Главная / Илм / Ноу Хау – чист ва ташкили бозори он

Ноу Хау – чист ва ташкили бозори он

Бояд кайд кард, ки илова бар ин, бо назардошти хусусияти махсулоти илмию техники бозори дар низоми «илм-истехсолот»-и робитахои байнихамдигарии иктисодиро танзимкунанда вазифахои зеринро ифода мекунад:

  • давраи интихоби талаботи мутавозун ва пешниходи махсулоти илми ба воситаи низомхои бозори;
  • озмоиши манфиатноки чамъиятии навоварихои аз чониби илм пешниходшаванда тавассути талабот ба онхо;
  • ошкор сохтани камбудиву норасоихои низоми корхои илми- тадкикоти ва тачрибавию накшакаши, ки ин дар навбати худ бахри чустучухои илми саривакт тахрифу такмил ёфтани онхо имкон фарохам меоварад;
  • на танхо вазифаи миёнарави байни илму истехсолотро ичро месозад, балки ба сифати ташвиксозандаи рушди истехсолот ва пешрафти илмию техники баромад намуда, хамин тавр барои натичаи фаъолияти байни истехсолкунандагони махсулоти илмию техники ва истеъмолкунандагони манфиатноки тарафайнро ба вучуд меорад.

know_howДар баробари ин, як катор шартхое низ мавчуданд, ки ба ташаккули бозори махсулоти илмию-техники таъсир мерасонанд. Ин шартхо аз инхо иборатанд:

  1. пеш аз хама, вайрон шудани низоми инхисори (монополисти) ва ташкили шароити ракобатнок аз чониби истехсолкунандагони махсулоти илмию техники;
  2. чори намудани шаклу усулхои муассир бахри баланд бардоштани таъсирпазирии истехсолот ба корхои илми мусоидаткунанда;
  3. мавчуд будани низоми иктисодии татбики махсулоти илмию техники, ки бо назардошти хусусиятхои вай хамчун мол ташкил ёфтааст;
  1. тавсияи навоварихои пешниход гардида аз хисоби эхёи ихтироъкори ва натичаи раванди инноватсиони ба воситаи кабули тадбирхои фаъолгардонии ба ин амал нигаронидашуда.

Мохияти бозори махсулоти илмию техники дар пиёда гардонидани вазифахои асосии вай зохир меёбад. Вазифахои асосии бозори илмию техники инхоянд:

  1. Вазифаи такрористехсолкунии бозори махсулоти илмию техники дар васеъ намудани доираи истехсолот ва истифодабарии навоварихои илми-техники дар микёси чамъият, ва корхонахо мусоидат менамояд;
  • махсулоти фаъолияти илмию техникиро то истеъмолкунанда расонида, хамчун халкаи пайвасткунанда дар байни истеъмолкунанда, ва махсулоти илмию техники баромад мекунад;
  • шароити мунтазаму сифатноки азнавсозии истехсолот бо ташкили арзишхои нави истеъмоли шароит фарохам меоварад;
  • ба воситаи табаддули баробар такрористехсолкунии васеъи объектхои мушаххаси иктисодиро таъмин менамояд;
  • ба сифати фишанги ошкор сохтани мутавозунии талабот ва пешниходи молхои илмию техники ва усулхои нигохдории он баромад мекунад.
  1. Вазифаи ахбордихии бозори махсулоти илмию техники иборат аст, аз таъмини робитаи баръакси манфи (мувофики назарияи идора) мебошад, ки ин аз мохияти баланди иттилоотии вай бо максади идораи рушди илмию техники ва фаъолияти инноватсиони гувохи медихад. Ин вазифа чун аломати робитаи мутакобили фуруши (татбики) махсулоти илмию техники буда, хамчун ташкили фаъолияти тавлидкунандаи асосии иттилооти иктисоди хизмат мекунад, ки кисми таркибию мухимтарини он-нарххо мебошанд (баходихии арзиши имкон медиханд, ки хачми фуруш, талабот, манфиатнокии чамъиятии махсулоти илмию техники ошкор, инчунин харочот ва натичахо мукоиса карда шаванд).
  2. Вазифаи хавасмандгардонии бозори махсулоти илмию техники чунин зохир мегардад:
  • эътирофи нихоии мохияти чамъиятии мехнати мухаккикон ва тартибдихандагон, инчунин махсули фаъолияти онхоро таъмин менамояд;
  • эхтиёчоти вокеиро ба молхои илмию техники ошкор сохта, хамчун далел барои мухаккикон ва эчодкунандагон хизмат менамояд;
  • хамчун фишанги кам кардани харочоти истехсоли хангоми истехсоли махсулоти илмию техники ва воситаи баланд бардоштани самаранокии истехсолоти илмию техники хизмат мекунад.

