Главная / Маданият ва санъат / Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз руйи пешайвон бардошта, ба тарафи собот рафтани буд, вале чи фикре ба сараш омад, ки аз рохаш гашт.

– Очаи Баходур! – хамсарашро, ки дар хона дар бухори ангишт меандохт, чег зад. Баходур хам телпакашро ба сар гузошту аз паси модар берун давид.

– Аз ту як чи пурсиданиам, – гуфт додояш ба модари Баходур.

– чи будааст?

– Чанд руз мешавад, занак, ки аз болохона алаф фурорам, як дарза ё ним дарзааш гум мешавад. Хаёл мекардам, ки худат ба очаат ё ба ягон хамсоя медихи, «хеч боке не», мегуфтам, лекин наход чави турбаро хам ба онхо дихи? Як соат пеш хамин турбаро, – вай турбаи дасташро аз нав ба замин монд, – пури чав карда будам, ана бин, нимаш холи.

pir

– Ба хеч кас ман коху чав намедихам, додош.

– Набошад, ки мебарад? Ягон каси бегона ба хонаи мо намедарояд-ку?

– Ин кори бачаатон – Баходур.

– Баходур алафу чавро чи мекунад?

– Аз худаш пурсед.

Баходур, гуё худро аз назари падару модар панах кардан мехост, сарашро ба даруни гиребони палтояш кашида, гунахкорона ба замин, ба пеши пойхояш менигарист.

– Баходур, чавро ту гирифти? – ба писараш мурочиат намуд падар. – Боз барои гунчишку мусичахо Наход ним халта чавро барои онхо гирифта боши?

Баходур, сараш хам, хомуш буд. Модар сирри вайро фош кард. Баходур чавро ба хари бобои Салим бурдааст, дарзахои алафу беда хам эми он мешудааст. Барои хамин хам чойи маркаби бобои Салим пушти дарвозаи онхо. Шабу руз хеч чо намеравад. Касе аз дарвоза берун шавад, хушаш кашол, ки ба вай ягон чи медиханд. Хурт-хурт мекунад.

  • Шаби набуданатон вайро оварда, дар чойи асп баст,- гуноххои дигари Баходурро хам модар пеши падараш хабар кашид ва боз гуфт, ки модар хамон руз бо як азобе маркабро аз огил баровардааст.
  • Инсофи сохибашро Худо гирифтааст, – гуфт додои Баходур.
  • Пагохихо аз пеши маркабаш гузашта масчид мера- вад, намоз мехонад,- киноя зад модар. – Ба чойи намоз хондан ба ин хайвони безабон чойи гарму хурок дихад, хазор бор савоб.

Падари Баходур ба писараш дигар чизе нагуфта, тур- баро бардошт, аз кохдон ба он боз чав андохта, ба суйи собот, ба назди аспашон равон шуд.

Баъди ин вокеа Баходур гуё рух гирифт. Рузе ду-се бор дар тагора коху ч гирифта, ба паси дарвозаашон меба- ромад ва онро ба назди маркаби бобои Салим мемонд. Маркаб кумур-кумур коху ч мехурд, гохе пойхои Бахо- дур, либосхояшро бу мекашид, гушхояшро мечунбонд, фаххос мезад, аз афташ, аз писарак миннатдор буд, та- шаккур мегуфт.

Рузе Баходур пеши маркаб меистоду чонвар аз тагора коху ч мехурд. Бобои Салим дар рох намоён шуд. у баъзан ба риши сафедаш панча зада, якто-якто кадам мемонд.

  • Ассалом, бобо, – гуфт Баходур ба муйсафед.
  • Салом, бачам.

– Бобо, хамин харатонро ба ман дихед, – хохиш кард Баходур.

– Гир, бачам, азони худат, поку пихил бахшидамат, ба Худо, ки додамат, – такрор намуд бобои Салим.

Баходур бовар надошт, ки бобои Салим маркабашро ба у мебахшад, не, бовариаш намеомад. Кайхо боз вай дар орзуе буд, ки хамин маркаби сафеди бобои Салим азони худи у бошад, онро ба хонаашон оварад, ба монанди падараш, ки ба аспашон нигохубин мекунад, у хам ба маркаб коху ч, об дихад, бо чулу курпача болояшро пушонад, нагузорад, ки он хунук хурад… Баъд дар бахорон ба он савор шаваду ба богхои колхоз, ба дашту сахро, ба дарахои дур равад, алаф даравад, гул чинад. Ана холо бобои Салим маркабашро ба вай дода «гир, бахшидам» гуфт. Наход ин маркаби сафеди калони бобо аз они вай шуд?

– Ба хонаамон дарорам? – аз ёлхои маркаб сахт дошта буду.

– Наход, Баходурчон, ту ба гапи мани муйсафед бовар накуни? Гуфтам-ку, гир, бахшидам. Паох, хона биё, чу полонашро хам медихам, – гуфт бобо. Дар ин лахзахо Баходуру бобои Салим танхо набуданд. Хамсояхо хам дар назди дарвозахояшон меистоданд. Модари Баходур низ хозир буд. Хама гапхои муйсафедро шуниданд.

– Гир, бачам, бони кун, савоб мешавад, дигар он ба ман лозим нест, – гуфт бобои Салим ва ба рохаш рафт.

