Главная / Илм / Паёмбар (с) дар пайи касбу кор

Паёмбар (с) дар пайи касбу кор

Паёмбар (с) дар синни чавони касбу кори мушаххасе надошт, аммо дар ин айём бештар ба чупони ва гусфандчарони мепардохт, то захматхои амакаш Абутолибро чуброн намояд. Аммо баъд аз муддате, ки рузгорро ба чупони сипари намуд, даст аз ин кор кашиду ба тичорат пардохт. Албатта хадафи Паёмбар (с) аз чупони тахияи сарфу харчи зиндаги буд ва дигар ин ки бехтар метавонист оёту нишонахои Худованд, аз чумла азамати осмон, хуршед, ситорагон, мох ва гайраро бубинад.
Паёмбар (с) дар синни бисту панчсолаги ба касди тичорат бо сармояи Хадича равонаи Шом шуд. Ба хотири ин ки Хадича зани сарватманду пулдор буд, афродеро ачир (муздур) менамуд, то бо сармояи у ба тичорат бипардозанд. Вакте ки ростгуи ва садокати Паёмбар (с) ба гуши Хадича расид, фардеро назди Паёмбар (с) фиристод ва ба Паёмбар (с) пешниход кард, ки бо гуломи у Майсара барои тичорат ба Шом биравад. Ба хотири ин ки шугли мардуми Курайш тичорат буд, Паёмбар (с) ин пешниходро пазируфт ва хамрохи Майсара ба Шом рафтанд. Хадича низ пешниход карда буд, ки маблаги бештареро аз он чи ба дигар бозаргонон медод, ба Паёмбар (с) бидихад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222