранга,
маколхо ва г.), нишонахои лексики (такроршавандагии
иборахои чудогона) ва нишонахои грамматики (хато-
гихои хос) марбут мебошанд. Ба нишонахои монандкуни,
инчунин хусусиятхои топографии хат: чобачогузории ка-
лимахо, андозаи майдонхо, сатрхои таъкиди, чудокунии
сарлавхахо, фосилаи байни калимахо, хусусиятхои ихти-
сори калимахо ва г. дохил мешаванд.
Дар раванди муошират хамрадиф бо воситаи асосии
муоширати нутки (забон), воситахои гайринуткии
муошират: харакатхои дасту пой, сар (жестхо), тарзи
рафтор, оханги овоз, киёфаи руй (мимика), киёфаи чашм
(микромимика), харакати якчояи тамоми бадан (панто-
мимика), фосилаи байнихамдигари (паралингвистика),
тарзи ист, ороишот, буйхои табиию сунъи, синнусол, чинс
ва г. низ истифода бурда мешаванд.
Воситахои номбаршуда воситахои ёрирасони воси-
таи асоси – забон мебошанд. Маълумотхое, ки тавассути
воситахои гайринутки дода мешаванд, чун коида на ба-
рои хама дастрасанд, зеро вобаста ба маданият, фарханг,
урфу одат, арзишхои милли ва г. мохияту мазмуни ин
маълумотхо гуногун шуда метавонанд. Бинобар ин, барои
мазмун мохияти ин гуна маълумотхоро дарк кардан мада-
ният, фарханг ва забони милатхои дигарро ба таври
шифохи омухтан лозим аст.
Воситахои гайришифохи бештар барои баркарор
намудани робитаи эмотсионали ва нигох доштани он дар
рафти сухбат, танзими чараёни муошират ва робитаи пси-
хологи, пурра кардани маълумотхои баёншаванда, ифо-
даи эхсосот, инчунин барои муайян кардани он ки айни
замон муошираткунандагон нисбати хамдигар чи гуна
нуктаи назар доранд ва монанди инхо истифода бурда
мешавад. Илова бар ин, тавассути воситахои гайри-
шифохи мухиммияти маълумоти иброзшаванда, муноси-
бати байнихамдигарии муоширон, хусусиятхои фарди –
психологи, холати рухии хамсухбатхо маърифат карда
мешаванд.
Дар мукоиса бо воситаи асосии муоширати шифохи –
забон, воситахои гайришифохи идоранашавандаанд, зеро
онхо аз калби инсон сарчашма гирифта, тахти назорати
зершуур карор доранд. Харакатхои гайришифохи бо гу-
стариши раванди бошиддати ангезандаи аз маркази нутки
бо кисми харакатии кишри магзи сар суръат гирифта
алокаманд аст. Характери ихтиёри ва идоранашавандагии
вай низ аз хамин чост.
Масалан, шахс тавассути муоширати шифохи имко-
нияти бештари ба сухани дуругини худ бовар кунонидани
хамсухбатро дорад, вале агар хамсухбатхо ба харакатхои
гайришифохии хамдигар ахамият диханд, он гох фиреб
кардани онхо душвор мегардад. Зеро хангоми интиколи
иттиллооти дуругин (махсусан, вакте ки одам худ ин
дуругро махкум мекунад) кашидашавии хосаи мушакхои
чехра ба вучуд меояд, дурахши гавхараки чашм меафзояд,
бештари вакт рагхои хунгузари чехра васеъ шуда, чехра
сурх мешавад, микдори мижа заданхо зиёд гашта, хара-
катхои хосаи хурду калон содир мегарданд: нимвоз шуда-
ни дахон, ба бини даст расондан, молидани чашм, аз нар-
маки гуш доштан, хоридани гардан, бо даст пок намудани
лабу дахон, пушидани чашму гуш, кашидани гиребон, аз
нигохи хамсухбат нохинчор шудан, ба чашмони у нигох
карда натавонистан, кафи дастони худро аз назари
хамсухбат пинхон доштан ва г. харакатхои бо осони му-
шохидашаванда мебошанд, ки идора кардани онхо на
хама вакт имконпазир мебошад. Дар ин замина рохи аз
хама осонтари дуруггуи, дуруггуи аз тарики телефон ме-
бошад.
Воситахои гайришифохии муошират визуали, аку-
стики, тактики – кинестики ва олфактори мешаванд.
