Главная / Илм / Нанак дар хузури Худованд

Нанак дар хузури Худованд

Гуянд, ки рузе Нанак пас аз он ки дар рудхона гусл карда, берун омад ва ру ба чангал ниход ва нопадид шуд. Дар ончо уро мукошифа даст дода, дар пешгохи Худои таъоло хозир гашт. Худованд уро чоме аз шароби бихишти«тактор» ато намуд. Сипас уро гуфт:

-« МАН БО ТУ ХАСТАМ, МАН туро ва хар касе номи туро кабул кунад саодатманд сохтаам, бархезу бирав номи мукадасси манро такрор кун ва дигаронро низ ба зикри исми мукадасси ман амр фармо, дар тарки дунё собиткадам бош, пайваста ба ёди ман машгул шавад ва иффати зайл (поёни тан) ва тахорати чисму ибодати Парвардигор ва тафаккур дар оламро пешаи худ соз, ин чом шороби покро бинуш, то нишони мехри ман ба ту бошад. ..»[1]

guru-nanak

Пеш аз Нанак низ дар Хиндустон шахсони ислохталабмуслих, ки аз таксимоти кастави ва бутпарастии дини хиндуия интикод мекарданд, буданд. Таълимоти Нанак дар заминаи таълимоти хамин гуна шахсони муслих, чун Рамананда ва Кабир (1440-1518) ба вучуд омад.

Аз чумла Кабир, асосгузори фиркае бо номи «кабир пантис», гуфтааст, ки Худовани чалла шаънаху болотар аз он аст, ки дар пайкаре аз санг ё маъдани дигаре чой шавад ё аз бандагони худ ба анчоми маросиму ибодатхои зохири ва зиёрати чойхои мукаддас, рахбоният ва гусл дар фалон руд ва ё тавофи фалон маъбад рози гардад. Балки он чи Хак аз бандагон мехохад покии ният, ахлоки нек ва ихлос дар акида аст.

Асоси таълимоти Нанакро даъват ба тавхид ташкил мекунад. Худо яке ва номи У «Хакк» аст._Вай офаридгори олам, муназзах аз хашму газаб ва мубарро аз биму харос аст. У зиндаву човид, бузург ва мехрубон, аз азал буда, хаст ва хохад буд. Нанак, мувофики наклхо, пои пиёда ба Макка сафар карда, зиёрати «Байтуллох» намудааст. Ормони нихонии Нанак, мисли ин ки вахдат ва бародарии хиндувон ва мусулмонон будааст. Нирвон мувофики акидаи Нанак, фуру рафтан дар ёди Хак аст. Рохи рахои аз дулоби таносухи арвох аз ёди Хакк гофил набудан аст.

Сикххо панч усул ё фаризаи мазхабиро бе чуну чаро риоя мекунанд, ки хама бо харфи «Ка» шуруъ мешавад иборатанд: Кес, яъне натарошидани муй ва риш. 2) Кангха-яъне шона. 3) Кочк-яъне шалвори кутох. 4)Кара-яъне дастбанди охани. 5) Кандо-яъне шамшер ё ханчари пулоди.

Сикххо дар холи хозир асосан дар нохияхои шимолу гарби Хиндустон (Панчоб) ва дар аксари кишвархои Осиёи Шарки Дур ва Осиёи Хурд ва Африкову Аврупо зиндаги доранд. Шумори умумии сикххо дар Хиндустон 10 миллион мебошад.

[1] Чон Б.Нос. Таърихи чомеи адён.-С.210.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222