Главная / Илм / Пайравии Имом Ахмад аз суннати Расулуллох (с) ва эхтиром ба ахли хадис

Пайравии Имом Ахмад аз суннати Расулуллох (с) ва эхтиром ба ахли хадис

Абдулмалики Маймуни мегуяд: «Чашми ман касеро бехтар аз Ахмад ибни Ханбал надидааст, ба дастуроти Худованду суннати Расулуллох (с) ва пайрави аз он арзиши бас бузург мегузошт, ки хаммонанди у касеро аз мухадддисин надидаам. Мегуфтанд: «Касе хадиси Расулуллох (с)-ро рад намояд, наздик аст, ки халок шавад».
Имом Ахмад мегуяд: «Тааччуб мекунам аз афроде, ки сахех будани санади хадисро шинохта, бо ин хол ба раъйи Суфёни Саври руй меоваранд, дар холе ки Худованд мефармояд:
«Фаляхзариллазина юхолифуна ъан амрихи ан тусибахум фитнатун». Яъне: «Пас, онон, ки хилофи хукми Пайгамбар мекунанд, бояд аз он битарсанд, ки ба онхо балое бирасад».
Мегуфтанд: «Касе ки ахли хадисро эхтиром ва тачлил намояд, дар назди Расулуллох (с) эхтиром ва манзалат дорад ва касе, ки ахли хадисро тахкир кунад, дар назди Расулуллох (с) хакир мебошад, зеро ахли хадис уламои Расулуллох (с) мебошанд».
Фазли Зубайди мегуяд: «Имом Ахмад дар холе, ки ахли хадис ба назди у омада буданд, ба каламхои онхо ишора карда гуфт: «Ин каламхо чарогхои Ислом хастанд». Хамчунин дар бораи асхоби хадис гуфтанд: «Агар инхо бехтарини мардум набошанд, пас дигар чи касоне бехтарини мардум хастанд».

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222