Воситахои визуалии муоширати гайришифохи инхо
мебошанд:
- кинестика: харакатхои даст, пой, сар бадан;
- самти нигох ва робитаи нигохи;
- киёфаи чашм;
- киёфаи руй;
- андом (иваз намудани холати бадан вобаста ба
мазмуни ахборот); - таасуроти пусти (сурхшави, араккуни);
- фосилаи байнихамдигари (фосила то хамсухбат,
кунчи нишаст ва гардиш ба чониби у, фазои фарди); - воситахои ёрирасони муошират, аз чумла хусуси-
ятхои андом (чинс, синнусол) ва воситахои тагйрдихандаи
онхо (либос, рангубордихии руй (косметика), айнак, оро-
ишот, холкуби (татауировка), муйлаб, риш, сигор ва г.);
Воситахои акустики (садои)-и муоширати гайри-
шифохи инхо мебошанд:
- паралингвистики ё худ бо нутк алокаманд – оханг,
баланди ва пастии овоз, лахн, вазн, таваккуф дар нутк ва
пешгирии он; - экстралингвистики ё худ бо нутк алокаманд набуда
(ханда, гиря, сулфа, нафаскаши, соиши дандонхо, бо бини
шиппоскуни ва г.)
Воситахои тактики – кинестикии муошират инхоянд:
- таъсиррасонии чисмони (аз даст гирифта бурдани
нобино ё хамсухбат, аз камари хамдигар дошта раксидан
ва г.); - такесика (дастфишури, ба китфи хамдигар задан ва
г.)
Воситахои олфактории муошират инхоянд:
- буйхои хуш ва нохуши моро ихотакарда;
- буйхои табии ва сунъии инсон.
Нигохи мавчуди зинда ва хусусан, нигохи одам яке
аз ангезадахои нерумандтарини одам буда, дар худ ахбо-
роти бузургеро нихон дорад. Чашмон ва лабон узвхои
нисбатан гуётари чехраанд. Одаме, ки нигохашро аз
хамсухбат мегурезонад, дарундору тарсу ва одами чашм
ало кунанда ба назар бемаърифату беодоб менамояд.
Одамон ифодахои чашму бозии нигоххоро бехато муайян
мекунанд.
Ба воситаи нигох аз дурахшу андозаи гавхараки
чашм, шакли абруву пилкхо, тархи дахону бини, тархи
умумии руй маълумотхои зиёди дакикро ба даст овардан
мумкин аст. Таносуби ин нишонахо гуногунранг мебо-
шад. Эхсосоти мусбат микдори мубодилаи нигоххоро
афзун мекунад, эхсосоти манфи ин микдорро махдуд ме-
намояд. Нигохи даванда ё «часпанда» доир ба задагузо-
рихои психики ва ночурихои психики шаходат медихад.
Барои бехтар фахмидани одамон ба нигоххою киёфасо-
зихо ва харакатхои онхо зехн монед. Масалан, савдогаро-
ни ботачрибаи шарки ба холати гавхараки чашми хари-
дорон синча карда, нархи молро танзим менамоянд.
Нигохи одам бамаъразгузорандаи у мебошад. Дар
чашмони одамон мо мухаббату нафрат, ризоияту инкор,
хурсандию андухро хонда метавонем. Ифодахои чашму
ифодахои лабон муносибати дутарафа доранд. Садхо
ифодахои киёфасози ин гунахои мухталифи таносуби хо-
латхои лабон ва ифодахои чашманд. Фарахмандии чашм
ва табассуми сабук хар як чехраро зебо, чаззоб ва робита-
пазир мегардонанд.
Харакатхои одам вобаста аз тасаввуроти хамин
чомеа дар бораи он ки одам бояд чи гуна бошад, интихоб
шудаю тахким меёбанд. Бисёр меъёрхои ичтимоии хара-
кат ва киёфасози вобастаи тарзи хаёти хамин чомеа ме-
бошанд.
Бо киёфасози, тарзи ист ва харакатхои худ зехн би-
монед. Аз чунин харакатхо дури чуед: «харакатхои пуши-
да», «шубханоки» ва «химоя» (осемасар молиш додани
пешони, чакка, манах, бо дастон пушидани руй, ба сина
чиллик кардани дастхо, дар панча фишурдани ангуштон),
«харакатхои шубханоки» ва «харакатхои хафаги» (моли-
дани сатхи бини, гардан, хоридани гуш, бардоштани
китфон ва хам кардани сар, гирифтани айнак ва намоиш-
корона ба суе гузоштани он). Аз «тарзи исти хавобалан-
дона» (масалан, бо пушти сар ё миён партофтани дастон),
«харакатхои норизоият» (дар руи миз чидани майда-
чуйдахо, чидани муйхои пичак) канорчуи намоед.