Кайд кардан бамаврид аст, ки мавкеи чойгиршавии бозори махсулоти илмию техники дар бозори моли низ мухим мебошад.

Дурнамои рушд ва ба бозор баровардани дастовардхои илмию техники аз мархилахои чараёни давраи инноватсиони арзи вучуд намудани он вобастааст. Хар кадар, ки чараёни иннноватсиони зудтар сурат гирад, хамон кадар имконияти он, дар кишвар ба муваффакият ноил хохад шуд. Дар робита бо ин, ду чараёни ташкили махсулоти инноватсиониро тезонидан зарур аст. Илова бар ин, холо мушкилии ракобатпазири ва махсулоти илмталаб тезутунд мегардад. Хар кадаре, ки доираи инноватсия «чавонтар» бошад, хамон кадар ояндаи ба бозор сохиб шудани он бештар мегардад.

Харчанд дар ин маврид хавфи он низ афзунтар аст. Инноватсияе, ки дар мархилаи камолот карор дорад, метавонад танхо барои фаровон сохтани бозори дохили бо молхои камчину дастнорас истифода шавад. Агар вай дар холати рушду инкишоф карор дошта бошад, пас дар ин маврид, ба гайр аз талаботи дохили барои баромадан ба бозори чахони хам шароити вокеи мавчуд мебошад. Вале, агар инноватсия дар мархилаи ба вучуд омадан ва хатто камолот карор дошта бошад, пас рохёби ба сохаи илмию техникии чахони имконпазир мегардад.

Назар ба биржаи мол, мол-навоварии фурухташуда (натичаи фаъолияти илмию техники) объекти истеъмоли якдафъаина мешавад. Холо хусусият ва фарки фуруши мол-навовари аз фуруш дар бозори молхо (чадвали 3) дида мебароем.

Чадвали 3. Хусусиятхои фуруши мол-инноватсия

Бозори мол Бозори мол – инноватсия
Фуруш – аз чониби фурушанда ба касе додани амволи фурухташаванда, ки барои харидор мухиму манфиатнок аст, вале на барои фурушандае, ки молро фурухтааст, вай аз ин хукук махрум мешавад. Фуруш ба каси дигар дода намешавад зеро фурушандаи навигари хангоми фуруши он худаш аз он махрум намешавад. Навигарии фурухташуда хам ба харидор ва хам ба фурушанда хизмат мекунад. Навигари аз чониби фурушанда ба каси дигар доданашуда вай азхуд карда мешавад.
Фуруши махфи ва комилан бешахс аст. Фурушанда ахамият намедихад, ки махсулоташро ки мехарад ва бо он чи кор хохад кард. Фуруши ин намуди мол – максадноку маълум аст – фурушанда хуб медонад, ки харидори моли вай кист ва барои вай мухим аст, ки молашро чи гуна истифода хоханд кард, вай чи самара медихад, ин барои обрую шаъни вай то чи дарача мухим аст.
Мавчуд будани шартномаи махсуси хуччати хатми нест, ягон хел масъулияти молиявию дигар хел чавобгарихо, махфи будани назароти маълумот зарур нест. Барои хамаи муомилоти ин навъ шартномахои махсуси хуччати заруранд, зеро хусусияти онхо ба таври дакик муайян намудани усулу шаклхои хифзи манфиатхои муштарак, сугурта аз хавфу хатар, таъмини кафолати таксими фоидаро талаб мекунад.
Пуле, ки барои моли фурухташуда дода мешавад, арзиши мубодилаи онро инъикос менамояд, яъне хамарзиши пулии андозаи онро муайян месозад. Мубадалшавии мол ба пул хусусияти худ ба худ ба амалои дорад. Ташаккул ва афзоиши (такйирхбии) нарххо ба ягон хел тахлилхои илми вобаста мебошанд. Пули барои инноватсияи фурухташуда додашаванда вазифаи нархи кумулятивиро ба чо меорад ва барои истифодаи моликияти зехни хукук медихад. Нархи кумулятиви – ин арзиши ифодаёфтаи карзи зехни ба тарафи фурушанда бо ивази карзи пули аз тарафи харидори инноватсия мебошад. Чараё ни ба пул мубаддал гардидани мол – иннватсия ин равандест, ки аз тарафи карздихандагон назорат карда мешавад.

