Главная / Илм / Одоб ва суннатхои цурбонй

Одоб ва суннатхои цурбонй

Факехони киром мачмуаи одоб ва мустахабботеро зикр намуда-
анд, ки шахси курбоникунанда баъзе аз онхоро пеш аз забхи курбонй,
баъзеро хангоми забх ва баъзе дигарро пас аз забхи он бояд риоя на-
мояд. Хамчунин корхоеро ёдовар шудаанд, ки анчом додани онхо дар
чараёни курбонй кардан карохият доранд. Риояи мустахаббот бар ач-
ри курбонй меафзояд ва макрухот бошанд, онро нокис мегардонанд.
Касе дар чараёни анчоми курбонии худ мустахабботро риоя намояд
ва аз макрухот дурй гузинад, иншоаллох,, ачри курбониро ба таври ко-
мил ба даст меоварад. Кисмте аз ин корхо каблан зикр гардид ва холо
бахши дигари онхоро ёдовар мешавем:
1. Бо банде бастани курбонй.
2. Хангоми забх онро бо лутфу нармй ба суи забхох бурдан.
3. Агар чорвои курбониро муддате пеш аз рузи ид харида бошад
ва ё аз байни гову уфандони хочагиаш якеро барои курбонй дар на-
зар гирифта бошад, онро то рузи ид нагз тарбия ва нигохубин намояд.
4. Чорвои фарбех ва хубро барои курбонй интихоб ва харидорй
намояд. Зеро тамоми ин корхо навъе бузургдошт ва изхори таваччух
ба ин шиори Ислом ва шаоири дини Худо ба шумор мераванд ва Ху-
дованд мефармояд: «Ин ва касе шаоири Аллохро бузург дорад, ин ама-
ли вай аз таквои дилхост».
5. Курбониашро агар ба куштани чорво кодир бошад, бо дасти
худаш забх, намояд. Зеро он курбат ва ибодат аст ва бехтар аст, ки ба
дасти худаш анчом гирад. Дар сурати кодир набуданаш шахсе бо ва-
колат аз вай онро забх намояд ва ин низ чоиз аст ва аз ачри он чизе
кам намесозад.
6. Чорвоеро аз байни гову молаш барои курбонй муайян созад ва
ё муддате пеш аз ид барои курбонй харидорй намояд, агар он чорво
пас аз муайян кардан ва харидорй намудан барра ва ё гусола кунад,
онро низ бояд хамрохи модараш курбонй кунад. Хамчунин агар дар
вакти забх барра ва ё гусолааш зинда берун ояд, онро низ бояд забх
намояд. 
Вале агар барра ва ё гусола пеш аз муайян кардан ва ё харидорй
намудан барои курбонй таваллуд шуда бошад, он дигар дар хукми
курбонй дохил намешавад.
7. Агар то замони ид рузхои каме бокй монда бошад, дигар таро-
шидан ва истифода аз пашми курбонй низ чоиз нест, вале агар то иди
курбон чанд мох бокй монда бошад ва гузоштани пашм сабаби лога-
рии он гардад, тарошидан ва ислохи он чоиз аст, зеро ин амр аз чум-
лаи корхои парвариш ва нигохубини чорво ба шумор меравад.
Ривоят шудааст, ки марде аз ахли Хамдони Яман ба назди Алй (р)
омад, дар холе ки говеро бо гусолааш бо худ мебурд. Гуфт: Ин говро
харидам, ки курбонй кунам, он гусола кард. Алй (р) фармуд: Ба чуз
фазл (зиёдатй)-и гусола аз шири он нануш ва рузи ид онро хамрохи
гусолааш аз тани хафт нафар курбонй кун!.
8. Вакте чорвоеро барои курбонй муайян намуд ва ё харидорй
кард, дигар фурухтан ва иваз кардани он чоиз нест. Зеро он барои
курбат мукаррар гардидааст, пас истифода аз пули он чоиз нест, чй
тавре истифода аз пашмаш чоиз набуд.
9. Пеш аз забх, дар гушае дуртар аз чашми хайвони курбонй корд-
ро тез намояд. Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) вакте
хост курбониашро забх намояд, ба у гуфт: «Эй Оиша, кордро бо санге
тез карда биовар».

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222