Ба харакатхои хамсухбат диккат дихед. Исбот шуда-
аст, ки хамсухбати сигоркаш дар мавриди хурсанд будан,
дуди сигорашро ба боло, дар холи нохинчор будан бошад,
дуди сигорашро ба поён сар медихад. Ба холати дасту
китфон ва сари хамсухбат назар афканед. Хангоми шид-
дати хаячон китфон бардошта ва хангоми сусту ором-
шави китфон поин фуроварда мешаванд. Сари хамшуда аз
махдудият (дамдузди) ва ноканоатманди, сари баланд
бардошташуда нишонаи худназораткунии устувори шахс
мебошад.
Киёфаи одам нисбат ба тарзи исти у бештар ахбор
медихад. Чехраи одам – оинаи ботинии уст. Харакати му-
шакхои чехра – гувохидихандаи олами ботини ва холати
рухии у мебошанд. Ва одамон дар бисёр маврид на ба су-
ханпардозихо, балки ба хамин гуна воситахои устувор та-
ваччух мегузоранд.
Хусуиятхои психологии муошират бештар ба воси-
таи шакли муошират муайян карда мешавад. Чунончи,
хангоми муоширати кутохмуддати тасодуфи одамон ба
воситахои меъёрии аз чониби хамагон кабулшудаи эхти-
ромгузори ва саволхои зохири махдуд мегарданд. Ханго-
ми таъсироти дутарафаи муътадилу устувор ва хангоми
муоширати кори одамон ба сифатхои устувори психикию
танзимии харифони худ, ба хусусиятхои рафтори онхо дар
вазъиятхои мухталиф истиноду таваччух менамоянд. Дар
ин маврид, натичахои мусбати таъсири дутарафа бахогу-
зори мешавад, накшаи мувофиктари таъсири дутарафа бо
хамин хариф дар асоси робитаи баръакс тахия мегардад.
Фард андешаи хешро иброз дошта, хамеша
натичахои ноилгардидаашро ба хисоб мегирад ва рафто-
ри хешро ба танзим медарорад. Дар асоси тачрибаи ха-
ётии худ ва чамъбасткунихои омори одамон доир ба ху-
сусиятхои рафтори якдигар мухокима меронанд ва
кушишхои имконпазири харифони хешро дар муошират
пешаки пай мебаранд.
Робитаи баръакси самараноку муассир амалкунанда,
тахлил ва ба хисобгирии натичахои робитаи худ яке аз
шартхои асосии фаъолияти тавфиковари сарвар, менечер,
кумондон, омузгор, тарбиятгар, хукукшинос ва дигар
кормандони сохаи ичтимои мебошанд.
Дар нутки хатти, ки ба шахси номаълум ё гоиб нига-
ронида шудааст (масалан, тавассути воситахои ахбори
омма – рузномаю мачаллахо, телевизиону радио ва г., ки
дар фазо ва вакт вучуд дорад), маълумоти додашаванда то
кадри имкон хаматарафа шарху эзох дода мешавад, зеро
дар ин гуна муошират робитаи баръакс на хама вакт им-
конпазир аст.
Ба вучуди тамоми фаркиятхои байнхамдигарии
нутки шифохию хатти, онхо бо садде аз хамдигар чудо
карда нашудаанд ва андаруни худ низ хамчинс нестанд.
Дар амалия намудхои нутки шифохии наздик ба нутки
хатти ва услубхои нутки хаттии бо нутки шифохи
каробатдошта ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Масалан, мукотибаи шахсии дустон аз рисолаи илми са-
рехан фарк дорад: услуби иншои мактуб ва тарзи навишти
матнаш бештар ба нутки шифохи – гуфтугуи наздик аст.
Дар суханронии оммави ва маърузахо бошад, тамоми во-
ситахои ифодакунандаи нутки шифохиро истифода меба-
ранд, аммо дар баъзе мавридхо бештар ба нутки хатти
такя мекунанд. Бархилофи таъбирхои умумии кабулшуда
оид ба хондани лексияхо онхоро танхо ба хониши хушку
холи ва якнавохту якзайли ягон хел матн табдил додан ло-
зим нест. Лексияи барои хозирини сокиту ором пешбини-
шуда бояд то андозае оханги лексия-сухбатро дошта
бошад: хассосияти баланд, дарк кардани холати ифода-
нашудаи талкиншавандаги ё мукобилиятнамоии хозирин,
завковари ё дилгиркунандагии мавзуъро аз руйи хара-
катхои ночизи пайхастшавандаи шунавандагон дарк кар-
дан, холати ботинии онхо ва муносибаташонро ба акидаи
иброзгардида ба хисоб гирифтан – ин хама хусусиятхои
нутки шифохие мебошанд, ки бояд ба таври чидди ва му-
назам ба мантики ибрози андешаи на ба нутки шифохи –
гуфтугуи, балки ба нутки хатти хосбуда муносибатдор
гардонда шаванд.
