Асри XIX дар таърихи башарият бо зиддиятхо ва ихтилофхо ва бархурдхои идеологи макоми хоса дорад.
Зиддиятхои чамъияти танхо хоси карни XIX нестанд, дар олами хасти зиддиятхои ногузир чой доранд. Дар сурате, ки аз зиддиятхо ба максад истифода бурда шаванд, метавонанд омили пешрафти чомеа гарданд. Дар холати мукобил чомеаро ба харобкорихо оварда мерасонад.
Дар асри XIX аксарияти мамлакатхои Аврупо бо таравдиёти саноати фарк мекарданд.
Дар натича чомеа торафт бештар ба табакахои ба хам зид таксим шуд. Сохибони воситахои истехсолот бо истифода аз мехнати кироя бою кудратманд мешуданд ва коргарони кироя, камбаал шуда, дар байни онхо мубориза шиддат мегирифт. Зиддияти синфи барои тамоми форматсияхои чамъияти хос аст. Лекин карни XIX бо он хосият фарк мекунад, ки дар муборизаи сиёси коргарони кироя ширкат карданд. Иттифоки коргарон сабаб шуд, ки фикру андешахо оиди баробарии ичтимои ба амал оянд. Дар натича дар асри XIX назария ва таълимотхои нав пайдо шуданд, ки марому максадхои баробарии ичтимои ва адолатхохи чомеаро тачассум менамуданд. Маркази ин таълимхои нав Аврупо буд.
Мамлакатхои пешкадами Аврупо маркази ходисахои мухими характери ичтимои дошта гардиданд.
(Револютсияхои буржуазии асрхои 17-18). Махз ин мамлакатхо ба назарияе, ки характери ичтимои дошт, асос гузоштанд.
Нимаи дуюми асри XIX таълимоти нав – марксизм ташаккул ёфт. Асосгузорони ин таълимот К. Маркс ва Ф. Энгельс буданд.
Карл Маркс 5-майи соли 1818 дар шахри Трир (Германия) дар оилаи адвокат ба дунё омадааст. у дар вакти тахсил дар университет ш. Берлин ба гурухи инкилобчиён (гегелчиёни чавон) хамрох шуд. Баъди химояи рисолаи доктори фалсафа соли 1842 Маркс ба шахри Кельн омада ба сифати мухаррири газетаи Рейн ба фаъолият сар кард. Соли 1843 баъди баста шудани газета Маркс ба Париж омада дар мачаллаи «Немиси – франсави» кор мекунад. Дар ин мачалла якчанд маколахои фалсафии у чоп карда мешаванд.
Натичаи фаъолияти эчодии К. Маркс дар асархои «Танкиди иктисоди сиёси» соли 1859 ва «Карпитал» соли 1867 чоп шуданд. Дар ин асархо дар натичаи омухтани иктисодиёти капиталисти Маркс таълимоти худро дар бораи арзиши изофа ва капитал асоснок мекунад.
Маркс дар як вакт фаъолияти революсиони мебурд. Соли 1864 бо ташаббуси бевоситаи у дар Лондон ташкилоти байналмиллали интелнасионали – 1 таъсис дода шуд, ки то соли 1872 фаъолият намуд. К. Маркс 14 марти соли 1883 вафот кард.
Маркс асосгори назария ва тактикаи инкилоби пролетари буд. у бо хамрохии Ф. Энгельс чахонбинии революсионии пролетари – диалектикаи материалиро кашф намуданд. Онхо дар натичаи омухтани таърихи чамъият, назарияи материализми таърихиро эчод намуданд.
