Главная / Илм / Паёмбар (с) бар фарози кухи Сафо

Паёмбар (с) бар фарози кухи Сафо

Баъд аз ин ки Паёмбар (с) аз чониби Абутолиб мутмаин шуд, ки уро танхо нахохад гузошт ва дар тамоми марохил ёру ёвараш хохад буд, бар болои кухе ба номи “Сафо” боло рафту фарёд баровард: “Ё сабохох!” Дар он даврон ин калимаро вакте ба кор мебурданд, ки амри мухим ба вукуъ пайваста ва ё лашкаре хамла кардааст.
Он гох хар як кабиларо бо ному русум садо зад: “Эй бани Фихр, эй бани Ади, эй бани Абдуманоф, эй бани Абдулмутталиб…”.
Хангоме ки Курайш ин нидои Паёмбар (с)-ро шуниданд, ба суяш шитофтанд ва хатто касоне, ки наметавонистанд худашон хозир шаванд, намояндаеро аз чониби худ ба ин минтака фиристоданд. Замоне ки хама омаданд, Паёмбар (с) фармуд:
“Агар ба шумо бигуям, ки пушти ин домана лашкаре омадаст, то ба шумо хамла кунад, оё гуфтаи маро бовар мекунед?”. Хамаи онхо гуфтанд: “Оре, собика надорад, ки мо аз ту сухани дуруге шунида бошем”. Паёмбар (с) фармуд: “Пас бохабар бошед, ки ман фиристодаи Худо ба суйи шумо хастам, бинобар ин аз ман пайрави ва фармонбурдори намоед, то аз азоби сахте, ки дар пеши ру доред, начот пайдо кунед.
Баъд аз ин ки суханони Паёмбар (с) тамом шуд, мардум пароканда шуданд ва танхо касе, ки бо Паёмбар (с) ба дурушти бархурд кард, Абулахаб буд, ки ба Паёмбар(с) гуфт: “Халокат бод туро, оё барои ин моро даъват карди?”. Вакте ки Абулахаб ба Паёмбар (с) чунин густохи намуд, Худованд дар иртибот бо дурустии суханони Паёмбар (с) сураи “Таббат”-ро фиристод:
“Нобуд бод Абулахаб ва хатман нобуд мегардад”.
Аз он руз баъд Паёмбар (с) ва ёронаш ба таври ошкоро дар мукобили дидаи мушрикону бутпарастон ба ибодати Худованд мепардохтанд. Ба тадрич даъвати Паёмбар (с) дар миёни афроде, ки дар Макка зиндаги мекарданд, густариш пайдо кард ва руз ба руз теъдоди мусалмонон афзуда мешуд, иртиботи онхо бо кавму кабилаашон тираву тор мегардид ва ин амр хашму газаби Курайшро барангехт.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222