Шоххои чинорхои азими майдони бозор ба осмон сар кашида бу- данд. Шамоли сахт мевазид. Шоху баргхо ба хам бархурда, гуввос ме- заданд. Адвокат Хочи Номик Афанди барои парешон нагардидани дастаи когазхои болои миз тирезахои дукони хурдакаки худро баст. Баъд чониби дар рафт, ки шамол кушода буд. Дарро мебаст, чашмаш ба марди дехотии дастордори кадпасту фарбех афтод, ки дар китф хурчин, аз лачоми асп гирифта наздик меомад.
– Салом, Али Хоча, – гуфт адвокат, – бемахали ин чо чи кор мекуни? Ба бозор ду рузи дигар хаст-ку?..
Марди дехоти ду чашми хурдашро, ки ду нуктаи сиёхро мемонд, тангтар намуда:
– Ассалому алайкум, Номик Афанди! Ахволам бад. Пеши шумо бо додхохи меоям… – гуфт сар чунбонида.
– Хуш, биё. Чи гапу чи кор?
– Албатта. Хозир мегуям.
– Чи шуд? Ба ман аз як сар хикоя кун.
– Боз ба ки хам мегуфтам?..
У чилави аспро ба сутуни чубин баста, вориди дукон шуд. Дар та- рафи рости мизи кории аз чуби чормагз сохташуда – дар курсии хур- ди болои бурё нишаст. Хурчинашро дар пахлуяш гузошту дардашро достон кард. Ракиби вай раиси деха, писари Чахлдор будааст. Пештар Али Хоча дар замини у бино сохтааст. Чи ходисае шуда, акнун раис мехохад ин биноро дубора бозгирад. Дар холе, ки бино ба ки тааллук дорад, замин низ бояд аз они у бошад…
Номик Афанди риши мошубиринчи худро палмосида кард. Аз болои айнак нигох карда гуфт:
– Ту нохак хасти, Али Хоча!
– Нохак?
– Бале.
– Не, ман дуруст мегуям. Чаро вакте ки ман биноро месохтам “гик” нагуфт?
– “Гик” накарда бошад хам, ин талаби ту норавост.
– Номик Афанди, ман хак будани худро медонам. Ман аз ин даъво даст намекашам.
– Бой медихи!
Номик Афанди корхоеро, ки ишколе дорад, кабул намекард. Аз ин ру, аз руйи иддаои Али Хоча адвокати карданро намехост. Аммо мардуми дехаи “Бузуюк” муштариёни сисолаи у буданд. Хар огилашро чи хел биёбад, онхо хам дукони Номик Афандиро хамин тавр дакик меёфтанд, аз руйи хамаи корхо оид ба хукумат ба вай мурочиат мекарданд. Захи- раи зимистонаи адвокат пурра аз хисоби хамон деха меомад. Нихоят:
– Хуб, кори туро мегирам. Аммо бой дихам, аз ман хафа намешави!
– гуфт ноилоч.
– Хафа намешавам. Аммо чаро бой медихам мегуед? – пурсид Али Хоча.
– Чунки даъвои ту норавост.
– Агар ба судя як кучкори зотдор фиристам чи мешавад?
– Чи?
– Ин корро кунам, галаба мекунам?
– Агар чунин куни, бегумон бой медихи!
– Барои чи?
– Судяи нав аз тоифае нест, ки ту фикр мекуни …
Али Хоча сабаби хаячони адвокатро намефахмид. Аз забони у дар бораи судяи нав таърифу тавсифи зиёдро шунид. Ин одам душмани пора ва тухфа будааст! Рафту ягон даъвогари бархак ба у пора дихад, хамон замон уро нохак гуфта, парвандаро ба зарари вай хал мекар- дааст!
– Оллох чунин инсонхои росткорро дар панохи худ нигох дорад! – дуо кард Али Хоча.
– Омин, омин! – ба у хамрох шуд Номик Афанди.
Онхо кариб як соат дар бораи даъво ва адолат сухбат карданд. Ад- вокат барои пирузи дар кор чашмаш намерасид, аммо танхо барои руйи хотир кабул карда буд. Беадолати чун рузи равшан маълум буд.
Али Хоча пас аз ду хафта, боз дар назди дари дукони хурдакак пай- до шуд. Номик Афанди саргарми аризанависи буд. У ба мизочи худ аз болои айнак нигох карда, хандид:
– Хуш омади! Ту чи фикр мекуни? Мо галаба кардем! – гуфт у.
Адвокат як хафта боз дар хайрат буд, ки чаро додрас чунин хукми ноодилона баровард.
– Бо шарофати кучкори зотдор, ки фиристодам, галаба кардем, – бепарвоёна чавоб дод Али Хоча.
– Чи? Ту ба судя кучкор фиристоди?
– Ха.
– Ту ба хамин кор чуръат карди, дуруст?..
– Хамин тавр. Лекин худатон “додрас пораро аз девона хам бад ме- бинад. Ки тухфа фиристад, ба зарари у хукм мебарорад”, гуфта будед. Дуруст?
– Ха, гуфтам.
– Аз ин ру, ман кучкорро аз номи худам нафиристондам.
– Пас, аз номи ки фиристодед?
– Ракибам – аз номи раис, писари Чахлдор.
Калами адвокат аз дасташ афтод. Худ ба курси такя кард. Ба чаш- мони танги сиёхаке, ки дар ру ба руяш меистод, бодиккат нигох кард. Гуввоси чинорхои азими майдон аз пахлу, боло ва зери пои Али Хоча, ки дар пеши дар рост меистод, ворид шуда, фазои дукони хурдакакро пур мекард…
Аз забони узбеки тарчимаи Фаридуни ФАРХОДЗОД