Энгельс хамсаф ва рафики К. Маркс буд, ки тамоми хаёти худро ба муборизаи революсиони бахшида буд. Ф.Энгельс 28 – ноябри соли 1820 дар шахри Бармени
Германия дар оилаи фабрикант таваллуд шудааст. у ба монанди К. Маркс барвакт ба фаъолияти революсиони дода шудааст. Назарияи инкилобии Ф.Энгельс дар асархояш: «Очеркхои танкиди оиди иктисоди сиёси» (соли 1844), «Вазъияти синфи коргари Англия» (соли 1845), «Идеологияи немис», «Манифести партияи коммунисти» (якчоя бо К.Маркс), «Чанги дехконон дар Германия», «Анти-Дюринг», «Диалектикаи табиат», «Пайдоиши оила моликияти хусуси ва давлат», «Людвиг Фейербах» ва гайра инъикос ёфтааст.
Ф.Энгельс муборизи фаъоли революсиони буд. Хамчун дохи таълимоти революсионии синфи коргар ба мукобили хамаи чараёнхо созишкор ва опортунисти муборизаи беамон бурда буд.
Марксизм – системаи таълимотхои фалсафи, иктисоди, сиёси, ичтимои ва маънави мебошад. Ин таълимот дар «Карпитал», «Манифести партияи Коммунисти» ва асархои дигари фалсафи, иктисоди ва таърихи асоснок карда шудааст.
Мувофики акидаи марксизм чомеа чандин зинахо (формасияхои чамъияти) ичтимоиро аз сар гузаронидааст. Зинаи Оли ва охирини он чамъияти коммунисти мебошад. Коммунизм чомеаи бе синфу бе табака мебошад. Дар натичаи таравдиёти бемайлони куввахои истехсолкунанда дарачаи баланди таравдиёти чомеа ба даст дароварда мешавад. Ин имконият медихад, ки одамон аз чихати ичтимои баробар шаванд. Як чихати мухими таълимоти марксисти дар он аст, ки моликият умуми гардонда мешавад. Ба чомеаи коммунисти гузаштан дар натичаи пурзур шудани зиддиятхои оштинопазири буржуазхо ва синфи коргар имкон мегардад. Ва ин гузариш дар натичаи тараккиёти баланди зинаи капиталисти ба амал меояд. Таълимоти марксисти дар бораи гузариш аз капитализм коммунизмро В. И. Ленин дар шароити нав инкишоф дода, назарияи революсияи сосиалистиро кор карда баромад.
Бо пайдоиши назария ва таълимотхои нав хизбу созмонхои сиёси дар Аврупо, Осиё, Амрико пайдо шуданд. Кадимтарин хизби сиёсии чахон ин хизби Тори буд, ки дар нимаи дуюми асри XVII дар Англия ташкил ёфтааст. Даххо хизбхову созмонхо, ки дар асри XIX пайдо шуданд, равияхои мухталифи сиёси дошта, манфиатхои табакахои гуногуни чамъиятиро химоя менамуданд.
Дар Руссия чараёнхои сиёси дар зери таъсири акидахои сиёсии мамлакатхои Гарб пайдо шуданд. Харакатхои инкилоби – озодихохии Руссия ба се давра таксим карда мешавад. Ба ин харакатхо Шуриши соли 1825 ибтидо мегузорад. Аз ин сабаб давраи якум харакати декабристон ном гирифтааст. Дар давраи якум намояндагони дворянинхо – афсарони рус ширкат карда мохи декабри соли 1825 шуриш бардоштанд, ки дар таърих ба номи харакати декабристон маълум мебошад. Аввалин ташкилоти декабритон, ки соли 1816 ташкил ёфта буд, «Иттифоки начот» номида мешуд. Рохбарон ва фаъолони ин ташкилот бародарон Александр ва Никита Муравевхо, бародарон Сергей ва Матвей Бестужевхо Апостолхо, Якушкин, Пестель, Лунин, Трубецкой ва дигарон буданд. Ташкилоти «Иттифоки начот» барнома ва оинномаи худ дошт.
Максади нихонии ташкилот бекор кардани тартиботи крепостной ва баркарор намудани сохти констутсиони дар Россия буд.
Соли 1818 дар як вакт чамъияти дигари декабристон «Иттифоки бехбуди» ташкил ёфт. Ин ташкилот накшаи аники муборизаро баён накарда, асосан ба фаъолияти ташвикоти таргиботи махдуд мешуд. Баъдтар дар асоси ин ташкилотхо чамъитхои пинхонкори декабристон «Чамъияти Шимоли» ва «Чамъияти Чануби» ташкил ёфтанд. Барномаи кори ин ташкилотхо дар «Хакикати рус» ва «Конститусия» инъикос ёфта буданд. Мувофики «Хакикати рус» дар Россия сохти крепоснои бархам хурда, баробарии комили шахрвандон ва барпо кардани сохти республикави дар назар дошта шуда буд.
Муврофики «Конститутсия» -и Н.Муравёв Россия манархияи конститусиони эълон карда шуда, подшох хамчун ваколатдори олии давлатии ичроия боки мемонд.
Баъди бе муваффакият анчом ёфтани шуриши декабристон ташкилотхои онхо пароканда гашта, соли 1861 давраи якуми харакати озодихохи ба охир мерасад.
Аз соли 1861 давраи дуюми инкилоби – озодихохии Россия сар мешавад. Ин давра разночини (гуногун табакави) номида мешавад, ки намояндагони фаъоли ин давра халкчиён буданд.
Асосгузорони назарияи халкчиги мутафаккирони бурузги рус, Александр Иванович Герцен (1812-1870) ва Николай Гаврилович Чернышевский (1828-1889) буданд. А.И.Гернец анъанахои декабристонро идома дода, дар сахифахои журнали «Колокол» (Зангула) мутлакият ва тартиботи крепоснойчигиро фош мекарданд. у чунин мешуморид, ки Россия бар хилофи Аврупои Гарби давраи капиталистиро аз сар нагузаронида, ба воситаи чамоаи (общинаги) дехдон ба сосиализм гузашта метавонад.
Ин акидаи Герценро Н.И.Чернышевский идома дод. Чернышевский орзухои худро дар бораи чамъияти нав дар романи «Чи бояд кард?» тачассум кардааст.
Кори Герцен ва Чернышевскийро халкачиёни революсиони солхои 70-уми идома доданд. Ба ин гурух намояндагони зиёиён-табакахои гуногун (разночинхо) дохил мешуданд.
Халкачиён роли прогрессиви доштани капитализмро инкор карда, чунин акида доштанд, ки капитализм мамлакатро ба таназзул бурда мерасонад. Дар Россия барои капитализм замина вучуд надорад. Россия бо рохи махсуси худ таравди карда, ба воситаи чамоаи дехдони ба сотсиализм рафта мерасад.
Халкчиён дехдонро кувваи асосии инкилоби дониста, дар давоми ду- се сол ба «револютсияи сотсиалисти» мамлакатро расонидани буданд. Ба ин максад «ба назди халк» рафтан сар шуд. Аз ин ибора номи халкчихо пайдо шудааст. Аммо ин максадхои халкчиён амали нагаштанд ва идеяи халкчиги шикаст хурд.
Соли 1876 чамъияти «Замин ва озоди» ташкил ёфт, ки кружокхо (махфилхои) гуногуни халкчиён ба як ташкилоти марказонидашуда муттахид намуд. Аъзоёни ин чамъият пропагандаи акидахои революсиониро дар байни коргарон ва дар хамин асос тайёр намудани рохбарони ояндаи шуришхои дехдони аз хисоби коргарон машгул шуданд.
Соли 1879 чамъияти «Замин ва озоди» дар натичаи пайдо шудани ихтилофхо ба гурухдои «Черный передел» (гурухи сиёх) ва «Народная воля» (Озодии халкхо) таксим шуд. Агар гурухи, «Чёрный предел» тарафдори давом додани ташвикоти революсиони бошанд, гурухи «Народная воля» рохи террор – куштани подшох ва гузаронидани табадулотро пеш гирифтанд. Ба подшох Александри – 2 чанд маротиба суикасд ташкил карда шуда, нихоят соли 1881 бо рохи тарконидани бомба уро куштанд. Ташкилкунандагони суикасд А.Желябов, С. Перовская, Н. Кибальчич дар Петербург ба дор овехта шуданд.
Умуман, халкчиги ба се гурух: инкилоби, ислохотчиги ва террористи (суи касдчиги) таксим мешуданд.
Революсионерони пролетарии ворис ва
давомдихандагони кори декабристон, революсионерони демократи, ташкилотхои пинхони, халкчиёни солхои 70-ум ва аввалин ташкилотхои пинхонии коргари буда ба харакати озодихохии Россия ворид гаштанд.
Дар охири асри XIX дар Россия пролетариат хамчун синф ташаккул ёфт. Ин зарурияти ташкил кардани ташкилотхои коргариро ба миён овард. Соли 1875 дар Одесса «Иттифоки коргарони Россияи Чануби» ташкил карда шуд. Баъди се сол дар Петербург Степан Халтурин ва Виктор Обнорский «Иттифоки коргарони Руси Шимол» – ро ташкил доданд.
Гарчанде, ки ташкилотхои пинхонкори коргарон камтар аз якуним сол фаъолият карданд, онхо дар таърихи харакати коргарии Россия осори худро гузоштанд.
Сардори сотсиал – демократияи рус Георгий Плехонов соли 1883 дар Женева кружоки гурухи «Озодикунии мехнат»- ро ташкил намуд.
Гурухи «Озодикунии мехнат», ки ба он Г.П.Плеханов, П.Аксельрод, В.Засулич, Г.Дейч ва дигарон рохбари мекарданд, «Манифести партияи коммунисти» ва дигар асархои Маркс ва Энгельсро ба забони руси тарчума намуда ба Россия мефиристоданд. Ташкилот барои пахн шудани марксизм дар Россия сахми калон бозид. Махсусан асархои Г.Плехонов «Сотсиализм ва муборизаи сиёси» ва «Ихтилофхои мо» дар ин масъала ахамияти калон доштанд.
Дар Петербург соли 1895 бо ташаббуси В.И.Ленин ташкилоти марксисти пролетарии «Иттифоки мубориза барои озодикунии синфи коргар» ташкил ёфт. Дар нимаи дуюми солхои 90-ум чандин ташкилотхои дигар дар марказхои калони саноатии мамлакат таъсис ёфта буданд.
Соли 1898 съезди 1-сотс иал-демократхои Россия даъват карда шуд. Аммо дар съезд ташкилёбии партия имкон нагардид.
Съезди дуюми РСДРП 17 июли соли 1903 дар Брюсела давом намуда, баъдтар кори худро дар Лондон идома дод. Съезд «Программаи Партия», ки аз ду кисм иборат буд, кабул намуд: Программаи минимум сарнагун кардани мутлакияти подшохи, баркарор кардани чумхурии
демократи. Программаи максимум бо рохи революсияи сотсиалисти сарнагун кардани капитализм.
Дар съезд оиди параграфи якуми оиннома дар бораи аъзоёни Хизб бахсу мунозирахо сар шуд. В.И.Ленин ва тарафдорони у, ки дар вакти овоздихи аксарияти овозхоро сохиб шуданд, болшевик ва тарафдорони Мартов-меншевик ном гирифтанд. Бо хамин РСДРП ба ду шоха таксим шуд.
Дар давраи инкилоби якуми рус солхои 1905-1907 дар Руссия хизбу чараёнхои сиёсии нав, аз чумла хизби конститусиони- демократи «Иттифоки 17 октябр» (октябристхо), «Черносотенцы», «Партияи монорхистии Россия», «Иттифоки халки рус», «Иттифоки мардуми ба номи Архангел», «Чамъияти муборизаи фаъол зидди инкилоб ва анархия» ва айрахо, ташкил ёфтанд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …