Главная / Илм / ПАЙДОИШИ ДИНХО

ПАЙДОИШИ ДИНХО

Барои шинохти илмии динхо донистани раванду чараёни пайдоиш ва тахаввулу такомули онхо зарур аст. Дар мавриди пайдоиши динхо ихтилофу бахсу мучодилаву мубохисахои илмию дини зиёданд. Оё инсон хамеша диндор будааст? Агар хамеша диндор набуда бошад онро чи гуна метавон исбот кард?Дин дар чамъияти инсони дар кадом мархалае аз таърихи башар пайдо шудааст? Аввалин шаклхои диндории башар чи гуна будаанд? Оё инсон аз аввал яктопараст будааст? Агар не, пас яктопарасти ( динхои тавхиди) кай пайдо шуданд?

Ин хадди акали он саволхое мебошанд, ки таърихан инсоният ба миён гузоштааст ва имруз низ дар зехни як шахси чуянда метавонад пайдо шавад. Чавоби илми додан ба ин саволхо танхо дар ду садаи охир (Х1Х-ХХ) бар асоси кашфиёт ва бозёфтхои нави илми муяссар гардид. Пешрафти як катор илмхо ва бой гардидани маълумоту бозёфтхои илми ин имконро ба вучуд оварданд.

Аз чумлаи он илмхое, ки барои тахкику муайян намудани чараёни пайдоиши нахустин эътикодхо ва парастишхои одамони ибтидои маълумот медиханд: бостоншиноси (археология), мардумшиноси (этнография), инсоншиноси (антропология), забоншиносии таърихи ва инчунин асотиршиноси (мифология) мебошанд, ки дар ду асри охир пешрафти бесобикае доштанд.

Пайдоиши динхоро бе шинохти шароити пайдоиши инсон ва зиндагии инсонхои ибтидои имконнопазир аст.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222