Хусусиятхои фуруши мол-инноватсияро дар мисоли бозори ноу-хау мушохида кардан мумкин аст. Ин чо мехохем аз таърихи истифодаи мафхуми «ноу-хау» маълумот дихем. Пеш аз хама, хаминро бояд таъкид кард, ки агар дар кишвархои хоричи дар тавсифи тачрибаи истехсоли мафхуми «ноу-хау» истифода шавад, пас дар кишвархои Иттиходи давлатхои мустакил, яъне чумхурихои собики Иттиходи Шурави ба чои ин мафхумхои «тачрибаи пешкадам» ва «тачрибаи пешкадами истехсоли» истифода карда мешаванд.

Амалан, дар зери мафхуми «ноу-хау» донишхои техники, тачриба ва асрори истехсолот фахмида мешавад. Дар тачрибаи байналхалкии тичорати истилохи «ноу-хау» якумин маротиба дар хукуки амрикои соли 1916 дар парвандаи Дюранд ба мукобили Браун истифода шуда, аз хамон сол бетарчума ва айнан мавриди истифода карор гирифтааст.

Истилохи «ноу-хау» (know how) айнан маънои «чи тавр ичро кардан, донистан»-ро дорад.

Аз соли 1953 истилохи «ноу-хау» дар созишномахои байналхалки ва дар адабиёти иктисоди ба таври расми мавриди истифода карор гирифт. «Ноу-хау» аввалин маротиба дар тачрибаи шартномавии ИМА ва Британияи Кабир истифода шуда буд. Холо мо, таносуби мафхумхои «ноу-хау» ва «тачрибаи истехсоли»-ро дида мебароем.

Дар адабиёти муосир маънидоди ин масъала се мавкеъро мушохида кардан мумкин аст. Ду мавкеи аввали он ба маънои махдудаш шарху тавсиф додашуда, онро хамчун донишхои технологи дар бораи сохахои нави истифодаи махсулот маънидод месозем. Мухаккиконе, ки тарафдори мавкеи сеюманд, шарх медиханд, ки «ноу- хау» донишхоеро фаро мегирад, ки вай на танхо истехсоли махсулоти дахлдор, балки дар асоси халли вазифахои гайритехникии такмили ташкили мехнат, истехсолоту идораро инчунин баланд бардоштани сифатнокию самаранокии онро таъмин менамояд. Умуман, дар зери мафхуми «ноу-хау» дар савдои байналхалкии литсензияхо сирру асрори сохтори ва технологии истехсолот фахмида мешавад, ки онхо ба химояи патенти фаро гирифта нашудаанд.

Вобаста ба корхое, ки дар натичаи онхо «ноу-хау» ба вучуд омадааст, онро ба гуруххои зерин таксим мекунанд:

