Главная / Илм / Накши руза дар сохтани чомеаи намунавй

Накши руза дар сохтани чомеаи намунавй

Барои хама маълум аст, ки фард ва чомеа дар якдигар таъсири му-
такобил мегузоранд. Аз афроди солим чомеаи солим ба вучуд меояд
ва чомеаи солим дар ташаккул ва такомули шахсияти инсон накши
асоси ва таъсири мухимме мегузорад. Афрод хиштхои зербино ва кис-
матхои тахдоби чомеаро ташкил медиханд ва ба манзалаи хучайрахои
пайкари миллат мебошанд. Пас барои бунёди чомеаи солим тарбияи
афроди солим зарурат дорад.
Дар гузашта дидем, ки Ислом асоси тавсияхо ва бештарин ахком
ва ибодатхои худро ба сохтани фарди солим ва тарбияи дурусти хар
як аъзои чомеа равона намудааст. Ислом бо ин хама ибрози таваччух
ва эхтимоме, ки ба тарбияи дурусти шахсияти инсон додааст, мехохад
чомеаи намунавиеро ба таври дилхох бино гузорад. Ба хар андозае
афроди чомеа тарбияи дурусти дини бинанд ва сатхи маърифатнокии
имонии онхо боло бошад, ба хамон андоза арзишхои инсони дар он
чомеа амали ва пойдор мегарданд. Дар чунин чомеа истеъдодхои ху-
дои ва нубуги инсонии одамони болаёкат ба камол расида, заминахои
шукуфоии хамачонибаи наслхои оянда фарохам мегарданд.
Рузаи бо руху маъно кишрхои гуногуни чомеаро ба суи худсозиву
худшиноси, отифаи нек ва эхсоси дардхои чомеа хидоят менамояд. Гу-
руснагиву ташнагии руза кишри сарватманди чомеаро ба ёди ранчхои
камбагалони гурусна ва дармондагон меоварад. Замири бо такво ва
вичдони имони дар калби онхо эхсоси хамдарди ва химояи кишри бе-
навои чомеаро бедор месозад.
Мусаллам касеро бувад руза дошт,
Ки дармондаеро дихад нону чошт!
(Лугатномаи Деххудо)
Дар ботини мардуми тангдасту бенаво неруи сабру пойдори дар му-
кобили сахтихоро парвариш медихад. Бо хамин, хамкориву хамдасти ва
мухаббати якдигарро дар миёни кишрхои гуногуни чомеа ба вучуд ме-
оварад. Тамоми ин химоятхои дучониба дар миёни кишрхои гуногун дар
натичаи ангезахои имони ва бо такя ба эътикодоти дии анчом меги-
ранд ва хар яке ачри амали худро дар назди Худованд мехисобад.
Хамин накшофаринии барномаи рузаи мохи Рамазон дар ташак-
кули шахсияти инсон ва дар сохтани чомеаи намунави аст, ки он ба
хайси муносибтарин замон барои нузули вахии илохи ва оози рисо-
лати Паёмбари Ислом (с) баргузида шудааст ва минбаъд низ мухим-
тарин руйдодхо дар таърихи Ислом дар ин мох ба вукуъ пайвастаанд.
Яъне чомеае ба вучуд омада буд, ки барои татбики ормонхои олии
башари ва химояи арзишхои илохии Ислом хамачониба омода буд.
Бинобар ин, тавонист мухимтарин руйдодхои сарнавиштсозро дар
таърих ба номи худ сабт намояд.
Нузули вахии илохи ва хамин тавр рисолати Паёмбари Ислом (с)
13 сол пеш аз хичрат дар шаби бисту хафтуми мохи Рамазон рузи ду-
шанбе, ки ба 19-уми августи соли 610 милоди рост меомад, огоз шуда-
аст. Ин таърих бар асоси солшуморй ва сабти хаводиси таърихй дар
назди арабхо дар даврони чохилият ба соли 41-уми ходисаи фил му-
тобик буд.
Рузаи мохи Рамазон соли дуюми хичрй – 17-18 мох пас аз хичрат
ва як мох пас аз тахвили Кибла дар мохи шаъбон фарз гардидааст ва
аввалин Рамазоне, ки мусмалмонон руза доштаанд, ба рузи якшанбе –
аввали мохи Рамазони хамон сол, мувофик ба бисту шашуми феврали
соли 624 милодй рост меомад. Паёмбари акрам (с) нух сол рузаи мохи
мубораки Рамазонро гирифтааст, ки панч соли он бисту нух рузй ва
чахор соли он сй рузй будааст.
Газои Бадр, ки ба пирузии лашкари тавхид ва шикасти сипохи
куфру ширк хотима ёфт, хабдахуми мохи Рамазони хамон соли дуюми
хичрй дар рузи чумъа мувофик ба сездахуми марти соли 624 милодй
ба вукуъ пайвастааст. Худованд мефармояд:
© «Худованд, вокеан хам, шуморо дар (чанги) Бадр нусрат дар
холе ки нотавон будед. Пас таквои Худоро дошта бошед, то шукри Уро
ба чой оваред»
Фатхи Макка низ рузи бистум ва ё бистуякуми мохи Рамазони со-
ли хаштуми хичрй дар рузи чумъа мувофик ба соли 630 милодй ба ву-
куъ пайвастааст, фатхе, ки пойгохи ширку бутпарастиро комилан аз
байн бурд ва сарзамини Арабро аз вучуди бутхо пок сохт ва ба чои он
ибодати Худои ягонаро побарчой намуд.
Ислом дар мохи Рамазони соли дахуми хичрат дар сарзамини
Яман интишор ёфт. Фатхи кишвари Андалус (Испанияи имруза) низ
бо фармондехии Торик ибни Зиёд дар мохи Рамазони соли 92-юми
хичрй мутобик ба соли 711 милодй ба итмом расидааст. Гайр аз инхо
Худованд хаводиси таърихии зиёдеро дар ин мох ба нафъи мусалмо-
нон ба амал баровардааст. Зеро нусрату кумаки Худованд ба покиза-
гиву сафои нафсхо сахт вобастагй доранд ва айёми мубораки мохи Ра-
мазон фурсати полоиш ва сафобахшии нафси инсон мебошад, ки хат-
ман насру пирузй, хайру баракат ва навозишхои бепоёни илохиро ба-
рои у ба армуон меоварад. Айёми босафои мохи Рамазон лахзахои
гуворое мебошанд, ки дилхо дар он ба суи Парвардигори замину ос-
мон ба тапиш дармеоянд ва хама чизро аз чониби у медонанд.
«Насру пирузи танхо аз назди Худои тавонову хаким аст».

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222