Факехони киром мачмуаи одоб ва мустахабботеро зикр намудаанд, ки шахси курбоникунанда баъзе аз онхоро пеш аз забхи курбони, баъзеро хангоми забх ва баъзе дигарро пас аз забхи он бояд риоя намояд. Хамчунин корхоеро ёдовар шудаанд, ки анчом додани онхо дар чараёни курбони кардан карохият доранд. Риояи мустахаббот бар ачри курбони меафзояд ва макрухот бошанд, онро нокис мегардонанд. Касе дар чараёни анчоми курбонии худ мустахабботро риоя намояд ва аз макрухот дурй гузинад, иншоаллох , ачри курбониро ба таври комил ба даст меоварад. Кисмте аз ин корхо каблан зикр гардид ва холо бахши дигари онхоро ёдовар мешавем:
1. Бо банде бастани курбони.
2. Хангоми забх онро бо лутфу нармй ба суи забхох бурдан.
3. Агар чорвои курбониро муддате пеш аз рузи ид харида бошад ва ё аз баини гову уфандони хочагиаш якеро барои курбони дар назар гирифта бошад, онро то рузи ид нагз тарбия ва нигохубин намояд.
4. Чорвои фарбех ва хубро барои курбони интихоб ва харидори намояд. Зеро тамоми ин корхо навъе бузургдошт ва изхори таваччух ба ин шиори Ислом ва шаоири дини Худо ба шумор мераванд ва Худованд мефармояд: «Ин ва касе шаоири Аллохро бузург дорад, ин амали вай аз таквои дилхост».
5. Курбониашро агар ба куштани чорво кодир бошад, бо дасти худаш забх, намояд. Зеро он курбат ва ибодат аст ва бехтар аст, ки ба дасти худаш анчом гирад. Дар сурати кодир набуданаш шахсе бо ваколат аз вай онро забх намояд ва ин низ чоиз аст ва аз ачри он чизе
кам намесозад.
6. Чорвоеро аз байни гову молаш барои курбони муаиян созад ва ё муддате пеш аз ид барои курбони харидори намояд, агар он чорво пас аз муаиян кардан ва харидори намудан барра ва ё гусола кунад, онро низ бояд хамрохи модараш курбони кунад. Хамчунин агар дар
вакти забх барра ва ё гусолааш зинда берун ояд, онро низ бояд забх намояд. Вале агар барра ва ё гусола пеш аз муайян кардан ва ё харидори намудан барои курбони таваллуд шуда бошад, он дигар дар хукми курбони дохил намешавад.
7. Агар то замони ид рузхои каме боки монда бошад, дигар тарошидан ва истифода аз пашми курбони низ чоиз нест, вале агар то иди курбон чанд мох боки монда бошад ва гузоштани пашм сабаби логарии он гардад, тарошидан ва ислохи он чоиз аст, зеро ин амр аз чумлаи корхои парвариш ва нигохубини чорво ба шумор меравад. Ривоят шудааст, ки марде аз ахли Хамдони Яман ба назди Алй (р) омад, дар холе ки говеро бо гусолааш бо худ мебурд. Гуфт: Ин говро харидам, ки курбони кунам, он гусола кард. Алй (р) фармуд: Ба чуз фазл (зиёдатй)-и гусола аз шири он нануш ва рузи ид онро хамрохи гусолааш аз тани хафт нафар курбони кун!.
8. Вакте чорвоеро барои курбони муаиян намуд ва ё харидори кард, дигар фурухтан ва иваз кардани он чоиз нест. Зеро он барои курбат мукаррар гардидааст, пас истифода аз пули он чоиз нест, чи тавре истифода аз пашмаш чоиз набуд.
9. Пеш аз забх, дар гушае дуртар аз чашми хайвони курбони кордро тез намояд. Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) вакте хост курбониашро забх намояд, ба у гуфт: «Эй Оиша, кордро бо санге тез карда биовар».
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …