Главная / Илм / ПАЙДО ШУДАНИ МАТБУОТИ ДАВРИ ВА САХМИ ОН ДАР ХАРАКАТХОИ ИНЦИИОББ

ПАЙДО ШУДАНИ МАТБУОТИ ДАВРИ ВА САХМИ ОН ДАР ХАРАКАТХОИ ИНЦИИОББ

Дар ташаккули афкори сиёсии халки точик матбуоти давраги сахми калон бозид. Аввалин намунаи нашрияхо дар Осиёи Миёна варакаю хитобномахо буданд, ки аз Руссия ба ахолии махали дастрас мешуданд. Яке аз аввалин варакахо «Мактуб аз Петербург» ном дошт, ки 7-маи соли 1901 дар Хучанд пайдо шуд.
Аввали соли 1903 дар Осиёи Миёна, аз чумла дар Хучанд варакахои гуруххои социал-демократхои рус пахн шуданд. Охирхои соли 1904 ва ибтидои соли 1905 ташкилотхои махали социал-демократхои Туркистон имконияти нашр кардани хитобномахо ва варакахоро пайдо карданд.
Аввалин нашрияи пинхонкорони сотсиал-демократхои Туркистон бо номи «Рабочый» 20 сентябри соли 1905 дар шахри Тошканд интишор ёфт. Рузнома равияи большевики дошта, хонандагонро ба муборизаи зидди хокимон ва мустамликадорон даъват менамуд. Рузнома то мохи феврали соли 1906 нашр мешуд.
Дар Кизил-Аврот рузномае бо номи «Рабочий листок» чоп мешуд, ки аз нигохи мавзуъ ва равияи сиёси идомаи рузномаи «Рабочий» буд. Ин рузнома то мохи октябри соли 1906 нашр мешуд.
Дар ин давра дар шахрхои гуногуни Туркистон нашрияхои дигар бо номхои: «Самарканд» (10 апрели соли 1904 то бахори соли 1907), «Русаки Туркистон» (солхои 1878 то августи соли 1906), «Асхабод» (январи соли 1899 то майи соли 1918) чоп мешуданд, ки дар харакатхои инкилобии солхои 1905-1907 хиссаи арзанда гузоштанд.
Дар охири соли 1905 ва ибтидои соли 1906 дар Туркистон як катор нашрияхои хусуси ба миён омаданд, ки онхоро буржуазияи нав таъсиси кишвар нашр менамуданд, ки аксари онхо равияи туркпарастона доштанд. (Усмонов И., Давронов Д. Таърихи матбуоти Тик.- Душанбе, 1997). Яке аз ин гуна нашрияхо «Тарчумон» буд, ки аз рузи аввали таъсисёби то шумораи охиринаш дар барои устувории вахдати миллати туркзабон хизмат намуда, онро дар байни хонандагон таргибу ташвик мекард.
Бо таъсири «Тарчумон» аксари рушанфикрони Осиёи Миёна аз кабили Мунавар Кори ва Махмудхуча Бехбуди, барои муттахид кардани нерухои ичтимои андешахои пантуркизм кушиш мекарданд.
Омили дигари пайдо шудани матбуоти турки дар Осиёи Миёна таъсири рушанфикрони тотор аст. Тоторхо аз як тараф хамчун намояндаи халкдои туркнажод афкори туркиёнро дар Осиёи Миёна оварда бошанд, аз тарафи дигар онхо воситаи пайванди мардуми Осиёи Миёна, аз чумла точикон бо русхо буданд. Зеро дар хамаи муассисахои давлатии Руссия аксарияти тарчонхо аз тоторхо буданд. Мардуми корафтодаи точик, ки дар муассисоти давлатии рус кор мекарданд ва забони русиро намедонистанд, худро мачбур месохтанд, ки забони туркиро омузад. Ин омил ба сарнавишти баъдинаи Осиёи Миёна хам таъсири амик гузошт. Аз тарафи дигар бошад сабабгори ба вучуд омадани матбуоти турки гардид.
Хамин тавр мохи ноябри соли 1905 аввалин нашрияи миллии гайри давлатии Осиёи Миёна ба номи «Таравди» аз нашр баромад.
Баъдтар як силсила рузнома ва мачалахо аз кабили «Туоччрат», «Хуршед», «Осиё», «Вакт», «Иршод» таъсис ёфтанд.
Аввалин нашрияи точики «Бухорои Шариф» буд, ки шумораи якуми он 11-марти соли 1912 аз чоп баромад. Рузнома то 2-январи соли 1919 фаъолият намуд. Рузнома дар таърихи афкори сиёси ва фархангии халки точик накши босазо гузошт. Бесабаб нест, ки 11-март дар Точикистони сохибистиклол рузи матбуот эълон шудааст. Рузномахои «Самарканд», «Зарафшон», «Танг» (Шафак), «Кутулуш», (Озоди) ва мачалаи «Ойина»- нашрияхои характери сотсиал – демократи дошта буданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222