Ба воситаи рушди неруи (потенсиали) инкишофи ташкилот ва чузъхои он, хамчунин тамоми унсурхои низоми истехсолию хочаги таъмин мегардад. Инкишофи ташкилот хамчун вокуниба тагийрёбии мухити беруни дида баромада мешавад, ва аз ин руй хислати стратеги дорад. Аз холати неруи инноватсиони интихоб ва амалишавии стратегияи инноватсиони вобаста мебошад. Аз ин руй баходихии холати неруи инноватсиони амалиёти заруриро такозо менамояд.
Неруи инноватсионии ташкилот хамчун меъёри омодагии ичрои вазифахои инноватсионии гузошташуда, яъе омодагихо барои ичроиши барномахои ислохоти инноватсиони ё ин, ки лоихахои инноватсиони ва чорисозии инноватсия шарх дода мешавад.
Мухити дохилии ташкилот аз унсурхое иборат мебошад, ки низоми истехсолию хазинадорихоро дар бар мегирад ва ин унсурхо ба кисматхои зерин таксим мешаванд:
- кисмати махсулоти (лоихави)-ин самти фаъолияти ташкилот ва натичахои он дар шакли махсулот ва хизматрасони (лоиха ва барнома);
- кисмати функсионалии (иттиходи вазифахои истехсолот ва равандхои кори) хамчун танзимгари шаклгирии захирахо ва идоракунии махсулоти ва хизматрасони дар раванди фаъолияти мехнатии кормандони ташкилот дар тамоми давраи истехсоли махсулот;
- кисмати захирахо хамчун мачмуи захирахои модди-техники, мехнати, иттилооти, молияви ва дигар захирахои корхона;
- кисмати ташкили дар шакли ташкили сохтори, равандхои технологи аз руи хамаи вазифахо ва лоихахо, маданияти ташкили;
- кисмати идоракуни хамчун дастурамали умумии ташкилот, низоми идоракуни ва услуби идоракуни.
Тархи баходихии неруи инноватсионии ташкилот хангоми тахлили фаъоли мухити дохили чунин аст:
- таърифи низоми намунавии меъёри холати имконпазири инноватсионии ташкилот (мухити дохили), яъне ба таври возех талаботи сифати ва микдори, холати неруи хамаи кисматхо, таркиби кисмхо ва хачмхое, ки комёбии максадноки инноватсиони ва зермаксадхои онро таъмин менамояд. (аз руи «дарахти максад»);
- холати хакикии имконпазири инноватсиониро аз руи хамаи кисматхо, таркибхо ва андозхо мукаррар менамоянд;
- тахлили меъёри ва ахамияти амалии имконпазирии ташкилот мувофика мегардад;
- тарафхои кудратманд (бо захира ё бо намунаи меъёри мувофик) ва камкувват (ахамиятнок ё ба намунаи меъёри номувофик) фарк кунонида мешаванд;
- номгуи намунавии корхо оиди азнавсозии инноватсионии ташкилот тартиб дода мешавад (пурзур намудан тарафхои кудратманд).
Махдудияти мухлат, набудани мутахассисоне, ки кобилияти гузаронидани тахлил мунтазам доранд, набудан ё дастнорас будани ахбор дар бораи ташкилот (махсусан хангоми тахлили имконпазири инноватсионии ракибон) водор менамояд, ки аз равишхои ташхиси ба баходихии неруи инноватсионии ташкилот истифода намоем.
Тарзи ташхиси дар раванди тахлил ва ташхиси холати ташкилот аз руи махдудият ва дастрас будан хам барои тахлилгарони дохили ва беруни ба амал бароварда мешавад.
Шароитхои хатмии босифат гузаронидани ташхису тахлили неруи инноватсионии ташкилот инхоянд:
- бояд мураттаб кардани дониш ва умуман тартиби ташхиси мавзуи тадкикоти истифода бурда шавад;
- бояд алокамандии андозаи ташхис бо дигар сохторхои мухимро бидонем, то ки аз руи холати ягона намуди андозаи ташхис баходихии холати тамоми сохтор ё ягон кисми онро анчом дихем;
- иттилоот оиди ахамияти коркарди андозахои ташхис бояд сахех бошад, чунки хангоми махдудсозии андозахо хавфи аз даст додан бо сабаби нодуруст муайян намудани ташхиси холати сохтор ба амал меояд.
Гузаронидани ташхису тахлили неруи инноватсиони малакахои муайян ва асосхои иттилоотиро талаб менамояд. Бинобар ин масъалаи муайян сохтани тархи ташхиси тахлили ва баходихии имконпазири инноватсионии ташкилот ба миён меояд. Тархи ташхиси тахлили чунин аст:
- чорикунии фехристи таъсиррасонии идоракуни;
- чорикунии фехриси холати мухити беруни дар омор;
- чори намудани фехристи андозаи ташхис, ки нишондихандаи таъсири беруна ба ташкилот аст;
- чорисозии фехристи сохтори, ки нишондихандаи холати дохилии ташкилот мебошад;
- муайян намудани алокамандии дутарафаи сохтори ва андозаи ташхисии ташкилот;
- мониторинги ташхис ва коркарди маълумотхои омори;
- баходихии сохтори;
- баходихии холати чудогонаи хусусиятхо ва муайян намудани баходихии интералии неруи ташкилот.
Барои халли вазифахои тахлили бо истифодаи баходихии имконпазири инноватсиони саволнома ва пурсишномахои дарачахои гуногун тартиб дода мешаванд.