Мисолхои овардашуда гувохи онанд, ки аввалан
нутки хатти ва шифохи мухолифи хамдигар набуда, балки
вориди хамдигар гашта, ба хамдигар таъсири дутарафа
мерасонанд. Сония, ин маънои онро дорад, ки тавофутхои
катъи байни матнхои маъмули шифохи – гуфтугуи ва ил-
мии хатти, на танхо бо техникаи нутки хатти ва нутки
шифохии садогй, балки бо фаркиятхои вазифахо низ
иртибот дорад. Нутки шифохии гуфтугуи барои му-
стакиман ифода намудани хиссиётхо бо мусохиб хизмат
мекунад. Нутки хатти маъмулан барои ба хамсухбат расо-
нидани маълумотхои нисбатан мавхум хидмат менамояд.
Хангоми худ ба худ фикр кардан ва ба тасвиятхои
вожави гузаронидани афкор, байни нуткхои шифохию бо-
тини ва нутки ботини вобаста ба муносибати онхо ба
таффаккур фаркияти зиёд мушохида мешавад. Бархе аз
равоншиносон нутки ба истилох нихоятан худпарастона
(эгосентри) – ро хамчун нутки фосилавии дар байни
нуткхои зохирию ботини мавчудбуда шарх медиханд.
Нутки нихоятан худпарастона асосан ба кудакон хос аст:
кудаки саргарми бози худ бо худ гуфтугу мекунад. Баъзан
хангоми худназораткунии заиф, нутки худпарастона дар
калонсолон ва асосан дар пирон имконпазир ба назар ме-
расад. Фаъолии он хангоми пайдоиши ягон душворие дар
фаъолият меафзояд. Нуткхои оханги худпарасти дошта
дар нисбати муошират ба аклоният бештар такя карда, аз
руйи шакл хамчун нутки беруни ва аз руйи вазифа ва
мохияти психологи хамчун нутки ботини баромад меку-
над.
Нутки дохили хангоми амали шуданаш гуё аз ичрои
вазифаи ибтидоии онро тавлидкарда канорачуи мекунад,
зеро дигар на хамчун воситаи муошират, балки пеш аз
хама хамчун шакли фаъолияти акли баромад мекунад. Бо
вучуди ин, вай аз лихози ирси дар шакли ичтимои боки
мемонад, зеро нутки «беруни» бегуфтугу заминаи асосии
пайдоиши нутки «дохили» мебошад. Вай (нутки ботини)
дар онтогенез (дар кудак), ташаккул мепазирад, вакте ки
кудак ба таври кифоя нутки шифохиро азхуд менамояд,
дар натичаи интериоризатсияи нутки ботини (ба дарун –
ба психика гузаронидан ё «кучонидан»-и он), дорои нутки
дохили мегардад. Ин дар мавриде руй медихад, ки кудак
барои матрах кардани фаъолияти бозии худ бо садои ба-
ланд ифодахои калимавии амалиёти худро ба забон овар-
да истода, онро дар амал истифода мебарад. Хамин тарик,
инкишофи нутки ботини аз мархилаи фосилавии худпа-
растона огоз меёбад. Хангоми гузариши нутки беруни ба
нутки ботини нутки худпарастона тадричан аз байн ме-
равад.
Нутки ботини дар баробари ичрои вазифахои дигар,
дар киёс бо нутки беруни аз руйи сохти худ низ фарк ме-
кунад. Вай нутки пешаки таъйиншуда набуда, дар аксар
маврид носуфтаю нопурра аст. Л.С.Виготский ва шогир-
донаш дар асоси тадкикотхои худ сохти нутки ботиниро
махз хамчун нутки хабари тафсир мекунанд, аммо
С.Л.Рубинштейн тахмин мекард, ки амалишавии «нутки
ботини дар аксар маврид аз тарзи масъалагузори вобаста
мебошад».
Хамин тарик, нутки ботини дар шакли нутки тахфиф
кардашуда баромад мекунад: аз он факат баъзе унсурхои
аз хама мухим боки монда, хама он чизхое, ки «худ ба худ
хувайдо» буда, нуткро бою гани намегардонанд, нолозим
мешаванд. Ин гуна протсесси «мухтасаркуни»-и воси-
тахои забони, гуфтугуи шифохии шахсонеро ба хотир
меорад, ки мавзуи сухбатро хело хуб медонанд ва дар ча-
раёни муоширати худ аз бисёр чизхои нолозим сарфи
назар менамоянд. Ба замми ин хангоми муколамоти бо-
тини (монолог) ё «гуфтугу бо худ» ин тарзи нутк бештар
истифода мешавад.