Главная / Илм / Паёмбар (с) тахти сарпарастии Абдулмутталиб

Паёмбар (с) тахти сарпарастии Абдулмутталиб

Баъд аз вафоти Омина модари Паёмбар (с) сарпарастии уро Абдулмутталиб бар ухда гирифт, Абдулмутталиб аз хеч гуна мехру утуфате нисбат ба Паёмбар (с) дарег намеварзид ва уро бисёр дуст дошта навозиш мекард, хатто уро аз фарзандони худаш хам бештар дуст медошт, чаро ки медонист ояндаи дурахшону равшан дар интизори уст.
Дар сояи хонаи Каъба барои Абдулмутталиб зерандозе пахн мекарданд, писаронаш гирдогирди он менишастанд, то Абдулмутталиб биёяд ва бар руйи он зерандоз бинишинад ва хеч як аз онхо ба хотири эхтироми Абдулмутталиб ба руйи он зерандоз наменишаст, аммо Паёмбар (с) бо вучуди ин ки синну сол надошт, хар вакт меомад бар руйи он зерандоз менишаст ва хар гох амакхояш мехостанд уро аз ин кор манъ кунанд ва канор бикашанд, Абдулмутталиб мегуфт: “Уро рахо кунед, зеро ба Худо касам, Мухаммад аз шаъну мартабаи волое бархурдор аст”. Илова бар ин, дасти навозише бар сари у мекашид, то шояд ба ин васила Паёмбар (с) аз даст додани падару модарро дар зиндагии хеш эхсос накунад ва василаи андуху гами уро фарохам насозад. Аммо бо тамоми мехру утуфати чаддаш нисбат ба Паёмбар (с) зиндагии у бо чаддаш низ дере напойид ва дар синни нухсолаги бобои бузургворашро аз даст дод. Ин амр боиси норохати ва андухнокии Паёмбар (с) шуд, ба гунае ки Паёмбар (с) хангоми вафоти чаддаш як дунё гаму андух ба дил дошт ва бисёр норохату парешон буд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222