  • «ноу-хау»-и илми-тадкикоти;
  • «ноу-хау»-и конструктори;
  • «ноу-хау»-и технологи;
  • «ноу-хау»-и истехсоли (асрори истехсолот);
  • «ноу-хау»-и хисобкардабарои (дар сохаи хисобхои мухандиси);
  • «ноу-хау»-и лоихави (дар сохаи лоихасозии саноат ва иншооти шахрванди);
  • «ноу-хау»-и идори – ин сохторхо ва усулхои идорасозии нисбатан самарабахш, инчунин робитахои нисбатан соддаву боэътимод;
  • «ноу-хау»-и тичорати – ин пешниходи донишхо ва тачриба дар сохаи фуруши махсулот, маълумот дар бораи сохти бозор, ширкатхои бонуфузи миёнарав, шаклхои фуруш ва таърифи махсулот мебошад.
  • «ноу-хау»-и молияви – ин маълумотхо дар бораи шаклхои нисбатан муфиди истифодаи маблагхои пули, когазхои киматнок, хусусиятхои хоси гумруки, маълумотхо дар бораи иттиходияхои бонки ва шаклхои карздихи мебошанд.

Гуфтахои болоро хулоса карда, дар мачмуъ чунин таърифи «ноу- хау»-ро пешниход намудан мумкин аст, «Ноу-хау» – ин донишхо, тачриба ва малакахо дар сохаи кор карда баромадан (лоихасози), азхудкунии саноати, истехсолот, фуруш, истифодабари, хизматрасони, таъмири чориву асоси, такмил додани техникаи нав, инчунин донишхои бо онхо алокаманд ва тачриба дар сохаи идора, иктисодиёт, молия ва гайра мебошанд, ки онхо метавонанд мавриди истифода карор гиранд ё арзише дошта бошанд.

Хангоми муайян намудани «ноу-хау» чунин чихатхоро ба инобат мегиранд:

  1. донишхои техники, идори, иктисоди, молияви ва гайра, инчунин аз тачрибаву малакаи вобаста ба кор карда баромадан, азхудкунии истехсолот, фуруш, истифодабари, хизматрасони, таъмир, такмили техника, технология ва маводхои нав;
  2. арзиш доштани «ноу-хау»;
  3. истифода шудан ё имконияти истифода карор гирифтани онхо;
  4. мавчуд набудани химояи хукукии онхо дар сатхи милли ва байналхалки.

Дар шароити гузариш ба иктисоди бозаргони тачрибаи истехсоли ва «ноу-хау» ба хамдигар алокамандии зич доранд. Вале, ба назари мо хардуи онхоро ба хамдигар айният додан ва як падида пиндоштан хатост.

Дар адабиёти солхои 80-ум, одатан, тачрибаи истехсолиро хамчун тачрибаи фаъолияти нисбатан самарабахш ва максадноки кормандони алохида, чамъи кормандони корхонахо ва сохахои саноат барраси мекарданд.

Ба хамин тарик, дар мамлакат зарурати асосноки ташкили шароити мусоиди конунгузори, ташкили, иктисодиву молияви, андози ва гайра, ки фаъолияти иннноватсиониро озод месозанд ва ба хамин васила ташаккули бозори навоварихо, аз чумла, бозори «ноу-хау»-ро таъмин менамоянд, пеш омадааст.

Ташаккули бозори «ноу-хау» захираи гуногуни вусъати корхои илмию тадкикоти ва тачрибавию конструктори, ташкили намунаи тачрибавии техника, истифодаи технологияи пешкадам, ихтисор намудани даври илмию истехсоли мегардад.

Дар баробари ин, имруз чараёнхои вобаста ба тичоратикунонии инноватсиони босуръат инкишоф мёбанд. Вале дар кишвархои ИДМ инфрасохтори бозори инноватсияхо нихоят суст инкишоф ёфтааст. Масалан, дар Точикистон вай танхо бо маркази патенти, ки дар бораи инноватсияхо дар доираи чумхури маълумот гирд меоварад, муаррифи мегардад.

Дар ташаккул ва рушду равнаки бозори навоварихо ва «ноу-хау» марказхои технологии иннноватсиони, паркхои илми, технологи, саноати, гуруххои молиявию саноати, ширкатхои мубтакири (венчури), инчунин корхонахои хурди инноватсиони метавонанд накши сазоворро ичро созанд. Пайдоиши менечменти инноватсиони, такозои замон аст. Равандхои инноватсиони ва корбасти онхо дар мавод ва техникаи нав асоси тараккиёти иктисодианд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222