Баходур маркабро ба хонаашон даровард. Дар бурчи огил, дар пеши гову гусфандхояшон, ба он чо ёфт. Шабхои барф, хунукии кахратун дигар хаёли вай ба маркаби бобои Салим намешуд, хичил набуд, ки он дар ча асту зери барф хунук мехурад. Маркаб дар огилашон, дар чойи гарм, охураш пури коху алаф. Вале гох-гох Баходур аз падар гурбат мешунид:

  • Якто гуфта, бачам, туро аз хад зиёд эрка кардем, чи номаъкулие куни, хеч чи намегуем, окибат аз худ рафти. Бобои Салим маркабашро ба ту намедихад, захмат на- каш, мон равад, аз огил барор.

Хатто як руз падараш маркабро пешандоз карда аз хавли баровард ва дарвозаро аз дарун занчир андохт.

  • Пагох ру ба гарми шавад, албатта, вай омада мар- кабашро мебарад, онро сохиб мешавад, ин муйсафедро ман медонам, – гуфт вай боз ба Баходур.

Маркаби бобои Салим аз хавлиашон рафту хамон шаб Баходурро хоб набурд, фигон андохт, то сахар хомуш нашуд, ба акидаи модар «бачаяки талбидааш» сухта бирён шуд. Падар ба у гуфт, ки аз бозор барояш маркаби дигар меорад, бо пули худашон мехарад, беминнат, беиллат… Аммо Баходур кабул накард, гуфт, ки хамин маркаби бобои Салим аз они худаш аст, бобо додааст, падараш агар маркаби дигар орад, онро хай карда аз дарвоза мебарорад, намехохад. Падар ноилоч монда буд. Рузи дигар пагохи кати у боз маркаби бобои Салимро ёфта овард. Баходур аз он шод буд, ки маркаби сафеди пири дустдоштааш дигар дар ча, дар зери барфу борон хунук намехурад.

Рузхои хунуку яхбандихо хам гузаштанду хаво ру ба гарми ниход. Дар яке аз хамин рузхо Баходур маркабашро савор шуда, хамрохи бачахо ба сайри беруни деха рафт. Дар рох бобои Салим бо у ру ба ру омад.

  • Баходур, бачам, ин маркаби моро кучо мебари? Дигар вайро азоб нате, убол аст, бас! – бобои Салим пеши рохи уро гирифт ва Баходурро аз маркаб фуровард. – Агар бинам, ки дар роху ру ба он даст расони, мезанам, гушатро бурида мепартоям, ин маркаби мо, – таъкид кард бобо ва аз банди он дошта этак кард… Баходур дар чавоб ба пирамард чизе гуфта натавонист, нагуфт, ки вай маркабро дар рузхои хунуки зимистон нигохубин кард, ба замми ин худи муйсафед онро «азони худат, бахшидамат» гуфта буд, магар вай ин суханхояшро аз хотир баровардааст? НБаходур дар чавоби ин ваъдахилофи, дуруягии муйсафед забон кушода натавонист. Бо дили пуралам ва лабу лунчи кашол ба хонаашон баргашта, ба падару модараш гуфт, ки бобои Салим маркабашро гирифт…

– Диди, бачам, гапи худам рост баромад. Гуфта будам, ки муйсафед дуруг мегуяд, фиреб медихад. Вай берахм, беинсоф аст, одами беинсоф рост намегуяд, шарму хаё надорад. Айби худат,- падар уро сарзаниш кард.

Боз фасли зимистон омадааст. Рузхо хунук шуда, оби ю чуйчахо ях бастанд. Мардум боз хонахояшонро гарм мекунанд, гуншкакон дар лонахояшон панах мебаранд. Бобои Салим боз маркабашро, ки бахорону тобистон, дар рузхои гарм, бо он коху алаф, хезум кашонда, хамаи корхои рузгорашро ба чо оварда буд, аз хавлиаш ба берун ронд, чойи маркаби пир боз  ча, паси дару девори

хамсояхо гашт. Сохибаш – бобои Салим бошад, хар пагох, худашро ба чомахои серпахтаю гафсаш печонда аз назди он мегузарад, масчид меравад, намоз мехонад…

Аммо гами маркаби у бошад, хануз дар дили кучаки Баходур. Маркаб аз паси дарвозаи онхо дур намеравад. Баходур гох-гохе дар тагора коху ч гирифта, пеши он бурда мегузорад, лекин падараш дигар намегузорад, ки маркабро ба чои гарм – ба огилашон дарорад. Айби пада- раш не, бобои Салим одами нагз набудааст, берахм будааст.

МУАЛЛИФ: КАРОМАТУЛЛОХИ МИРЗО

Мухаррир

Мухаррири техникй Таррох ва ороишгар Рассом

Хуруфчин

Амирхон Ахмадхонов

Робия Абдуллоева

Фирдавс Давлатбеков

Хусейн Чилаев Суруш Зайниддинов

Ба чопаш 13.01.2015 имзо шуд. Андозаи 60х84 1/16.

Коази бурандуд. Чопи офсетй. Чуъи чопй 0,5.

Гарнитура Times New Roman Tj.

Адади нашр 5000 нусха. Супориш № 41/2015

Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Чумхурии Тикистон.
734024, Душанбе, кучаи А. Дониш, 50.

Тел: 98-552-89-89. E-mail: najmiddin64@mail.ru

 

Дар борамон

Инчунин кобед

puR9rBLnC00

ФАРИДУДДИНИ АТТОР

Хафт шахри ишкро Аттор гашт, Мо хануз андар хами як чаем. Мавлонои Руми Фаридаддин ибни …

222222222222222